Қисматҳои асосии ташкилию техникии иҷрои тадқиқотҳои сотсиологӣ. Сотсиология ва омор
Сотсиология ҳамеша ба иттилоотҳои бешумор, ҳодисаю воқеаҳои ҳаёти иҷтимоие сару кор дорад, ки онҳо аз рӯи характеру хусусият, моҳияту
мазмун ва тарзи зоҳиршавиашон гуногунмақом буда, омӯзиш, таҳлил ва хулосабарории ҳар яке тарзу усули амиқу равшани хосаи ташкили мушаххаси тадқиқотиро талаб менамояд. Дар раванди ҳаёти ҳаррӯзаи зисту зиндагии инсон даҳҳо, садҳо ҳолатҳои чашмдошту ғайричашмдошт, фоидабахшу зараровар, моҳиятан зарурӣ ва ё тасодуфан (ногаҳон) ба амал меоянд. Нисбати ҳар кадоме маълумоти кофӣ пайдо намуда, ҳар якеро то ҳадди имкон, омухта, таҳлил карда истода, баҳои даркорӣ додан, аз онҳо баҳри беҳбудии зиндагӣ тавониста самаранок истифода бурдан ва ё пеши роҳи нохушиҳои зиндагиро гирифтан корест меҳнату захматталаб, вале чӣ илоҷ, ки онҳо дар ҷомеа басо заруранд ва бояд ҳалли худро дарёбанд. Аз ин рӯ, он мақом, вазифае, ки сотсиолог аз рӯи омӯзиши предмет, объектҳои иҷтимоии дар ҷомеа дорад, мебоист аз паи он шавад, ки дар ҳалли чунин муаммоҳо кумаке расонида тавонад. Тарз ва усули тадқиқоти сотсиолгӣ низ мебоист нисбати омӯзишу таҳлили объект ва предмети тадқиқоти равона карда шуда бошад.
Маълум аст, ки иттлоотҳо нисбати ин ва ё он ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоӣ, тавассути таъсири давру замон, вақту макон ва умуман омилҳои объективию субъективӣ ҳамеша ноустуворанд. Яке пайдо шуда амал дорад, дигаре дар арафаи гузариш ба ҳолати нав истодааст, сеюмин бошад, аллакай шояд мақому моҳияташро гум кардааст. Аз ин рӯ, донистани ҳамаи ин ҳолатҳо дар омӯзиш ва таҳлили ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоӣ ва баҳо додан ба онҳо аҳамияти ҳам илмӣ- назариявӣ ва ҳам амалӣ доранд. Сотсиолог мебоист нисбати ҳар кадоме аз ҷанбаҳои тадқиқотшаванда иттилооти равшану амиқ дошта бошад, донад, ки корро баҳри чӣ? Аз кадом нуқта омӯзиш пеш барад? ва мақсад аз он дар чист?
Тартиби коргузории сотсиолог—тадқиқотчӣ, истодагарии вай ба он вобастааст, ки ӯ вазъи ҳоли воқеаи омӯхташавандаро то кадом дараҷа аз худ кардааст. Шояд оид ба объекти (предмети) омухташаванда афкору ақида, андешаҳо, пешгӯиҳою дархостҳои зиёде бошанд. Сотсиолог пеш аз ташкили тадқиқот бояд ҳамаи онҳоро дар назар дошта бошад. Муайян созад, ки кадоме аз онҳо барои кор муҳиманд, аввалиндараҷаанд ва ҳатман мавриди омӯзиш бояд қарор гиранд. Стратегияи сотсиолог нисбати равшанӣ андохтан ба муаммоҳои мавҷуда албатта, бояд мақсаднок, амиқу равшан бошад. Вазъиятро хуб омӯхта, масъалаҳои тадқиқотшавандаро амиқ карда истода, мебоист нуқтаи амалиёташро тарзе ба роҳ монад, ки мантиқи (диалектикаи) зина ба зина ҳаллу фасл ёфтани муаммоҳо риоя ёбанд ва натиҷагирӣ аз онҳо судбахшона ба анҷом расад. Бешубҳа дар назар доштану мақсаднок ба сомон расонидани чунин корҳо аз сотсиолог дониши пӯхта, тафаккури бои мантиқӣ, ҷаҳонбинии илмй, таҷрибаи кофии зиндагиро талаб менамояд. Сотсиологи ботаҷрибаю пухтакор вобаста ба вазъи ҳоли объекти тадқиқотшаванда нақшаи фаъолияташро фикр карда мебарояд.
Чи тавре, ки аз таҷрибаи фаъолияти як қатор сотсиологҳо бар меояд, одатан дар қисмати ташкилй-техникии омӯзишу таҳқиқи объектҳои (предметҳои) тадқиқотшаванда аз шаклҳои гуногуни пешбиниҳо (пешгӯиҳо)- ояндабинии илмию назариявй васеъ истифода бурда мешавад. Маҳз истифодаи ин ва ё он шакли ояндабинӣ имконият медиҳад, ки муаммоҳои ба миён омада равшан аниқ гарданд. Одатан се тарзи техникӣ-ташкилӣ сотсиологии тадқиқот: кашфӣ, таҳлилӣ, амалӣ (таҷрибавӣ) нисбати ҳалли муаммоҳои ба миён омадаи иҷтимоӣ бештар истифода меёбанд ва боиси тазаккур мебошад, ки ҳар кадоме мақоми илмию назариявй ва аҳамияти амалии худро дорост. Нақшаи стратегии сотсиолог-тадқиқотчӣ вобаста ба интихоби ин ва ё он шакли (намуди) пешбинй тартиб дода шуда, яке дигареро на ин ки такрор намекунад, балки дар долу зарби ҳалли ҷиҳатҳои гуногуни ҷанбаҳои ба миён омадаи иҷтимоӣ ёрирасони якдигар мегарданд.
истифодаи ин ва ё он пешгӯи нисбати муаммоҳои ба миён омада ба ҳолату вазъияти (шароити) кунунии ҳодисаю воқеаҳо вобаста аст. Вале ҳолатҳое ҳам шуданашон мумкин аст, ки яку якбора чанде аз намудҳои пешгӯиҳо: тахминӣ, кашфӣ, таҳлилӣ, санҷишӣ, маълумотдиҳӣ ва ғайраҳо тадриҷан истифода шаванд. Бо вуҷуди ҳамаи ин намуди асосии онҳоро: пешгӯии характери кашфй (разветкакунанда), таҳлилй (аналитикӣ), таҷрибавӣ-санҷишй (эксперементалй) доштаро махсусан нишон додан мумкин аст.
Шакли пешгӯи (ояндабинӣ), дурнамоӣ (пешбинӣ) ҳамон вақт истифода бурда мешавад, ки нисбати объекти (предмети) тадқиқотшаванда бисёр нофаҳмиҳо, ноаёниҳо вуҷуд доранд. Мақсади нақша дар ин шакл муайян кардани проблемаи тадқиқатшаванда мебошад.
Тарзу усул, роҳҳои санҷиши кашфӣ (ҳаллу фасли) онҳоро меҷӯяд, аниқ менамояд, ки муайянсозиро (кашфро) бояд аз чӣ сар кард? Аз кадом намуди техникаи (воситаи) тадқиқоти сотсиологӣ мебоист истифода бурд? Тартиби масъалагузориро чӣ тавр бояд ҳал намуд? Маҳз бо истифодаи чунин метод маълум мегардад, ки объекту предмети тадқиқотшаванда то кадом дураҷа дар пуррагӣ ба инобат гирифта шудаанд. Барои ба даст даровардани мақсадҳои гузошта шудаи тадқиқот боз чӣ гуна имкониятҳои воқеӣ (реалӣ) вуҷуд доранд? Оё он тарзу усулҳои интихобие, ки ӯ барои ташкил ва гузаронидани тадқиқот маъқул шуморида шудааст, кифоягӣ мекунанд ва ё не? ва ғ.
Нақшаи тадқиқоти кашфӣ бештар дар се ё чор зина гузаронида мешавад: Омӯзиши бевоситаи сарчашмаҳои илмӣ (дастхатҳо ва далелҳо), гузаронидани сӯҳбат (интервью), мушоҳида ва ба қайдгирии объекту предметҳои мушоҳидашаванда, навиштани хулосаҳо аз натиҷаҳои тадқиқот.
Нақшаи шакли таҳлилӣ—(аналитикӣ)-ро бошад дар ташкил ва иҷрои тадқиқоти сотсиологӣ мумкин аст зинаи нисбатан мураккабтар ва хеле ҳам ҷиддитар бошад. Зеро дар тарзи истифодабарии техникии ташкили тадқиқот сотсиолог-тадқиқотчӣ нисбатан ба масъалаҳое кордор мешавад, ки онҳо чӣ аз ҷиҳати ҳаҷм, сохтор ва чӣ аз ҷиҳати таъсиррасониашон ба натиҷаҳои ниҳонӣ тадқиқот фарки ҷиддие доранд. ин шакл (тарзу усул) ҳамон вақт истифода бурда мешавад, ки тадқиқотчӣ нисбати объект ва предмети тадқиқотшаванда аллакай дониши (маълумоти) муайяне пайдо кардааст; тарафҳои ҷудогонаи онро равшание андохтааст. Акнун пешгӯиҳо (тахминҳо) санҷида шуда, нисбати тарафҳои миқдорию сифатй, моҳияту мазмуннокии объект (предмет) боварии амиқ пайдо кардан мақсад гузошта мешавад. Дар ин ҷо зарур он аст, ки тадқиқот бо диққат, бо назардошти санҷиши тамоми пешгӯиҳои пешниҳодшуда гузаронида шавад. Кӯшиш намудан лозим аст, ки далелҳо амиқ ва мавҳумҳои истифодашаванда мантиқан дуруст бошанд. Дар ин зинаи (шакли) тадқиқоти мақоми аз бар намудани сарчашмаҳои илмӣ- назариявӣ, тарзу усули мушоҳида, сӯҳбат ва ғ. кам нестанд.
Нақшаи таҷрибавии санҷишиӣ (экспсременталӣ) тадқиқоти сотсиологӣ ҳамон вақт тадбиқ карда мешавад, ки донишҳо нисбати объекти (предмети) тадқиқотшаванда кофианд, аниқу равшан маълум мебошад ва акнун онҳоро санҷида, алоқамандии тарафҳоро муайян намуда, дар доираи онҳо маълумоте додан лозим асту халос. Мақсади нақшаи санҷишӣ ин муайян кардани алоқаҳои сабаби рух додани воқеа (ҳодиса), кушодан, на фақат сохтори объект, инчунин сабабияти танзимкунандаи тарафҳо, омилҳои таъсиррасону такоммулдиҳандаи воқеият мебошад. Дар раванди истифодаи ин нақша оид ба тамоми ҷанбаҳои обект маълумоте пайдо карда мешавад ва зи пас пешгӯиҳои амиқу равшани илмӣ гузоштан имкон мегардад. Тамоили инкишофи (равиши) ҳодисаю воқеаҳо, натиҷагирӣ аз онҳо маҳз дар ҳамин раванд низ маълум мешаванд.
Тазаккур бояд дод, ки бо вуҷуди гуногуншаклии нақшаҳои истифодабарии тарзу усули тадқиқотӣ, муайян будани мақоми ҳар кадоме аз онҳо дар иҷрои тадқиқот мебоист ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ, диалектикона дар амал истифода шаванд.
интихоби роҳҳои (тарзу усули) ҷамъ овардани иттилоотҳои соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ, таҳлилу таҳқиқи онҳо пеш аз ҳама ба он вазифаҳое, ки дар назди тадқиқотчиён истодаанд, зич вобастагӣ доранд. Аз оне ки тадқиқотчиён кадом масъалаҳоро мавриди омӯзиш, таҳлил, таҳқиқ қарор додаанд, кадоме аз дурнамоиҳои (пешгуиҳои) ба миён омадаро аниқ кардани мехоҳанд, зарурати ба даст даровардани далелҳои иттилоотии мушаххас ба миён меоянд. Тазаккур бояд дод, ки ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоӣ паҳлӯҳои гуногунро дорост. Рух додану инкишоф ёфтани онҳо ба чунин омилҳое такя мекунанд, ки моҳияту маънои пурраи ҳар якеро ташкил медаҳанд. Пас, дар ҷамъ овардани иттилоотҳо бояд ба он ҷиҳатҳо диққат дода шаванд, ки дар кушодани муаммоҳои ба пеш омада кумаке расонида метавониста бошанд. Шояд барои сотсиологи соҳибтаҷриба ин кор ба ӯ на он қадар мушкилиҳоро пеши роҳ оварад. Вале дар ҳар сурат ҳар як тадқиқотчӣ бояд нисбати ба даст даровардани иттилоотҳо амиқу равшан эҳсос (дарк) кунад. Вай бояд донад, ки тарзу усули интихоб кардаи ӯ то кадом дараҷа дар таҳлил; хулосабарориҳои илмии иттилоотҳои ҷамъ овардашуда ҷавобгӯ шуда метавонад. Қисматҳои асосии таҳлилу ҷамъбаст намудани иттилоотҳои иҷтимоии ба даст омада чунинанд:
- Баёни (шарҳи) тарзу усулҳои ҷамъ овардаи иттилоотҳои иҷтимоиётӣ:
- Шарҳи методии (тарзу усули) таҳлили иттилоотҳои иҷтимоӣ.
Қиматнокӣ, аҳамияти методологию назариявӣ ва амалии ҳар тадқиқот пеш
аз ҳама ба он вобаста мебошад, ки то кадом дараҷа пешакӣ дар нақша тарзу усули омӯзиш, таҳлилу хулосабарории иттилоотҳои иҷтимоӣ пешбин шудаанд. Маълум аст, ки мақсаду мароми ташкил ва иҷрои тадқиқоти сотсиологӣ на фақат баҳри ба даст овардани иттилоотҳои иҷтимоии зарурӣ (бигузоред ҳар чи қадаре, ки бошанд) равона карда шудаанд, инчунин мақсад тавониста баҳои илмӣ додан, хулосаҳои заруриеро ба манфиати кор ҳосил намудан низ мебошад. Чунин мақсад мебоист пешакӣ дар нақшаи муайян дар барномаи тадқиқот сабт ёбад. Қисмати методологии барномаҳои тадқиқотӣ на ин ки ба воситаи баёни тартиби ба вуқуь омадани ҳодисаю воқеаҳо, шарҳи мазмуну мундариҷаи иттилоотҳои соҳа мебошад, инчунин тавассути пешниҳодоти фикру дархостҳо (пешбиниҳо), тарзу усули санҷиши онҳо асоснок карда мешаванд. Агар ба таври дигар гӯем, сотсиолог пеш аз он ки ба тадқиқоти ин ва ё он объект шурӯъ намояд бояд донад, ки кадом намуди иттилоотҳо барои кор зарур мебошанд? Ҳаҷму миқдори онҳо чӣ қадар бояд бошанд? Ва дар асоси истифодаи кадом тарзу усулҳои сотсиологй онҳоро таҳлил намудан ва хулоса баровардан имкон аст, ки боиси кушоиши пешгӯиҳои гузошта шуда шаванд. Одатан дар амалияи сотсиологӣ ду намуди таҳлили иттилоотҳо вуҷуд дорад: Таҳлили омории (статистикӣ) далелҳои аввалини иттилоотӣ ва таҳлили назариявии иттилоотҳои иҷтимоӣ, маънидодкуниҳои мазмуни идеявию назариявии онҳо. Дар зинаи аввали таҳлил воситаи асосии таҳлилу хулосабарорӣ ин ҳисобу китоби математикӣ ва мантиқӣ ба ҳисоб мераванд. Дар асоси чунин таҳлил иттилоотҳои зарурие ба даст дароварда мешаванд, ки боиси пешниҳодоти хулосаи назариявӣ ва таклифу дархостҳои амалӣ мегарданд. Чунин таҳминро дар сотсиология иттилооти зинаи дуюмин меноманд. Намуди дуюми таҳлили иттилоотии иҷтимоӣ ин маънидодкунии назариявӣ буда, дар он маъною моҳияте, ки дар зинаи якуми таҳлил бо номи «таҳлили дуюм» ба даст дароварда шудааст ҷой дода мешавад. Яъне ин зинаи болоии хулосабарории илмй-назариявй ва мантиқии омӯзиши далелҳое мебошад, ки ба қисматҳои алоҳидаи (ҳосил) соҳавии тадқиқоти амалӣ (сотсиология ҳаёт, сотсиологияи меҳнат, сотсиологияи иқтисодиёт ва ғайраҳо) таллуқ доранд.
Кор ба ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ ин таҳлили далелҳое мебошанд, ки бо нишондоди пешакии барномаи тадқиқот дар асоси истифодаи тарзу усулҳои сотсиологӣ ба даст дароварда шудаанд.
Дар он ҳолате, ки далелҳои зиёде ба даст оварда шудаанд лозим меояд, ки онҳоро бо як системаи муайяне, аз рӯи кадом як хусусиятҳое (нишонаҳое) ба тартиб (ҷо ба ҷо) дароварда шаванд. Чунин кор мумкин аст, ки ба таври дастӣ ва ё ба воситаи мошинаҳои электронии ҳисоббарорӣ ба иҷро расонида шаванд. Барои ҳамин дар барнома мебоист пешаки тарзи (роҳи) истифодаи ин ва ё он таҳлили сотсиологӣ вобаста ба он вазифае, ки аз тадқиқот бар меоянд, нишон дода шаванд. Муҳимаш он аст, ки таҳлили далелҳои ибтидоӣ ва хулосаҳои назариявию илмие, ки аз онҳо бароварда мешаванд, ба пешгӯиҳои тадқиқот мутобиқ сохта шаванд, то ин ки муаммоҳои гузошта шуда чун системаи пай дар паи ягона ҳаллу фасл ёбанд. Новобасга ба он ки далелҳои иттилоотҳои ибтидоӣ ба воситаи мошина ва ё дастӣ кор карда баромада мешаванд, албатта аз тарзи аломатҳои рамзӣ, шартӣ (код ё шифр) истифода бурдан лозим аст. Ба ин мақсад пешаки қоидаи истифодабарии онҳо муайян карда шуда, барои ҷавоби дуруст ёфтан аз пешгӯиҳо тарзи аломатҳо мувофиқ кунонида мешаванд. имкониятҳои кории мошинаи ҳисоббарории электрониро ба назар гирифта, сотсиолог вобасга ба ҳалли масъалаҳои гузошташуда дар назди программист вазифаҳои мушаххасро мегузорад. Он рақамҳое, ки мошин кор карда мебарояд ҳоло барои қабул, истифодаи кор тайёр нестанд. Онҳоро аз рӯи қоидаи муайян программист ба система барои истифодабарии далелҳо мувофиқ мегардонад. Яъне аз забони мошин ба забони илмӣ-мантиқии фикр кардан тайёр мекунад. Дар ин қисмат албатта мақоми мутахассисон- математикҳо, онҳое, ки бо мошинҳои ҳисоббарории электронй сару кор доранд калон аст. Онҳо ҳамаи далелҳои ҷамъшударо аз истифода бо забони математикӣ (тарзу усулҳои ҳисобу китоб ва хулосабарории рамзӣ — математикӣ) тайёр менамоянд, вобаста ба натиҷаҳои ҳосилшуда тасвиротҳо (баёнотҳо) менависанд.
Барои фаҳмида гарифтани ҳисобу китоби матиматикие, ки нисбати омӯхтан,таҳлил намудани далелҳои (иттилоотҳои) объӯективии тадқиқот- шаванда истифода шудаанд лозим меояд, ки сотсиолог аз донишҳои математикӣ — факту рақамҳои рамзӣ ба кушода додани маъною мазмуни ҳар кадоме аз рамзҳои ҳосил шуда шуруъ намояд. Фикр кардан, маънидод намудан, хулосаи мантиқӣ баровардан аз рақаму рамзҳо (математики) бешубҳа дониши васеи фалсафӣ, ҷаҳонбинии илмиро талаб менамоянд. Аз дараҷаи ёдоварии лаҳзаҳои эмпирикии омӯзиши далелҳо, ба миён омадани пешгӯиҳо нисбати муаммоҳои мавҷуда то хулосаи мантиқӣ баровардан аз нитиҷаи ҳосил шуда ҷамъбасти тадқиқоти сотсиологӣ водор месозад, ки ҳамаи лаҳзаҳои омӯзишӣ, таҳлилӣ, таҳқиқиро ( амалӣ, таҷрибавӣ, назариявӣ, мантиқӣ ва ғ…) як ба як пеши назар оварда, ба онҳо баҳо дода шаванд. Муайян бояд кард, ки корро аз масъалагузории, кадом муаммо шурӯъ бояд намуд? Бо кадом тарзу усулҳои сотсиологӣ (таҷрибавӣ ва ҳам назариявӣ ) ба зинаи ҷамъбастӣ расидан имкон мебошад? Дар кадоме аз зинаҳои гуногуни тадқиқот чӣ муроде ҳосил гардид ва ба чи муроде расида тавонниста нашуд; кадом масъалаҳо (пешгӯиҳо) гузошта шуда буданду кадоме аз онҳо ҳалли худро ёфтанд ва кадоме аз онҳо боз чун муаммои навбатӣ боқӣ мондааст? Дар асоси нақшаи барномаи тадқиқотӣ масъалаҳое, ки мавриди омӯзиш қарор мегиранд сотсиолог нақшаи кории қисмати техникӣ — ташкилии тадқиқотро тартиб дода, давраҳои ба самаррасонии қисматҳои марбутаи тадқиқотро меандешад. Дар ин мӯҳлат, вақту соат, лавозимотҳои техникӣ, қувваи корӣ, моддӣ ва ғайраҳои зарурӣ нишон дода мешаванд. Барои санҷидани қувва, имкониятҳои тадқиқоти пешакй шакли тадқиқоти санҷишӣ (эҳтиетй) гузаронида мешавад. Дар он тарзу усули техникаи ба даст даррвардани далелҳо, тайёр намудани иттилоотҳои ибтидоӣ, коркарди онҳо, муайян сохтани натиҷаҳои аввалин ва ғайраҳо пешбин мешаванд. Дар асоси чунин шакли санҷишии ташкилии тадқиқот, ҷиҳатҳои куллию фоидабахши тарзу усули тадқиқот объекту предметҳои тадқиқотӣ, даделҳои судбахшона ва боз дигар ҷиҳатҳои барои дурустар ташкил намудани тадқиқоти фоидаовар ба қайд гирифта мешаванд.
Қисми дигари ташкилу иҷрои тадқиқотҳои сотсиологиро тарзи коркарди техникии иттилоотҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Дар ин зина истифодаи перфокарта ва қисматҳои ба он дахлдошта, тарзҳои истифодабарии анкетаи сотсиологӣ, коркарди онҳо дар мошинаи ҳисоббарории электронӣ, қартаҳое, ки дар онҳо иттилоотҳо сабт (қайд) мешаванд ва дигар қисматҳои дахлдори техникӣ бахши ҳисобу китоби далелҳои ба даст оварда шудаи тадқиқот муайян карда мешаванд.
Дар ташкилу гузаронидан ва иҷрои тадқиқотҳои сотсиологӣ мақоми омор хеле ҳам зарур мебошад. Дар объект, предмети тадқиқшаванда садҳо, ҳазорҳо хусусиятҳо, ҷиҳатҳои алоҳидаи инфродии хосае зоҳир меёбанд. Онҳо дар ҷамъулҷамъ моҳият, мазмун, характери объекту предметро инъикос мекунанд. Аз ин хотир онҳоро донистан, моҳияти онҳоро фаҳмидан, баҳо додан аҳамиятнок мебошад. Сотсиолог тадқиқот гузаронида, мебоист ба ҳар кадоме аз ҷиҳатҳои хосаи предметҳои тадқиқшаванда назорат барад ва мушоҳида намояд, ки объекту предметҳои омӯхташаванда чӣ алоқамандие доранд? Мушоҳидаю таҳлилҳо нисбати кулли ҳодисаю воқеаҳо (дар миқёси ноҳия, шаҳр, ҷумҳурӣ, масалан, ҳолати тавлиду фавти кӯдакон, рух додани ягон ҳодиса, тақсими музди кори коргарон, муносибати донишҷуёни мактабҳои олӣ ба таҳсил, ахлоқу одоби ҷавонон ва ғайраҳо) имконият медиҳанд, ки қонунияти зоҳиршавию такрорёбии онҳо ва ба ин восита сабабият ва ё тасодуфан рух додани онҳо маълум шаванд, Баъзан як ё якчанд ҷиҳатҳои предмети тадқиқотшаванда фақат дар омӯзиши тарафҳои гуногуни предметҳои дигар кушода мешаванд (сабаби рух додани беитизомӣ, бадахлоқӣ, гуноҳ содиркунӣ ва ғ…). Пас донистани на ин ки худи предмет, инчунин тарафҳои алоҳидаи он, кулли тарафу воқеаҳои рухдиҳанда низ зарур мебошанд. Вазифаҳои омор ҳамин аст, ки дар раванди омӯзиши кулли ҳодисаю воқеаҳои гуногуни инфродӣ умумияти онҳо муайян карда шаванд ва бо ҳамин қонуниятҳои диалектикаи раванди ҳодисаю воқеаҳо чун системаи тому ягона кушода маълум гарданд. Дар рух додани ҳодисаю воқеаҳо аввало ба ҳодисаҳои фардӣ аҳамият дода истода, онҳоро ба дигар ҷиҳату ҳодисаҳои характери умумӣ дошта муқоиса намуда, он чи ки барои ҷамъбасти фикр, хулоса кардан зарур аст, аз чунин диалектикаи раванд фикри мантиқие бароварда мешавад, ки он чизеро тасдиқ ва ё чизеро рад мекунад. Масалан, барои фаҳмида гирифтани муносибати донишҷуён ба таҳсил омилҳои бисёреро омӯхта, таҳлил бояд намуд: шароити таълим, дараҷаи саводнокии донишҷӯ, муносибатҳои устодон, роҳбарони гурӯҳҳои таълимӣ, вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғ. Барои омилҳои таъсиррасонро амиқ намудан садҳо донишҷуёнро ба воситаи гузаронидани анкета, саволу ҷавоб, сӯҳбат омӯхтан лозим аст. Далелу ҳодисаҳои алоҳидаро ҷудо -ҷудо не, балки дар пайвастагӣ чун ситемаи том омӯхта, мақоми ҳар якеро дар ин система муайян сохта, дар исботи (ва ё рад) онҳо ба хулосаи умумие омадан мумкин аст, ки ин нисбати объекту предметҳои омӯхташаваада басо муҳим мебошад. Тарзу усули оморӣ ба воситаи сохтани схема, нақша, муодилаҳо (модел) ба амал бароварда шуда, дар ҳар кадоме аз рақамҳои дар онҳо ҷой дода шуда моҳияту мазмуни ҳодисаю воқеаҳои татбиқёбанда инъикос меёбанд. Сотсиолог ба воситаи ҳисобу китоби оморӣ даҳҳо, садҳо ҷиҳатҳои такрору нотакрори ҳодисаю воқеаҳоро дар як муддати кутоҳ амиқу равшан масъалагузорӣ карда, ба хулосае меояд.
Тарзу усули оморӣ омили муҳимест дар ба даст даровардани далелҳои бешумори зарурӣ ва ҷамъбасти илмию хулосабарориҳои мантиқӣ аз онҳо.