Фанни Сотсиология

Навъ ва усулхои тартибдихии интихобнома

Табакабандии навъ ва усулхои тартибдихии интихобнома барои тахкикоти сотсиологии ахамияти хеле назаррас дорад. Дар илми чомеашиноси харчанд мавчудияти умумияти генералии камшумор яке аз шаклхои навъи аввал – интихобномаи тасодуфии бебозгаштро мавриди истифода карор медиханд ва дар холатхои дигар ба интихоби бисёрзинагии нохиябандишуда афзалият дода мешавад. Мухаккики муосири россияги Н.Н.Чурилов чунин шакли табакабандиеро пешниход менамояд, Ки имруз дар сотсиологияи амали аз хама бештар мавриди истифода карор дода мешавад. Ба навъи интихобномаи тасодуфи у чуниншаклхои:1)эхтимоли.2)системаноки.3)нохиябандишуда(стратификатсишуда), 4) лонави ва ба навъи гайритасодуфи –«стихияви», 2) квотави, 4) усули « бузургии асоси»-ро дохил менамояд. Дар фаркият аз ин Силласте Г.Г. табакабаандии дигари усулхои тартибдихии интихобномаро пешниход менамояд.У ду шеваи умумии мустакили тартибдихии интихобномаро пешниход менамонафаяд – эхтимоли(тасодуфи) ва максаднок. Ба гурухи аввал методхои зеринро дохил мекунад: 1) чудокунии тасодуфи (дар холате ки умумияти генерали аз 800-нафар зиёд нест), 2) интихоби механики, 3) интихоби силсилави, 4) интихоби лонави. Ба гурухи дуюм методхои зерин шомиланд: 1) репрезентативи, 2) квотави, 3) тасодуфи.

Дар илми омор вобаста ба тарзи чудо кардани респондентхо шаклхои зерини интихобкуни мавчуд аст:

-интихоби тасодуфи вобаста ба синну сол;

-интихоби тасодуфи

-интихоби механики

-интихоби типпи

-интихоби силсилави.

Ба акидаи Голубков Е.П. дар бозоршиноси хини ташкили интихобнома методхои эхтимоли(тасодуфи) ва гайриэхтимоли(гайритасодуфи) истифода бурда мешавад.Агар хамаи вохидхои пешбинишавандаи омузиш имконияти дар интихобнома чойи худро ёфтанро дошта бошанд онро интихобномаи эхтимоли меноманд. Дар гайри ин сурат интихобномаро гайриэхтимоли мешуморанд. Дар мачмуъ хамаи навъхои ташкили интихобномаро дар чомеашиноси ба хамин ду шакли кули табакабанди мекунанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *