Фанни Сотсиология

Синф, табака ва кишрхои ичтимои

Дар мавзуъи гузашта мо ёдовар шудем, ки одамон дар чомеъа вобаста ба муносибатхои назди шахси ва ё манфиатхои гуруххои ичтимоиро созмон медиханд, вале на хар кадоме аз фардхои ин умумиятхоро ташкилдиханда дар ин гуруххо макому мартабаи ягона доранд. Дорои ин нишонахоро афрод вобаста ба захирахои дар ихтиёри худ доштааш (сарват, даромад, вазифа ва гайра) ба даст меорад. Бинобар хамин, дар чомеъашиноси барои муайян сохтани ин падида назарияи табакабанди (стратификасия) эчод шуд, ки вазифаи он муайян сохтани сохтори чомеъа аст. Вазифаи асосии ин назария аз эчоди шарту шароити чойгиркунонии афрод, тибки макоми мартабаи ичтимоияшон дар сохтори чомеъа аст. Вале дар ин маврид саволе ба миён меояд, ки ин чойгиркунихо дар кадом асос сурат мегирад, зеро аз биёср чихат танзими ин раванд сахми чашмгире дар хамгароии даставу гуруххои ичтимои дорад.

Бинобар хамин хам, дар чомеъашиноси барои муайян сохтани макоми мартабаи афрод дар сохтори ичтимоии чомеъа, аз нишонахои номинали ва дарачави истифода мекунанд. Нишонахои номинали иборат аз чузъиёте чун чинс, мансубияти этикию дини, зодгох, гардиши сиёси, забон ва гайра буда, касби макому мартабаи ичтимоиро аз чониби афрод комилан вобаста сохта, чомеъаро ба саргунихо ру ба ру месозад. Яъне, дар чомеъа мебояд вобаста ба нишонахои одамон сохиби макому мартабаи ичтимои шаванд. Эшон ин дарачахоро бояд тибки маълумоту дониш ва махорату сайъи шахсияшон ба даст оранд ва ин нишонахоро дар чомеъашиноси нишонахои дарачави арзёби мекунанд.

Эхтироми афрод ба нишонахои геторегени дар чомеъахои ибтидоию номутарики хеле зиёд аст.

Кишрбандии ичтимои

Баъзе аз чомеашиносон илова бар ин, ки таксими чомеа ба табакоти ичтимоиро бар асоси робита бо васоили тавлид инкор кардаанд, гайр аз мафухум «гурухи ичтимои», мафхуми «кишр» -ро низ вориди чомеашиноси кардаанд. Пайравони ин мафхум ба «мавучудияти рутбахои ичтимои дар чомеа» коил хастанд. Масалан, П. Сорокин кишрбандии ичтимоиро ин гуна таъриф мекунад: «Тафкики чамъиятии муайян ба табакоте, ки дорои силсилаи маротиби муназзаме хастанд; ва ин яъне вучуди кишрхои боло ва поин. Мохияти вокеи ва шолудаи ин тафкик ва кишрибанди дар тавзехи нобаробарии хукуку имтиёзот, вазифаю масъулияти тавонгари ва тангдастии ичтимои, кудрату нуфузи ичтимои миёни аъзои чомеа нухуфта аст». Хамин тавр, бисёре аз чомеашиносон кишрбандии ичтимоиро натичаи нобаробарии мунтазаме медонанд, ки дар он мардум, мувофики накшхо ва фаъолиятхои ичтимоиашон ба сурати фарохдаст ва фурудаст дар меоянд. Масалан, Огбори менависад, ки раванде, ки бар асари он афрод ва гуруххо дар силсилаи маротиби пойгохе камобеш пурдавом рутбабанди мешавад. Тарафдорони назарияи кишрбандии ичтимои ба ду аломати он таваччухи хос зохир мекунанд – нахуст гурезнопазирии нобаробари ва силсилаи маротиби ичтимои дар хар чомеа, мустакил аз зерсохти ичтимоии он. Дуюм, пойдории табакабандии ичтимои дар кулли мархилахои инкишофи чомеа. Сорокин низоми нобаробарии ичтимои ва силсилаи маротиби ичтимоиро «Феодализми ичтимои» номида буд. Ба акидаи вай тамоми инкилоботе, ки дар таърих руй додааст факат баъзе тафовутхои ичтимоиро кам карда, шаклхои кишрибандиро тагйир додаанд, вале натавонистаанд худи кишрибандиро вз байн баранд. Шикасти паёпайи ин кушишхо гувохи « Табии» будани кишрбанди аст.

Хамин тавр, чомеашиноси кишрибандии ичтимоиро хислати хамешагии хар чомеаи созмонёфта медонад. Ихтилоф факат дар шакли зохиршавияш дар чомеахои гуногун аст. Таксими чомеа ба кишрхои алохида асосан вобаста ба тафовутхои одамон аз руи шугл, махалли сукунат, меъёри даромад, маълумотноки ва г. мебошад. Омиле, ки бар асоси онхо як фардро мутаалик ба ягон кишри муайян медонанд пойгох (статус) меноманд. Пойгоххои ичтимоиро аслан ба ду навъ — табии (зоти), иктисоби (ноилшаванда) чудо мекунанд. Марбут ба ин масъала Гидденс Э. чунин менависад: «Чомеъа барои ноил шудан ба пойгох (статус) махдудиятхои бисёр эчод мекунад. Собикахои нажоди ва кавми аз махдудиятхои бисёр мухим хастанд. Ин махдудиятхо ба гунае бисёр чашмгир дар мавриди сиёхпустон ба назар мерасад. Сиёхпустон то ин авохир умдатан аз корхои фикри махрум буданд ва хатто имруз хам наметавонанд барои макомоти оли интихоб шаванд. Чинсият хам дар хавзахои мухталифи чомеаи мо барои касби пойгох (статус) мадудият эчод мекунад. Имруз доштани пойгохи хонаводагии оли омили бисёр мухим (шояд мухимтарин омил) дар муваффакиятхои иктисоди ба хисоб меоянд. Писароне, ки падарашон рохбари иктисод ва саноат хастанд, бар касоне, ки падарашон коргарони яккасафед, зореъ ва ё коргар хастанд, бартарияти кобили таваччух доранд».

Чомеашиносон муътакиданд, ки дар кулли чомеахо миёни афроди пойгоххои (статусхои) гуногундошта мубориза вучуд дорад ва ин мубориза аслан танхо барои имтиёзоти ичтимои нест, балки мубориза барои доштани бехтарин накши ичтимои аст. Хамин тавр, ба кишрхои мухталиф чудошавии аъзоёни чомеахои инсониро одатан конуни умумии инкишофи он мехисобанд. Дар ин бора П. Сорокин чунин менависад: «Хар гурухи ичтимоии созмонёфта хамвора як хайъати ичтимоиии кишрбандишуда аст. То кунун хеч гурухи пойдоре, ки якдаст ва хама аъзои он баробар бошад, вучуд надошта аст. Чомеаи бекишре, ки баробари вокеи миёни аъзоёни он вучуд дошта бошад, афсонае аст, ки харгиз дар таърихи башар тахкик наёфта аст». Яъне П. Сорокин кишрбандиро конуни медонад, ки на танхо бар чомеа, балки бар чахони набототу хайвонот низ хоким аст. Харчанд у ба мавчудияти кишрбанди дар чомеахои ибтидои низ ишора мекунад (гурухои синнусоли, чинси, гурухои зердастону мумтозхо, розбарони кобилахо, таксими кор дар дохили кабила ва г.), аммо ин падида аз хама бешар дар чомеахои муттамадин ба чашм мерасад: « Демократияхои навин низ аз ин коида берун нестанд. Гарчи ин демократияхо дар конуни асосияшон гуфтаанд, ки: «Хамаи инсонхо баробаранд», вале факат хушбоварон натича мегиранд, ки дар ин гуна чомеахо кишрбандии ичтимои вучуд надорад.

Статусхо метавонанд хусусияти шахси ва ичтимои дошта бошанд. Доштани статусхои ичтимои яке аз хусусиятхои чудонопазири афрод, гуруххои ичтимои, ниходхои ичтимои аст. Муносибатхои чамъиятии дар ин ва ё он чомеа роич низ хамеша тавассути барандагони хамин гуна статусхо чараён мегиранд. Дар баробари мафхуми статуси ичтимои мафхумхои статуси касби, вазифави, хукуки низ истифода бурда мешавад ва онхо мафхуми авваларо мушаххас мегардонанд.

Статуси ичтимои тавассути якчанд нишондоди сотсиологи – даромадноки, чойи гурух дар сохтори ичтимоии чомеа, маълумот, мавкеи ичтимои в.г. чен карда мешавад. Мавкеи ичтимоиро бо истифода аз нишондодхои объективи (чинс, синнусол, миллат, шугл, вазифа….) муайян менамоянд. Дар чомеахои анъанави ба сифати чунин ченакхо инчунин эътибор, мансубияти авлоди низ кобили кабул дониста мешаванд. Масалан, солхои охир дар чомеаи мо низ дар сатхи гайрирасми табакабандии афрод, гуруххои муайяни ахоли аз руи ин аломатхо тадричан вусъати тоза пайдо карда истодааст.

Хамин тавр, бо такя аз казоватхои фавкуззикр мо метавонем ба кишрбандии ичтимои чунин таъриф дихем: кишрбандии ичтимои гуфта раванди ба кабатхо, кишр, статусхо чудо шудани чузъхои сохтори ичтимоиро аз лихози сатхи даромад, макоми ичтимои ва нуфузи ичтимоиро дар назар доранд.

Агар аз лихози мухтавои таърифи мазкур ба хусусияти тагирёбии сохтори ичтимоии Точикистон ва пайдошавии кишрхои гуногун дар он назар андозем мебинем, ки дар таркиби он дар баробари кишрхои собик кишрхои чадиди ичтимоии дорои статусхои мухталиф пайдо шудааст. Пеш аз хама дар заминаи эътирофи конунии пайдо карданаш дар чомеа шахсони дорои шаклхои гуногуни моликият

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *