Фанни Сотсиология

Тахарруки ичтимои

Дар олами гайризинда харакати чисмхои материали тавассути таъсироте, ки сарчашмаашон фаротар, хорич аз сархадоти онхо аст, сурат мегирад. Вале объектхои зинда мустакилона харакат мекунанд ва сарчашмаи харакати онхо аз дохилашон огоз мегирад. Тахарруки объектхои зинда ба хотири идомаи хаёташон нигаронида шудааст. Инро ба инсон низ нисбат додан мумкин аст. Вале тахарруки инсон аз вижагихои алохида низ бархурдор аст ва бинобар хамин хам одатан дар он ду навъи тахаррук, яъне тахарруки физики ва ичтимоиро фарк мекунанд. Тахарруки физики агар чойивазкунии чисми у дар фазо бошад, пас тахарруки ичтимои ин раванди чойи худро иваз намудани у дар фазои алокаю муносибатхои дар чомеа роич аст. Тахарруки ичтимои ин хусусияти чойи худро иваз кардани фард, гурухи ичтимои дар хамин фазо аст. Ва он аз хама бештар робитаи устувор бо тагийри макоми ичтимои ва тахассусии одамон дорад. Аз ин ру одатан ба падидаи тахарруки ичтимои чунин таъриф медиханд: Хама гуна чойивазкуниеро, Ки он боиси тагйирёбии макоми ичтимои, тахассусии одамон, чойи онхо дар сохтори ичтимоии чомеа мегардад, тахарруки ичтимои меноманд.

Истилохи « тахарруки ичтимои» — ро бори аввал дар сотсиология Питирим Сорокин, ки онро барои ифодаи хусусияти тагиротхои дар сохтори ичтимоии чомеа тахти таъсири муносибатхои чадиди хочагидории сармоядори ба амалоянда ба кор гирифтааст, васеъ мавриди истифода карор додаст. У тахаррукро аз ду чихат – мухочирати мардуми дехот ба шахрхо ва суръати баланд гирифтани чараёни аз як макоми ичтимои ба макоми дигар гузаштани одамон мавриди барраси карор дода буд. Баъдан ин акидахои П. Сорокин инкишофи худро дар асархои сотсиологхои амрикои С. Липсет ва Р. Бендикс « Тахарруки ичтимои дар чомеаи индустриали», Р. Морис «Тахарруки ичтимои», А. Инкелс « Чомеаи шурави: навъхои тахаррук» ва гайра пайдо намудааст.

Хамин тавр яке аз назарияхое, ки мундаричаи мавзуи кишрбандии ичтимоиро такмилу равшан месозад, ин назарияи «тахарруки ичтимои» аст. Тибки ин назария фард метавонад бо чои ин ки тамоми муддат дар зиндагии «кишри» худ боки бимонад, баръакс кушиш ба харч медихад то аз як кишри ичтимои ба дигар интикол ёбад. Тахарруки ичтимои метавонад амуди ё уфуки бошад. Тахарруки амуди яъне интикол ба боло ё пойини нардбони табакоти аст. Ин навъи тахаррукро дар навбати худ боз ду гурух чудо мекунанд – тахарруки болоравандаи амуди ( боло рафтани макоми ичтимоии шахс) ва тахарруки поёнравандаи амуди (ба макомхои поинтар харакаткунии пойгоххои ичтимои). Баъзан дар чараёни камолоти тахассусию ичтимоии одамон харду ин навъхои тахаррук метавонанд дар якчояги амал намоянд. Масалан, ягон устоди донишгохро ба вазифаи нисбатан болотар ба ягон филиали дар шахри дигар мавчудбуда мегузаронанд. Аз чихати ишголи вазифа ин болорави аст, вале аз чихати зиндаги дар марказ, доштани имконоти рушди илми, наздики бо макомоти рохбарикунанда в.г. нисбатан поёнрави аст. Аз ин чихат агар тахарруки болоравии ичтимои ин раванди ихтиёри ва марбут ба саъю кушиши афрод бошад, пас баръакси он, яъне тахарруки поёнравандаи амуди ин хусусияти ичбори Тахарруки уфуки бошад, иборат аст, аз тамоми навъхои интиколхои дигар, ки бо тагйири табакоти ичтимои вобастаги надоранд. Масалан, тагйири манзил кардан, ё кабули хамон як шугл дар чойи дигар бе тагйири статус (пойгох) ва гайра.

Аслан ба сифати мачроххои (каналхои) тахарруки амуди шаклхои шугл, омузиш, тарбия ва г. хизмат мекунанд. Дар катори ин омилхо таъсири «маълумотноки» ба суръати тахарруки ичтимои дар байни афрод ва соири гуруххои ичтимои хеле калон аст. Вале ин таъсирот на хама вакт натоичи мусбиро метавонад ба бор дошта бошад. Тибки натоичи пажухишхои дар ин самт анчомдодаи сотсиологи фаронсави Р. Будон маълумотноки хамчун яке мачрохои тахарруки ичтимои на танхо барои болоравии макоми ишголкардаи одамон, балки барои махрум шудани онхо аз чунин имконот низ хизмат карда метавонад. Пайваста такмил ёфтани мундаричаи маълумотнокии одамон ракобати онхоро низ барои ишголи макомхои бонуфуз пуршиддат намуда, дар натича боиси тагйир ёфтани пойгоххои ичтимоии онхо, сарфарозии баъзехо ва махрумшавии дигархо аз ин имконият мегардад. Яъне маълумотноки на танхо омили тавсиабахши тахарруки ичтимои, балки зиминаи эчоди нобаробарихои ичтимои низ мебошад.

Чигунагии таносуби тахарруки амудию уфукии ичтимои аз чумлаи омилхои муассири устувори ва ё ноустувории тартиботи чамъияти ба шумор мераванд. Дар чомеа хар кадар агар барои одамон имконияти васеи тагйирдихии макоми ичтимоияшон фарохам оварда шуда бошад, хамон кадар тамоили фардгароияшон зиёд ва хамбастагии гурухию махаллияшон камтар мешавад.

Тахарруки ичтимои метавонад инчунин дар худуди як насл низ ба амал ояд. Ин гуна тахаррукро Э. Гидденс тахарруки хамгароёна (интегратсиони), хамсиннусоли меномад. Тахарруки хамсиннусоли одатан хамчун раванди пушти сар шудани пайрохаи хаётии ягон насли муайян( аз овони тифли ба балогат ва баъдан ба пири расидан, ишголи макомхои гуногун аз чониби намояндагони насли мазкур ва гайра) арзёби мешавад. Навъи дигари тахарруки хамгароёна ин тахарруки байнинасли аст, Ки дар он мукоисаи тагйирпазирии макомхои ичтимоии наслхои гуногун дар мадди аввал карор мегирад. Мисоли ин пайравии фарзандон аз касби волидайнашон аст. Ин навъи тахаррук фосилаи муддати ба ворисият дода шудани тачрибаи хаёти як наслро ба насли дигар ва баъзан мавчудияти тамоюли анъанагарои, кундсуръатии инкишофи чомеаи муайянро инъикос менамояд.

Дар сотсиология алхол дар мачмуъ тахаррукхои ичтимоиро боз ба ду зергурух чудо менамоянд – сохтори (структурави) ва гайрисохтори(гайриструктурави). Тахарруки сохтори агар ба тагйири саросари, куллии сохтори ичтимои оварда расонад, пас тахарруки гайрисохтори хама гунна тагирёбихои дар макоми ичтимоии одамон ба амал ояндаро, ки омили тагири сохтори мавчудаи ичтимои намегарданд, дар назар дорад.

Тахарруки ичтимоиро метавон тавассути ба кор гирифтани ченакхои микдори ва сифати чен намуд. Тахлили микдори имконият медихад мо суръати тахарруки ичтимоиро тавассути зинахои аз чониби афрод ба самтхои амудию уфуки тайшаванда дар фосилаи муайяни вакт хисоб намоем. Дар чараёни тахарруки ичтимои сатхи даромад, арзишхо, чахонбинии афрод низ тагйир ёфта, дар мачмуъ он ба инкишофи чомеа таъсири худро мерасонад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *