Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Таҳлили фонетикӣ

Самаранок ташкил намудани таҳлили фонетикӣ ва дар ин амал дар хонандагон тарбия намудани маҳорату малака аз ҷумлаи яке аз усулҳои натиҷабахш ва мустаҳкам намудани донишҳои фонетикии онҳо дониста мешавад. Албатта, гузаронидани ҳар як навъи таҳлил, марбут ба ин ё он ҳодисаи забон система ё худ низоми худро доро мебошад, ки риояи он дар ҷараёни таълим ҳатмист. Хусусан, агар таҳлили пурра гузаронидан лозим бошад, хонандагон аз дарси аввали таълими мавзӯъҳои таркибии ҳар як фаслу боб – дар рафти ташкили таҳлилҳои ҷузъӣ ё худ хусусӣ бояд омода карда шаванд. Фарз кардем, ҳангоми таълими мавзӯи «Овоз ва ҳарф» бояд хонандагон дар муайян намудани овоз ва фарқи он аз ҳарф, инчунин дар муайян намудани миқдори овоз ва ҳарф дар калима малака пайдо намоянд. Дар рафти таҳлили садонокҳо ва ҳамсадоҳо бошад, дар калима чанд садоноку ҳамсадо буданашро муайян намуда, ин ду ҳодисаи забонро бо баёни баъзе аломатҳояшон шарҳ дода метавонистагӣ шаванд ва ғ.

Инак, ба тавассути таҳлилҳои хусусӣ, ки дар заминаи ҳар як соати ба мавзӯи алоҳидаи фаслу бобе, аз ҷумла, ба боби «Фонетика» бахшидашаванда гузаронида мешаванд, хонандагон ба гузаронидани таҳлили пурраи он омода мешаванд. Ташкили чунин навъи таҳлил, пеш аз ҳама, дар дарсҳои такрори боб, сониян, ҳангоми такрори чорякӣ ва такрори солона бо мақсади ҷамъбасту мустаҳкам намудани донишу малакаҳои хонандагон зарурат пайдо мекунад. Масалан, барои муайян намудан ва шарҳ додани ҳодисаҳои фонетикӣ таҳлили пурра, яъне таҳлили пурраи фонетикӣ талаб карда шавад, бояд системаи зерини амалҳо дар мадди назари ҳам муаллиму ҳам шогирдон бошад; а) миқдор ва хели ҳиҷо, ҷои зада дар калима; б) садоноку ҳамсадоҳои таркиби калима ва шарҳи хусусияти асосии ҳар яке аз онҳо вобаста ба ҳаракати лабҳо; в) миқдори овоз ва ҳарф;[1] г) вазифаи ӣ-и заданок ва аломати сакта (ъ); ғ) шарҳи баъзе ҳодисаҳои фонетикие, ки дар талаффуз ва навишти ин ё он калимае (агар чунин калима дар матн бошад); д) ниҳоят, шарҳи роҳҳои ба сатри дигар гузаронидани ҳиссаи як ё якчанд калимаи махсус аз тарафи муаллим пешниҳодшуда.

Бояд гуфт, ки таҳлили пурраи фонетикӣ дар ду шакл-даҳониву хаттӣ ва вобаста ба дараҷаи донишу қобилияти хонандагони синф гузаронида мешавад. Чунончи, дар синфҳои пурқувват чунин таҳлилро айнан аз рӯи пешниҳоди бастҳои боло талаб намудан зарурат дорад. Вале дар синфҳое, ки дараҷаи фаҳмиши аксари хонандагонашон ҷавобгӯи талаботи барномавӣ набошад, шарт нест, ки ҳамон талаботҳои дар он бастҳо пешниҳодшуда аз тарафи хонандагон ба ҷо оварда шавад. Ва воқеан ҳам, чунон ки гуфтем, такмилдиҳии донишҳои фонетикии хонандагон мувофиқи талаботҳои методӣ минбаъд, масалан, дар ҷараёни таълими калима (луғат), морфология ва синтаксис ҳам бояд идома ёбад. Маҳз дар ҳамин давраҳо, ки бо дархости муаллим таҳлили фонетикӣ вобаста ба талаби як ё ду-се (баъзан зиёдтар) басти боло гоҳ-гоҳ гузаронида мешавад, зина ба зина хонандагон ба иҷро намудани таҳлили фонетикии пурра омодагӣ мегиранд. Он гоҳ дар давраи соатҳои такрори чорякӣ ва солона гузаронидани таҳлили пурраи фонетикӣ самараи беҳтар хоҳад дод. Хусусан, ҳангоми гузаронидани таҳлилҳои лаҳзагии фонетикӣ аз усули шифоҳии он бештар истифода бурданро проф. А.В. Текучев тавсия мекунад.[2] Зеро дар чунин мавридҳо хонандагон калима ва тарзи навишти онро надида, бошуурона дар бораи талаффуз, ҷои задаи он ва мувофиқати тарзи талаффуз ва навишти он мустақилона муҳокима мерондагӣ мешаванд, ки ин усул, бешубҳа, ба мақсаду натиҷаи таълим мувофиқтар аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

2 Шарҳҳо

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *