Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Дарси мустаҳкам намудани дониш ва малакаи хонандагон

Дар таълими забони тоҷикӣ ин хели дарс, яъне дарси мустаҳкам намудани дониши хонандагон, аз он ҷиҳат басо муҳим аст, ки маҳз тавассути самаранок ташкил намудани он дониши дар рафти баёни мавзӯи нав гирифтаи онҳо тадриҷан мустаҳкам гардида, оқибат, аз маҳорат ба малака табдил меёбад. Барои ҳамин ҳам, онро дарси мустаҳкам намудани дониш ва малакаи хонандагон меноманд. Ва ин хели дарс, дар асл, давоми мантиқии ҳамон хели (тип)-и якуми дарс – дарси додани дониши нав аст, ки дар он хонандагон бори аввал доир ба ин ё он ҳодисаи забон дониш гирифтаанд. Аз ин рӯ, мустаҳкамкунии дониши хонандагон, пеш аз ҳама, дар айни ҳамон як дарс, пас аз баёни мавзӯи нав, шурӯъ меёбад, ки ин лаҳза дар план-конспекти муаллим бо унвони мустаҳкамкунӣ ё худ мустаҳкамкунии мавзӯи нав сабт карда мешавад.

Таҳти мафҳуми дарси мустаҳкам намудани дониш ва малакаи хонандагон на танҳо бошуурона аз худ намудан (ё худ аз ёд намудан)-и таърифу қоидаҳо, балки дар заминаи мисолҳо дуруст дарк намудани моҳияти он таърифу қоидаҳо ва инчунин, дар шогирдон парваридани малакаҳои гуногуни нутқи хаттӣ (орфографӣ, пунктуатсионӣ, услубӣ) ҳам дар назар дошта мешавад. Аз ин ваҷҳ, дар дарсҳо вақти барои мустаҳкамкунӣ сарф мешудагӣ то андозае муддати тӯлониро фаро мегирад. Чунончи, аввалан, мустаҳкам намудани дониши хонандагон дар рафти худи ҳамон дарси донишдиҳӣ, яъне пас аз баёни мавзӯи нав, ташкил карда мешавад. Ин тарзи кор, яъне мустаҳкамкунии мавзӯи нав, бо мустақилона як-ду маротиба хонда баромадани таърифу қоидаҳои дахлдори китоби дарсӣ оғоз ёфта, минбаъд аз тариқи саволу ҷавоб, таҳлили мисолҳои аз тарафи муаллим пешниҳод шудагӣ, иҷрои машқҳои пешакӣ аз китоби дарсӣ интихобгардида, кор аз рӯи супоришҳои варақчаҳо (карточкаҳо) додашуда, бо роҳи мустақилона аз тарафи худи хонандагон гуфтану шарҳ додани мисолҳо ва амсоли ин идома хоҳад ёфт, ки барои ин ҳама аз 10-12 дақиқа (дар сурати аз ҳисоби дигар лаҳзаҳои дарс сарф шудани вақт) то 15-20 дақиқа вақт дода мешавад. Илова бар ин, лаҳзаи пурсиши вазифаи хонагӣ дар дарси навбатӣ низ мантиқан идомаи лаҳзаи мустаҳкамкунии дарси гузашта аст, ки дар он дониши аз мавзӯи нав гирифтаи хонандагон мустаҳкам карда шуда буд. Яъне дар лаҳзаи пурсиши вазифаи хонагӣ ҳам бо иҷрои амалиёти гуногун – саволу ҷавоб, мисоловарӣ, коркарди машқҳои гуногун, тафтиши натиҷаи иҷрои машқу супориши додашуда доир ба мавзӯи гузашта дониши хонандагон санҷида мешавад, ки дар ҳақиқат, ин лаҳзаро -пурсиши вазифаи хонагиро ҳам метавон лаҳзаи мустаҳкам намудани донишу малакаи онҳо номид.

Аммо барои он ки дониши хонандагон, ҳақиқатан ҳам, мустаҳкаму дақиқтар гардонида шавад, дар таълими забони модарӣ хел (тип)-и дигари дарсҳо, аз ҷумла, дарси мустаҳкам намудани дониш доир ба як мавзӯъ, дарсҳои такрору ҷамъбасти донишҳо марбут ба маводи якчанд боб ва ё маводи солона низ вуҷуд доранд.

Дарси мустаҳкам намудани дониш доир ба як мавзӯъ, пеш аз ҳама, дар сурате ташкил карда мешавад, ки агар аксари хонандагони синф мавзӯи навро ба сабаби душвор (масалан, ҳамсадоҳои ҷарангноку беҷаранг, сифатҳои аслӣ ва нисбӣ, сифати феълӣ, феъли ҳол, маънои луғавӣ ва лексикии ин ё он ҳиссаи нутқ ва ғ.) буданаш дуруст нафаҳмида бошанд, ҳатто баъзе хонандагони фаъол ҳам. Сониян, ин хели дарс дар мавриде гузаронида мешавад, ки мавзӯъ ҳаҷман васеъ ба гуногунҷабҳа (исмҳои хос ва ҷинс, аломатҳои китобат дар ҷумлаҳои чидааъзо ва ғ.) буда, таркибан чандин мавзӯъчаро дар бар гирифта бошад. Дар ҳар ду маврид ҳам дар дарсҳои мустаҳкам намудани дониш, ба ҷуз саволу ҷавобҳо, бештар машқҳои гуногун (ҳам даҳонӣ ва ҳам хаттӣ) иҷро карда мешаванд. Яъне кори бештар ба назар намоён дар ин хели дарс иҷрои машқҳои гуногун ба шумор меравад. Ва азбаски дарси мазкур бо мақсади мустаҳкам намудани мавзӯи дар дарси гузашта таълим додашуда бахшида мешавад, ин хели дарс лаҳзаи баёни мавзӯи нав надорад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки бояд дарси мазкур дар маҷмӯъ бо лаҳзаи пурсиши вазифаи хонагиаш пурра дарси мустаҳкам намудани донишу малакаи хонандагон номида шавад. Зеро дар ин хели дарс бо роҳи пурсиш ҳам дониши хонандагон мустаҳкам карда мешавад.

Вақтро дар ин хели дарс тахминан ин тавр тақсим кардан мумкин аст: 1) Пурсиши вазифаи хонагӣ (тафтиши кори мустақилонаи хаттӣ ё худ натиҷаи иҷрои машқи супоридашуда – 5-6 дақиқа; 2) Санҷиши дониши хонандагон ба воситаи саволу ҷавоб – 7-8 дақиқа; 3) Мустаҳкам намудани дониш ва малакаи хонандагон бо иҷрои машқҳои нав (аз он ҷумла, бо роҳи такрор намудани маводи назариявӣ) – 20-25 дақиқа; 4) супориши вазифаи хонагӣ – 2-3 дақиқа; ва 5) эълони баҳо ва шарҳи он – 2-3 дақиқа.

Албатта, чунин сохти лаҳзаҳои дарси мустаҳкам намудани дониш ва тақсимоти вақт ба ҳар як лаҳзаи он ҳатмӣ намебошад. Яъне омӯзгор вобаста ба ниятҳои худ метавонад онро эҷодкорона тағйир диҳад. Вале дар ҳамаи ҳолатҳо бояд дар чунин хели дарс, то ки аз якрангии саволу супоришҳо дурӣ ҷуста шавад,[1] бояд аз тарафи хонандагон ҳар хел машқҳо (таҳлили грамматикии даҳониву хаттӣ, иҷро намудани талаби машқҳои китоби дарсӣ доир ба ҳамон як мавзӯъ, интихобан аз матн навишта гирифтани ягон ҳодисаи забон, кор аз рӯи варақчаҳо, расмҳо, таҳлили шифоҳиву хаттии грамматикии вобаста бо ҳама гуна аломатҳои морфологиву синтаксисии ҳамон ҳодисаи забон, тартиб додани таблитсаҳо бо мисолҳои мувофиқ, навиштани ин ё он намуди диктанти таълимӣ[2], аз худ мустақилона мисол гуфтан, вобаста ба мавзӯъ аз китоби дарсӣ, асарҳои бадеӣ мисол ёфтан ва дар заминаи таърифу қоидаҳо он мисолҳоро шарҳ додан ва ғ.) иҷро карда шаванд, ки дар маҷмӯъ он ҳама маънои ҳам мустаҳкам намудан ва ҳам санҷидани дараҷаи дониш ва малакаи шогирдонро ифода менамоянд. Вале дар ҷараёни иҷрои ин ҳама амалҳо ба он ҳам бояд эътибор дод, ки аз як хели машқ ба хели дигараш шитобкорона гузашта нашавад. Чунки агар хонандагон як хели машқро дуруст иҷро карда натавонанд, дар иҷрои хели дигари он бештар бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.

Ниҳоят, то ки мавзӯи дарси нав аз тарафи хонандагон боз ҳам хубтару мустаҳкамтар аз худ карда шавад, доир ба он иҷрои машқҳои гуногунро на фақат дар ҳудуди ҳамон дарс, балки дар рафти таълими мавзӯъҳои дигар, аниқтараш, дар лаҳзаҳои пурсиш ва мустаҳкамкунии дарсҳои баъдина ворид кардан мумкин аст, ки ин яке аз талаботҳо оид ба роҳҳои мустаҳкамкунии мавзӯи гузашта ба шумор меравад. Ва маҳз вобаста ба кадом мавзӯъҳои баъдина такрор намудани маводи омӯхташуда дар графаи «Тавсияҳо барои такрор»-и нақшаи мавзӯӣ -тақвимӣ низ нишон дода мешавад, ки инро бояд ҳар як омӯзгор донад

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *