Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Калимаҳои сермаъно

Таълими калимаҳои сермаъно хонандагонро бо паҳлӯҳои дигар, вале муҳими лексикаи забони тоҷикӣ шинос намуда, донишу малакаи онҳоро марбут ба тобишҳои маъноии як силсила калимаҳо, ки дар илми забоншиносӣ бо истилоҳи сермаъноии калимаҳо ном мебаранд, афзун хоҳад кард. То ин ки дар қиёс бо дигар ҳодисаҳои лексикӣ силсилаи махсуси луғавии забон будани калимаҳои сермаъно дастраси хонандагон гардад, лозим аст, ки омӯзиши онҳо дар муқоиса бо калимаҳои якмаъно ба роҳ монда шавад. Зеро мақсади бо усули муқоиса таълим додани ин ҳодисаи забон, агар аз як тараф, дар маҷмӯъ гуногунпаҳлӯии хусусиятҳои луғати забони тоҷикиро намоиш додан бошад, аз тарафи дигар, бо ин усул дар як вақт хусусиятҳои хоси калимаҳои якмаъно ва ҳам калимаҳои сермаъно ба хонандагон саҳеҳу равшантар муаррифӣ карда мешаванд. Аммо ҳангоми баён муаллимро лозим меояд, ки таваҷҷӯҳи хонандагонро бештар ба моҳияти калимаҳои сермаъно ҷалб созад, то ки онҳо минбаъд, ин ҳодисаи забонро бо дигар қабатҳои лексикӣ, хусусан, бо омонимҳо омехта насозанд. Аз ин рӯ, дар заминаи шарҳи мисолҳо хонандагон аз баёни муаллим фаҳманд, ки аксари калимаҳо дар забон як маъноро ё худ як мафҳумро, аммо гурӯҳи на чандон зиёди калимаҳо дар баробари як маънои аслиро ифода карданашон боз бо баъзе тобишҳои маъноӣ мафҳумҳои дигарро ҳам ифода мекунанд, ки дар натиҷа силсилаи калимаҳои ба ном сермаъноро ташкил медиҳанд.

Ҳамин тавр, агар мазмуни гуфтаҳои фавқ, аввал, дар заминаи мисолҳои зерин тавзеҳ дода шаванд, беҳтар мебуд:

а) луғат, префикс, суффикс, трактор, самолёт, поезд, дарахт, писар, духтар, ҳаммом, корд, сабзӣ, картошка, пиёз, кӯҳ, ағба ва ғ.

б) сар, миён, даст, лаб, рӯй, чашм, даҳон, порча, доира, ҳалқа, реша ва ғ.

Яъне дар мисоли калимаҳои басти а) муаллим таъкид мекунад, ки ҳар кадоми онҳо як мафҳум ё худ предметеро ифода мекунанд, ки ба мафҳум ё предметҳои дигар чунин номҳоро муносиб донистан нашояд. Чунончи, аз мафҳуми луғат маҷмӯи калимаҳо, префиксу суффикс воситаҳои калимасозии забон, самолёту поезд воситаҳои махсуси нақлиёт ва аз ҳаммом хонаи махсуси барои шустушӯи умумӣ сохташуда фаҳмида мешавад. Яъне ба ҷуз предмету мафҳумҳои ба ном луғат, самолёт, поезд, ҳаммом боз предмету мафҳумҳои дигар дар ҳаёт ё худ дар нутқи мо вучуд надоранд, ки онҳоро ҳам луғат, самолёт, поезд ё ҳаммом гӯён ном барем. Ана барои ҳамин ҳам калимаҳои мазкур ва амсоли онҳоро калимаҳои якмаъно ва аз меноманд.

Аммо калимахои дар басти б) овардашуда, аз ҷумла, сар ва даст ба ҷуз он ки як маънои асосиро дороанд, боз ба ҳамин маъно, вале бо андаке тобишҳои дигар номи мафҳумҳои дигарро ҳам ифода мекунанд. Чунончи, калимаи сар, пеш аз ҳама, ба маънои сари инсон ва сари ҳама гуна махлуқоти зинда фаҳмида мешавад. Аммо нисбат ба предметҳои дигар ҳам ин калима истифода бурда мешавад. Масалан, сари кӯҳ, сари ағба, сари дарахт, сари роҳ, сари кӯча, ё худ аз калимаи даст, аввалан, даст(узв)-и инсон дар мадди назар аст. Сониян, ин калима ба худ суффикси -а гирифта, дар ҳамин шаклаш (даста) барои ифодаи ҷузъи пердметҳои дигар ҳам истифода гардидааст: дастаи чойник, дастаи дар, дастаи бел. Яъне ҳар ҷои бо даст гирифташвандаи предметҳои дигарро даста номидаанд.

Дар охир, аз шарҳи боло хулоса бароварда мешавад, ки калимаҳои сермаъно, ҳарчанд номи маҳфумҳои дигари ҳаётиро дар забони мо ифода кунанд ҳам, то андозае ба ҳамон калимаи аввал, ки ҳақиқатан ҳам, дақиқеро ифода кардааст, иртибот доранд. Аниқаш, хонандагон фаҳманд, ки ба сабаби то андозае ба як предмет, ё маҳфум монандӣ доштани предметҳову мафҳумҳои дигар ба онҳо ҳам айнан номи ҳамон предмет ё мафҳуми асосӣ дода шудааст. Масалан, узви аз ҳама баланди инсонро сар номидаанд, ҷои аз ҳама баланди дарахт, кӯҳ, ағбаро ҳам бо ҳамин калима (сар) ном мебаранд. Аммо, дар асл, сари дарахт ё сари кӯҳу ағба ҳеҷ гоҳ айнан чун сари инсон тасаввур карда намешаванд. Ин нуқта ба калимаи даст, ки пеш аз ҳама, дасти инсонро ифода мекунад ва ба калимаҳои сермаънои дигар (миён, лаб, рӯй, чашм, даҳон, порча, доира, ҳалқа, реша ва ғ.) низ тааллуқ дорад. Яъне дар рафти баён ва ё ҳангоми мустаҳкамкуниву пурсиши вазифа он ҳама калимаҳои сермаъно чи аз тарафи муаллим ва чи аз тарафи хонандагон, чунон ки калимаи сермаънои сарро шарҳ додем, бояд ҳамон тавр тавзеҳ дода шаванд.

Албатта, дар матн дар заминаи мисолҳои мувофиқ шарҳ додани калимаҳои сермаъно ба фаҳми хонандагон моҳияти масъалаи баррасишавандаро бештар муаррифӣ менамоянд ва ин кор имконият медиҳад, то онҳо пешакӣ омада бошанд ба он, ки калимаҳои сермаъно бо вуҷуди мафҳумҳои ҷудогонаро ифода карданашон бо калимаҳои омонимӣ зоҳиран (аз ҷиҳати таркиби овозиашон) монандӣ дошта бошанд ҳам, аз онҳо фарқ мекунанд. Масалан, методист Қ. Сангов ҳамин нуқтаи охирро дар мадди назар дошта, доир ба сермаъноии калимаи ҳалқа мисолҳои зеринро далел оварда, ба шарҳашон пардохтааст: 1. Ба ту ҳалқаи тилло , ба очет куртаи шоҳӣ, ба акет як асп… мехарам (Ҷ И). 2. Ҳалқа бар дар зад, чу дарро баркушод… (Румӣ). 3. Абӯ Дулаф дар ҳалқаи талабагон қиссае мехонад (С. У)[1].

Чунон ки мебинем, дар ин ҳар се ҷумла калимаи ҳалқа якмаротибагӣ истифода шудааст. Ин калима дар ҷумлаи аввал ба маънои асосии худ омадааст, яъне номи асбоби ороиши занон – гӯшвор-ро ифода кардааст. Дар ҷумлаи дуюм бошад номи оҳани гирда-ҳалқамонанди дар дарвозаҳо насбшударо ифода мекунад, ки аз он, барои кушодану пӯшидани дарҳо истифода мебаранд. Дар ҷумлаи сеюм ҳалқа ишораест ба мардуми дар як ҷой ба таври доирашакл ё худ ҳалқавор гирдомада. Яъне дар ҳалқ ҳар чизи ба ҳалқа (гӯшвор) монандро бештар бо ҳамин калима (ҳалқа) номбар кардаанд.[2] Хуллас, умумияти калимаҳои сермаъноро, аслан, монандии шаклу намуди предмету мафҳумҳои ифода мекардагиашон ба вуҷуд оварда, ҳар як гурӯҳи онҳоро дар атрофи ҳамон калимаи асосӣ, чун дар атрофи калимаи ҳалқа (гӯшвор) муттаҳид месозад.

Албатта, ба моҳияти сермаъноии калимаҳо сарфаҳм рафтани хонандагон танҳо ҳангоми мустаҳкамкуниву пурсиши мавзӯи мазкур муайян карда мешавад. Аз ин рӯ, ба онҳо, сараввал, ба ҷо овардани талаби супоришҳои зеринро пешниҳод намудан айни муддаост: 1. Бо кадом маъноҳо (ақаллан, бо-ду се маъно) ифода шудани калимаҳои сермаънои миён, лаб, рӯй, чашм, даҳон, порча, доира, реша ва амсоли онҳоро бо тартиб додани ибораҳо намоиш диҳанд. Дар ин бобат, хуб мешуд, ки дар таркиби ибораи якум ҳамон калимаи сермаъно оварда шавад, ки дар заминаи он сермаъноҳои дигар пайдо шудаанд. Масалан, ба таври зайл: миёни одам, миёни замин, миёни кор ва ғ. 2. Ҳар як ибораи доир ба силсилаи ин ё он калимаи сермаъно сохтаашонро дар ҷумлаҳои тартибдодаи худ истифода бурда, баъд дар он ҷумлаҳо ба кадом маъно омадани он калимаҳоро (сермаъноҳоро) шарҳ диҳанд. Вале азбаски супориши мазкур вақти зиёдеро талаб мекунад, бо мақсади сарфаи вақт хуб мешуд, ки агар хонандагони синф ба се-чор гурӯҳ тақсим карда шуда, ба ҳар гурӯҳ марбут ба силсилаи 2- 3 калимаи сермаъно , ки дар ибораҳо ҳам гурӯҳбандӣ карда шудаанд, тартиб додани ҷумлаҳо супориш дода шавад. Идомаи иҷрои супориши мазкурро метавон ба ҳайси вазифаи хонагии хонандагон супурд.

Бояд гуфт, ки дар бобати баланд бардоштани фаҳмиши хонадагон марбут ба калимаҳои якмаъною сермаъно иҷро машқҳои пешниҳодкардаи китоби дасрӣ (хусусан, машқҳои 264 ва 267) низ корсозанд. Онҳо набояд аз мадди назар дур монанд

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *