Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Калимаҳои аслан тоҷикӣ ва иқтибосӣ

Чунон ки маълум аст, мувофиқи барномаи солҳои охир идомаи боби «Калима (луғат)» дар синфи VII таҳти унвони «Калима ва фразеология (таъбирҳо)»* зимни 14 соат таълим дода мешавад, ки бо истифода аз ин миқдори соатҳо ба хонандагон дар бораи калимаҳои аслан тоҷикӣ, иқтибосӣ, калимаҳои шевагӣ ва соҳавӣ (касбӣ), таърихи баромад (этимология)-и баъзе калимаҳо, воҳидҳои фразеологӣ (таъбирҳо) ва фарқи онҳо аз таркибу ибораҳои озод, манбаъҳои пайдоиш ва аҳамияти онҳо, яъне таъбирҳо, дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ маълумот дода мешавад.

Аз ҷумла, ҳангоми таълими мавзӯи «Калимаҳои аслан тоҷикӣ ва иқтибосӣ» хонандагон бояд фаҳманд, ки таркиби луғавии забони тоҷикӣ басо бой буда, он дар маҷмӯъ ба ду қисмати асосӣ: а) калимаҳои аслан тоҷикӣ ва б) калимаҳои иқтибосӣ ҷудо карда мешавад. Калимаҳоеро аслан тоҷикӣ меноманд, ки онҳо таърихан калимаҳои худӣ, яъне офаридаи худи халқи тоҷик буда, ҳамзамон, онҳо боигарии ҳақиқии забони тоҷикӣ ба шумор мераванд. Калимаҳое, ки бо сабабҳои гуногун (муносибатҳои иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодиву маданӣ) аз забони дигар ба забони мо (тоҷикӣ) ворид шудаанд, калимаҳои иқтибосӣ ном доранд. Калимаҳои иқтибосӣ дар забони тоҷикӣ бештар аз забонҳои арабӣ, туркию ӯзбекӣ ворид шуда, баъдтар — аз нимаи дуюми асри XIX сар карда то ба имрӯз воридшавии калимахои русӣ-байналмилалӣ ба мушоҳида гирифта мешаванд. Аз ин рӯ, барои он ки гуфтаҳои фавқ амалан дастраси шогирдон гардонида шавад, метавон аз таблитсаи (12) зерин истифода намуд:

Таблитсаи 12

КАЛИМАҲОИ АСЛАН ТОҶИКӢ ВА ИҚТИБОСӢ*

Калимаҳои аслан тоҷикӣ Калимаҳои иқтибосӣ
Арабӣ Туркию ӯзбекӣ Русӣ-байналмилалӣ
об

чашм

гӯш

забон

даҳон

модар

падар

талх

тунд

оҳиста

рафтан

хандидан

пурсидан

омадан

мактаб

муаллим

таълим

маъруф

тарбия

маърӯза

шеър

рубоӣ

ғазал

даъво

саҳифа

китоб

илм

маданият

қишлоқ

қошуқ

қолин

қаймоқ

қурут

қамчин

қаровул

қима

қайроқ

бой

элак

босмачӣ

қундоқ

роман

опера

аптека

глобус

музей

Москва

Кремл

бригада

кино

филм

ручка

перо

сомолёт

танк

Албатта, таблитсаи мазкурро аз ҳисоби калимаҳои чи аслан тоҷикӣ ва чи иқтибосӣ беинтиҳо идома додан мумкин аст. Аммо ҳамин мисолҳои дар он овардашуда кифоя аст, ки зимни онҳо дар бораи хусусиятҳои калимаҳои аслан тоҷикӣ, сабабҳо, мавқеъ ва аҳамияти ба забони тоҷикӣ воридшавии калимаҳои иқтибосӣ ба хонандагон маълумоти то андоза қонеъкунанда дода шавад. Вале шарти баён ва ҳалли ин амал он аст, ки агар дар ҷараёни он дар баробари шарҳи этимологии калимаҳои иқтибосӣ нишона ё худ аломатҳои зоҳирӣ, ё худ фонетикии онҳо ҳам шарҳ дода шаванд. Масалан, дар аввали калимаҳои арабӣ омадани ҳиссаҳои ма-, му,та ва дар таркиби онҳо бештар мавҷуд будани аломати сакта (маъно, таъна, даъво, санъат, масъул) ва овозҳои ҳамсадоҳои шадда ва ё ташдиддор, чун дд, сс, кк, ққ (мубаддал, муҳаббат, муассиса, мураккаб, машаққат), дар таркиби калимаҳои туркию ӯзбекӣ бештар ҷой доштани ҳамсадои қ (қошуқ, қишлоқ, милтиқ) ва дар аввали калимаҳои русию байналмилалӣ омадани ду ҳамсадо (Кремл, бригадир, стансия) бояд аз тарафи муаллим таъкид карда шавад. Дар ин бобат, албатта, тариқи тафсир додан ва ё номбар намудани синоними тоҷикии баъзе калимаҳои иқтибосӣ барои боз ҳам дақиқтар сарфаҳм рафтан ба моҳияти масъала дарсро шавқовартар хоҳад намуд. Аз ҷумла, баъзе калимаҳои иқтибосиро бо синоними тоҷикиашон тавассути таблитсаи (13) зерин метавон ба маърази диққати хонандагон гузошт, ки ҳатто ба шарҳашон эҳтиёҷ ҳам намемонад:

Таблитсаи 13

Калимаҳои иқтибосӣ Синоними тоҷикии калимаҳои иқтибосӣ
муаллим

мактаб

кӯшун

қишлоқ

қошуқ

қаровул

илм

элак

тарбия

ваҳдат

воҳид

самар (а)

ҳосил

омӯзгор, устод

дабистон

сипоҳ, лашкар

деҳа

чумча

посбон

дониш

ордбезак

парвариш

ягонагӣ

як, якто, ягона

мева, бор

натиҷа, бор, мева

Лаҳзаи мустаҳкамкунии дарси мазкурро низ метавон шавқовару сермаҳсул ташкил намуд. Масалан, аз калимаҳои аслан тоҷикӣ ва иқтибосии таблитсаи фавқ истифода намуда, ба таври мувозӣ тартиб додани ҷумлаҳо, навиштан ва номбар намудани калимаҳое, ки дар таркибашон (дар аввал, мобайн ва ё охирашон) ҳисса ва овозҳои му, та, ият, ъ, қ мавҷуд бошанд, ё ки овозе ташдид ёфта бошад. Барои иҷрои ин ҳама супоришҳо хонандагон метавонанд аз луғати имло ва махсусан, аз луғати дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (с.1969) ҳам дар синф ва ҳам дар хона истифода баранд, ки ба ин восита онҳо ба таърихи баромади калимаҳои иқтибосӣ бештару беҳтар шиносоӣ пайдо мекунанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *