Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Вазифаи хонагӣ аз забони тоҷикӣ

Яке аз муваффақиятҳои ҷараёни таълим дар кори доимии омӯзгорон ба он ҳам вобаста аст, ки агар онҳо ба лаҳзаи супориши вазифаи хонагӣ ҳам эътибори ҷиддӣ диҳанд. Чунки дар ҷараёни таълим вазифаи хонагӣ яке аз қисматҳои муҳими таълими забони модарӣ маҳсуб меёбад.[1] Аз ин рӯ, методистон яке аз сабабҳои паст будани дараҷаи дониши хонандагонро вобаста ба он медонанд, ки аксар вақт омӯзгорон ба ин масъала, яъне қоидаҳои ташкилу супоридани вазифаи хонагӣ, ба қадри даркорӣ эътибор намедиҳанд.

Барои он ки усули ташкилу супоридани вазифаи хонагӣ мувофиқи талабот сурат гирад, пеш аз ҳама, ҷиҳатҳои зеринро бояд риоя намуд: вазифаи хонагӣ бояд ба кори синфӣ алоқаи зич дошта бошад, чунки он давоми кори синфист; вазифаи хонагӣ ба аҳли синф бояд фаҳмову дастрас бошад, то ки ҳар кадом дар хона мустақилона иҷро карда тавонанд; ҳаҷми вазифаи хонагӣ аз ҳад зиёд набошад.

Барои вазифаи хонагӣ аз забони тоҷикӣ омӯхтани як параграф ва иҷрои як машқи на он қадар калон (тахминан, аз 8 то 10 сатр дар синфҳои V-VIII ва аз 10 то 15 сатр дар синфҳои IX-XI) супорида мешавад. Баъзан ду машқро ҳам вазифаи хонагӣ супоридан мумкин аст, ба шарте ки барои дарси оянда мутолиаи маводи нави назариявӣ супорида нашуда бошад.

Вазифаи хонагӣ аз рӯи фаро гирифтани мазмуну мундариҷаи мавзӯъҳо вобаста ба грамматикаву орфография ва ё доир ба аломатҳои китобату инкишофи нутқ, ё худ доир ба фонетикаву лексика ва ғ. шуда метавонад.

Бояд таъкид намуд, ки ба лаҳзаи супоридани вазифаи хонагӣ ва ҳам ба тарзи санҷиши иҷрои он дар дарси навбатӣ низ диққати махсус додан лозим аст. Зарур аст, ки хонандагон вазифаи супоридашударо дақиқ фаҳмида, ба дарси навбатӣ бо тайёрии пухта оянд. Аз ин рӯ, барои ба ҷо овардани ин талабот ба масъалаҳои зерин эътибор додан лозим аст: 1. Одатан, барои вазифаи хонагӣ машқе супорида мешавад, ки агар хонандагон монандашро дар синф иҷро карда бошанд. Масалан, аз китоби дарсӣ (ё аз рӯи матну супоришҳои тайёрнамудаи муаллим) супоришҳои гуногун: рӯбардоркунии эҷодӣ (ба ҷои нуқтаҳо ҳарфи даркорӣ ва ё суффиксу префискҳои мувофиқ гузоштан, дар матни беаломат кор фармудани аломатҳои китобат, матнҳои берабтро ба низом даровардан, тағйир додани матнҳо вобаста ба талаби супоришҳои гуногуни грамматикӣ, ба хели дигар баргардонидани ҷумлаҳо, давом дода пурра намудани ҷумлаҳои нотамом), таҳлили фонетикию лексикӣ ва граммактикии матнҳо (морфологӣ ва синтаксисӣ) вобаста ба навъҳои он, инчунин, таҳлил аз ҷиҳати ҳаҷм (хусусӣ, интихобӣ, пурра, умумӣ ва омехта) дода мешаванд.

  1. Барои дар хона иҷро намудан вазифаи махсусеро ҳам супориш додан мумкин аст, ки вақти зиёдтарро талаб кунад. Чунончи, ҷамъ карда омадани мисолҳо барои ягон қоида ё якчанд қоидаи имло ва аломати китобат аз асарҳои адабию бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, аз асарҳои илмии оммафаҳм ё аз китобҳои дарсии фанҳои дигар.
  2. Ба хона тартиб додани таблитсаву схема (бо аломатҳои шартӣ тартиб додани тарҳи хелҳои гуногуни ҷумла: яктаркибаву дутаркиба, хулласу тафсилӣ, мураккаби пайвасту тобеъ ва ғ.) -ро ҳам вазифа додан мумкин аст. Инчунин, бо мақсади инкишоф додани нутқи хонандагон дар хона навиштани иншоҳои ҳаҷман хурд бо супоришҳои грамматикӣ, навиштани нақл аз таассуроти ягон саёҳат (экскурсия), тамошои театр, сирк, филми бадеӣ ва ғайраро вазифа супордан мумкин аст.

Барои он ки натиҷаи иҷрои машқҳо дар хотири хонандагон дуру дароз нақш бандад, барои вазифаи хонагӣ на ҳама вақт иҷрои ин ё он кори хаттӣ супорида мешавад, балки баъзан вазифаҳо тариқи шифоҳӣ омодагӣ гирифтани шогирдон низ супорида мешаванд.

Вазифаи хонагиро ҳам аз боби дар айни ҳол омӯхтаистодаи хонандагон ва ҳам аз боби пештар омӯхташуда супоридан мумкин аст. Аз маводи ҳоло дар дарс наомӯхтаи хонандагон вазифа додан мумкин нест. Дар супоридани вазифаи хонагӣ талаби дидактикии аз осон ба душвор гузаштан ҳатман риоя карда мешавад.

Ба лаҳзаи супоридани вазифаи хонагӣ, хусусан, ба тарзи иҷрои супориши машқ диққати хонандагонро маҳз ҷалб намудан зарурат дорад, то ки усули иҷрои онро дуруст фаҳманд. Муаллим бояд пас аз қироати талаби машқ (ё ин корро хонандаи фаъол ҳам иҷро мекунад) аз худаш мисол оварда, тарзи иҷрои машқро нишон диҳад. Агар машқ ҳаҷман калон бошад, мумкин аст, ки мисоли (ё худ ҷумлаи) аввалро хонда тарзи иҷрои он шарҳ дода шавад. Ҳамчунин, усули иҷрои супориши вазифаи хонагиро аз хонандагон пурсидан, фаҳмиши онҳоро дар тарзи иҷрои машқ бо мисол санҷидан низ аҳамият дорад, то ки ҳангоми иҷрои мустақилонаи он дар хона бо мушкилот рӯ ба рӯ нашаванд.

Ба хонандагон тартиби дар хона иҷро намудани вазифаро ҳам фаҳмондан лозим аст. Онҳо ба чунин тартиби кор одат кунанд: аввал, таъриф ё қоидаҳои матлубро аз параграфи дахлдори китоб хонда фаҳманд (аз ёд ҳам кунанд), баъд, худашон ҳам баробари ба хотир гирифтани мисолҳои марбут ба он таърифу қоидаҳо мисол фикр кунанд; сипас, супориши матни машқро бодиққат хонда, ҳамзамон, усули аз тарафи муаллим (дар синф) иҷро намудани он машқро ба хотир оваранд; сонӣ, матни машқро низ бо диққат хонда, бо мазмуну мундариҷаи он шинос гардида, дар оғоз шифоҳӣ ё худ шууран, баъд хаттӣ иҷро кунанд. Ва албатта, чунин талабот дар сурате амалӣ мегардад, ки агар хонанда мазмуни маводи назариявӣ ва талаби супориши машқро дуруст фаҳмида бошад.

Ҳамчунин, хонанда бояд пас аз иҷрои машқ навиштаҳои худро бо матни китоби дарсӣ муқоиса ҳам кунад, то ки хато рӯбардор накарда бошад, санҷад, ки супоришро дуруст иҷро кардааст ё не.

Вобаста ба хели дарс вазифаи хонагиро дар охири дарс (3-4 дақиқа пеш аз занг), пас аз пурсиши вазифаи хонагӣ (агар дарси мустаҳкам намудани дониш бошад), ё ки пас аз баёни мавзӯи нав – пеш аз лаҳзаи мустаҳкамкунӣ супоридан мумкин аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ дар супоридани вазифаи хонагӣ ба саросемагӣ роҳ додан лозим нест. Агар он дар охири дарс супорида шавад, кӯшиш бояд намуд, ки то занг 3-4 дақиқа вақт бошад. Баъзан мешавад, ки омӯзгорон ҳангоми зада шудани занг ва ё дар танаффус вазифаро месупоранд, ки ҳам аз ҷиҳати методӣ ва ҳам психологӣ номатлуб аст. Зеро аксари хонандагон дар чунин ҳолат ба тарзи иҷрои вазифаи хонагӣ диққат намедиҳанд ва дар дарси навбатӣ низ аксар бе тайёрӣ меоянд.

Тарзи тафтиш ва санҷиши вазифаи хонагӣ, ки хеле гуногун шуда метавонад, дар ҷараёни дарс низ дар тарбия ва таълими хонандагон аҳамияти калонро молик мебошад.

Муаллим дар аввали дарс ба назди хонандагон рафта (дар байни партаҳо гашта), машқи вазифаи хонагӣ супоридашударо аз рӯи дафтари чанде аз онҳо интихобан, вале дар лаҳзаҳои ниҳоят маҳдуд бояд санҷад. Ин санҷиш вазъияти тайёрии ҳамаи талабагонро ба дарс муайян мекунад ва бо ин усули кор муаллим нуқсону камбудии шогирдонро мушаххас ба худашон мефаҳмонад.

Ниҳоят, ҳар сари чанд вақт ҳафтае ё дар ду ҳафта як маротиба муаллим дафтарҳои корӣ ё худ даврагии хонандагон (рақами 1 ё 2)-ро бо навбат ҷамъ карда гирифта, машқҳои дар синфу хона иҷрокардаи онҳоро санҷида баҳо мегузорад ва дарси дигар ҳангоми иваз намудани он дафтарҳо камбудиҳои дар онҳо ҷойдоштаро мефаҳмонад. Дар синфҳои V пурра ва дар синфи VI то оғози нимсолаи дуюм дафтарҳои хонандагонро зуд-зуд тафтиш карда истодан лозим аст. Дафтарҳои хонандагони сустхону камсаводро боз ҳам тезтар санҷида истодан зарурат дорад.

Дар маҷмӯъ ҳамаи талаботҳое, ки марбут ба вазaифаи хонагии хонандагон ба ҷо оварда мешаванд, боиси он мегарданд, ки барои аз худ намудани маводи омӯхташуда фурсат ва воситаҳои корсозе ба шумор рафта, онҳоро ба тадриҷ ба иҷрои корҳои мустақилона одат мекунонанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *