Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ МОРФОЛОГИЯ

Дар фасли «Масъалаҳои умумии таълими грамматика» таъкид намуда будем, морфология як қисмати грамматика буда, дар мактаб масъалаҳои мавриди омӯзиши он аксар дар алоқамандӣ бо фаслҳои қисмати дуввуми грамматикӣ, яъне дар алоқамандӣ бо мавзӯъҳои таркибии фаслҳои синтаксис таълим дода мешаванд. Яъне ин ду соҳаи забон – морфология ва синтаксис – дар яклухтии том сохтори грамматикаи забони тоҷикиро муаррифӣ менамояд, ки қариб масъалаҳои якеро бе алоқаманд намудан ба масъалаҳои дигаре таълим додан ғайриимкон аст. Ба ҷуз, ин дар қисми «Таҳлили грамматикӣ» таъкид намуда будем, ки ҳар кадоме аз ин қисматҳои грамматика, дар навбати худ, боз ба ду қисмат тақсим мешаванду аз ҷумла, қисмати аввали морфологияро «Таркиби калима ва калимасозӣ», қисмати дуюми онро «Ҳиссаҳои нутқ» ташкил медиҳанд.

Вале доир ба он, ки морфология, ҳақиқатан ҳам, аз ду қисмат иборат аст ё не, дар илми забоншиносӣ ва методикаи таълими забон ҳамрангии ақидаҳо ҳукмрон нест. Аниқтараш, масъалаи сохт ва таркиби калима, вобаста ба он, ки як ҷузъи морфология аст ва ё як соҳаи мустақили илми забоншиносист, то ҳол дақиқ муайян нашудааст. Чунончи, дар баъзе маъхазҳо ин нукта, яъне масъалаи таркиби калима ва сохти он ҳамчун як қисмати морфология[1], вале дар дигараш ҳамчун як соҳаи мустақили илми забоншиносӣ баррасӣ гардидааст.[2] Вале аз андешаҳои проф. А.В. Дудников (тарафдори гурӯҳи дуюм ҳам) бармеояд, ки ӯ ба ҳам алоқаи зич доштани масъалаҳои калимасозӣ ва морфологӣ (калимасозии ҳиссаҳои нутқ)-ро дар назар дошта, тарафдори он аст, ки таълими фасли «Калимасозӣ» ва таркиби калима дар заминаи коркарди методикаи таълими морфология (калимасозии ҳиссаҳои нутқ) ба роҳ монда шавад. Аз ин рӯ, дар васоити барои омӯзгорон навиштааш масъалаи калимасозиро дар фасли «Системаи таълими грамматика дар синфҳои IV-VIII[3]» аз назар гузаронидааст. Акад. А.В. Текучев бошад таъкид намудааст, ки «Бе маҳорати дар калима муайян карда тавонистани қисматҳои таркибии он (морфемаҳо): асос ва бандак, реша, префикс ва суффикс омӯзиши ҳиссаҳои нутқ, азхудкунии қоидаҳои орфографӣ, сарфаҳм рафтан ба маънои бисёр калимаҳо ва бошуурона омӯхтани грамматика номумкин аст»[4].

Чунон ки мебинем, баъзе аз мутахассисони гурӯҳи дуввум ҳам, бо вуҷуди он ки масъалаи «Калимасозӣ ва таркиби калима»-ро соҳаи мустақили забоншиносӣ донистаанд, ба роҳ мондани таълими онро маҳз дар асоси коркарди методикаи морфология – дар алоқамандӣ бо омӯзиши сохти ҳиссаҳои нутқ (А.В. Дудников) тарафдорӣ намуда, дар чунин ақидаанд, ки ҳалли бисёр масъалаҳои морфологӣ бе донистани сохту таркиби калима (А.В. Текучев) номумкин аст. Аз ин рӯ, мураттибони барномаи нави забони тоҷикӣ дар баробари тарафдори ақидаҳои гурӯҳи аввал будан ба андешаҳои гурӯҳи дуюми олимону методистони забони русӣ такя намуда, масъалаи таълими «Калимасозӣ ва таркиби калима»-ро дар синфи V, ҳамчун як қисмати «Морфология», пешниҳод намудаанд, ки омӯзиши маводи марбути он дар китоби дарсии забони тоҷикӣ низ аз рӯи чунин пешниҳод баррасӣ гардидааст[5]. Ва мо низ масъалаи сохт ва таркиби калимаро ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи морфология ҳисобида, тарзи баррасии таълими онро дар ҳамин фасли «Методикаи таълими морфология» ба қалам хоҳем дод.

Тавре маълум аст, морфология дар мактаб ба ҷумлаи яке аз фанҳои таълимию анъанавӣ маҳсуб ёфта, бо мундариҷаи масъалаҳои фарогирандаи худ на чандон наву актуалист. Вале тағйир ёфтани мақсади таълим, пешниҳод гардидани талаботҳои нав дар бобати омӯхтани забони модарӣ, навигариҳои дар илми забоншиносӣ, психология ва дидактика ба даст овардашуда, муваффақиятҳои таҷрибаи пешқадами мактабҳо ба мазмуну мундариҷаи машғулиятҳои морфологӣ бетаъсир нахоҳад монд[6]. Аз ин рӯ, ворид шудани навигариҳо дар илмҳои номбурда ва ғанӣ гардидани таҷрибаи мактабҳо ҳатман ба мазмуну мундариҷа ва усули таълими морфология дигаргуниеро зам хоҳанд намуд, ки аз он ҳама омӯзгори забони тоҷикӣ на танҳо хабардор бошад, балки дар ҷараёни таълим истифода ҳам бурда тавонад.

Дигар ин, ки дар интихоб ва пешниҳоди мазмуну мундариҷаи маводи барнома ва китобҳои дарсии забони тоҷикӣ ба чандин принсипҳои умумидидактикии таълим, аз ҷумла, ба принсипҳои илмӣ, фаҳмогӣ ва принсипи алоқаи назариявӣ бо амалия такя карда мешавад[7].

Ба омӯзгорон зарур аст, ки ҳатман дар таълими масъалаҳои ҳам морфология ва ҳам синтаксис баҳри дар амал татбиқ намудани принсипҳои мазкур ва инчунин принсипи дар алоқамандӣ бо ҳам таълим додани қисматҳои гуногуни забон бо истифода аз методҳои гуногуни таълим кӯшишҳо ба харҷ диҳанд.

Ғайр аз ин, дар синфи V ба таълими морфология шурӯъ намуда, бояд дар назар дошт, ки оид ба ин қисмати грамматика ба хонандагон дар синфҳои I-IV чӣ гуна маълумотҳо дода шудааст, то ки он маълумотҳо айнан такрор нашуда[8], балки бо андаке дигаргунӣ, вале бо мазмуни баланд таълим дода шаванд. Ҳамчунин, пешниҳод мешавад, ки дар синфи V пеш аз таълими бевоситаи масъалаҳои морфология (сохт ва таркиби калима, ҳиссаҳои нутқ. – С.Ш.) ба маврид мебуд, агар ба хонандагон доир ба оддитарин масъалаҳои грамматика, ҳамчун илм, маълумоти аввалин дастрас карда шавад[9].

Ниҳоят, дар таълими, хусусан, ҳиссаҳои нутқ ба назар расидани баъзе норасоиҳо, аз қабили ба ҳам омехта намудани ҳиссаҳои нутқ бо аъзоҳои ҷумла ва дарҳол муайян карда тавонистани калимае (ҳиссаи нутқ), ки агар он аз рӯи таркиби калимаҳо дар ҷумла ба ҳиссаи дигари нутқ (хонаи баланд, баланд гап задан) гузашта бошад, дар фаъолияти хонандагон ҳодисаи бебаҳс аст[10], ки чунин амалу нофаҳмиҳои хонандагонро қабл аз рух доданашон пешгирӣ намудан беҳтар аст.

Ҳамин тариқ, он ҳама фикру андешаҳои фавқ, ки марбут ба масъалаҳои умумии таълими морфология баррасӣ гардиданд, дар маҷмӯъ консепсияест, ки агар дар рафти таълими ҳамин қисмати грамматика чи аз ҷиҳати назариявию чи амалан татбиқи худро ёбанд, хонандагон ҳатман дар муайян намудани сохту таркиби калимаҳо, сарфаҳм рафтан ба маънои луғавию грамматикии ҳар як ҳиссаи нутқ, донистани аломатҳои морфологӣ ва вазифаҳои аввалиндараҷаи синтаксисии онҳо дар ҷумла маҳорат пайдо намуда, дар талаффузи ба меъёрҳои забони адабӣ мувофиқи калимаҳо (ҳиссаҳои нутқ), имлои ҳар як ҳиссаи нутқ, дар фаҳмидани тарзи алоқаи калимаҳо дар ҷумла (ҳангоми таълими пешоянду пайвандакҳо) малакаҳои амиқро пайдо хоҳанд намуд. Хусусан, бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки омӯзиши ҳар як таърифу қоида ва назарияҳои ба онҳо алоқаманди дар китобҳои дарсӣ додашуда дар заминаи мисолҳои барҷаста фаҳмонда шуда, бо иҷрои машқу супоришҳои гуногун мустаҳкам ҳам карда шаванд. Он гоҳ бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ҷараёни таълими курси системаноки синтаксис (синфҳои VIII-IX) ҳам муаллим ва ҳам хонандагон ба мушкилот басо кам рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *