Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Вазифа ва мақсади таълими фонетика

Чунон ки маълум аст, фонетика илмест, ки овозҳои нутқ ва ё системаи овозии забонро меомӯзад. Ин фан дар мактаб, аввал, ҳамчун фасли махсус, омӯхта шуда, сипас, дар рафти таълими морфология ва синтаксис ҷузъиёти он давра ба давра такрор ва мустаҳкам карда мешавад. Ҳаҷман маводи назариявии ин қисмати забон дар муқоиса бо маводи морфология ва синтаксис хеле кам буда, мувофиқи талаби барнома, дар оғози соли таҳсил, дар синфи V пас аз фасли «Такрор ва ҷамъбасти маводи синфҳои I-IV»[1] таълим дода мешавад.

Аммо, сарфи назар аз маҳдудии маводаш, аз фонетика хонандагон на танҳо маълумотҳои умумии меъёриро марбут ба системаи овозии забон меомӯзанд, балки донишҳои аз ин фасл андӯхтаи онҳо барои аз худ намудани силсилаи масъалаҳои дигари забони тоҷикӣ ба онҳо ёрии амалӣ ҳам мерасонанд.

Вазифаи аввалиндараҷаи таълими фасли мазкур, яъне «Фонетика», дар мактаб иборат аз он аст, ки ба хонандагон: доир ба системаи овозии забони тоҷикӣ донишҳои ҳақиқатан илмӣ дода шавад; дар бораи овоз ва ҳарф ва фарқи онҳо аз ҳамдигар, сабабҳои мувофиқат кардан ё накардани тарзи талаффуз ва навишти овоз ва ҳарфҳо дар баъзе калимаҳо, ниҳоят, дар бораи меъёрҳои талаффузи адабӣ додани маълумотҳои дақиқ, то ки чунин маълумотҳо ба хонандагон дар рафти таълими имло ва аломатҳои китобат ёвар гардида, дар ҷараёни таълими хониши ифоданок ва ҳам омӯзиши нормаҳои талаффузи забони адабии тоҷик, ҳамчун заминаи асосӣ, маҳсуб ёбанд.[2]

Дар маҷмӯъ ҳангоми таълими фасли «Фонетика», мувофиқи талаби барнома, ба хонандагон, пеш аз ҳама, доир ба вазифаи фанни фонетика, дастгоҳи гуфтор ва вазифаҳои он, хусусиятҳои овоз ва фарқи он аз ҳарф, алфавит, овозҳои садонок ва ҳамсадо, умумият ва фарқи онҳо, ҳамсадоҳои ҷарангнок ва беҷаранг, таснифоти садонок ва ҳамсадоҳо вобаста ба ҳаракати дастгоҳи нутқ, ётбарсарҳо ва имлои онҳо, ҳодисаҳои фонетикӣ дар гуфтор (марбут ба овозҳои д, т, ҳ), зада ва мавқеи он дар калима маълумот дода мешавад. Ва додани чунин маълумотҳо бояд ба хонандагон бештар бо роҳи амалӣ нишон додан чи аз тарафи худи омӯзгор ва чи истифода аз аёният дастрас гардонда шаванд. Вале то ин ки донишҳои амалан додашаванда аз тарафи хонандагон аз рӯи принсипи илмию бошуурона аз бар карда шаванд, гоҳо аз рӯи зарурат нисбат ба баъзе ҳодисаҳои фонетикӣ маълумотҳои назариявӣ додан низ зарурат дорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *