Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Калима ва маънои луғавии он

Мувофиқи тартиби баррасии мавзӯъҳои барномаи синфи V марбут ба ин қисмати забон – «Калима» (луғат) дар аввал ба хонандагон дар бораи калима ва маънои луғавӣ (лексикӣ)-и он маълумот додан талаб карда мешавад. Дар ин дарс додани маълумот дар бораи таърихи мафҳум ва ё истилоҳи калима, фарқи он аз овоз, луғат (лексика) ва маънои луғавии калимаҳо мақсади аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, бо мақсади аз тарафи хонандагон шуурона аз бар намудани мафҳум ва таърифи калима муаллим дар тахтаи синф бо тартиби муайян чанд овоз (ҳарф) ва калимаро (масалан, ин тавр:1.а,б, в,г,д: 2. абр, барф, воҳид, гарм, дору) навишта, талаб мекунад, ки ҳар кадом навиштаҳои ӯро қироат кунанд. Сипас, савол медиҳад:-Шумо ҳоло чиҳоро талаффуз намудед? Ҷавоб: — Аввал, овозҳоро, баъд, калимаҳоро. Муаллим: -Бале. Гӯед, ки кадоме аз инҳо мафҳум ё худ маъноеро ифода кардаанд. Овозҳо ё калимаҳо? Хонандагон:-Калимаҳо. Муаллим: — Овоз чист? Хонандае: -Овоз хурдтарин воҳиди нутқ аст. «Овозҳоро талаффуз мекунем ва мешунавем»[1]. Муаллим: — Дуруст. Акнун шумо бояд донед, ки калима чист ва фарқи он аз овоз дар чист… Овозҳои нутқ ба ҷуз о (ба маънои ой, биё) ва ӯ (ҳамчун ҷонишини шахси III-и танҳо) ҳар кадом дар алоҳидагӣ маъноеро ифода намекунанд. Бар хилофи овозҳо аксар калимаҳо ин ё он мафҳум – предмете, аломате ё амалеро ифода мекунанд. Чунончи, калимаҳои об, барф, хона — предметҳоро, хушрӯй, меҳрубон, ширин – аломатҳоро, вале нишастан, давидан, хондан барин калимаҳо амалҳоро ифода мекунанд. Ба ҷуз ин, агар овозҳо бо як ҳарф навишта шаванд, калимаҳо аз ду овоз (об, ду, кӣ, чӣ) ва зиёда овозҳо (боғ, дашт, баҳор, баланд, сафедхок ва ғ.) ташкил ёфта, шумораи ҳарфҳояшон низ дар навишт аксар ба ҳамон миқдори овозҳояшон мувофиқат мекунад. Масалан, калимаи абр аз се овоз иборат буда, бо се ҳарф (а, б, р) навишта мешавад. Ҳамин тавр, дар асоси гуфтаҳои мазкур калимаро ин тавр таъриф кардан лозим аст:Ду ва ё зиёда овозҳоеро, ки дар маҷмӯъ барои ифодаи ин ё он мафҳум хизмат мекунанд, калима меноманд.

Чунон ки аз мазмуни гуфтаҳои охир бармеояд, агар муаллим барои фаҳмидани мафҳум ва таърифи калима, ҳамчун истилоҳи забоншиносӣ, чун дар фавқ, аз методи сӯҳбати бахотироранда, ҳамчунин, аз усул (приём)-и индуктивию дедуктивӣ истифода барад, моҳияти масъала ба фаҳми хонандагон бештар дастрас хоҳад шуд.

Сипас, дар идомаи чунин усули кор хонандагон аз шарҳи муаллим бояд фаҳманд, ки калимаҳо аввалин воҳиди маънодори нутқ буда, онҳо дар ҷараёни гуфтугӯи одамон ба тавассути воситаҳои грамматикии алоқа (бандакҳо, пешоянду пасояндҳо ва пайвандакҳову интонатсия) ба ҳам алоқаманд гардида, таркибу ибора ва ҷумлаҳои гуногунмазмунро офарида, мубодилаи афкорро дар байни онҳо (одамон) барқарор менамоянд. Ба ифодаи дигар, калима ё худ маҷмӯи калимаҳо дар ибора ва ҷумласозӣ ҳамчун маводи бинокорӣ, воситаи аввалиндараҷа ба шумор мераванд. Ана дар ҳамин аснои гуфтор муаллимро лозим меояд, ки мафҳуми ҳамчун маводи бинокорӣ маҳсуб ёфтани калимаҳоро дар ҷумла, масалан, дар ҷумлаи зерин, ки пешакӣ дар ватман сабт карда шудааст, шарҳ диҳад: Дар боғи мактаб дарахтони зардолую шафтолу ва олболую гелос гул кардаанд.

Ин лаҳза, аввалан, муаллим таъкид мекунад, ки дар нутқи мо ҳама вақт садҳо калимаҳо, ба мисли боғ, мактаб, дарахтон, зардолу, шафтолу, олболу, гелос, гул, кардан ва ғ. арзи вуҷуд доранд, ки он ҳама дар муддати тӯлонӣ аз аҷдодонамон ба волидайнамон, чун мерос, омада расидаасту мо аз забони онҳо шунида, ҳифз намудаем. Инчунин, тамоми умр мо низ аз дарси устодон, аз китобҳо ва аз гуфтори атрофиён калимаҳои нав ба навро ёд мегирем, ки дар натиҷа забони мо ё худ таркиби луғавии он аз маҷмӯи калимаҳои ҳамарӯза омӯхтаамон бой мегардад. Аммо он калимаҳои азбаршуда худ ба худ ва ё дар алоҳидагӣ қобилияти ифода кардани фикри пурраро доро намебошанд. Калимаҳо танҳо ҳангоми ба ҳамдигар фикреро баён кардани одамон гӯё ба ҳаракат омада, бо воситаҳои гуногуни калимабанди забон (бандакҳо, пешоянду пасояндҳо, пайвандакҳо ва оҳанги талаффуз) ба ҳам алоқаманд гардида, фикри том ё худ ҷумларо ташкил медиҳанд. Маҳз ба воситаи ҳамин ҷумла ва маҷмӯи ҷумлаҳо одамон имконияти амиқтар фаҳмидани мақсаду мароми ҳамдигарро пайдо мекунанд. Аз ҷумла, калимаҳои ҳоло номбурдаи мо (боғ, мактаб, зардолу, шафтолу, гелос, гул, кардан) дар ҷумлаи мисол овардаамон (Ин лаҳза диққати аҳли синф ба ҳамон ҷумла ҷалб карда мешавад), ҳамчун маводи тайёри ҷумласозӣ, дар маҷмӯъ бо пешоянди дар, пайвандакҳои ва, -ю, бандаки изофии — и, бандаки хабарии – анд ва ниҳоят, бо оҳанги талаффуз (интонатсия) ба ҳам алоқаманд шуда, фикри томро, яъне ҷумларо, ташкил додаанд. Вагарна бе ин гуна воситаҳои алоқа ҳамоно онҳо калимаҳои алоҳида — алоҳидае мебошанд, ки танҳо ин ё он мафҳумро ифода ва ё номбар мекунанду бас. Ва ин лаҳза, барои он ки боварии шогирдон ба ҳамин нуктаи охир зиёд шавад, яъне ба он ки, ҳақиқатан ҳам, калимаҳо дар танҳоӣ танҳо мафҳумҳои ҷудогонаро номбар мекунанд, муаллим бояд аз онҳо талаб кунад, ки ҷумлаи мазкурро, аввал, чи тавре ки ҳаст, баъд, пешоянду пайвандак ва бандакҳои таркиби онро партофта қироат кунанд. Ана, дар натиҷаи супориши охиринро ба ҷо овардан шогирдон пурра боварӣ ҳосил мекунанд, ки калимаҳо маҳз дар аснои ба ҳамдигар гуфтугӯ намудани одамон бо воситаҳои гуногуни калимабанди забон ба ҳам алоқаманд гардида, дар якҷоягӣ бо ҳамон воситаи алоқа ҷумла – фикри томро меофаридаанду дар алоҳидагӣ танҳо мафҳумҳои ҷудогонаро номбар мекардаанд.

Ҳамин ки нуктаи охир ҳаллу фасли худро меёбад, муаллим бояд таъкид намояд, ки маҷмӯъ ё худ ҳамаи он калимаҳое, ки дар ин ё он забон, аз ҷумла дар забони тоҷикӣ, яъне дар нутқи гуфтугӯии мардуми тоҷик, дар асарҳои илмию бадеӣ, китобҳои дарсиву рӯзнома ва маҷаллаҳои тоҷикӣ мавриди истифодаанд, луғат номида мешавад. Ва илме, ки ба омӯзиши луғати забон машғул аст, лексикология (луғатшиносӣ) ном дораду шахсонеро, ки луғати забонро тартиб медиҳанд, лексиколог ё худ луғатшинос меноманд.

Китобҳои луғат, пеш аз ҳама, ду хел мешаванд: тафсирӣ ва дузабона. Дар луғатҳои тафсирӣ калимаҳои дар айни як забон буда бо калимаҳои як андоза фаҳмотари боз ҳамон забон (ба воситаи синониму антонимҳо ва шарҳу маънои луғавиашон) эзоҳ дода мешаванд. Дар луғатҳои дузабона бошад, калимаҳои як забон бо калимаҳои забони дигар (русӣ ба тоҷикӣ, тоҷикӣ ба русӣ, русӣ ба англисӣ, англисӣ ба русӣ ва ғ.) шарҳ дода мешаванд. Барои зуд ва самаранок истифода бурдан аз китобҳои луғат, пеш аз ҳама, дақиқ донистани алфавит (тартиби ҷобаҷогузории ҳарфҳо дар он) зарурат дорад. Зеро луғатҳо дар асоси алфавит тартиб дода мешаванд. Китобҳои луғат бошанд, дар заминаи ҳазорҳо калимаҳо мураттаб карда шудаанд. Аз ҷумла, луғати «Фарҳанги забони тоҷикӣ», ки соли 1969 дар ду ҷилд ба табъ расидааст, тақрибан 45 ҳазор калимаро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, агар касе алфавитро дақиқ надонад, аз чунин луғат барои фаҳмидани маънои ин ё он калимаи душворфаҳм, фарз кардем, калимаҳои забарҷад (санги қиматбаҳои ба зардӣ моил) ва кавкаб (ситора) вақти зиёдеро сарф мекунад.

Дар охири ҳамин дарси аввал, чун баёни муаллим дар бобати луғат чисту аҳамияти он аз чӣ иборат аст, ба поён мерасад, ҳамчунин, додани маълумот дар бораи маънои луғавии калимаҳо низ зарурат дорад. Дар ин бобат бояд хонандагон фаҳманд, ки пеш аз ҳама, калимаҳо (луғат)-и ин ё он забон ба ду гурӯҳи калон – калимаҳои мустақилмаъно ва номустақил (ёридиҳандаҳо) ҷудо карда мешаванд. Калимаҳои мустақилмаъно берун аз ҷумла ин ё он маъное (мафҳуме)-ро ифода мекунанду ба ин ё он савол (кӣ? — падар, чӣ? — китоб…) ҷавоб мешаванд, аммо калимаҳои номустақил (ва, аммо, агар, чунки…) чунин хусусиятҳоро доро намебошанд. Ба ҷуз ин, калимаҳои мустақилмаъноро аз рӯи маънои луғавиашон ба се гурӯҳи калон, ки а) предметро, б) аломат ва хосияти предметро, в) амалу ҳолати предметро ифода мекунанд, ҷудо намудаанд.[2] Масалан, аз рӯи маънои луғавиашон п р е д м е т р о калимаҳои мард, зан, писар, духтар, санг, кӯҳ, шамол, ҳайвон, парранда, ҳашарот, ақл, дониш, ғайрат; а л о м а т и предметро – сиёҳ, сафед, баланд, паст, бист, сад, оҳиста, чолокона; вале навиштан, хондан, давидан, кор кардан, хобидан, бедор шудан барин калимаҳо а м а л ва ҳ о л а ти предметро ифода мекунанд.

Албатта, аз рӯи маънои луғавӣ ба се гурӯҳ (предмет, аломат, амалу ҳолат) ҷудо намудани калимаҳои мустақилмаъно шарти аввали гурӯҳбандӣ намудани онҳо ба шумор меравад. Аммо барои маънои ҳақиқӣ ё реалии, умуман, калимаҳоро, хусусан, калимаҳои барои шогирдон номафҳумро фаҳмонидан танҳо «ин калима предметро, инаш аломатрову дигараш амалу ҳолатро мефаҳмонад»-гуфтан нокифоя аст. Шарти таълими масъалаи маънои калима боз он аст, ки бояд маънои луғавӣ, асли баромади калимаҳои барои шогирдон норавшану нофаҳмо шарҳ ҳам дода шаванд. Дар ин бобат, пеш аз ҳама, аз амалҳои гуногун аз қабили а) шарҳ додани калимаҳои душворфаҳм ба воситаи калимаҳои синонимӣ (гетӣ — ҷаҳон, дунё, олам; кеҳ – хурд, меҳ — калон, фарҳанг — илм, дониш луғат; самара — ҳосил, мева, маҳсул, натиҷа); б) тасвири нишонаҳои предмет (айвон — нишастгоҳест, ки сақфнок, аз се тараф девор дошта, як тарафаш кушода аст, пеши хона; шоҳин — паррандаи тезчанголи шикорӣ, ки бо вай паррандаҳои дигарро шикор мекунанд ва ғ.) ва в) аз усули таҳлили фонетикӣ (эзоҳ додани маънои фаҳмотари, махсусан, калимаҳои иқтибосии арабӣ) истифода бурдан аз ҷумлаи усулҳои сермаҳсул дониста мешавад.[3]

Зарур аст, ки доир ба тарзи истифодаи роҳи сеюм – таҳлили фонетикӣ ё худ тарзи шарҳи як силсила калимаҳои арабӣ, аз қабили абёт, авзоъ, акбар, алфоз, амсол, анвоъ, асрор, афкор, анҳор, атфол, ашхос, амвоҷ, ашкол, авроқ, асноф, исроф, итмом, ихлос, иқдом, имдод, манзум, мансур,машриқ, мубоҳиса, мантиқ, тараҳҳум, табдил, тавсиф, тамоюл, тафриқа, тасҳеҳ, тимсол, ташбеҳ ва амсоли инҳо каме таваққуф намоем. Зеро ин гурӯҳи калимаҳо ҳамагӣ шаклҳои сохтаи арабӣ буда, маънои луғавии на ҳамаашон ба хонанадагон дастрас аст. То ки хонандагон ба маънои луғавӣ ё худ маънои ҳақиқии калимаҳои фавқ дақиқтар сарфаҳм раванд, лозим аст, ки пеш аз ҳама, сохти соддаи онҳо (калимаҳо) муайян карда шаванд. Вале барои ноил шудан ба ин мақсад чанд амалро, ки онро шартан таҳлили фонетикӣ номидан мумкин аст, мебояд иҷро намуд. Чунончи, аз калимаҳои дар аввалашон садонокҳои а ва и дошта (анҳор, алфоз, исроф, иқдом) танҳо садонокҳоро ва аз калимаҳои дар аввалашон ҳамсадоҳои м ва т дошта бе ҳамин ҳамсадоҳо (м ва т) – низ танҳо ҳамсадоҳои боқимондаро ҷудо намуда, аз рӯи тартиби дар калима омадаашон алоҳида-алоҳида навишта, сипас, ҳар гурӯҳи ҳамсадоҳои дар қавс бударо пайиҳам чанд маротибагӣ талаффуз намуда, сониян, дар байни онҳо як ё ду садонокро тарзе ҷой бояд дод, ки калимаи дилхоҳе пайдо шавад.[4] Агар садонокҳои дар байни ин ҳамсадоҳо гузошташуда дуруст интихоб шуда бошанд, чунон ки гуфтем, дар натиҷа ҳам шаклҳои соддаи калимаҳои мазкур пайдо мешаванду ҳам маънояшон барои аксари хонандагон фаҳмо мегардад. Инак, ҳамаи ин амалҳои болоро муаллим шифоҳӣ гуфта-гуфта, дар тахтаи синф амалан нишон ҳам медиҳад, ки дар маҷмӯъ амалҳои ба субут расонидаи ӯ ба таблитсаи (10) зерин шабоҳат пайдо мекунанд:

Таблитсаи 10

Як роҳи муайян (таҳлили фонетикӣ) намудани маънои

луғавӣ (соддатар)-и калимаҳои арабӣ

I II III
анҳор

ашхос

авроқ

алфоз

исроф

иқдом

мансур

мағриб

матлаб

табдил

тафриқа

тимсол

нҳр

шхс

врқ

лфз

срф

қдм

нср

ғрб

тлб

бдл

фрқ

мсл

наҳр (дарё)

шахс

варақ

лафз

сарф

қадам

наср

ғарб

талаб

бадал (дигар шудан)

фарқ

мисол

Бояд гуфт, ки ин тарз –бо усули таҳлили фонетикӣ шарҳ додани калимаҳои иқтибосии арабӣ то андозае завқи забономӯзиву луғатфаҳмии хонандагонро баланд ҳам мебардорад. Онҳо тарзи шарҳ додану сарфаҳм рафтан ба маънои ҳақиқии калимаҳои арабиасоси барояшон душворфаҳмро фаҳмида, минбаъд бо супориши муаллим барои фаҳмидани асли маънои ҳамон гурӯҳи калимаҳо (атфол, амвоҷ, тасҳеҳ ва ғ.) худашон метавонанд бо ба ҷо овардани амалҳои боло, яъне аз усули таҳлили фонетикии фавқ истифода бурда (баъзан бо душворӣ), худ ба фаҳмидани асли маъно ва ё аз решаи кадом калима гирифта шудани онҳоро (калимаҳоро) ноил шаванд

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *