Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Пурсиши хонандагон аз забони тоҷикӣ

Пурсиши хонандагон дар дарсҳои забони тоҷикӣ низ аз лаҳзаҳои муҳим ба шумор меравад. Он ҳам мисли санҷиши вазифаи хонагӣ (санҷиши натиҷаи машқу супоришҳои хаттии додашуда) воситаи ҳам санҷиши дараҷаи дониши назариявию шифоҳии хонандагон ва ҳам воситаи мустаҳкам намудани ҳамон донишҳои дар дарси гузашта омӯхтаи онҳо ба шумор меравад. Пурсиш, инчунин, хонандагонро ба омӯхтани мавзӯи нав омода намуда, дарси навро бо маводи пештар омӯхтаи хонандагон алоқаманд менамояд.

Пурсиш аз корҳои хаттии санҷишӣ (диктанти санҷишӣ, нақли хаттӣ, таҳлили хаттии грамматикӣ), ки ҳамаи хонандагон ин амалҳоро баробар иҷро мекунанду ба кори ҳамаи онҳо баҳо монда мешавад, бо чунин хусусияташ фарқ мекунад, ки тавассути он дониши ҳар як хонанда ба тариқи ҷудогона (фардӣ) дар рафти дарс санҷида мешавад. Вобаста ба хели дарс (типи дарс) хусусият, мазмун ва ҳаҷми маводи мавзӯъ лаҳзаҳои пурсиш дар дарс гуногун шуда метавонад. Пурсиш дар оғози дарс – пас аз санҷиши вазифаи хонагӣ (машқу супориши хаттӣ) ё пеш аз он, ё худ дар охири дарс дар як вақт бо лаҳзаи мустаҳкамкунӣ ташкил карда мешавад, ки оид ба ин ҳама дар қисмати сохту лаҳзаҳои дарс ба тафсилтар маълумот баррасӣ гардида буд.

Барои пурсиш аз 5-7 то 15 дақиқа вақт ҷудо кардан мумкин аст. Агар мавзӯъ нав бошад, пурсишро пеш аз баёни мавзӯи нав ташкил кардан беҳтар аст, то ки синф ба фаҳмидани мавзӯи нав омодагӣ гирад. Масалан, мавзӯи дарс дар синфи VI «Шумораи тартибӣ бошад», аввал, албатта, аз хонандагон шумораи миқдорӣ ва хусусиятҳои онро (аз 2-3 нафар дар зарфи 5-7 дақиқа) пурсидан лозим аст. Чунки хусусиятҳои шумораҳои тартибӣ ба хонандагон маҳз дар заминаи дониши аз шумораҳои миқдорӣ (хусусан, шумораҳои миқдории аслӣ ва тахминӣ) азхудкардаашон фаҳмонда мешаванд. Аниқтараш, агар хонандагон ба мафҳуми шумораҳои миқдории аслию тахминӣ дуруст сарфаҳм рафта, доир ба онҳо мисолҳо оварда тавонанд, дарки мафҳуми шумораҳои тартибӣ барояшон чандон душворӣ намеорад: яъне шумораҳои тартибӣ аз шумораҳои миқдорӣ (даҳ, бист, 5-6, 10-15) бо иловаи суффиксҳои -ум, -умин (даҳум, бистум, 5-ум –6-ум, 10-ум-15-ум) сохта мешаванд.

Тарзи пурсиш аз хонанда ҳар хел мешавад: аз ҷояш, дар назди доска, дар назди мизи муаллим. Хонанда аз ҷояш дар мавриде ҷавоб медиҳад, ки ҷавоби рафиқашро, ки ба назди муаллим даъват карда шудааст, пурра намудан, ислоҳ кардан ё ба ӯ ёрӣ додан лозим бошад. Ба назди доска вақте даъват карда мешавад, ки, чизеро навишта, супоришро иҷро кардан лозим бошад. Ба назди мизи муаллим барои ҷавоби даҳонакӣ додан даъват карда мешавад. Одатан, хонанда барои ҷавоб додан бо дафтараш мебарояд, то ки аз он муаллим вазифаи хонагиро бинад, аз машқ ҳам мисолеро хонда шарҳ диҳад.

Дар рафти пурсиш саволҳо, одатан, ба ҳамаи хонандагон ба таври умумӣ (фронталӣ) дода мешаванд, ки ин диққати онҳоро якбора ба ҳар саволи додашуда ҷалб мекунад. Аз рӯи миқдори дастҳои бардошташуда ба ҳар савол муаллим шумораи ба дарс тайёр будагонро муқаррар мекунад. Баъд барои ҷавоб додан ба савол хонандае даъват карда мешавад, ки вай бояд дар ҳамон дарс баҳо гирад. Хонандагони дигар ҷавоби ӯро бодиққат гӯш мекунанд, лозим шавад, бо иҷозати муаллим аз ҷояшон ба рафиқашон ёрӣ медиҳанд: ҷавоби ӯро пурра менамоянд, ислоҳ мекунанд ё худ дар хусуси он савол боз фикри худро баён мекунанд.

Пас аз пурсиши якчанд хонанда боз ба таври умумӣ дониши талабагони дигар ҳам, ки аз ҷояшон ҷавоб медиҳанд, санҷида мешавад. Хусусан, пурсиши умумӣ дар охири лаҳзаи пурсиш хонандагонро хеле фаъол менамояд.

Хонандаи ба назди мизи муаллим даъватшуда ба савол ҷавоб дода, аз худаш мисол оварда ё аз машқи дар хона иҷро кардагиаш мисолеро шарҳ медиҳад ё мисоли муаллим гуфтагиро дар доска навишта, бурро хонда, таҳлил мекунад. Ин мисолро хонандагони дигар ҳам ба дафтарашон навишта, супоришро иҷро мекунанд. Агар хонандаи ҷавобдиҳанда дар навишти ҷумла хато кунад ё дар иҷрои супориш дармонад, шарикдарсони дигар ислоҳ мекунанд.

Хонандагон бояд ба савол бурро, мантиқан дуруст ҷавоб диҳанд. Агар онҳо фикр карда, ба пай дар пайу муттасил ҷавоб додан одат кунанд, ин амал зина ба зина баҳри инкишоф ёфтани нутқашон аҳамияти амалӣ мерасонад. Бинобар ин, ҷавоби хонандаро бо диққат гӯш кардан лозим аст, ба ӯ халал расондан лозим нест. Агар ӯ дар вақти ҷавоб додан душворӣ кашад, бояд ёрӣ расонд; калимаи шевагиро дар нутқаш истифода кунад, бояд ислоҳ намуд. Вале ба ӯ луқма додан, ба ҷои ӯ гуфтан, гапи ӯро такрор карда истодан ин ҳама хотири ӯро парешон мекунанд.

Ҳоло аксар вақт муаллимон баҳои хонандаро дар охири дарс эълон мекунанд, то ки баҳои ҳақиқии ӯ эълон карда шавад, яъне фаъолияти ӯро дар тамоми дарс вобаста ба иҷрои амалҳои гуногун ба инобат мегиранд.

Дар ин бобат бояд диққат ба он дод, ки баҳои умумии хонанда паст ё баланд нашавад. Баҳо бояд ҳаққонӣ бошад.

Пурсиш мувофиқи мақсади дарс мумкин аст, ки як ё якчанд мавзӯъ, як ё якчанд бобро дар бар гирад.

Саволи ба хонандагон дода мешудагӣ бояд дуруст бошад: оҳанги савол, тарзи савол додан, шаклу мазмунаш ва ғ. Бо саволҳои душвору муғлақ хонандагонро «қоил» кунондан лозим нест. Саволҳое, ки хонандагонро ба фикр кардан, мулоҳиза рондан водор мекунанд, баръакс, аҳамияти калон доранд.

Дар ҷараёни пурсиш бояд кӯшиш намуд, ки як ё ду-се талаба аз кори умуми аҳли синф ҷудо шуда намонанд.Масалан, як хонанда дар доска супоришеро иҷро мекунаду дар ҳамин вақт муаллим бо саволу ҷавоб дониши хонандагони дигарро месанҷад (баъзан ба ду-се хонанда ҳамин хел супориш медиҳанд, ки аз дигарҳо ҷудо шуда мемонанд).

Ба ҳамин тариқ, ҳам лаҳзаи санҷиш (муайян намудани натиҷаи корҳои хаттии супоридашуда) ва ҳам лаҳзаи пурсиш (саволу ҷавоб аз рӯи маводи назариявии мавзӯи гузашта ё такрори бобе) дар ҷараёни дарсе, ки дар он дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон муайян карда мешавад, низ аз лаҳзаҳои корсози дарс ба шумор рафта, самаранок ташкил намудани ин ду лаҳзаи дарс аз омӯзгор донишу маҳорати баланди ҳам методӣ ва ҳам педагогиву психологиро тақозо менамояд

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *