Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Баёни мавзӯи нав

Баёни мавзӯи нав лаҳзаи асосӣ ва муҳими дарси додани дониши нав (ё худ дарси донишдиҳанда) аст, ки дар ҷараёни он ба хонандагон доир ба грамматика (морфология ва синтаксис), орфография ва аломатҳои китобат, фонетика, лексика, услубҳои нутқ ва ғайра маълумот дода мешавад. Вале омӯхтани маводи нав аз ин қисматҳои назариявии забони тоҷикӣ вақте фаҳмо мегардад, ки агар хонандагон маводи гузаштаро хуб аз худ карда бошанду муаллим дар айни баёни мавзӯи нав ба дониши онҳо такя карда тавонад. Ҳаминро ҳам бояд ба инобат гирифт, ки «дар дарси додани дониши нав лаҳзаи аз ҳама муҳиму масъулиятнок – ин лаҳзаест, ки маводи нав бори аввал фаҳмонда ё худ шарҳу эзоҳ дода мешавад. Ин лаҳзаро метавон бо истилоҳ нуқтаи кулминатсионӣ ё қуллаи дарс номид».[1] Аз ин рӯ, ба ин лаҳзаи дарс аз ҳар ҷиҳат эътибор додан зарурат дорад, то ки натиҷаи дилхоҳе ба даст ояд. Дар ин бобат таъкиди зерини методист К.Д. Ушинский, ки дар китоби акад. А.В. Текучев оварда шудааст, басо муҳим аст: «Ҳунари муаллим дар он аст, ки дар таълими маводи нав шитоб накунад, гапи навро ба дарс кам-кам дохил карда, маводи навро бо маводи пештар омӯхтаи хонандагон ноаён алоқаманд кунад, то ба аробакаше монанд нашавад, ки аробаро тозонда ба манзил холӣ оварад».[2] Аз ин лиҳоз, агар дарс бо пурсиши вазифаи хонагӣ оғоз ёбад, хонандагонро дар айни ҳамин пурсиш ба фаҳмидани мавзӯи нав омода кардан зарур аст.

Барои фаҳмову дастрас гардидани мавзӯи нав ба хонандагон дар баробари аёният боз дигар воситаҳои ёрирасон, вале аз ҳама муҳимаш – ин аз тарафи муаллим ба ҳам алоқаманд карда тавонистани чизи номаълум бо он чизе, ки онҳо медонанд, яъне ба таҷрибаи шахсии шогирдон такя карда тавонистан, ёрии амалӣ хоҳад расонд. Истифодаи таҷрибаи пешинаи шогирдон, аз як тараф, пайдарҳамиву системанокӣ дар ҷараёни баёни мавзӯи нав, аз тарафи дигар, дар маҷмӯъ хислати диққатнокиро дар онҳо таъмин (тарбия -С.Ш.) менамояд.[3]

Мавзӯи нав аз рӯи нақша (план) -и муайян баён карда шуда, чизи нав ба хонандагон пайиҳам ва мантиқан дуруст фаҳмонда мешавад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар як мафҳуми нав бо роҳи махсус ҷудо кардан ва номбар намудани хусусиятҳо (аломатҳо)-и он,бо овардани мисолҳои барҷаста ва фаҳмову ифодагари ҳадафи асосӣ маънидод карда шавад. Ба ҷуз ин, дар рафти баёни мавзӯи нав ба талабагон савол дода истодан, хусусан, истифода кардан аз саволҳои риторикӣ барои ба нуктаҳои муҳими мавзӯъ ҷалб намудани диққати онҳо аҳамияти калон дорад.

Дигар ин, ки баёни мавзӯи нав бояд пурмазмун, илмӣ ва дар айни ҳол мухтасар бошад, онро бо гапҳои зиёдатӣ пур кардан лозим нест. Ба хонандагон нуктаҳои асосӣ ва муҳими мавзӯъро ва албатта, дар заминаи мисолҳои барҷаста шарҳ додан даркор аст, то ки ин амал онҳоро ба хулоса – таърифу қоида баровардан тайёр намояд. Аз ин ҷиҳат, барои баёни мавзӯъ мисолҳои мувофиқ, аз ҷиҳати методи оддӣ ва фаҳмо овардан лозим аст. Ҳатто барои фаъол шудани хонандагон дар баёни мавзӯи нав аз мисолҳои худи хонандагон овардагӣ, ё худ ҷумлаҳои беҳтаринро аз нақлу иншоҳои онҳо истифода бурдан мумкин аст. Дар баробари ин, маводи пештар омӯхтаи онҳоро, агар зарурат надошта бошад, бори дигар муфассал фаҳмонда истодан шарт набуда, якбора мухтасарашро гуфтан кифоя аст.

Бояд гуфт, ки ҳама вақт баёни маводи мавзӯи нав бо хулосабарорӣ, яъне бо гуфтани таърифу қоидаҳое (албатта, ин ҳамон таърифу қоидаҳо аст, ки марбут ба ҳар як мавзӯъ дар китоби дарсӣ мушаххас дода шудааст), ки аз тарафи хонандагон аз ёд намудан ё мазмунан аз бар намуданашон ҳатмист, анҷом меёбад. Бинобар ин, дар таърифу қоида баровардан ҳеҷ гоҳ ба саҳлкориву саросемагӣ роҳ додан лозим нест. Яъне он таърифи грамматикӣ ё қоидаи имлову аломати китобат бояд дуруст таъкид карда шавад.* Чунки таърифу қоидаҳо он чиро, ки хонандагон аз мисолҳо мушоҳида кардаанд, ба тариқи умумӣ нишон медиҳанд.

Ниҳоят, чунон ки таъкид шуда буд, вобаста ба хусусиятҳояш мавзӯи навро бо методҳои нақли муаллим ва сӯҳбат, бо истифода аз усулҳои (приёмҳо)-и индуксия ва дедуксия таълим додан мумкин аст, ки дар ҳамаи ин ҳолатҳо истифода бурдан аз аёният яке аз воситаҳои мушаххаскунандаи ҳодисаҳои забони тоҷикӣ дониста мешавад. Ба ҷуз ин, ҳоло дар методикаи таълими забони модарӣ истифодаи усули дигари таълим (роҳи сеюм) низ (дар баёни мавзӯи нав, гоҳо дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ ва пурсиши вазифа ҳам)[4] бо унвони таълими проблемавӣ (масъалагузорӣ) тавсия карда мешавад, ки ин усули таълим ҳам чун методи нақли муаллим ва сӯҳбат ба усули индуксия ё худ таҳлилу таркиб мансуб аст.

Инак, аз гуфтаҳои охир чунин саволҳо бармеояд: Чӣ гуна усули таълим проблемавӣ (ё худ масъалагузорӣ) ном дорад? Он (таълими проблемавӣ) аз методҳои дигар, аз ҷумла, аз нақли муаллим ва сӯҳбат чӣ фарқ дорад?

Таълими проблемавӣ чунин як усули кор аст, ки зимни истифода аз он, пеш аз ҳама, мавзӯи нав (баъзе ҷиҳатҳои он) бо роҳи масъалагузорӣ дар назди хонандагон ҳал карда мешавад. Яъне ҳодисаҳои забонро муаллим ба хонандагон ба тариқи нақл баён намекунад ва ё дар заминаи такя намудан ба донишҳои пешинаи онҳо – бо истифода аз сӯҳбати донишдиҳанда ба онҳо маълумотҳои нав намедиҳад. Балки дар ҳалли он ҳодисаи забон, фаҳмидани он дар назди шогирдон масъала мегузорад, то ки онҳо дар бораи ин масъала фикри худро гӯянд, он ҳодисаи забонро як андоза мустақилона фаҳманд ва аз фаҳмидаҳои худ хулоса бароранд. Ё худ таълими проблемавӣ – ин бо роҳи масъалагузорӣ ҳал кардани ҳодисаи забон –мавзӯи нави забон аст, ки хонандагонро ба фикр кардану хулосаи дуруст баровардан водор мекунад.

Дар ҷараёни истифода кардан аз усули проблемавӣ, аз ҷумла дар рафти баёни баъзе мавзӯъҳои забони тоҷикӣ, мувофиқи талаботи ин усул, аввало, лозим аст, ки вазъияти масъалагузорӣ ба вуҷуд оварда шавад.Ин чунин як вазъиятест, ки хонандагон дар ҳалли ин ё он масъала – ягон ҳодисаи забон, қоидаи имло ё аломати китобат – ба душворие дучор мешаванд, ки фикр карданро талаб кунад, то ки хонандагон дар кушодани гиреҳи он масъала хоҳише пайдо кунанду роҳи ҳалли онро ҷустуҷӯ намоянд. Ва ҳамин ки дар онҳо майлу рағбат пайдо шуд, бешубҳа, кӯшиш мекунанд, ки ин ҳодисаи нави забонро фаҳмида гиранд. Вале кӯшиши онҳо дар ҳалли масъалаи гузошташуда мумкин аст, ки натиҷа надиҳад. Чизи муҳим дар ин бобат он аст, ки ҳоло дар онҳо хоҳиши фаҳмидан ва ҳал намудани масъала ҷиддан ба вуҷуд омадааст. Маҳз дар чунин вазъият кӯмаки муаллим ё худ шарҳи бевоситаи масъала аз тарафи ӯ зарурат пайдо мекунад. Акнун ӯ (муаллим) метавонад бо ёрии додани саволҳои ёрирасон хонандагонро ба фаҳмидани масъала равона кунад, ё ки худ бе кашол додани вақт тарзи ҳалли масъаларо шарҳ диҳад, ки дар ҳар ду маврид ҳам масъалаи ҳалшуда аз тарафи хонандагон хеле дақиқ ва ба таври хотирмону фаромӯшнашаванда тасаввур карда хоҳад шуд.

Таъкид бояд намуд, ки дар ҷараёни таълими проблемавӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани вазъияти масъалагузорӣ, ҳатман, аз воситаҳои дигар – муқоиса, саволу ҷавоб ва аёният – ба тариқи васеъ истифода бурда мешавад.

Акнун ба чунин савол ҷавоб бояд гуфт: Вазъияти масъалагузорӣ чӣ хел ба вуҷуд оварда мешавад?-Албатта, боз ҳам ба воситаи саволҳо, аниқаш, ба воситаи саволҳои проблемавӣ. Вале саволи проблемавиро аз хели дигари саволҳои муаллим (хусусан, аз саволҳои аналитикиву синтетикӣ) бояд фарқ кард. Бо саволҳои аналитикиву синтетикӣ дониш ва хотираи хонандагон санҷида мешавад. Яъне хонандагон мазмуну мундариҷаи ҳамон ҳодисаҳои забон (масалан, доир ба хусусиятҳои исму сифат, ҳар як ҳиссаи ёридиҳандаи нутқ, ифодаи саръазоҳои ҷумла ва таърифу қоидаҳои матлуби онҳо ва ғ.)-ро, ки ҳангоми баёни мавзӯъ аз шарҳи муаллим фаҳмидаанд ва айни ҳамон ҳодисаҳои забонро аз китоби дарсии забони тоҷикӣ низ мустақилона омӯхтаанд, ба хотир оварда, вобаста ба саволу супоришҳои муаллим ҷавобҳои худро мегӯянд. Вале дар баробари он саволҳо (аналитикӣ, синтетикӣ) саволҳое ҳам ҳастанд, ки шарҳашон ҳанӯз аз тарафи муаллим гуфта нашудааст ва ҳатто баъзан дар китоби дарсӣ ҳам оварда нашудааст. Он саволҳо хонандагонро барои фаҳмидани моҳияти ягон масъала, ба мустақилона ҳал кардани он, барои аз тарафи худашон мустақилона фаҳмидани як ҳодисаи нави забон, ки дар натиҷаи донишашон такмил меёбад, водор мекунад. Ана ҳамин гуна саволҳо, ки хонандагонро ба эҷодкоронаву мустақилона шарҳ додани ҳодисаҳои забон ҳидоят мекунанд, саволҳои проблемавӣ ном доранд. Ва ҳамин гуна саволҳо, ки дар ҷараёни таълими проблемавӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд, дар дарс вазъияти масъалагузориро ба вуҷуд меоваранд. Ба ибораи дигар, «Вазъияти масъалагузорӣ – ин вазъиятест – эҳёи вазифаҳоест, ки ҳаллу иҷрояшон ҳатмист, ё ки (вазъиятест, ки. — С.Ш.) мактабиёнро ба фикркунӣ водор мекунад».[5] Масъала дар назди талабагон тарзе гузошта мешавад, то ки онҳо фаҳманд, ки ҳалли ин масъаларо, дар ҳақиқат, ҳоло намедонанду бояд онро дониста гиранд. Ба ин амал онҳоро саволҳои проблемавӣ водор менамояд.

Дар ҷараёни ташкили таълими проблемавӣ фаъолияти муаллим иборат аз он аст, ки аз рӯи зарурат, дар бораи мафҳумҳои мураккаб маълумотҳои қонеъкунанда дода истода, пай дар пай вазъияти проблемавиро ба вуҷуд оварда, фаъолияти таълимию донишгирии хонандагонро тарзе ба роҳ монад, ки онҳо дар заминаи таҳлилу санҷиши воқеӣ – далелҳо – бо андаке кӯмаки муаллим, вале зиёда мустақилона хулосаҳои мухтасар бароваранд, то ки ҳамин донишҳои мустақилона ба даст овардаашонро дар вақту ҳолатҳои дигар истифода карда тавонанд.[6] Аз ин рӯ, омӯзгорро лозим аст ва чунон ки дар боло ҳам таъкид гардида буд, дар ҷараёни таълими проблемавӣ барои ҳалли масъалаҳо аз усули муқоиса (муқобилгузорӣ ва монандкунӣ), аз саволҳои ёридиҳанда, аёният (таблитсаҳои мавзӯиву истилоҳотӣ) ва ғайра низ моҳирона истифода барад.

Вале ҳаминро бояд донист, ки бо истифода аз таълими проблемавӣ дар лаҳзаи баён на ҳама вақт тамоми як мавзӯъро ба пуррагӣ ҳаллу фасл намудан имконпазир аст. Ба ҷуз ин, бо ин усул дар аввалҳо баъзе қисматҳои ба мавзӯи дарс дахлдорро таълим додан имкон дораду бас, ба шарте ки хонандагони синф аксар фаъол ва дорои донишу фаҳмиши хуби забоншиносӣ бошанд, то ки ба ин роҳи донишгирӣ одат кунанд. Масалан, муаллим дар синфи V ҳангоми таълими аломати сакта (ъ) дар оғоз дорои ду вазифа: а) ҳамчун овоз, ҳамсадои ҳалқӣ (маълум, маъруф, воқеъ, мавзӯъ, манъ, шамъ), б) ҳамчун ҳарф, воситаи ҷудо кардани ҳисса (ҳиҷо)-и калима (машъал, санъат, масъул, масъала) будани онро дар забони тоҷикӣ шарҳ дода, хоҳад, ки ҳангоми калимасозӣ ва калимабандӣ мавридҳои соқит шудан ва ё навишта шудани он (аломати сакта) дар охири реша бо усули проблемавии таълим ҳаллу фасл карда шавад, ба диққати хонандагон аввал мисолҳои зеринро (ё дар ватман, ё ба воситаи кодоскоп) пешкаш менамояд.

мавзӯъ-мавзӯи дарс-мавзӯъҳо

воқеъ-воқеаи аҷоиб-воқеъбин

мавқеъ -мавқеи дуруст -мавқеъҳо

ихтироъ -ихтирои хуб -ихтироъкор

Муаллим ин лаҳза диққати хонандагонро ба ин мисолҳо ҷалб намуда, таъкид мекунад, ки дар охири ҳар чор калимаи сутуни аввал (мавзӯъ, воқеъ, мавқеъ, ихтироъ) аломати сакта (ъ) навишта шудааст. Аммо дар сутуни дуюм ин калимаҳо, масалан, калимаи мавзӯъ дар ибораи мавзӯи дарс бе аломати сакта навишта шуда, дар сутуни сеюм он боз бо аломати сакта (мавзӯъҳо) навишта шудааст. Чаро ин тавр шудааст? Бинед, дар сутуни 2-юм ва 3-юм ба охири ин калимаҳо ҳиссаҳои нав (бандак, суффикс ё калимаи дигар) ҳамроҳ карда шудааст. Вале дар мисолҳои сутуни дуюм ин калимаҳо бе аломати сактаву дар сутуни 3-юм бо аломати сакта навишта шудаанд. Сабаби ин дар чист? Канӣ, кӣ ба ин савол ҷавоб медиҳад?

Ин ҷо аз саволҳои додашуда дутои аввал (Чаро ин тавр шудааст? Сабаби ин дар чист?) проблемавӣ буда, ҳатман дар синф вазъияти масъалагузориро ба вуҷуд меоранд, яъне тамоми хонандагонро ба мушкилие рӯ ба рӯ намуда, барои ҷавоб ёфтан ба саволҳои мазкур ба мустақилона фикр кардан водор месозанд. Агар хонандагон ба саволҳои гузоштаи муаллим ҷавоб диҳанд, хеле хуб. Ҷавоб надиҳанд ҳам, бад не. Зеро чунон ки гуфта будем, чизи муҳим он аст, барои мустақилона фаҳмидани ин нукта, ки ба қоида – имлои аломати сакта тааллуқ дорад, шароити мусоид фароҳам меояд. Яъне ҳама ҷӯёи роҳи ҳалли масъала ҳастанду, вале қобилияташон ба кушодани «гиреҳи» он сустӣ мекунад. Ана дар ҳамин гуна вазъият муаллим шарҳ медиҳад, ки ҳангоми калимасозӣ ва калимабандӣ аломати сактаи охири калимаҳо дар байни ду садонок (мавзӯъ- мавзӯи дарс) навишта намешавад. Агар ҳарфи аввали ҳиссаи дар охири ин калимаҳо (мавзӯъ, воқеъ, мавқеъ, ихтироъ) ҳамроҳшударо ин ё он ҳамсадо (масалан, дар калимаи мавзӯъҳо ҳамсадои ҳ, дар ихтироъкор ҳамсадои к) ташкил диҳад, он гоҳ аломати сакта дар онҳо навишта мешавад.

Ҳамчунин, таъкид кардан лозим аст, ки қоидаи афтидани аломати сакта ба калимаҳои зерин: шамъ, манъ, ҷамъ ва амсоли инҳо, дар сурате ҳам ки ҳарфи аввали ҳиссаҳои ба онҳо ҳамроҳшуда (шамъ-шамъи хира; манъ -манъи роҳ; ҷамъ -ҷамъи ададҳо)-ро садонокҳо ташкил диҳанд,тааллуқ надорад, зеро дар решаи калимаҳои мазкур пеш аз аломати сакта на садонок, балки ин ё он ҳамсадо истодааст.

Мисоли дигар. Агар мавзӯъ бо унвони «Хелҳои сифат» таълим дода шавад, он гоҳ барои бо усули проблемавӣ таълим додани он метавон аз таблитсаи (5) зерин истифода кард:

Таблитсаи 5

ХЕЛҲОИ СИФАТ
Сифатҳои аслӣ Сифатҳои нисбӣ
меваи ширин меваи тирамоҳӣ
духтари доно духтари деҳотӣ
одами хуб одами аспакӣ
бели нав бели оҳанин
куртаи сурх куртаи духтарона
мактаби овозадор мактаби шабона

Аз рӯи ин таблитса, аввал ҳамаи сифатҳо бо роҳи саволгузорӣ, ки ҳар кадом ба эзоҳи предмете (ин ё он исм) омаданд, муайян карда мешаванд, ки хонандагон ба ин амал аз дарси пешинаи (дар рафти таълими мавзӯи «Сифат») шинос ҳастанд. Масалан, ин тавр: меваи ширин-Чӣ хел мева?-Ширин; духтари доно- Чӣ гуна духтар? -Доно ва ғ. Баъд, муаллим диққати хонандагонро аз дигар ба таблитса ҷалб намуда мегӯяд: Дар сутуни якум бо исмҳо сифатҳои аслӣ, вале дар сутуни дуюм айнан бо ҳамон исмҳо сифатҳои нисбӣ оварда шудаанд.Чаро сифатҳо дар сутуни якум аслианду дар сутуни дуюм – нисбӣ? Дар ин мисолҳо аслӣ ё нисбӣ будани сифатҳо чӣ тавр фарқ карда мешаванд? Канӣ, кӣ ба ин саволҳо ҷавоб медиҳад? Инак, бо ҳамин дар синф вазъияти масъалагузорӣ ба вуҷуд оварда мешавад.

Пас аз фурсате муаллим боз мепурсад, вале ин дафъа бо истифода аз саволҳои ёрирасон: Кадоме аз ин сифатҳо ба предмет хосанд, ё худ сифатҳои аслии предметанд? Кадомашон ба предмет нисбат дода шудаанд? Саволҳои мазкур имкон медиҳанд, ки ақаллан, чанд нафари шогирдон аз ӯҳдаи ҳалли масъала бароянд. Сипас, муаллим сифатҳои аслӣ ва нисбиро дурусттар шарҳ медиҳад. Хонандагон аз шарҳи муаллим мефаҳманд, ки сифатҳо аслӣ бошанд, суффиксҳои дараҷасози -тар -тарин (доно-донотар, донотарин) қабул мекунанд, ки он ба сифатҳои нисбӣ хос нест.Дар навбати худ, хонандагон таърифу қоидаҳои сифатҳои аслӣ ва нисбиро аз китоби дарсӣ хонда, доир ба мавзӯъ тасаввуроти амиқ пайдо намуда, ба саволҳои муаллим ҷавоб гардонда, аз худашон мисолҳо меоранд. Таблитсаро бо мисолҳояш ба дафтарҳои худ нусхабардорӣ намуда, бо супориши муаллим онро боз бо мисолҳои нав пурратар менамоянд ва ғ.

Гуфтан ҷоиз аст, дар таълими забони тоҷикӣ бисёр мавзӯъҳоро, аз қабили «Исмҳои хос ва ҷинс», «Исмҳои моддӣ ва маънӣ», «Феълҳои бевосита ва бевосита», «Феълҳои монда ва гузаранда», «Хабарҳои феълӣ ва номӣ», «Муайянкунандаҳои изофӣ ва беизофа» ва амсоли инҳоро номбар кардан мумкин аст, ки ҳар як таркибан ду ҳодисаи забонро дар бар гирифта, бо усули проблемавӣ, ки дар ҷараёни он истифодаи усули муқоиса ва таблитсаҳои мавзӯӣ воситаҳои асосии ёрирасон маҳсуб меёбанд, таълим додан басо мувофиқ мебошад. На танҳо чунин мавзӯъҳоро, ки таркибан ду ҳодисаи забонро таҷассум мекунанд, ҳамчунин мавзӯъҳоеро ҳам,ки чунин хусусиятро доро нестанд, метавон бо усули проблемавии муқоисавӣ, вале дар муқоиса бо мавзӯъҳои пешина, ки дар ин мавридҳо ба дониши пешинаи хонандагон такя карда мешавад, таълим додан мумкин аст. Масалан, дар алоқамандӣ бо ҷумлаҳои чидааъзо таълим додани ҷумлаи мураккаби пайваст, дар алоқамандӣ бо ҷумлаи мураккаби пайваст омӯхтани ҷумлаи мураккаби тобеъ ва таълими ҷумлаҳои мураккаби пайвасту омехта дар муқоиса бо ҷумлаҳои мураккаби пайвасту тобеъ ва амсоли инҳоро. Чунончи, барои бо усули проблемавӣ таълим додани мавзӯи «Ҷумлаи мураккаби омехта» аввалан таблитсаи (6) зеринро пешакӣ дар ватман ё дар ҳузури хонандагон дар доскаи синф тартиб медиҳем:

Таблитсаи 6

ХЕЛҲОИ ҶУМЛАИ МУРАККАБ
Ҷумлаи мураккаби пайваст Ҷумлаи мураккаби тобеъ Ҷумлаи мураккаби омехта

1. Падари Восифӣ олим ва илмдӯст буд, аммо ӯ ба мансаби калоне соҳиб набуд. (С.А.).

2. Дар ҳамин вақт чашми ӯ ба пирамарде афтод, ки ба тарафи вай меомад. (Р.Ҷ.).

3. Машинае, ки дӯсти маро мебурд, аз назар ғоиб шуд, вале овози ӯ ҳанӯз дар гӯши мо садо медод (Ҷ.И.).

Муаллим ба хонандагон муроҷиат карда мегӯяд: Шумо дар дарсҳои гузашта доир ба ду навъи ҷумлаи мураккаб – ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва тобеъ маълумот гирифтаед, фарқи ин ду навъи ҷумлаҳоро боварӣ дорам, ки аксар бо овардани мисолҳо исбот ҳам карда метавонед. Инак, ба ин таблитса нигаред. Дар се сутун яктогӣ се ҷумла; дар якумаш ҷумлаи мураккаби пайваст, дар дуюмаш ҷумлаи мураккаби тобеъ оварда шуд, ба ҷумлаи сутуни сеюм ҷумлаи мураккаби омехта ном дода шудааст. Сабаб чист, ки ин ҷумла мураккаби омехта ном гирифтааст? Фарқи он аз ҷумлаҳои мураккаби пайвасту тобеъ дар чист?

Пас аз фурсате муаллим, агар ҳис кунад, ки хонандагон дар ҷавоби саволҳои додашуда ноӯҳдабароӣ нишон дода истодаанд, ба онҳо боз ба воситаи саволҳои ёрирасон муроҷиат мекунад: Ба хотир оред. Дар байни ҷумлаҳои соддаи ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва тобеъ кадом навъҳои алоқа мешавад? Дар ҷумлаи мураккаби омехта чӣ? Мутобиқи ин саволҳо хонандагон ба хотир меоранд, ки дар байни ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайваст алоқаи пайваст ва дар ҷумлаи мураккаби тобеъ алоқаи тобеъ дида мешавад. Сипас, аз мушоҳидаи ҷумлаи дар сутуни сеюм буда ба хулоса меоянд, ки дар таркиби он ҷумлаи якуму дуюм (Машинае, ки дӯсти маро мебурд, аз назар ғоиб шуд) бо роҳи тобеъкунӣ ва якуму сеюм (Мошина аз назар ғоиб шуд, аммо овози ӯ ҳанӯз дар гӯши мо садо медод) бо роҳи пайвасткунӣ ба ҳам алоқаманд шудаанд. Ҷумлаи якум ва дуюм ба воситаи пайвандаки тобеъкунандаи ки, вале ҷумлаи якум бо сеюм ба воситаи пайвандаки пайвасткунандаи аммо ба ҳам алоқаманд шудаанд. Хулоса, азбаски ҷумлаҳои содда дар таркиби ҷумлаи мураккаби мазкур бо ду роҳ – пайвасткунӣ ва тобеъкунӣ ба амал омадааст, ин ҷумла ва амсоли онро ҷумлаи мураккаби омехта меноманд. Ва баъд дар заминаи машқҳои дигар мавзӯи номбурда мустаҳкам карда мешавад.

Ғайр аз ин, чунон ки гуфтем, ки мумкин аст, на ҳамаи як мавзӯъ ба пуррагӣ, балки ягон қисмати ҷудогонаи он ҳам бо роҳи масъалагузорӣ ҳал карда шавад. Ҳамчунин, дар рафти пурсиши вазифаи хонагӣ ё худ дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ ҳам бо усули проблемавӣ баъзе масъалаҳои ба ҳодисаҳои ҷудогонаи забон оид бударо метавон аниқ ё ҳал намуд. Масалан, бо чунин саволҳо: Мухотаб дар нутқ чӣ аҳамият дорад? Чаро дар навишт мухотабро бо вергул ҷудо мекунанд? Дар мавриди дар ҷумлаҳои чидааъзо мавҷуд будани калимаҳои хулосакунанда кор фармудани дунуқта (баён) ё тире ба чӣ вобаста аст? Ё ин ки: Пешоянд ҷудо навишта мешавад. Чаро? Префикс бо калима якҷоя навишта мешавад. Сабаб чист? ва ғ.

Гуфтан ҷоиз аст, ки қариб дар рафти таълими ҳар як мавзӯъ пайдо шудани ин гуна саволҳои проблемавӣ, ки боиси ба амал овардани вазъияти масъалагузорӣ хоҳанд шуд, имконпазир аст. Аммо онҳоро фавран шарҳ додан шарт нест. Дар ин бора, яъне доир ба ҳар яки он саволҳо аввал фикри мустақилонаи хонандагонро фаҳмидан даркор аст. Ба ин восита сабабҳои бисёр хатоҳои имлоӣ ва пунктуатсионии онҳо ҳам барои муаллим маълум шуда мемонад.

Масъаларо пешакӣ барои якчанд мавзӯъ ҳам гузоштан мумкин аст. Масалан, дар синфи V пас аз дарси муқаддимавӣ доир ба ҳиссаҳои нутқ таълими исм оғоз меёбад. Дар ин бобат муаллим чунин таъкид мекунад: Чунон ки медонед, дар забони тоҷикӣ 10 ҳиссаи нутқ ҳаст. Аз имрӯз сар карда мо ба шумо дар бораи исм ва хусусиятҳои он маълумот доданро оғоз менамоем. Чаро мо мушаххас омӯхтани ҳиссаҳои нутқро аз боби «Исм» сар мекунем? Сабаб чист?

Фарз кардем, ба ин саволҳо ҷавоби дуруст нагирифтем. Бигузор, саволи додашуда як муддат дар хотири хонандагон нигоҳ дошта шавад, масалан, то таълими чанд мавзӯи боби «Феъл», ки дар ҳамин синфи V омӯхта мешавад. Бигузор, ин саволҳо дар синфи VI ҳам ҳангоми таълими бобҳои «Сифат» ва «Шумора» низ гоҳо аз тарафи муаллим ба хотири шогирдон оварда шаванд. Вале ниҳоят, онҳо мефаҳманд, ки феъл амалу ҳолат ва ҳаракати предмет (исм)-ро, сифат аломат ва чигунагии предметро, шумора бошад, адад ва миқдору тартиби предмет – исмро мефаҳмонад. Яъне ҳамаи ин ҳиссаҳои нутқ ба исм алоқаманд буда, онро аз ягон ҷиҳат эзоҳ медиҳанд. Барои ҳамин ҳам, аз ҳиссаҳои нутқ аввал исмро омӯхтан лозим будааст.

Ба ҳамин тариқ, таълими проблемавӣ дар дарсҳои забони тоҷикӣ бо ба инобат гирифтани имкониятҳои фаъолияти фикрии хонандагон ба роҳ монда мешавад, ки ба ҳамин шарт ин ё он ҳодисаи забон бо роҳи масъалагузорӣ, яъне ба тариқи ба вуҷуд овардани вазъияти мусоид, ҳаллу фасл карда мешавад. Албатта, дар ҳалли проблемаҳои забони тоҷикӣ тарзи саволгузории муаллим, муқоисаи ҳодисаҳои забон, аёният, мушоҳидаи мисолҳо ва боз дигар омилҳо – ҳамагӣ ҳамчун воситаҳои ёрирасони таълим ба хонандагон кӯмак хоҳанд кард. Ва чунон ки М.И. Махмутов таъкид намудааст, дар натиҷаи иҷрои ин ҳама гуфтаҳо «дар хонандагон малакаҳои зеҳниву донишгирӣ ба кор даромада, диққат, ирода, хаёлоти эҷодкорӣ, зиракиву фаросат инкишоф ёфта, қобилияти аз худ намудани донишҳои нав шакл гирифта, онҳоро тавассути фарзия ва асосноккунӣ ба роҳҳои нави амалиёт ҳидоят менамояд».[7] Ҳамчунин, натиҷаи амалӣ шудани ин ҳама гуфтаҳои боло бояд боиси он гардад, ки дар хонандагон малакаҳои нутқи адабӣ, маҳорати беихтиёр ва ҳам равон гап задан ташаккул дода шавад. Ва барои он ки ҳамаи пешниҳодоти боло, ки марбут ба усули проблемавии таълим дар дарсҳои забони тоҷикӣ баррасӣ шуд, амалӣ гардад, муаллими забони тоҷикиро лозим аст, ки дониши амиқи забоншиносӣ ва маҳорату малакаи баланди методию педагогӣ дошта бошад.

Ба ҷуз гуфтаҳои фавқ, лозим меояд, ки лаҳзаҳои дарси дониши нав доданро ҳам андаке тафсир диҳем, ки он ин тавр мешавад: 1) лаҳзаи ташкилии дарс (ҳолати тозагии синфро аз назар гузаронида, одоби мулоқотро ба ҷо оварда, давомотро ба ҳисоб гирифта, хонандагонро ба ҷараёни дарс омада кардан); 2) пурсиши вазифаи хонагӣ (машқи барои вазифаи хонагӣ супоридашударо санҷидан, саволу ҷавоб доир ба мавзӯи гузашта ва пештар омӯхтаи хонандагон ва аз ин ҳама хулоса баровардан); з) баёни мавзӯи нав (мушоҳидаи ҳодисаи забон дар мисолҳои интихобшуда, аз мисолҳо хулоса – таърифу қоидаҳо баровардан, муайян намудани алоқамандии мавзӯъ бо мавзӯъҳои омӯхташуда); 4) мустаҳкам намудани мавзӯи нав (аввало, хонондани маводи назариявии мавзӯи нав аз параграфи дахлдори китоби дарсӣ, коркарди машқҳо, саволу ҷавоб намудан ва аз хонандагон то кадом андоза ба мавзӯъҳои гузашта алоқаманд будани мавзӯи навро пурсидан); 5) супориши вазифаи хонагӣ (қисман тарзи иҷрои кори хаттӣ ё супоришҳои додашударо фаҳмондан); 6) ҷамъбасти дарс, эълон ва шарҳи баҳои дар ҳамин дарс гирифтаи хонандагон.

Мутобиқи лаҳзаҳои дарс ҷудо карда тавонистани вақт (45 дақиқаи академикӣ) низ муҳим аст. Аввалан, вобаста ба хелҳо (типҳо) -и дарс вақтро ҳар хел ҷудо мекунанд. Каму зиёд тақсим кардани вақт ба ҳаҷму душвории мавзӯъ, нав ё такмилёбанда будани он, ба дараҷаи фаҳмишу донишу хонандагон ва боз омилҳои дигар низ алоқаманд аст. Ба ҳар ҳол, тахминан, вақтро дар дарси додани дониши нав вобаста ба лаҳзаҳои он ин тавр тақсим кардан мумкин аст: а) ташкили дарс – 2-3 дақиқа; б) пурсиши вазифаи хонгаӣ аз 5-7 то 8-10 дақиқа; в) баёни мавзӯи нав аз 5-6 то 10-15 дақиқа; г) мустаҳкам намудани мавзӯи нав аз 10 то 15 дақиқа; супориши вазифаи хонагӣ –2- 3 дақиқа ва ниҳоят, ҷамъбасти дарс ва эълони баҳо – 3-4 дақиқа.

Умуман, кӯшиш бояд намуд, ки барои санҷиш ва пурсиши хонандагон, хусусан, барои мустаҳкамкунӣ вақт бештар ҷудо карда шавад, ки он барои беҳтар фаҳмидани мавзӯи нав ба хонандагон ёрӣ мерасонад. Инчунин, кӯшиш бояд кард, ки баёни мавзӯи нав дар нимаи аввали дарс рост ояд. Зеро агар лаҳзаи пурсиши вазифаи хонагӣ кашол ёбад, хонандагон монда шуда, мавзӯи навро дар нимаи дуюми дарс дуруст дарк намекунанд, ҳамчунин, барои мустаҳкам намудани он вақт ҳам кам мемонад. Бинобар ин, бо лаҳзаҳои дарс дуруст тақсим карда тавонистани 45 дақиқаи муқарраршуда муҳим буда, он низ аз муаллим маҳорати махсусро талаб мекунад. Дуруст тақсим намудани вақтро на танҳо дар дарси додани дониши нав, балки дар хелҳо (типҳо)-и дигари дарс низ ба инобат гирифтан заруру муҳим аст.

[1]. Поздняков Н.С. Методика преподавания русского языка, с. 55.

[2]. Текучев А.В. Методика русского языка в средней школе с. 117.

[3]. Ниг.: Поздняков Н.С. Методика преподавания русского языка. с. 55.

* Таъкид. Чунон ки шарҳ дода будем, таърифу қоидаҳои марбути ҳар як мавзўи дар китоби дарсӣ додашуда дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ, пеш аз саволу супоришҳои ба аҳли синф дода мешудагӣ,бояд хононда шаванд.

[4]. Ниг.: Њоҷиев С. Масъалаҳои муҳимми таълими забони модарӣ дар синфҳои IV ва VIII. -Душанбе: Маориф, 1987, с. 73-78.

[5]. Львов М.Р. Словарь — справочник по методике русского языка. с. 54.

[6]. Ниг.: Махмутов М.И. Организация проблемного обучения в школе. — М.: Просвещение, 1977, с. 20.

[7]. Махмутов М.И. Организация проблемного обучения в школе, с. 21.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *