Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Интихоби матн барои таҳлили грамматикӣ

Барои таҳлили грамматикӣ калима, ибора, ҷумлаҳои ҷудогона ва матни алоқаманд, ки аз якчанд ҷумла иборат бошад, интихоб карда мешавад. Ҳар як мисоле, ки барои таҳлили грамматикӣ интихоб карда мешавад, бояд аз ҳар ҷиҳат — ҳам аз ҷиҳати маънову мазмун, ҳам мавзӯъ, ҳам услуб ва ҳам аз ҷиҳати методӣ санҷида шавад. Яъне мисол ба мавзӯъ мувофиқ, услубан солиму барои хонандагон намунавӣ буда, дорои аҳамияти тарбиявӣ ҳам бошад. Ба хусус мазмуни ҳар як ҷумла барои онҳо бояд фаҳмо бошад. Бинобар ин, беҳтар аст, ки ҷумлаҳо (порчаҳо ҳам) барои таҳлили грамматикӣ, дар навбати аввал, аз он маводе, ки хонандагон дар дарсҳои адабиёт омӯхтаанд ва адабиёти бадеии тавассути тавсияи хониши беруназсинфӣ омӯхтаи онҳо интихоб карда шавад.[1] Ин тарзи кор ба дуруст фаҳмидани маънои калимаҳо ва мазмуни матнҳои аз асари бадеӣ интихобшуда низ мусоидат менамояд.

Матнҳо барои таҳлил, то ки якранг набошанд, бояд аз услубҳои гуногуни забони адабӣ–бадеӣ, илмӣ, оммавӣ–публитсистӣ интихоб карда шаванд. Чунончи: а) агар ҷумлаҳо аз асарҳои бадеӣ ҷамъ оварда шуда бошанд, хонандагон бояд аз кадом асар гирифта шудан ва ба кадом воқеа марбут будани он мисолҳоро донанд. Масалан, дар синфи VII барои таҳлил чунин ҷумла интихоб шудааст: Дар яке аз тангкӯчаҳои канори деҳа Виркан нохост бо Наниманча дучор омад. (С.У.)

Талабагон таъкид мекунанд, ки ин ҷумла аз асари С. Улуғзода «Ривояти суғдӣ» гирифта шудааст ва мухтасар воқеаеро, ки ин ҷумла ба он алоқаманд аст, ба хотир меоранд.

б) барои таҳлил чунин ҷумлаҳоро ҳам бояд ҷамъ овард,ки бе шарҳи зиёд ҳам ба хонандагон фаҳмо бошанд. Масалан: Ман воқеаи мактабхонии худро дар «Мактаби кӯҳна» ном асари худ ба тафсил зикр кардаам (С.А.) Қасидаи «Модари май» ва «Шикоят аз пирӣ» — ро устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ навиштааст; ва ғ.

Ин ҷумлаҳо ба хонандагон дастрас аст, чунки «Мактаби кӯҳна» — и С. Айниро хондаанду бо эҷодиёти Рӯдакӣ шиносанд.

в) Барои таҳлили грамматикӣ аз тасвири манзараи табиат, пешравиҳои ҳаёт ва зиндагӣ дар ҷумҳуриамон, хислатҳои наҷибу дастовардҳои меҳнатии халқи кишвар, сулҳу истиқлолият, дӯстии халқҳо ва илму техника мисолҳо овардан лозим аст. Чунончи: 1. Садои форами суруду мусиқӣ ба ҳама рӯҳи тоза мебахшад. (Ф.Н.)2. Дӯстии байни халқҳои мо аз барфҳои қуллаи кӯҳсоронамон дида тозатар аст (М.Т.)3. Насим бӯи муаттари гулҳои зебоманзари дарахтони каҷакбодом, зардолу ва шафтолуро ба машом овард (Р.Ҷ.). 4. Моҳи сентябри соли 2006 15 — солагии Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон ва 2700 – солагии Кӯлоб ҷашн гирифта шуд.

г) барои таҳлил ҷумлаҳоеро ҳам бояд интихоб намуд,ки мазмуни панду насиҳатро доро бошанд. Масалан: 1. Илм ба одам даркор аст. (Р.Ҷ.)2. Ҳар кас, ки модарашро дӯст дорад, шаҳрашро, Ватанашро дӯст медорад (Ҷ.И.) 3. Агар танбалон ва танпарварон медонистанд, ки кор чӣ гуна бадани касро сахт мекунад ва дили касро ҳузур медиҳад, ҳеҷ гоҳ дар сояи бекорӣ наменишастанд. (С.А.)

ғ) зарбулмасалу мақолҳо ва чистонҳо ҳам барои таҳлили грамматикӣ мувофиқ ва дорои аҳамияти калони тарбиявӣ ба шумор мераванд. Масалан, аз қабили «Сухани хуш морро аз хонааш берун баровардааст». «Аз одами бекор ҳама безор», «Бе меҳнат роҳат муяссар намешавад», «Офтобро бо доман пӯшонидан мумкин нест», «Бо одами тарсончак ба шикор нарав», «Сари дарахти мевадор хам» ва чистонҳо ба мисоли:

Ҳавзи сангин, Ҳафт бародаронанд,

Оби рангин, Аз паси ҳам равонанд.

Мори печон, Ҳарчанд меравад вақт,

Гули хандон. Лекин онҳо ҷавонанд.

(Чароғ) (Рӯзҳои ҳафта)

д) барои таҳлили грамматикӣ ҷумлаҳои ҷудогонаро аз ҳар ҷои як асар ҳам интихоб кардан мумкин аст, ки ин усули кор воқеаҳои он асарро пайиҳам ба хотири талабагон меорад. Масалан, барои таҳлили пурраи аъзоҳои ҷумла аз очерки С.Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик — Темурмалик» ба таври зайл ҷумлаҳоро овардан мувофиқ аст: 1. Як даста аз муғулон аз дунболи темурмаликиён расиданд. 2. Дар ин ҷангҳо баъзе ҷанговарони Темурмалик кушта ва хаста шуданд. 3. Аспи Темурмалик дар миёнаи тӯдаи душманон даромад. 4. Дар ин ҷанг ҳам қувваи муғулон шикаста, ба пас рафтан ва пароканда шудан маҷбур гардиданд.5. Темурмалик бо ҷановарони худ сафари худро давом дод.

е) ҷумлаҳои ҷудогонаро барои таҳлили ягон ҳодисаи грамматикӣ дар як мавзӯъ – санъат ва илму техника, рустаниву наботот, сабзавоту меваҷот, фаслҳои сол ва ғайра ҷамъ овардан мумкин аст, ки барои инкишофи нутқи хонандагон аҳамияти калон дорад. Масалан, ҷумлаҳои зерин аз «Ҳиссаҳо аз қиссаҳои ҷанг» — и Ф. Ниёзӣ барои таҳлили ҷумлаҳои чидааъзо марбут ба муайянкунандаҳои чида интихоб шудаанд, мазмунан онҳоро мавзӯи фасли зимистон муттаҳид менамояд:

  1. Барфи тунук мебориду рӯи замини яхбастаро докавор мепӯшонд. 2. Ришу мӯйлаб, абрӯю мижгон, телпаку чакмани ӯро қирави маҳин пахш карда буд. 3. Оташи печка торафт баландтар аланга гирифта, хонаро метафсонд.

ё). ҷумлаҳои ҷудогонаро барои таҳлил доир ба як мавзӯъ аз асарҳои гуногун ҳам интихоб намудан мумкин аст.

ж) ниҳоят, барои таҳлил,то ки фаъолияти хонандагон боз ҳам баланд бардошта шавад, аз порчаҳои назму насри онҳо аз ёд медонистагӣ ва аз ҷумлаҳои мустақилона сохтаи онҳо ҳам истифода бурдан тавсия карда мешавад. Хусусан, аз нақли хаттӣ ва иншоҳояшон ҳам интихобан ҷумлаҳо таҳлил карда шаванд, муҳаббати онҳо ба омӯзиши забони тоҷикӣ бо ҳам афзунтар хоҳад шуд.

Бояд ба назар гирифт, ки доим таҳлил намудани ҷумлаҳои якрангу забонзада, аз қабили «Мо ба кино меравем», «Мо газетаи деворӣ баровардем», «Ман қалами сурх харидам», ки дар дарс аксар такрор ба такрор мисол оварда мешаванд, сифати таълимро паст мекунанд. Ҷумлаҳоеро, ки ба табъи одам нафорад, барои таҳлил набояд интихоб кард. Бояд ҳар як ҷумлае, ки барои таҳлили грамматикӣ интихоб карда мешавад, барои зиёд шудани захираи луғавии нутқ ва дониши грамматикии онҳо кӯмак расонад, малакаи имлоии онҳоро мустаҳкам, синтаксиси нутқашонро услубан солим намуда, дар кор фармудани аломатҳои китобат дар онҳо малакаи комил ҳосил кунонад. Баҳри ноил шудан ба чунин мақсадҳо, ҳамчунин, барои таҳлили грамматикӣ аз назм ҳам мисолҳои аз ҳар ҷиҳат ибратбахш ва ба мавзӯи дарс айни муддаоро интихоб намудан зарурат дорад. Масалан, амсоли чунин байтҳоро:

  1. Ҳар он кас ки дониш фаромӯш кунад,

Забонро зи гуфтор хомӯш кунад.

(А. Фирдавсӣ)

  1. Ба дониш бувад ҷону дилро фурӯғ,

Нигар, то нагардӣ ба гирди дурӯғ.

(А. Фирдавсӣ)

  1. Сангеву гиёҳеро, ки дар он хосияте ҳаст,

Беҳ з — одамие, ки дар ӯ манфиате нест.

(С. Шерозӣ)

  1. Чу касби илм кардӣ, дар амал кӯш,

Ки илми беамал борест бар дӯш.

(А. Ҷомӣ)

  1. Дор адаби дарси муаллим нигоҳ,

То нашавӣ таблаки таълимгоҳ.

(А. Ҷомӣ)

Ҳамин тавр, дар интихоби мантҳо барои таҳлили грамматикӣ муаллимро зарур аст, ки рӯ ба ҷустуҷӯи мисолҳое орад,то ки «Ҳар як ҷумлаи (мисоле, матне, — С.Ш.) таҳлилшаванда дар баробари бой намудани нутқи хонандагон… бояд дар инкишофи тафаккури грамматикии онҳо нақши пурарзишу мустаҳкам ҳам гузорад».[2]

  • 12. Методи машқ

Яке аз усулҳое, ки дар таълими забони тоҷикӣ баҳри донишҳои назариявии хонандагонро дар амал мустаҳкам намудан ва намоиш додан дар ҳар дарс истифода бурда мешавад, мансуб ба коркарди машқҳои гуногун буда, бо унвони методи машқ (системаи машқҳо) маъмул аст. Мафҳуми методи машқ васеъ буда, аз ҷумла таҳлили грамматикӣ ҳам як навъи он, яъне машқ, ба шумор меравад. Умуман, таълим ва омӯзишу азхудкунии аксари ин ё он талаби машқҳои гуногунро тасаввур намудан амри маҳол аст. Ба ифодаи дигар, иҷро намудани талаби машқҳо ва ё системаи машқҳо дар таълими забони тоҷикӣ аз ҷумлаи яке аз методҳои самаранок маҳсуб ёфта, аз ҷиҳати хусусият, хел, мақсад ва тарзи иҷрояшон гуногун мешаванд.

Машқҳо ҳам дар китобҳои дарсии забони тоҷикӣ мутобиқи ҳар як мавзӯи таркибии фаслу бобҳо пешниҳод шудаанд ва ҳам бо салоҳдиди худи муаллим тавассути интихоб намудани ҷумлаҳо ва матнҳои гуногун аз услубҳои бадеиву илмӣ ва расмӣ — коргузорӣ дар заминаи талаботи мавзӯи дарсҳо барои иҷро ба хонандагон пешниҳод мегарданд. Бояд дар ҷараёни иҷрои талаби ҳар як машқи пешниҳодшуда ҳаминро ба назар гирифт, ки на танҳо донишҳои назариявии хонандагон аз грамматика, инчунин (фонетика ва лексика) мустаҳкам гардонда шаванд, балки дар онҳо малакаҳои нутқи мураттаб, хониши бурро, дурустнависӣ, кор фармудани аломатҳои китобатро ҳар доим тарбият намояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки иҷрои машқҳои ҳархела дар сурате натиҷаи хуб медиҳанд, ки агар онҳо мунтазам бо як системаи муайян, аз осон ба душвор, ки як типи машқ хонандагонро ба иҷрои хели дигари машқ омода созад, гузаронида мешаванд. Дар ин бора ҳақ ба ҷониби методист К.Д. Ушинский аст, ки гуфтааст: «Муҳимтарин асоси самаранокии машқҳо системанок будани онҳост, система вайрон бошад, дуру дароз машқи бисёре иҷро кунонед ҳам, хонандагон орфографияро аз худ карда наметавонанд, хатоҳои зиёд содир мекунанд».[3]

Дар иртибот ба гуфтаҳои фавқ, ки марбут ба зарурати риояи системанокӣ дар иҷрои машқҳо таъкид намудем, методист В.А. Добромислов, чунин чор навъи машқҳоро тавсия кардааст, ки риоя намудани тартиби иҷрои онҳо, ҳақиқатан ҳам, дар таълими забони модарӣ, аз ҷумла дар таълими забони тоҷикӣ ҳам, системаро дар иҷрои машқҳо ба вуҷуд меорад. Чунончи:1) Машқҳо барои шинохтани ягон ҳодисаи марбути грамматикӣ аз байни ҳодисаҳои дигар; 2) Мустақилона тартиб додани шаклҳои матлуб ва ё ҷамъ намудани ҳамон гуна мисолҳо; 3) Рӯбардоркунӣ бо супоришҳои грамматикӣ; 4) Машқҳое, ки ба инкишофи нутқ вобастаанд.[4]

Дар бораи он ки машқҳо, умуман, чӣ хел бояд бошанд, В.А. Добромислов чунин талаботи муҳимро таъкид намудааст: «машқҳоро тавре тартиб додан лозим аст, ки шакли матлуби грамматикии онҳо дар назари хонандагон намоён шуда наистад, балки барои онҳо имкони ҷудо кардан, муқоиса намудан, бо ҳам омехтани як шакл ба шакли дигари ба он монанд бошад (масалан, муайян намудани суффикси –он дар калимаҳои зерин: одамон, занон, даҳон, ҷаҳон, чӯпон, нишон, чашмон ва ғ. — С.Ш. ) Ин ҳолат хонандагонро водор мекунад, ки корро (машқро) рӯякӣ иҷро накунанд, балки фикр кунанд ва шуурона ба ин ё он қарор оянд».[5] Дар ин бора боз ҳам К.Д. Ушинский гуфтааст, ки «Ҳама гуна машқи нав бо машқҳои пештара алоқаманд бошад, ба он такя намояд ва қадаме ба пеш гузорад».[6]

Бояд гуфт, ки он ҳама талаботе, ки доир ба иҷрои машқҳо ва риояи низоми иҷрои онҳо (системанокӣ) аз диди методистон ёдовар шудем, бешубҳа, дар таълими забони тоҷикӣ пурра татбиқшавандаанд. Сарфи назар аз пешниҳодоти фавқ, дар таҷрибаи муаллимони забони тоҷикии ҷумҳуриамон чунин навъ амалҳо ё худ иҷрои машқҳо бештар ба мушоҳида гирифта мешаванд, ки дар бобати дар амал мустаҳкам намудани донишҳои назариявии хонандагон ҳатман натиҷаи дилхоҳ медиҳанд. Чунончи:

1.Таҳлили грамматикӣ (шифоҳӣ ва хаттӣ).

  1. Тағйир додани шаклҳои морфологӣ дар матн (масалан, ҷонишини шахси якум — «ман» — ро ба «мо») иваз намудани калимае ба синонимаш (чунончи, калимаи «илм» — ро бо «дониш») ва ғ.

3.Як хели ҷумлаҳоро ба хели дигараш баргардонидан (ҷумлаи хулласро ба тафсилӣ, ҷумлаи дутаркибаро ба яктаркиба, аз ҷуфти ҷумлаҳои содда сохтани ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва тобеъ ва ғ.)

  1. Мустақилона сохтани калима (сохта, мураккаб, таркибӣ), ибора (содда ва мураккаб) ва хелҳои гуногуни ҷумла.
  2. Навиштани нақл аз рӯи расмҳо, навиштани иншо ва нақлҳои ҳаҷман хурд бо супоришҳои грамматикӣ (фонетикӣ, лексикӣ ва пунктуатсионӣ).

Илова ба машқҳои боло, ҳамчунин марбут ба таълими орфография (имло) омӯзгорон иҷрои машқҳои зеринро ҳам аз хонандагон талаб мекунанд: 1. Рӯбардоркунӣ (аз китоби дарсӣ, аз луғати имло, тафсирӣ, аз асарҳои бадеӣ) бо иҷрои ҳар гуна супориш. Масалан, рӯбардор кардани калимаҳои дорои ӣ — и заданок, аломати сакта(ъ), у ва ӯ ва калимаҳои дорои ҳамсадоҳои такрор буда ва ғ.

  1. Ба қоидаҳои дахлдори имло(орфография) бо супориши муаллим мустақилона аз худ ё аз манбаъҳои дигар навиштани мисолҳо.
  2. Гузаронидани (навиштани) ҳар гуна диктантҳои таълимӣ (огоҳӣ: биноӣ ва таъкидӣ; эҷодӣ, луғат, озод, эзоҳи (шарҳдиҳӣ).

Дар бобати машқи рӯбардоркунӣ ҳаминро бояд таъкид кунем, ки он ду тарзи гузаронидан дорад: а) рӯбардоркунӣ бо иҷрои ҳар гуна супориши грамматикию орфографӣ (аз ҷумла, бо супоришҳои пунктуатсионӣ ҳам) б)рӯбардоркунии озод. Рӯбар-доркунии озод машқест, ки мувофиқи талаби он хонанда матн (калима, ибора, ҷумлаҳои ҷудогона, порчаҳои гуногунро бо дархости муаллим бе ягон тағйирдиҳиву даровардани дигаргунӣ танҳо рӯбардор мекунад. Чунин навъи рӯбардоркунӣ бештар ба хонандагони саводнокиашон пасту дар навишт ба хатоҳои зиёд роҳ медодагӣ тавсия карда мешавад, то ки ба бе хато рӯбардор кардан одат кунанд. Дигар ин, ки чунин рӯбардоркунӣ оҳиста — оҳиста барои хонандагони сустхон яке аз заминаҳои то андозае бе хато навиштани диктантҳои таълимӣ ва санҷишӣ ҳам шуда метавонад.

Ҳаминро ҳам бояд ба назар гирифт, ки дар иҷрои баъзе машқҳо хонандагон бештар фаъол мешаванд, чунончи, дар сохтани калимаҳо бо суффиксу префикс, фаҳмондани маънои калима, ёфтани синоним ва антоними калимаҳо ва ғ. Дар навъи дигари машқҳо, масалан, дар рӯбардор кардани матни тайёр бо супоришҳо, дар ҷустани имлои калима аз матни имло ё аз китоби дарсӣ, муайян кардан ва номбар кардани хели овозҳои нутқ, ҳиссаҳои нутқ, аъзоҳои ҷумла ва ғ. Бинобар ин, муаллим бояд талабагонро ба иҷрои ҳар ду гурӯҳи машқҳо ҳам одат кунонад: барои ноил шудан ба ин мақсад ӯро лозим меояд,ки машқу супоришҳоро иваз карда истад ва дар баробари ин, аҳамияти иҷрои ҳар як машқро фаҳмонад.

Ҳамин тавр, дар таълими забони тоҷикӣ иҷрои машқҳои ба система даровардашуда, ки дар заминаи матнҳои аз ҳар ҷиҳат мувофиқ тартиб дода шудаанд, зарурат доранд. Ва маҳз маводи назариявии забон ба тавассути иҷрои талаби онҳо дар шуури хонандагон амалан ҳам мустаҳкам нақш баста, ба малакаҳои устувори дониш табдил меёбанд

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *