Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Воҳидҳои фразеологӣ (таъбирҳо)

Маълум аст, ки воҳидҳои фразеологӣ ва ё худ таъбирҳо дар маҷмӯъ ба калимаҳои маҷозӣ аз рӯи ифодаи маъно қаробати хеле наздик доранд. Чунки воҳидҳои фразеологӣ ҳам ба монанди калимаҳои маҷозӣ дар нутқ ба маънои ғайриҳақиқӣ омада, барои пуртаъсиру пуробуранг намудани фикр дар гуфтори, хусусан, одамони як андоза таҷрибаи кору зиндагӣ дошта хизмат мекунанд. Аммо фарқи асосии воҳидҳои фразеологӣ аз калимаҳои маҷозӣ ин аст, ки инҳо, яъне воҳидҳои фразеологӣ, бисёрҷузъа мебошанд. Яъне воҳидҳои фразеологӣ на чун калимаҳои маҷозӣ аз як ҷузъ (як калима), балки ҳар кадоми онҳо на камтар аз ду ҷузъ (аз ду калима) ташкил ёфта, танҳо дар яклухтӣ ин ё он маънои маҷозӣ ё худ маънои ғайриаслиро ифода мекунанд. Масалан, дар ибораҳои сухани ширин, иродаи оҳанин, бахти сафед танҳо калимаҳои ширин (сухани хуб), оҳанин (иродаи мустаҳкам), сафед (бахти нек) ба маънои маҷозӣ омадаанд. Аммо дар таркибу ибораҳои зерин, аз қабили, дасту по гум кардан, барги сабз, дар курта нағунҷидан, даст ба гиребон шудан ва амсоли инҳо на як калима, балки ҳамаи калима ва ё ҷузъҳои дар ҳар як таркиб омада дар яклухтӣ як маънои маҷозиро ифода кардаанд, ба дараҷае ки ҳамин маъноҳои маҷозӣ ба маънои луғавии, ақаллан, яке аз калимаҳои ҳамон таркиб иртиботе надоранд.[1] Чунончи, аз маънои умумии дасту по гум кардан саросема шудан, аз ибораи барги сабз тӯҳфа, аз ифодаи дар курта нағунҷидан аз ҳад зиёд хурсанд шудан ва аз ибораи даст ба гиребон шудан бо касе ҷанг кардан ё занозанӣ кардан фаҳмида мешавад. Ва албатта, барои чунин маълумотро ба шогирдон дастрас намудан воситаи асосӣ дар як вақт танҳо истифода намудан аз методи аёният ва усули муқоиса ба шумор хоҳад рафт. Аз ин рӯ, барои пиёда намудани нуктаи мазкур муаллим метавонад аз таблитсаи (14) зерин истифода барад:

Таблитсаи 15

Калимаҳои маҷозӣ Воҳидҳои фразеологӣ
бахти сафед

дарди сӯзон

одами қимат

давраҳои тиллои

хоби ширин

дили гарм

шахси дилтанг

нури чашм (фарзанд)

гули сари сабат (шахси баобрӯ)

аз дил берун (нодаркор, нолозим)

дар курта нағунҷидан

(шодии беҳад)

сар ба осмон расидан

(хурсанд шудан)

гардан тофтан

(кореро иҷро накардан)

тарбуз аз бағал афтондан

(ноумед шудан)

Инак, аз рӯи мисолҳои дар ҳар ду сутун овардашуда ва аз шарҳи муаллим хонандагон дар як вақт калимаҳои маҷозиро ба хотир оварда, ҳамзамон, мефаҳманд, ки дар нутқи мо на фақат калимаҳои ҷудогона, балки маҷмӯи калимаҳо – на камтар аз ду калима ё ҷузъҳои ба ҳам дар робитаи басо устувору ногусастанӣ буда ин ё он маънои маҷозиро ифода мекардаанд, ки маҳз чунин таркибу ибораҳои устувор, ки дар маҷмӯъ бо ҳамаи ҷузъҳои таркибашон як маънои маҷозии басо пуробурангу таъсирбахши забонро офаридаанд, воҳидҳои фразеологӣ ё худ таъбирҳо номида шудаанд. Инчунин, бояд муаллим дар заминаи мисолҳо шарҳ диҳад, ки воҳидҳои фразеологӣ таркибан хеле устувор буда, бо ҳамин хусусияташон аз ибораҳои озоди синтаксисӣ фарқ мекунанд. Яъне агар ҷузъҳои ибораҳои озоди синтаксисӣ аз рӯи вазифаашон дар ҷумла бештар ба аъзоҳои гуногуни ҷумла мансуб бошанд, ин хусусият барои воҳидҳои фразеологӣ тамоман бегона аст. Масалан, дар ҷумлаи мазкур – «Имсол чорвои хоҷагӣ аз чӯл барвақт баргашт» ҷузъҳои ибораи чорвои хоҷагӣ ба вазифаи ду аъзои он – ҷузъи асосӣ (чорво) ба вазифаи мубтадо, ҷузъи тобеъ (хоҷагӣ) ба вазифаи муайянкунанда омадааст, ки чунин хусусиятро воҳидҳои фразеологӣ доро намебошанд. Ба ҷуз ин, дар таркиби ибораҳои озод мо метавонем яке аз ҷузъҳоро (чорвои деҳқонон, гӯсфандони хоҷагӣ, гӯсфандони деҳқонон) озодона иваз намоем. Вале ин амалро дар бобати ибораҳои фразеологӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон ҷорӣ намуд. Зеро агар ибораҳои озод танҳо дар айни гуфтугӯ намудан ҳангоми эҷоди чизе (мактуб, нақл, иншо, ҳикоя, повест, роман, шеър ва ғ) ба салоҳдиду хости гӯянда ё худ иншокунанда дар ин ё он қолаби иборасозӣ офарида шаванд, ин амалро дар бобати истифодаи воҳидҳои фразеологӣ ҳаргиз нашояд кард. Чунки воҳидҳои фразеологӣ маводи тайёри забон буда, таърихан қадимианд ва онҳо таркибан басо устувору ба ҳам ноаён алоқаи зичу ногусастанӣ пайдо намудаанд, ки ҳатто ягон ҷузъашонро бо ҷузъ ё калимаи дигар иваз намудан имконият надорад. Ва агар мабодо, ягон ҷузъи ин ё он воҳиди фразеологие қасдан тағйир дода шавад ҳам, маънои маҷозиву дилхоҳи дар он буда, ба пуррагӣ барҳам мехӯрад. «Чунончи, ба ҷои «гурги борондида» гурги барфдида ё жоладида, ба ҷои «даст кӯтоҳ кардан» по кӯтоҳ кардан ба ҷои «гули сари сабад» гули сари стол ва ё шкаф, ба ҷои «дасту по гум кардан» сар ё чашм гум кардан гуфтан мумкин нест».[2] Ва бо ҳамин хусусияташон воҳидҳои фразеологиро, ҳамчун таркибу ибораҳои устувор, маводи тайёри забон ва дар сохтори ҷумла, ҳамчун маводи бинокорӣ, бе ягон тағйироти ҷузъиву маъноӣ истифода мебаранд. Чунончи: «1. Абдулло, ки гурги борондида буд, табассум карда монд. 2. Агар ниқор гирифтанӣ бошӣ, бояд бо ҳамаи онҳо даст ба гиребон шавӣ. Аммо ту бо ҳамаи онҳо даст ба гиребон шуда наметавонӣ, дастат кӯтоҳӣ мекунад»[3]

Пас аз баён ва ё шарҳу эзоҳи гуфтаҳои фавқ бо саволҳои пешакӣ тартибдодашуда дониши назариявии хонандагон марбут ба воҳидҳои фразеологӣ санҷида шуда, мавзӯи мазкур – «Воҳидҳои фразеологӣ» ба тавассути иҷрои машқу супоришҳои гуногун мустаҳкам карда мешавад. Масалан, бо истифода аз чунин супоришҳо: 1. Аз ҷумлаҳои зерин воҳидҳои фразеологиро муайян намуда шарҳ додан: «Қориишкамба бо шунидани ин пешниҳод аз шодӣ дар пӯсташ намеғунҷид (С.А.). Аввало, мевафурӯшӣ маъқул набуд, ба бозор бо гардани баста мерафтам (П.Т.). Кабиров мисли мурғи посӯхта ба чор тараф медавид».[4]

  1. Бо истифода аз воҳидҳои фразеологии зерин ҷумлаҳо тартиб додан: барги сабз, дасту по гум кардан, бо чормағзи пуч бағал пур кардан, даст ба гиребон шудан ва ғ.
  2. Мустақилона ба хотир овардани ягон воҳиди фразеологӣ ва онро дар ҷумлаи сохтаи худ истифода бурдан.
  3. Аз асари бадеӣ ҷамъ овардани ҷумлаҳое, ки дорои ин ё он воҳиди фразеолгӣ бошанд ва як ё дутои онҳоро бо дархости муаллим шарҳ додан. Супориши охирро ба ҳайси вазифаи хонагии хонандагон ҳам пешниҳод кардан мақсаднок мебуд.

Ҳамин тавр, таълими боби «Калима(луғат)» чи дар синфи V ва чи дар синфи VII дар маҷмӯъ кору фаъолияти басо гуногуни на танҳо хонандагон, ҳамзамон, масъулият, донишу маҳорати забоншиносӣ ва ҳам педагогиву методии муаллими забони тоҷикиро тақозо менамояд, ки дар сурати мувофиқи талаботи методиву равоншиносӣ пиёда намудани он ҳама кору фаъолият –баррасии маълумоти назариявӣ ва азхудкунии он аз тарафи хонандагон, таҳлили калима, таркиб ва ибораҳои ба луғати забони тоҷикӣ марбут, иҷрои машқу супоришҳои дар китоби дарсӣ буда ва супоришу талабҳои муаллим аз хонандагон вобаста ба хусусияти ҳар як мавзӯи таркибии боби мазкури забоншиносии тоҷик, ҳақиқатан ҳам, ба маънои ҳақиқӣ ва пуррааш, агар ҳар кадом ба низоми муайян ва ҳам мақсаднок ба иҷро расонида шаванд, бо боварии кул метавон гуфт, ки хонандагон бо қабатҳои лексикии таркиби луғати забони тоҷикӣ на танҳо шиносоӣ пайдо мекунанд, балки асосҳои дониши меъёриро аз бар намуда, муҳаббаташон бар забони модарии худ, ки яке аз забонҳои бойи ҷаҳон маҳсуб меёбад, афзун хоҳад гашт. Ба ҷуз ин, онҳо дар ҷараёни таълими мавзӯъҳои боби мазкур («Калима») амалан тарзи истифода кардан аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», луғати дузабона ва луғати имлоро ҳам ёд гирифта, минбаъд дар фаъолияти мустақилонаи худ бе ягон мушкилӣ ба чунин луғатҳо муроҷиат карда метавонистагӣ мешаванд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *