Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Принсипҳои асосии таълими грамматика

Дар фасли «Принсипҳои умумидидактикии таълими забони тоҷикӣ» таъкид намуда будем, ки дар таълими забони тоҷикӣ муаллим бояд ба принсипҳои муайяни таълим такя намояд, ки онҳо дар амал санҷида шуда, натиҷаҳои ҷамъбасти илмии психологию педагогӣ бошанд. Дар ин бобат, яъне марбут ба хусусиятҳои ҳар яке аз он принсипҳо (принсипи илмӣ ва системанокӣ, принсипи алоқаи назария бо амалия, принсипи алоқаи қисматҳои гуногуни забони модарӣ, принсипи бошуурона ва фаъолиятнокӣ, принсипи аёният, принсипи устуворӣ ва фаҳмо будани мавод ва ниҳоят, принсипи муносибати фардӣ бо хонандагон), доир ба мавқеъ ва мавриди истифодаи онҳо, умуман, дар таълими забони тоҷикӣ (баъзан бо овардани мисолҳои мушаххас) маълумоти асосиро баррасӣ намуда будем, ки истифодаи моҳиронаи ҳар яке аз он принсипҳо дар таълими фаслу бобҳои грамматика ҳатман сифати таълими ин соҳаи басо муҳими забоншиносиро баланд хоҳад бардошт. Вале ба ҷуз принсипҳои умумидидактикӣ дар таълими забони модарӣ (тоҷикӣ), аз ҷумла, дар таълими грамматикаи он боз принсипҳое истифода бурда мешаванд, ки он принсипҳоро принсипҳои хоси таълими забонӣ модарӣ номидаанд. Масалан, акад. А.В. Текучев принсипҳои зеринро ба ҳайси принсипҳои хоси таълими забони русӣ номбар намудааст:

а) дар алоқамандӣ бо инкишофи тафаккур таълим додани забон; б) дар алоқамандӣ бо хониши бурро (ифоданок) таълим додани сохти грамматикии забон; в) таълим додани грамматика дар алоқамандӣ бо инкишофи нутқ.[1]

Азбаски дар адабиёти методии таълими забони тоҷикӣ принсипҳои хоси таълими забони тоҷикӣ ҳанӯз мушаххас муайян карда нашудаанд, принсипҳои мазкурро, ки дар таълими забони тоҷикӣ ва грамматикаи он пурра татбиқшавандаанд, метавон низ ба ҳайси принсипҳои хоси забони тоҷикӣ қабул намуд. Ба ҷуз ин принсипҳо масъалаи дар алоқамандӣ бо синтаксис таълим додани морфология ва, баръакс, дар алоқамандӣ бо морфология таълим додани синтаксис, ҳамчунин, дар алоқамандӣ бо фанҳои дигар таълим додани забони тоҷикиро аз ҷумлаи принсипҳои хоси забони тоҷикӣ номидан мумкин.[2] Инчунин, дар алоқамандӣ бо таърифу қоидаҳо шарҳ додани мафҳумҳои забонро метавон яке аз ин принсипҳои басо муҳиму хоси забони модарӣ (тоҷикӣ) номид.

Акнун доир ба моҳияти истифодаи ин принсипҳои номбаршуда, ки ба ҳайси принсипҳои таълими грамматикаи забони тоҷикӣ эътироф намудем, чиҳоро бояд донист?

Марбут ба принсипи аввал: Маълум аст,ки забон ва тафаккур ҳамчун мафҳумҳои забоншиносӣ (инчунин фалсафиву психологӣ) ба ҳам алоқаи зич доранд. Аз ин рӯ, дар мактаб машғулиятҳои марбут ба ҳодисаҳои забон таҷлилшаванда ҳатман ба инкишофи тафаккури хонандагон такконе медиҳад: хусусан, онҳо дар машғулиятҳо ҳамеша бо амалиёти худ мафҳумҳои ба мантиқ алоқамандро шарҳ медиҳанд: онҳоро (мафҳумҳоро) муқоиса мекунанд, аломатҳои асосии ҳодисаҳои забонро муайян мекунанд, аз рӯи аломати он ҳодисаҳоро гурӯҳбандӣ (классификатсия) мекунанд, ҷамъбасту исбот менамоянд, таҳлил ва синтез (хулоса) мекунанд,[3] ва таърифу қоидаҳоро аз бар намуда, нисбати ин таърифу қоидаҳо аз худ мисолҳо оварда, аз маъхазҳо мисолҳоро ҷамъ мекунанд, ба тарзи талаффузи хелҳои ҷумла аз рӯи мазмун ва оҳанги талаффуз (ҳикоягӣ, саволӣ, амрӣ, хитобӣ), ба задаи мантиқии ҷумлаҳо риоя мекардагӣ ва ба маъною асли баромади истилоҳоти забоншиносӣ сарфаҳм мерафтагӣ мешаванд ва ғайра, ки инҳо — ҳама «ба инкишофи тафаккури мантиқии хонандагон мусоидат намуда, фикри онҳоро мураттаб менамояд (ва билохир. -С.Ш.) аз имконоти хатоҳои маъноии дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ рухдиҳанда огоҳӣ медиҳанд».[4] Ин аст моҳияти асосии принсипи дар алоқамандӣ бо инкишофи тафаккур таълим додани ҳодисаҳои забони тоҷикӣ. Яъне дар заминаи мисолҳои дурусту услубан солим азхудкунии ҳар як ҳодисаву мафҳум ва истилоҳоти забоншиносӣ боиси инкишофи тафаккури шогирдон мегардидааст, ки ин нукта яке аз талаботҳо ба натиҷаи таълими забони модарист.

Принсипҳои дуюм – б) дар алоқамандӣ бо хониши бурро таълим додани сохти грамматикии забон ва сеюм – в) дар алоқамандӣ бо инкошофи нутқ таълим додани грамматика дар маҷмӯъ то андозае ба ҳам наздикие доранд. Масалан, зери мафҳуми сохти грамматикии забон, пеш аз ҳама, сохту таркиби калима, сохти ҳиссаҳои нутқ, муносибат ва роҳҳои ба ҳам алоқаманд шудани онҳо, сохти ибора, роҳҳои алоқаи ҷузъҳо дар ибора, тарзи алоқа ва сохти аъзоҳои ҷумла, мафҳуми ҷумла ва хелҳои он аз рӯи мазмуну оҳанги талаффуз, хелҳои ҷумла аз ҷиҳати сохту таркиб (содда, яктаркибаву дутаркиба, хулласу тафсилӣ, мураккаби пайваст, тобеъ, омехта ва сертаркиба) фаҳмида мешавад, ки дар ҷараёни таълим пурра дар амал татбиқ намудани нуктаҳои мазкури марбут ба сохти грамматикии забони модарӣ, бешубҳа, на танҳо дар шуури хонандагон, ҳатто амалан ҳам хониши бурро ва ё талаффузи адабиро талқин ва тарбия менамоянд. Илова бар ин, шарҳи маънои луғавию мазмун ва тобишҳои маъноиву грамматикии ин ҳама нуктаҳои номбаршуда аз тарафи муаллимони донишманди мактаб таассурот ва ҳисси забондонии шогирдонро ҳатман афзунтар намуда, рағбаташонро ба забони адабӣ, ба буррою фаҳмо гуфтугӯ кардану қироат кардан ҳидоят хоҳанд намуд.

Дигар ин, ки дар ҷараёни таълими сохт ва маънову тобишҳои ҳодисаҳои марбути грамматикӣ аз тарафи хонандагон на танҳо маҷмӯи таърифу қоидаҳо, маънову мазмуни истилоҳот ва тобишҳои маъноии дар таркиби ибора, ҷумла ва ё матн зоҳиршавандаи ин ё он ҳодисаи грамматикӣ ҳифз карда мешаванду ин ҳама ба инкишофи нутқ ва ғанӣ гардидани таркиби луғавии нутқи онҳо мусоидат мекунанд, балки дар лаҳзаҳои пурсишу мустаҳкамкунии ҳар як мавзӯи ба сохти грамматикии забон бахшидашаванда аз хонандагон мисолҳои мувофиқ овардан ҳам талаб карда мешавад. Дар чунин мавридҳо онҳо марбут ба ҳар як ҳодисаи грамматикӣ мисолҳои мустақилона фикркардаи худро дар қолаби ибора, ҷумла ва баъзан матн (якчанд ҷумлаи ба ҳам алоқаманд) пешкаш мекунанд, ки ин қисмати фаъолияти шогирдон пурра ба инкишоф ёфтани нутқи мураттаби ҳар кадом такконе хоҳад шуд. Вале маҳз дар дарсҳои ба ном «Инкишофи нутқи мураттаб», ки асли мақсади он ба тавассути ташкил намудани нақлу мубоҳиса ва ё навиштани нақлу иншоҳои гуногун дар мавзӯъҳои хусусияти бадеӣ, оммавию публитсистӣ дошта, ба омӯзонидани ҳуҷҷатҳои услуби коғазҳои корӣ (ариза, забонхат, маълумотнома, тавсифнома, баёнот, боваринома,эълон, қарор ва ғ.) нигаронида шуда бошад ҳам, агар дуруст мулоҳиза намоем, ин амалиётҳо низ пурра боиси дар хонандагон тарбия намудани малакаҳои сохти грамматикии нутқ хоҳанд гашт. Ба ҷуз ин, азбаски дарсҳои инкишофи нутқи мураттаб дар давоми соли хониш дар ҷараёни омӯзиши фаслу бобҳои гуногуни грамматикӣ, чунончи, дар синфи V дар ҷараёни таълими бобҳои «Исм»-у «Феъл» зиёда аз 6-7 соат, дар синфи VIII дар ҷараёни таълими синтаксиси ҷумлаҳои содда дар ҳаҷми 15 соат гузаронида мешаванд, ки дар рафти ташкилу гузаронидани чунин дарсҳо муаллимони пуртаҷриба кӯшиш менамоянд, то дар гуфтору нақлу иншоҳои навиштаи хонандагон баъзе ҷузъиёти марбути грамматикаи забони модарӣ инъикоси худро ёбанд. Аниқтараш, масалан, агар дар ҷараёни таълими ҷумлаҳои соддаи яктаркиба дар синфи VIII яке аз дарсҳои инкишофи нутқи мураттаб, фарз кардем, дар мавзӯи «Замин ҳам модари мост» гузаронида шавад, муаллим ба аҳли синф таъкид мекунад, то кӯшиш кунанд, ки дар иншояшон баъзе хелҳои ҷумлаи яктаркибаро ҳам истифода намоянд. Ин ишора ба он аст, ки нутқи мураттаб (инкишофи нутқ) дар алоқамандӣ бо грамматика ва баръакс, грамматика дар алоқамандӣ бо инкишофи нутқи хонандагон таълим дода мешавад. Ин нукта маънои онро дорад, ки принсипи дар алоқамандӣ бо инкишофи нутқ таълим додани грамматика дар дарсҳои забони модарӣ ба таври ноаён, вале ҳатман иҷрошаванда аст.

Дар бобати принсипи дар алоқамандӣ бо морфология таълим додани синтаксис ва баръакс, ки ҳамчун яке аз принсипҳои хоси таълими забони модарӣ ва грамматикаи он маҳсуб меёбад, баъзе маълумотҳоро дар мавзӯи аввали курси мазкур -«Предмет, вазифа ва мақсади методикаи таълими забони тоҷикӣ» андаке маълумот баррасӣ намуда будем. Дар маҷмӯъ, мувофиқи талаботи барномаи охир (с. 2006) ва ҳам тибқи талаботҳои худи курси методикаи таълими забони модарӣ, дар ҷараёни таълими забони модарӣ бояд ҳамеша дар алоқамандии ҳамдигар таълим додани қисматҳои он (фонетика, лексика, морфология, синтаксис, имло, аломатҳои китобат, услубҳои нутқ, инкишофи нутқ ва ғ.) дар мадди назари ҳамешагии муаллим бошад. Вале агар сухан маҳз дар хусуси принсипи дар алоқамандӣ таълим додани қисматҳои грамматика (морфология ва синтаксис) равад, дар ин бобат чиҳоро бояд донист?

Мо дар бобати масъалаи гузошташуда дар мадди аввал ёдовар шудани гуфтаҳои методистони машҳури рус – И.Р. Палей, А.В. Дудников, А.В. Текучевро ба таври зайл ҳамчун эпиграф, зарур мешуморем: «Морфология ва синтаксис дар таркиби грамматика ҳамчун қисматҳои баробарҳуқуқи он ворид мешаванд».[5] «Дар байни масъалаҳои назариявии методика масъалаи алоқаи байниҳамдигарии морфология ва синтаксис дар ҷараёни курси мактабии таълими грамматика… яке аз ҷойҳои марказиро ишғол менамояд».[6] «Ҳарчанд ки морфология ва синтаксис қисматҳои мустақилу баробарҳуқуқи грамматика маҳсуб меёбанд, ба онҳо ҳамчун (бо қисматҳои. — С.Ш.) аз ҳам билкул ҷудогона баҳо дода намешавад».[7]

Чунон ки мебинем, ин ҳар се олими соҳаи методикаи таълими забони модарӣ, агар аз як тараф, морфология ва синтаксисро қисматҳои баробарҳуқуқи грамматика (И. Р. Палей ва А. В. Текучев) номанд, аз тарафи дигар, ба ҳам алоқаи зичу мустаҳкам доштани ин қисматҳоро (А.В. Дудников ва А. В. Текучев) таъкид ҳам намудаанд. Сипас, агар методистон ногузир будани алоқаи байни морфологияву синтаксисро таъкид намуда бошанд, мушаххасан чунин алоқамандиро доир ба кадом масъалаҳо бояд дид? Пеш аз ҳама, дар ҷараёни таълими масъалаҳои ин ҳар ду қисмати грамматика инкишофи нутқ, хониши бурро (тарзи дурусти талаффузи адабии калима, ибора, хелҳои ҷумла – чи соддаи хулласу тафсиливу чидааъзо ва чи хелҳои гуногуни ҷумлаҳои мураккаб ва ғ.) дар мадди назари ҳамешагии муаллим ва хонандагон меистад. Дуввум, ба ҳам алоқаи ногусастанӣ доштани морфология ва синтаксисро бевосита ҷараёни таълими забони модарӣ намоиш медиҳад, ки он дар заминаи талаботи барномаи таълим сурат мегирад. Масалан, барнома талаб мекунад, ки ҳангоми таълими ҳар як ҳиссаи нутқ (пеш аз ҳама, ҳиссаҳои мустақили нутқ) вазифаи синтаксисии дар ҷумла доштаи он нишон дода шавад. Барои ҳамин ҳам, аз миёнаҳои дуввуми солҳои шастуми қарни гузашта сар карда дар синфи IV таълими курси муқаддимавии «Синтаксис ва аломатҳои китобат» ҷорӣ гардида буд, ки мувофиқи ворид шудани тағйиротҳо дар системаи маориф ҳамин қисмат аз соли таҳсили 1987-1988 ин ҷониб дар синфи V таълим дода мешавад, то ки барои фаҳмондани вазифаи синтаксисии ҳиссаҳои нутқ ба хонандагон ана ҳамон маълумоти мухтасари аз курси синтаксис гирифтаашон кӯмак расонад. Ба ҷуз ин, дар ҷараёни таълими ҳиссаҳои нутқ тартиб додани ҷумлаҳо бо истифода аз калимаҳои марбути ин ё он ҳиссаи нутқ, таъкиди мавридҳои гузоштани аломати вергул дар рафти таълими ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ (пайвандак, ҳиссача, нидо) ва ғ. далолат ба он аст, ки бисёр мавзӯъҳои морфология дар алоқамандӣ бо синтаксис таълим дода мешаванд. Ҳамзамон, масъалаҳои дар алоқамандӣ бо морфология таълим додани синтаксис низ кам нестанд. Чунончи, пеш аз ҳама, дар оғози соли таҳсил дар синфи VIII омӯзиши курси системаноки синтаксис пас аз такрори маводи синфҳои V-VII бо таълими ибора оғоз меёбад, ки ҳангоми баррасии, хусусан, масъалаи хелҳои ибора аз ҷиҳати тарзи ифодаи ҷузъи асосӣ ё худ калимаи тобеъкунандаашон, муаллим, асосан, ба донишҳои хуби морфологии хонандагон такя намуда, метавонад ин мавзӯъро дастраси аҳли синф гардонад. Яъне хонандагон ҳиссаҳои мустақили нутқро хубу дақиқ шинохта ва аз ҳам фарқ карда метавонистагӣ бошанд, ҳатман ба мафҳуми ибораҳои исмӣ, сифатӣ, феълӣ ва ғ. шуурона сарфаҳм рафта метавонанд.

Ё дар тамоми ҷараёни дарси аввали ба ҳар як аъзои ҷумла, бахшидашаванда, ки ҳатман масъалаи заминаи ифодаи морфологии онҳо (масалан, бо номҳои «Мубтадо ва ифодаи он», «Хабар ва ифодаи он» ва ғ.) таълим дода мешавад, ба хонандагон, пеш аз ҳама, бо кадом ҳиссаи нутқ ифода ёфтани ҳамон аъзои ҷумла (масалан, аввалан, бо исму ҷонишин ва пас, бо сифат, шумора, масдар ва сифати феълӣ ифода ёфтани мубтадо) дар заминаи мисолҳои барҷаста таъкид карда мешавад. Ба ҷуз ин, дар тамоми давраи таълими хелҳои ҷумлаҳои мураккаб донишҳои морфологии шогирдон доир ба пайвандак ва хелҳои он дар мадди назари муаллим ва аҳли синф меистад: яъне ҳамеша дар ҳалли пайвандакдор ё бепайвандак будани ҷумлаи мураккаб, бо кадом навъи пайвандак ба ҳам алоқаманд шудани ҷумлаҳои содда дар таркиби чунин ҷумлаҳо ва вобаста ба навъи пайвандак муайян намудани хели ҷумлаи мураккаби пайваст, хели ҷумлаи пайрав дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъ барин масъалаҳои синтаксиси ҷумлаҳои мураккаб ба донишҳои доир ба пайвандакҳо андӯхтаи хонандагон такя карда мешавад. Илова бар ин ҳама, ҳангоми таҳлили ҷумлаҳо аз тарафи муаллим имлои бисёр калима, таркиб ва ибораҳои озоду устувор шарҳ дода ва ё шарҳи онҳо аз хонандагон пурсида мешавад, ки ин нукта низ дар заминаи донишҳои морфологии шогирдон сурат мегирад.

Хуллас, ин ҳама нуктаҳои дар фавқ мавриди шарҳу эзоҳ қарор додашуда исботи он аст, ки принсипи дар алоқамандӣ таълим додани қисматҳои грамматика – морфология ва синтаксис – зарурати воқеӣ доштааст. Аз ин рӯ, ба амал татбиқ намудани принсипи мазкур дар ҷараёни таълими забони модарӣ (тоҷикӣ) ногузир аст

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *