Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Сохту лаҳзаҳои дарсҳои забони тоҷикӣ

Сохту лаҳзаҳои дарс ва тартиби ҷобаҷогузории лаҳзаҳои дарс ба ин ду масъала-мақсади дарс ва хусусияти мавзӯи дарс вобаста аст. Аз ин рӯ, агар муаллим мақсади ҳар як дарс ва хусусияти мавзӯъ ва ё маводи онро ба назар гирад, тарз ё усули ташкил ва гузаронидани онро ҳам дуруст муайян мекунад.

Бояд донист, ки ҳар як тип ё хели дарс сохти махсусе дорад, ки ин нукта аз лаҳзаҳои ба ҳам алоқаманди он аён мегардад. Чунончи, баъзе лаҳзаҳои дарс, масалан, пурсиши вазифаи хонагӣ ё худ супориши вазифаи хонагӣ қариб дар ҳамаи хелҳои дарс дохил шуда метавонад. Аммо лаҳзаҳои дигари он, аз қабили баёни мавзӯи нав ва санҷиши умумии донишу малакаи хонандагон ба ин ё он типи махсуси дарс хос аст. Умуман, дар маҷмӯъ лаҳзаҳои дарси забони тоҷикиро ин тавр метавон баррасӣ намуд: а) баёни мавзӯи нав; б) машқҳои мустаҳкам кардан ва такрори донишу малакаи хонандагон; в) тафтиши вазифаи хонагӣ; г) пурсиши хонандагон; ғ) санҷиши умумӣ ё худ фронталии дониш ва малакаи ҳамаи хонандагон (бо гирифтани корҳои хаттии санҷишӣ. -С.Ш.).[1] Ниҳоят, ҳамаи хелҳои дарс бо лаҳзаи ташкилӣ оғоз ёфта, бо эълони баҳо ё худ супориши вазифаи хонагӣ анҷом меёбад, ки риояи талаботи ин қисматҳо низ дар ҷараёни дарс муҳим аст.

Чунин лаҳзаҳои дарс солҳои тӯлонӣ дар амал санҷида шудаанд. Вале тарзи ба ҳам пайвастан ё худ тартибу ҷобаҷогузории онҳо (лаҳзаҳои дарс) вобаста ба мақсади дарс, маълум ё нав будани маводи дарс, то чи андоза ба мавзӯъҳои пеш омӯхтаи хонандагон вобаста будани мавзӯи нав, хели машқҳои иҷро карда мешудагӣ (диктантҳои таълимӣ ё санҷишӣ, таҳлили грамматикӣ ва ғ.) метавонад гуногун шавад.

Лаҳзаҳои дарс дар нақшаи дарс (план –конспект) -и муаллим ҳар доим пас аз сабти се нукта: мақсади дарс, методҳои дарс ва таҷҳизонидани дарс таҳти унвони «Равиши дарс» (пеш аз ҳар яки онҳо рақами римӣ гузошта) навишта мешаванд. Масалан, сохт ва тарзи ҷобаҷогузории лаҳзаҳои дарси додани дониши нав ба хонандагон дар план-конспекти муаллим, асосан, ба таври зер оварда мешаванд:

РАВИШИ ДАРС:

  1. Ташкилии дарс:
  2. Пурсиши вазифаи хонагӣ:
  • Баёни мавзӯи нав:
  1. Мустаҳкамкунӣ:
  2. Супориши вазифаи хонагӣ:
  3. Эълони баҳо:

Дар асл, аз рӯи ҳамин сохт ва ё тартиби ҷобаҷогузории лаҳзаҳо, ки дар фавқ мебинед, дар гузаронидани дарс мавриде зарурат дорад, ки агар хонандагонро ба фаҳмидани мавзӯи нав тайёр кардан лозим бошад. Яъне дар чунин маврид ҳатман пеш аз баёни мавзӯи нав вазифаи хонагӣ ва маводи ба ин мавзӯи нав алоқаманд бояд ба тариқи такрор пурсида шавад. Масалан, мавзӯи «Сифати феълӣ» ҳамин гуна мавзӯъ аст. Пеш аз баёни сифати феълӣ, ҳамчун шакли махсуси феъл, ки хусусиятҳои сифатро ҳам доро аст, бояд аломатҳои барҷастаи феълу сифат (ҳаракату ҳолати предметро фаҳмондани феъл, замон доштани он, бо бандаки изофӣ алоқаманд шудани сифат, аломати предметро фаҳмондану ба кадом саволҳо ҷавоб шудани он) пурсида шавад, то ки ба ҳамин дониши хонандагон такя карда, хусусиятҳои сифати феълӣ ба онҳо фаҳмонда шавад. Албатта, дар айни баёни мавзӯъ ҳам аломатҳои феълу сифатро ба хотири хонандагон оварда истода, фаҳмондани хусусиятҳои сифати феълӣ зарурат пайдо менамояд.

Вале чунон ки гуфтем, муаллим вобаста ба ниятҳои худ, ҳамчунин, марбут ба сохтору натиҷаи дарси пешина метавонад сохт ё тарзи ҷобаҷогузории дарси додани дониши навро бо усулҳои гуногун ё дар план – конспект ва ҳатто дар ҷараёни дарс низ тағйир диҳад. Чунончи, агар дарси пешина ба такрори як боби омӯхташуда, масалан, ба боби «Исм» бахшида шуда бошад, дар дарси навбатӣ, аниқаш, дар қисмати пурсиши вазифаи хонагӣ шарт нест, ки боз ҳамон боб, мухтасар бошад ҳам, такрор карда шавад. Аз ин рӯ, агар муаллим ҳамин нуктаро ба инобат гирад, ӯ пас аз ба ҷо овардани талаботи қисмати ташкилии дарс метавонад бевосита ба баёни мавзӯи аввали боби «Сифат», ки ба ҳамин унвон («Сифат») таълим дода мешавад, оғоз намояд. Албатта, дар ин лаҳзаи дарс, ки маълумоти умумӣ доир ба мафҳуми сифат ва хусусиятҳои аввалиндараҷаи он дода мешавад, хусусиятҳои сифатро бе муқоиса кардан бо исм фаҳмонидан номумкин аст, яъне сифат бояд дар алоқамандӣ бо исм таълим дода шавад, ки дар ин ҷараён баъзе масъалаҳои исм ноаён, аз ҷумла, предметро фаҳмонидан ва ба саволҳои кӣ?, чӣ? ҷавоб шудани он такрор гардида, аломати предмет (исм)-ро фаҳмондани сифат ва аз ин рӯ, ба саволҳои чӣ хел? чӣ гуна? ҷавоб шудани он таъкид карда мешаванд. Вале ҳангоми мустаҳкамкунӣ дар ин дарс боз имконият фароҳам меояд, ки дар баробари ба хонандагон додани саволу супоришҳо доир ба сифат аз боби «Исм» низ чанд савол доир ба фарқи исм аз сифат ҳам дода шавад. Сипас, агар дарси додани дониши нав аз рӯи чунин гузориш, ки ҳоло зикр намудем, сурат гирад, дар сохтори он, аввалан, дар план-конспект ва сониян, дар ҷараёни дарс ҳам будани лаҳзаи пурсиши вазифаи хонагӣ зарурат надорад. Яъне аз сохтори он лаҳзаи пурсиши вазифаи хонагӣ соқит карда мешавад, ки дар натиҷа лаҳзаҳои дарси мазкурро ин тавр навиштан лозим меояд:

РАВИШИ ДАРС:

  1. Ташкилии дарс:
  2. Баёни мавзуӣ нав:
  • Мустаҳкамкунӣ:
  1. Супориши вазифаи хонагӣ:
  2. Эълони баҳо:

Яъне бо овардани ҳамин сохтори дигари дарси додани дониши нав таъкид карданием, ки дар ҳар типи дарс ҳатман ҷой доштани ҳамаи лаҳзаҳои хоси он ё худ план – конспектро аз рӯи як тартиби муайян навиштан ва ҳамон тартибро айнан дар ҷараёни дарс риоя намудан шарт нест. Яъне мо гуфтанием, ки ҳатто мумкин аст, плани пешакӣ тартибдодаи муаллим дар рафти дарс тағйир ёбад. Масалан, агар мавзӯи нав мантиқан идомаи мавзӯи пешина бошад, пас аз қисмати ташкилии дарс муаллим метавонад лаҳзаи пурсиши вазифаро ташкил накарда, аввал мавзӯи навро фаҳмонда, баъд вазифаи хонагиро дар рафти мустаҳкамкунии мавзӯи нав ва ҳатто дар лаҳзаи баёни мавзӯи нав бо усули сӯҳбат пурсад. Албатта, дар ин бобат донишу фаҳмиши хонандагонро ҳам ба назар гирифтан лозим меояд.

Ё худ шарт нест, ки супориши вазифаи хонагӣ ҳама вақт дар охири дарс – пас аз лаҳзаи мустаҳкамкунӣ баррасӣ ёбад. Онро пеш аз лаҳзаи мустаҳкамкунӣ ҳам эълон кардан мумкин аст, ба шарте ки хусусан, иҷрои машқи барои хона вазифа додашуда ба машқҳои дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ иҷро карда мешудагӣ шабоҳат дошта бошад.

Умуман, муаллим бояд эҷодкор бошад. Аз ин ваҷҳ, мумкин аст, ки ҳамон як мавзӯъро бори дигар ё худ дар синфи мувозӣ (параллелӣ) ба тарзи дигар таълим диҳад. Яъне таҷрибаи дарси пештараи ӯ минбаъд такмил додани таълими он мавзӯъро тақозо мекунад. Ба ифодаи Н.С. Поздняков, «Ҳар як дарс… такрор-нашаванда аст, аз он ҷиҳат ки ба ҳар яки он ҳам мавод, ҳам синф ва ҳам муаллим хусусиятҳои худро ворид мекунанд».[2]

Ҳамин тавр, дарсро вобаста ба мавридаш ҳар хел ташкил кардан зарур аст. Аммо онро аз ҳад зиёд бо методу приёмҳо (усулҳо)-и таълим сербор кардан лозим нест. Дарсе, ки шаклан аҷибу мазмунану сифатан суст бошад, хуб нест.

[1]. Ниг.: Текучев А.В. Методика русского язика в средней школе, с.115.

[2]. Поздняков Н.С. Методика преподавания русского языка, с. 49.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *