Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Ҳиссаҳои нутқ

Омӯхтани ҳиссаҳои нутқ ба хонандагон барои боз ҳам беҳтар аз худ намудани меъёрҳои грамматикии нутқи адабӣ кӯмак мерасонанд[1], ба шарте ки аз ин пеш масъалаҳои марбути фонетика, калима (луғат ва луғатомӯзӣ), сохт (калимасозӣ) ва таркиби калима самаранок таълим дода шуда бошад. Дар ин бобат, чунон ки маълум аст, омӯзиши ҳар як ҳиссаи нутқ, масалан, исм аз баёни таърифи он – «Исм ҳиссаи нутқест, ки предметро мефаҳмонад» — ва шарҳу эзоҳи ҳамин таъриф оғоз меёбад. Аз ин рӯ, ба он бояд муваффақ шуд, ки хонандагон на танҳо таърифи мазкури исмро ҳифз намоянд, балки ба мафҳуми истилоҳи предмет дуруст сарфаҳм раванд. Яъне донанд, ки таҳти ин мафҳум чӣ дар мадди назар аст[2]: танҳо чизу ашёҳо ва ё боз дигар мафҳумҳо ҳам? «Вале ин ҳам кам аст, — мегӯяд Н.С. Поздняков. – Лозим аст, ки боз хонандагон а) дар худ малакаи дар ҳамаи ҳолатҳо дарҳол шинохтани ҳамон ҳиссаи нутқро пайдо карда бошанд; б) шакли он ҳиссаи нутқро дақиқ аз худ карда бошанд, то ки ҳангоми таҳлили морфологӣ озодона ва бе хато ба он баҳо дода тавонанд; в) вазифаи онро дар ҷумла донанд, то ки дар ҷараёни таҳлили синтаксисӣ аъзоҳои ҷумларо дуруст муайян карда тавонанд; г) қоидаҳои дурустнависии (калимаҳоро – С.Ш.) марбут ба ҳар як ҳиссаи нутқ донанд ва дар навиштаҷоти худ бе хато истифода бурда тавонанд; ғ) чӣ тавр робитаи дохилӣ доштани ҳамин ҳиссаҳои нутқро бо дигар ҳиссаҳои нутқ, имконияти ба ҳамин ҳиссаи нутқ гузаштани ҳиссаҳои дигари нутқ ва баръакс, ба дигар ҳиссаҳои нутқ гузаштани ҳамин ҳиссаи нутқро донанд»[3].

Ба ҷуз ин, лозим аст, ки ҳангоми таълими ҳиссаҳои нутқ ҳатто аз оғози дарсҳои аввал дар хонандагон усули саволгузорӣ ба ҳиссаҳои мустақили нутқ, тарзи сарфаҳм рафтан ба моҳияти маъноию семантикӣ (луғавӣ)-и ҳиссаҳои нутқ (чунончи, ҳамеша предметро фаҳмондани исм, аломати предметро фаҳмондани сифат, амалу ҳаракати предметро нишон додани феъл ва ғайра) ва тариқи истифода аз усули муқоиса фарқ намудан ва баҳо дода тавонистан ба ин ё он ҳиссаи нутқ тарбия карда шавад[4], ки дар рафти иҷрои ин ҳама ҳамеша инкишоф додани нутқи онҳо бояд дар мадди назари муаллим бошад. Ва азбаски дар ҷараёни таълими ҳиссаҳои нутқ низ (вобаста ба мавридаш) кор бо синониму антонимҳо, сермаъноӣ ва маънои аслию маҷозии калимаҳо низ идома меёбад[5], бой намудани захираи луғавии нутқи хонандагон мақсади дигари фаъолияти ҳар як омӯзгор дониста мешавад.

Ҳамин тавр, барои он ки ҳамин нуктаҳои дар фавқ зикршуда дар таълими ҳар як ҳиссаи нутқ нақши худро дошта бошанд, таҳкурсии нахустин донишҳои илмиву меъёрии хонандагон доир ба ҳиссаҳои нутқ, асосан, дар дарси аввал гузошта мешавад. Аз ин хотир, дарси аввал, ки бо унвони «Ҳиссаҳои нутқ» таълим дода мешавад, бояд бо тайёрии ҳаматарафаи муаллим чи аз ҷиҳати илмӣ ва чи методӣ ҳаллу фасли худро ёбад. Зеро асоси донишҳои дар ҳамин дарси аввал андӯхтаи хонандагон қариб дар бобати аз бар намудани аксари дарсҳои ба таълими ин ё он ҳиссаи нутқ бахшидашаванда, ки басо давраи тӯлониро (синфҳои V, VI, VII) фаро мегиранд, барояшон ҳамчун такягоҳи аввалин хоҳад буд[6]. Гузашта аз ин, муаллим ҳам маҳз ба дониши дар ҳамон дарси аввали ба шогирдон додааш такя намуда, метавонад, бахусус, таълими дарси якуми ба ин ё он ҳиссаи нутқ бахшидашавандаро ба таври дилхоҳ ба роҳ монад.

Инак, бо назардошти ин ҳама масъалаҳои умумии таълими ҳиссаҳои нутқ ба муаллим лозим меояд, ки ҳангоми баёни мавзӯи якуми ҳар як ҳиссаи нутқ, то ки фарқиятҳои асосиаш нисбат ба дигар ҳиссаҳои нутқ аз тарафи хонандагон дақиқ ба хотир гирифта шавад, хусусиятҳои онро бояд ҳамеша аз се ҷиҳат: маънои луғавӣ, аломатҳои морфологӣ ва аз ҷиҳати вазифаи синтаксисиашон дар ҷумла[7] шарҳ диҳад.

Вале бо мафҳуми истилоҳоти мазкур (маънои луғавӣ, аломатҳои морфологӣ ва вазифаи синтаксисии он дар ҷумла), пеш аз ҳама, хонандагон дар ҳамон дарси аввал, ки бо унвони «Ҳиссаҳои нутқ» баррасӣ мегардаду зимни он дар бораи ҳиссаҳои нутқ маълумоти умумӣ дода мешавад, шиносоӣ пайдо мекунанд. Чунки маҳз дар ҳамин дарс ба хонандагон таъкид мегардад, ки ҳамаи калимаҳое, ки дар забон (нутқ) ва навиштаҷоти мо истифода бурда мешаванд, аз мавқеи илми морфология, ки ба омӯзиши шакл ва сохту таркиби калимаҳо машғул аст, бо назардошти ҳамон се хусусият, яъне маънои луғавӣ, аломатҳои морфологӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи синтаксисиашон дар ҷумла, ба 10 гурӯҳ ҷудо карда шуда, дар маҷмӯъ ҳар яке аз ин гурӯҳҳо ҳиссаи нутқ ном гирифта, дар навбати худ ба ҳар кадоме аз он ҳиссаҳои нутқ барои фарқ кардан аз дигараш номи махсус ҳам дода шудааст, яъне ин тавр: исм, сифат, шумора, ҷонишин, феъл, зарф, пешоянд ва пасояндҳо, пайвандакҳо, ҳиссача, нидо. Ва бояд гуфт, ки дар мактаб ҳар кадоме аз ин ҳиссаҳои нутқ, дар асл, аз рӯи чунин тартиб, яъне, аввал, исм, баъд, сифат ва ба ҳамин минвол аз ҳама охир нидо таълим дода мешавад.

Аммо дар ҳамон дарси аввали ба мавзӯи «Ҳиссаҳои нутқ» бахшидашаванда, пас аз он ки аз мавқеи илми морфология ба 10 гурӯҳ ва ё ҳиссаи нутқ ҷудо карда шудани тамоми калимаҳои дар забони тоҷикӣ истеъмолшаванда таъкид гардида, номҳои ҳар яки он ҳиссаҳои нутқ мушаххас номбар карда шуда, дар доска навишта мешаванд, ҳамзамон, муаллим бояд мухтасар дар бораи сабаби исм, сифат ва ё феъл номида шудани чанде аз ҳиссаҳои нутқ маълумот диҳад. Масалан, шарҳи ӯ дар ин бобат метавонад чунин сурат бигирад: Ба исм, ҳамчун ҳиссаи нутқ, гурӯҳи калимаҳое мансуб дониста шудаанд, ки ба саволҳои чӣ?, чиҳо?, кӣ?, киҳо? ҷавоб шуда, аз рӯи маънои луғавиашон предметро мефаҳмонанд. Чунончи, китоб, дафтар, падар, модар, муаллим, кӯҳ, дарё, моҳӣ ва ғ. Мушоҳида кунед: — Кӣ? – Падар; — Киҳо? – Падарон; — Чӣ? – Дарё; — Чиҳо? – Дарёҳо; ва ғ. Ҳамаи исмҳо суффиксҳои ҷамъбандии – ҳо ва –он (-ён, — гон, — вон)-ро қабул мекунанд: кӯҳ-кӯҳҳо; муллим-муаллимон; талаба – талабагон; ва ғ. Исмҳо дар ҷумла, пеш аз ҳама, ба вазифаи мубтадо меоянд: Китоб манбаи дониш аст. Модар барои ҳама азиз аст.

Ҳамчун ҳиссаи нутқ, калимаҳое феъл номида шудаанд, ки аз рӯи маънои луғавиашон амал, ҳолат ва ҳаракати предметро мефаҳмонанд. Чунончи, омад, рафт, омада истодааст, меояд, меравад, рафта буд ва ғ. Феълҳо ба саволҳои предмет чӣ кор кард?, предмет чӣ кор карда истодааст?, чӣ кор мекунад?, чӣ шуд? ва ғ. ҷавоб мешаванд. Масалан: Чӣ кор кард? – Омад; — Чӣ кор карда истодааст? – Омада истодааст; Чӣ кор мекунад? — Меравад. ва ғ. Феълҳо дар ҷумла, асосан, ба вазифаи хабар меоянд: Падарам ду сол боз дар мактаби деҳа муаллимӣ мекунад.

Аммо пешояндҳо (аз, ба, дар, барои) ва пайвандакҳо (ва, аммо, ки, агар) мисли исму феълҳо дорои маънои луғавӣ нестанд. Аз ин ҷиҳат, ин ҳиссаҳои нутқ чун исму феълҳо ба савол ҷавоб намешаванд. Вале ин ҳиссаҳои нутқ, яъне пешоянду пайвандакҳо, дар нутқ барои ба ҳам алоқаманд кардани калимаву ибора ва ҷумлаҳо хизмат менамоянд: Падар ва модар ба мо ҳамеша ғамхорӣ мекунанд. Саҳарӣ ҳаво хунук буд, аммо обҳо ях накарда буданд. Радио хабар дод, ки имрӯз ҳаво гарм мешудааст.

Муаллим дар ин се ҷумла вазифаи пайвандакҳои ва, аммо, ки ва пешоянди ба-ро шарҳ дода, хулосаи фикрашро бояд ин тавр баён намояд: Ҳамин тавр, ҳиссаҳои нутқ, аз ҷиҳати он ки дорои маънои луғавӣ ҳастанд ё не, аз мавқеи илми морфология боз ба ду гурӯҳ ҷудо карда шудаанд, ки якеро ҳиссаҳои мустақил ва гурӯҳи дигареро ҳиссаҳои номустақил ё худ ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ меноманд. Чунончи, нигаред ба ин таблитса (22):

Муаллим метавонад дар алоқамандӣ бо таблитсаи мазкур боз ҳамон гуфтаҳои фавқро марбут ба 10 гурӯҳ ё ҳиссаи нутқ ҷудо намудани калимаҳои дар нутқи мо истеъмолшаванда, сабаби ба ду гурӯҳ, яъне ба ҳиссаҳои мустақил ва номустақил, ҷудо намудани ҳиссаҳои нутқ, миқдори онҳо (6-то будани ҳиссаҳои мустақил ва 4-то будани ҳиссаҳои номустақил)-ро шарҳ дода, вобаста ба ҳар кадоме аз онҳо тариқи шифоҳӣ як ё дутогӣ мисол ҳам оварад, ки бо ҳамин баёни мавзӯъ низ хотима меёбад. Ва албатта, агар муаллим зимни гузоришоти боло дар баёни мавзӯи «Ҳиссаҳои нутқ» фаъолият намояд, бешубҳа, метавон гуфт, ки дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ ва пурсиши вазифа марбут ба мавзӯи мазкур ба кадом саволу иҷрои кадом машқҳо санҷидану мустаҳкам намудани донишу малакаи хонандагонро хуб медонаду пешакӣ тасаввур ҳам карда метавонад.

Таблитсаи 22

Њиссаҳои нутқ
мустақил
номустақил
Исм, кӣ? киҳо? чӣ? чиҳо?
Феъл: чӣ кор кард? чӣ шуд?
Пешоянду пасоянд:

аз, ба, барои, дар, дар пеши, пеш аз…, -ро, барин, кати (қатӣ)…

Шумора: чанд? чандум?
Љонишин: ман, ту, вай…
Зарф: чӣ тавр? чӣ тарз? куҷо?
Пайвандак:

ва, -у(-ю), аммо, вале, ё, ё ки, ё…ё, ки, чунки, зеро ки, агар, вақте ки

Њиссача:

оё? наход? наход, ки? танҳо, фақат, маҳз, ҳам, низ…

Сифат: чӣ хел? чӣ гуна?
Н И Д О : ой, ҳой, ўҳў, эҳа, ҳм, уф, ҷим, ором, хап…

Ҳамин тавр, чи тавре ки дар боло қайд намудем, бояд муаллим дар ҷараёни таълими ҳар як ҳиссаи мушаххаси нутқ, ба хусус, дар соатҳои 1-2-юми дарси доир ба ҳамон ҳиссаи нутқ бахшидашаванда маҳз ба донишҳои дар ҳамин дарси аввал гирифтаи хонандагон, ки дар он дар бораи ҳиссаҳои нутқ маълумоти умумӣ дода шудааст, такя намуда, аломату хусусиятҳои асосии ҳар яке аз он ҳиссаҳои нутқро ба онҳо бо овардани мисолҳои барҷаста муаррифӣ намояд. Мо низ бо назардошти ин ҳама гуфтаҳои фавқ ва зимни такя намудан ба пешниҳодоти методистони шинохта дар зер кӯшиш менамоем, ки фикру андешаҳои фардиву маслиҳатомезонаи хешро, асосан, доир ба ҳамон қисмати мавзӯъҳои таркибии ҳиссаҳои нутқ иброз дорем, ки дар ҳақиқат, дар ҷараёни таълимашон омӯзгорон ба ин ё он мушкилие рӯ ба рӯ мешаванд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *