Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Оид ба истилоҳоти грамматикӣ

Яке аз роҳҳои аз тарафи хонандагон шуурона азхуд намудани мавзӯъҳои назариявии забони тоҷикӣ ин аст, ки агар дар ҷараёни баён мафҳумҳо ё худ истилоҳоти забоншиносии марбути ин ё он мавзӯъ низ шарҳу эзоҳ дода шаванд. Чунки «Истилоҳоти грамматикӣ чун ҳама гуна истилоҳоти илмӣ калимаҳои басо мушаххас ифодакунандаи мафҳумҳои махсус буда, бо мафҳумҳои дигар ивазнашавандаанд…».[1] Зеро ки «ҳар як истилоҳи илмӣ, дар асл, қатъиян дорои як маънои муайян мебошад».[2] Аз ин рӯ, донистани асли баромад, маънои луғавӣ ва сохту таркиби ҳар як истилоҳи грамматикӣ (инчунин, фонетикӣ, лексикӣ, орфографӣ, пунктуатсионӣ, услубшиносӣ ва ғ.) ба хонандагон барои ҳар чӣ мушаххастар фаҳмидани моҳияти мавзӯъҳо, пеш аз ҳама, таърифоти грамматикӣ, бешубҳа, ёрии амалӣ хоҳад расонд. Барои ҳамин ҳам, дар дарсҳои забони тоҷикӣ шарҳи истилоҳоти забоншиносӣ яке аз рукнҳои ҳатмии қисмати луғатомӯзӣ ва яке аз «қисматҳои ҳатмии таркибии кор доир ба инкишофи нутқи хонандагон»[3] дониста мешвад. Аз ин ҷиҳат, шарҳи асли баромад ва маънои луғавии бисёр истилоҳоти забоншиносии ба китобҳои дарсии забони тоҷикӣ воридшуда аз қабили синоним, омоним, антоним, исм, феъл, сиға, мубтадо, хабар ва амсоли инҳо дар ҷараёни баёни мавзӯъҳо ҳатмист. Барои он ки хусусан, донистани маънои луғавии худи истилоҳ аксари мавридҳо барои ҳар чӣ беҳтару бештар фаҳмида аз бар намудани таърифи марбут ба ҳамон истилоҳ додашуда ба хонандагон, бешубҳа, ёрӣ мерасонад. Масалан, чунон ки маълум аст, ҷои асосии мубтадо дар ҷумла аввали он аст. Аз ин ваҷҳ, агар ба хонандагон фаҳмонида шавад, ки мубтадо калимаи арабӣ буда, синоними калимаҳои оғоз, ибтидо, аввал ба шумор меравад, онҳо мафҳуми истилоҳи мазкурро дақиқтар дарк мекунанд. Зеро мафҳуми грамматикӣ – дар аввали ҷумла омадани мубтадо ва маънои луғавии он – оғоз, ибтидо, аввалро ифода намуданаш дар якҷоягӣ яке мафҳуми дигареро пурратару мушаххастар намоиш медиҳанд. Хусусан, дар синфи V чунин шарҳ додани мафҳуми луғавии калимаи мубтадо ва ҷои мубтадо, ҳамчун сараъзо, дар ҷумла ба маҳорати ҷумласозии хонандагони ҳамин синну соли мактабӣ басо мусоидат мекунад. Зеро онҳо аксар ҷумлаҳоеро (аз қабили «Қобил талабаи аълочӣ аст. Мо ӯро ҳурмат мекунем. Ман ба шаҳр меравам. Китоб манбаи дониш аст» ва ғ.) мисол меоваранд, ки мубтадоҳо дар он ҷумлаҳо бештар дар аввал омадаанд.

Бояд донист, ки «истилоҳот ҳар кадом ифодакунандаи як мафҳуми илми забон буда, надонистани маънои луғавии асли баромади онҳо боиси нуқсони дониши шогирдон ва зиёда аз ин, сабаби қориёна аз худ намудани, хусусан, таърифоти грамматикӣ аз тарафи онон мегардад».[4] Аз ин хотир, зарурати масъаларо забоншиноси машҳури рус Р.А. Будагов эҳсос карда таъкид намудааст, ки «дақиқии дониш нисбати ин ё он ҳодисаи табиат ё ҷамъият ба дақиқ сарфаҳм рафтан ба ном ва ё истилоҳи он марбут аст».[5]

Аз ин рӯ, гуфтаҳои фавқ далолат ба он мекунанд, ки дар дарсҳои забони тоҷикӣ ташкили кор ба луғати истилоҳотӣ бояд ҳама вақт ҳангоми шарҳу маънидоди таърифу қоидаҳои грамматикӣ дар мадди назари омӯзгорон бошад.* Ҳамчунин, барои ба ҷо овардани гуфтаҳои боло, то ки ташкили кори омӯхтани луғати истилоҳоти забоншиносӣ дар дарсҳои забони тоҷикӣ боз ҳам самараноктар ба роҳ монда шавад, зарур аст, ки ҳар як истилоҳ: а) дар доскаи синф ба ҳарфҳои калон-калону хоно навишта шуда, дар болояш аломати зада гузошта, орфограммаи мураккаби он махсус ишора карда шавад; б) аз тарафи чанд нафар хонанда (албатта, аввал аз тарафи муаллим) бо овози баланду возеҳ ҳам ҳиҷо ба ҳиҷо ва ҳам якбора бо риояи ҷои гузошта шудани задааш (шояд тамоми синф баробар) талаффуз кунанд; в) дар дафтари луғати хонандагон бехато нависонда шавад; г) барои он ки истилоҳ дар корҳои хаттии хонандагон бехато навишта шавад, хатоҳои онҳоро дар талаффуз ва навишти ҳамон истилоҳи муайян ислоҳ карда истодан зарурат дорад, то даме ки пурра талаффуз ва тарзи дурусти он ислоҳро аз худ накунанд.[6] Масалан, хонандагон аксар вақт суффиксро суфикис, префиксро, префикис, исмро-исим, мубтадоро мутадо, муайянкунандаро муянкунанда талаффуз мекунанд, ки чунин нуқсонҳо ва амсоли ин бояд ҳатман саривақт пешгирӣ карда шаванд.

Ҳамзамон, бояд донист, ки дар ҷараёни дарс бар хилофи талаби барнома ва китобҳои дарсӣ ба ҷои ин ё он истилоҳи дар китобҳои дарсӣ додашуда худсарона муодилҳои дигари онро истифода намудан тавсия дода намешавад

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *