Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Баъзе мулоҳизаҳо доир ба масъалаҳои асосии таълими фонетика

1.Дар дарси аввал ба хонандагон доир ба асли баромад ва маънои луғавии истилоҳи фонетика, таърифи он, дастгоҳи гуфтор, яъне узвҳои нутқ ва вазифаҳои онҳо дар ҳосил шудани овозҳо ва (агар синф пурқувват бошад) доир ба мафҳуми овоз ва ҳарф маълумот дода мешавад. Аз ҷумла, фаҳмондан лозим аст, ки фонетика аз калимаи юнонии фоне, ки маънои овоз, садо ва нутқро ифода мекунад, гирифта шудааст. Вале фонетика, ҳамчун илм, на илм дар бораи, умуман, овозҳо, балки илм дар бораи овозҳои нутқ аст.[1] Ҳамчунин, хонандагон бояд дуруст дарк кунанд, ки ҳосил шудани ин ё он овози нутқ низ ба фаъолияту амали ин ё он узвҳои нутқ (забон, лабҳо, дандонҳо, садопарда, шуш, хирной, хекиртак, даҳон, коми болою поён, забонча, димоғ), хусусан, ба амали узвҳои фаъоли нутқ – забон, лабҳо, садопарда, шуш, коми болою поён ва забонча вобастагии қавӣ дорад. Дар ин бобат аз шарҳи муаллим бояд ба хонандагон дақиқ дастур дода шавад, ки ҳангоми ҳаракати кадоме аз ин узвҳо маҳз ин ё он овози нутқ ташаккул меёбад. Масалан, донанд, ки ҳангоми талаффузи овозҳои б, п, м лабҳо ба ҳам ҷафс шуда, вале дар ҷараёни талаффузи овозҳои в ва ф лаби поён ба дандонҳои боло бармехӯраду ҳангоми талаффузи овозҳои д, т, з, с расиши нӯги забон ба дандонҳои пеш ҳис карда мешавад ва ғ. Ҳамин тавр, масъалаи шарҳи дурусту илмии хусусият ва вазифаи дастгоҳи гуфтор ба андешае «калиди боби «Фонетика»-ро ба дасти шогирдон додан буда, дарки дигар мавзӯъҳои таркибии марбути ин фасли забон барояшон хеле ва хеле ба осонӣ даст хоҳад дод.[2]

Ҳангоми шарҳи овоз чисту ҳарф чист, пеш аз ҳама, хонандагон фаҳманд, ки на ҳамаи овозҳое, ки инсон талаффуз мекунад, ба овозҳои нутқ мансубанд. Ҳамчунин, онҳо бояд донанд, ки овоз хурдтарин воҳиди нутқ буда, барои фарқ кардани маъно (ва ҳам шакл) дар калима хизмат мекунад. Ва доир ба ин нукта шогирдон дақиқ фаҳманд, ки аксар вақт иваз намудани як овоз дар калима боиси тамоман дигар шудани он калима чи аз ҷиҳати маънову ва чи шакл хоҳад гашт. Масалан, дигар шудани овозҳои аввал, охир ва ё мобайн дар калимаҳои зерин: хона, шона, дона; бор, боз, боғ, боҷ, бок; буд, бад, бед, бод ва ғ.

Хонандагон, албатта, ҳанӯз аз синфҳои ибтидоӣ медонанд, ки овозҳоро дар навишт бо ҳарфҳо ифода мекунанд. Ва чунин таърифҳоро «Овозро мешунавем ва талаффуз мекунем», «Ҳарфро мебинем ва менависем» аксар медонанд. Аммо дар амал онҳо байни овоз ва ҳарф фарқ гузошта натавониста, дар шарҳи онҳо ба омезиш (садонокро ҳамсадо ва баръакс ҳамсадоро садонок пиндошта, миқдори садоноку ҳамсадоҳоро, хусусан, дар мавриди каму зиёд будани миқдори овоз ё ҳарф дар айни як калима) роҳ медиҳанд. Аз ин рӯ, то ки чунин ҳолат рух надиҳад, аз хелҳои зерини машқҳо бояд истифода бурд: 1) Дар ҷумлаи зерин ба зери калимаҳое хат кашед, ки миқдори овоз ва ҳарфашон баробар бошанд:[3] Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вақти аз зина баромадан ё фаромадан бо даст салом кардан мумкин нест.

2) Дар ҷумлаи зерин ба зери калимаҳое хат кашед, ки миқдори овозашон нисбат ба ҳарфҳо зиёд бошанд: Одамон ҳангоми аз сафар баргаштан бо хешовандон, дӯстон, ҳамсояҳо якдигарро ба оғӯш гирифта мебӯсанд.

3) Ба зери калимаҳое хат кашед, ки дар онҳо миқдори ҳарф нисбат ба овоз зиёдтар бошад: санъат, маъруф, машъал, таърих, масъул, маъно, ҷамъият.

Дар ҷараёни иҷрои машқҳо хонандагонро ба чунин хулоса овардан лозим аст, ки миқдоран зиёд будани овозҳо, пеш аз ҳама, дар калимаҳое ба мушоҳида гирифта мешавад, ки агар дар таркибашон ҳарфҳои ётбарсар (ё, ю, я, е) бошанд. Зеро ётбарсарҳо, гарчи бо як ҳарф навишта шаванд ҳам, дар талаффуз, хусусан, сетои аввал ҳама вақт ду овозро: ё – йо, ю-йу, я-йа, ифода мекунанд.* Е дар калима дар сурати пас аз садонок (хонае, порае, омадаем, рафтаем) ва ҳангоми дар аввали калима (елим, ему хошок, Европа) омаданаш чун ётбарсарҳои дигар бо ду овоз йэ талаффуз карда мешавад. Ин ҳарф дар калима бо ҳамсадо ҳиҷои кушода (рӯзе, шаҳре, деҳе, моҳе) ва бо ду ҳамсадои дар ду тарафаш буда ҳиҷои бастаро (шер, дер, зер, омадем, рафтем) ташкил диҳад, на чун ётбарсар, балки ҳамчун садоноки э талаффуз карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо бояд ҳамчун садонок ба ҳисоб гирифта шавад. Ҳамчунин бояд таъкид шавад, ки садонокҳои и ва ӣ-и задонок дар калима дар сурати пас аз садоноки дигар омадан низ чун ётбарсарҳо бо ду овоз (доира, шоира, бобои Шоҳрух, ёбоӣ, зебоӣ, Саноӣ, Навоӣ ва ғ.) талаффуз карда мешаванд. Яъне дар чунин калимаҳо низ миқдори овозҳо нисбат ба ҳарфҳо зиёд ба ҳисоб гирифта мешаванд.

  1. Дуруст таълим додани алфавит (алифбо) ва дақиқ фаҳмонидани моҳияти ҳаматарафа аз худ намудани тартиби алфавити забони тоҷикӣ барои шогирдон дорои аҳамияти амалию ҳаётӣ хоҳад буд. Дақиқ аз худ (аз ёд) намудани алфавит аз рӯи тартиби муқарраршудааш, пеш аз ҳама, ҳангоми таълими таснифоти овозҳои нутқи забони тоҷикӣ (садонокҳо ва ҳамсадоҳо, ҳамсадоҳои ҷарангнок ва беҷаранг, инчунин гурӯҳбандии овозҳои нутқ вобаста ба ҳаракати узвҳои нутқ ё худ ҷои ташкилёбиашон) яке аз заминаҳои боэътимод хоҳад гашт. Аммо чунон ки таҷриба нишон медиҳад, на ҳамаи хонандагони синфи V, алфавити забони тоҷикиро аз рӯи тартиби муқарраршуда медонанд ва номи ҳарфҳоро ҳам.

Мувофиқи талабот алфавит марбут ба тартиби ҳарфҳои дар он омада бояд аз тарафи хонандагон басо дақиқ аз худ карда шавад. Зеро бе дуруст донистани алфавит ва тартиби ҳарфҳо дар он кас, аз ҷумла, хонандагон, аз китобҳои луғат, чунон ки бояд, истифода бурда наметавонанд. Аз ин рӯ, ҳар як хонанда вазифадор аст, ки ҳар як ҳарфро аз рӯи тартиби ҷойгиршавиаш дар системаи алфавит на танҳо бе хато номбар кунад, ҳатто кадом ҳарф пеш ё баъд аз кадом ҳарф истоданашро ҳам донад (масалан, ҳарфи л пас аз ҳарфи к ва пеш аз м истодаасту ҳарфи н пас аз м, ҳарфи охири алфавит я буда, он пас аз ҳарфи ю гузошта шудааст ва ғ.).

Барои он ки гуфтаҳои фавқ марбут ба тарзи ҳифзи алфавити забони тоҷикӣ амалӣ гардад, бояд хонандагон ба иҷрои амалҳои зерин сафарбар карда шаванд: 1) Ҳар як хонанда ҳарфҳоро аз рӯи тартиби муқарраршудаашон дар системаи алфавит бояд бе хато номбар карда тавонад.

2) Муаллим ё хонандае чанд ҳарфро аз ягон қисмати алфавит номбар мекунад, хонандаи дигар боз чанд ҳарфро аз идомаи он ҳарфҳои номбаршуда, хонандаи сеюм боз чанд ҳарфи дигарро ва ғ. Ин машқро дигар хел, масалан, ба тариқи аз ҳарфи охири алфавит я сар карда то оғози ҳарфи аввали он -а қисм-қисм (масалан, 5-то-5-то) ё пурра номбар намудани ҳарфҳо ҳам ташкил намудан мумкин аст.

3) Яке аз машқҳои сермаҳсул дар ин бобат он аст, ки агар хонандагон бо супориши муаллим номи фанҳо, рӯзҳои ҳафтаву моҳҳо, шаҳру давлатҳо, дарёву уқёнусҳо, ном ва насаби ҳамсинфон ё худ адибонро аз рӯи алфавит ба хотир оварда нависанд. Усули дигари машқи ҳифзи алфавит низ дар таҷрибаи кори омӯзгорон ба мушоҳида мерасад: бо дархости муаллим ҳар чӣ бештар номбар намудани силсилаи калимаҳое, ки ҳарфи аввалашон а ё б ё худ в мебошад. Чунончи: Ашт, Абдулло, ангур, арзан, Аскар, анор, арзон, ахтар, Арманистон, асбоб, Артиши Миллӣ; Баҳром, баҳор, Баҳодур, баҳра, баодоб, баҳр, барг, барзагов, Бадахшон ва ғ. Бояд гуфт, ки ин ҳар ду усули истифодаи машқҳои номбаршуда то андозае хонандагонро дар рӯҳияи бе хато навиштан ҳам тарбия менамоянд.[4]

Таъкид бояд намуд, ки хонандагон аксар дар алфавити забони тоҷикӣ аз 35-то иборат будани ҳарфҳоро донанд ҳам, вале чӣ тавр гурӯҳбандӣ шудани онҳоро аз рӯи хусусияти овозиашон дақиқ намедонанд. Дар ин бобат диққати онҳо, пеш аз ҳама, ба чунин нукта ҷалб карда шавад. Яъне онҳо донанд, ки аз 35-ҳарфи дар алфавит буда 6-тоаш овозҳои садонок, 23-тоаш овозҳои ҳамсадо, чортоаш ётбарсар ба шумор рафта, ду ҳарфи боқимонда -ъ ва ӣ махсус овозҳои алоҳидаро ташкил намедиҳанд.

  1. Таълими садонокҳо ва ҳамсадоҳо низ аз масъалаи басо муҳими фонетика ба шумор меравад. Гап дар сари он аст, ки аксар хонандагон овозҳои садонок ва ҳамсадоҳоро дар алоҳидагӣ номбар кунанд ва ё дар такриби калимаҳо онҳоро фарқ карда тавонанд ҳам, сабаби чаро садонок ва ҳамсадо номида шудани ин ду гурӯҳи овозҳои нутқро шарҳ дода наметавонанд. Ё худ 13-то будани ҳамсадоҳои ҷарангноку 10-то будани ҳамсадоҳои беҷарангро донанд ҳам, ба саволи «Чаро ҷарангноку чаро беҷаранг? номида шудани он ҳамсадоҳо, масалан, ба саволи «Чаро б ҳамсадои ҷарангнок асту п беҷаранг?» аксар ҷавоб дода наметавонанд. Гумон меравад, ки сабаби бештар ба мушоҳида гирифтани ин ҳолат он аст, ки масъалаи мазкур на танҳо дар китобҳои дарсии мактаби миёна, балки дар китобҳои барои мактабҳои олӣ таҳияшуда низ дақиқ шарҳ дода нашудааст.

Марбут ба ин гуфтаҳои охир муаллимро лозим меояд, ки вобаста ба кору фаъолияти дастгоҳи нутқ, аввалан, хусусиятҳои умумӣ ва аз ҳам фарқкунандаи садонокҳо ва ҳамсадоҳоро ба хонандагон (шояд ба тафсил бошад ҳам) фаҳмонад, то ки хусусиятҳои асосии ин ду гурӯҳи овозҳои нутқро на ба тариқи механикӣ (рӯякӣ), балки аз ҷиҳати илмӣ бошуурона аз бар намоянд. Аз ин рӯ, муаллим, сараввал, «ба таври мухтасар дар бораи узвҳои нутқ ва иштироки онҳо дар ташаккули ин ду гурӯҳи асосии овозҳои нутқ… маълумот медиҳад».[5] Ҳамчунин, лозим аст, ки ин лаҳза ба хонандагон дар бораи мафҳумҳои садо, шавшув, ки дар заминаи онҳо овозҳои нутқ пайдо мешаванд, маълумот дода шавад. Аз шарҳи муаллим ба шогирдон бояд нуктаҳои зайл маълум шавад: он овозҳое, ки ба тавассути онҳо садонокҳо талаффуз карда мешаванд, садо, яъне овозҳои ҷарангосӣ ном доранд. Дар талаффузи ҳамсадоҳо бошанд садо ва шавшув (овози пасти хиширросӣ) ширкат меварзанд.

Сипас, аз шарҳи муаллим хонандагон амалан дарк кунанд, ки ҳангоми талаффузи садонокҳо ҳавои аз даҳон бароянда ба ягон монеа (бе ба ҳам бархӯрдан ё расидану молишхӯрии узвҳои нутқ) дучор намешавад. Аз талаффузи ҳар яки онҳо танҳо як овоз шунида мешавад, «онҳо кашишнок… талаффуз карда мешаванд, оҳангдоранд, бо ёрии онҳо суруд хондан (масалан, о-о-о-о…; э-э-э-э… ва ғ.-С.Ш.) мумкин аст…».[6] Аз рӯи ҳаракати лабҳо лабӣ (о, у, ӯ) ва ғайрилабӣ (а, и, э) мешаванд. Дар ин бобат бояд шарҳ дод, ки ҳангоми талаффузи садонокҳои лабӣ – лабҳо ба пеш кашида шуда, як дараҷа ҳолати доиравиро мегиранду ҳини талаффузи садонокҳои ғайрилабӣ лабҳо каме кушода шаванд ҳам, ҳаракати онҳо қариб эҳсоснашаванда мебошад.

Дар қиёс бо садонокҳо ҳамсадоҳо овозҳое мебошанд, ки дар ташаккули онҳо ҳам садо ва ҳам шавшув ширкат меварзанд ё худ онҳо – ҳамсадоҳо аз садо ва шавшув ташкил ёфта, ҳатман ҳангоми талаффузашон ҳавои аз даҳон бароянда ба ягон монеа дучор мешавад. Чунончи, ҳангоми талаффузи овозҳои б, п лабҳо ба ҳам бархӯрда, дар вақти талаффузи овозҳои з, с нӯги забон ба дандонҳои пеш мерасад. Ба ҷуз ин, ҳангоми аз рӯи номашон талаффуз намудани ҳар як ҳамсадо ду овоз – бе, ве, ге, ғе ва ғ. шунида мешавад.

Маълум аст, ки ҳамсадоҳо ба ду гурӯҳ – ҷарангнок ва беҷаранг ҷудо карда шудаанд. Хонандагон бояд аз шарҳи муаллим дарк кунанд, ки ба чунин гурӯҳҳо – ҷарангнок ва беҷаранг ҷудо карда шудани ҳамсадоҳо вобаста ба ширкати садо ва шавшув ба вуҷуд омадааст. Ва ҳамсадоҳои ҷарангнок онҳое (шумораи онҳо 13-то: б, в, г, д, ж, з, й, л, м, н, р, ғ, ҷ) мебошанд, ки дар ташаккулашон ҳам садо ва ҳам шавшув ширкат меварзанд. Дар ташаккули ҳамсадоҳои беҷаранг бошад (онҳо миқдоран 10-то: к, п, с, т, ф, х, ҳ, ч, ш, қ) танҳо овозҳои шавшув ширкат меварзанд.

Бояд гуфт, ки маҳз дарки он, ки ҳамсадоҳои ҷарангнок аз садо ва шавшув, вале беҷарангҳо танҳо аз шавшув ташкил меёбанд, қариб, ки ин мафҳумҳо барои аксари хонандагон мудом дастнорас мемонанд. Лозим аст, ки дар ин бобат се нукта амалан шарҳ дода шавад. Чунончи: 1) Чи ҳамсадоҳои ҷарангнок ва чи беҷарангро то ҳадди ақал паст талаффуз кардан лозим. Дар чунин ҳолат ҳамсадоҳои ҷарангнок аксар чун ҳамсадоҳои беҷаранг (масалан, б чун п, в чун ф, г чун к) талаффуз карда мешаванд, вале ҳамсадоҳои беҷаранг ҳар қадар паст талаффуз карда шаванд ҳам, дар онҳо ягон навъ тағйироти овозӣ рӯй намедиҳад. Хулоса аз гуфтаи охир ин аст, ки ҳангоми ниҳоят паст талаффуз кардани ҷарангнокҳо аз онҳо садо барҳам хӯрда, танҳо шавшув боқӣ мемонад, ки дар натиҷа аксари онҳо, ба ҷуз ҷарангнокҳои л, м, н, р ба яке аз овозҳои беҷаранг (б ба п, д ба т, ҷ ба ч ва ғ.) шабоҳат пайдо мекунанд.

2) Нишонаи дигари фарқ кардани ҳамсадоҳои ҷарангнок аз беҷаранг чунин аст: ду панҷаро ба ду тарафи хекиртак гузошта, бо навбат як овози ҷарангнок, як беҷарангро талаффуз кардан гиред. Дар ин ҳолат шумо ҳангоми талаффузи ҳар як ҷарангнок нисбат ба талаффузи беҷаранге ларзиши як андоза дақиқ эҳсосшавандаро ҳис мекунед.

3) Агар бо ангуштони ишорат гӯшҳоро сахттар маҳкам намуда, ҳамсадоҳои ҷарангнокро ба тарзи дар боло зикршуда талаффуз намоед, ин лаҳза ҳини талаффузи ҳар як ҷарангнок таконе ва ё зарбаеро дар зери ангуштони ҳис мекунед, ки ин ҳолат дар ҷараёни талаффузи беҷарангҳо қариб эҳсоснашаванда аст.

Хонандагон, ҳамчунин, бояд донанд, ки ҳангоми талаффузи овозҳои беҷаранг ҳаво аз даҳон бештар мебарояд. Ин нукта бо ду роҳ муқаррар карда мешавад: ё шамъи даргирифтаистода ё худ кафҳои дастро ба даҳон хеле наздик оварда, аввал, ҳамаи ҳамсадоҳои ҷарангнок, баъд, тамоми беҷарангҳоро талаффуз кунед. Дар ин ҳолат, хусусан, дар ҷараёни талаффузи беҷарангҳо дар кафи даст намӣ ё худ арақ пайдо шуда, агар дар назди даҳон шамъ нигоҳ дошта шуда бошад, аз фишори ҳавои аз даҳон бароянда, хусусан, дар вақти таллафузи беҷарангҳои п ё ф хомӯш шудани шамъ аз гумон дур нест.*

Пас аз шарҳи фавқ марбут ба роҳҳои аз ҳам фарқ намудани ҳамсадоҳои ҷарангнок аз беҷаранг, ки он ҳама хусусиятҳои ин ду гурӯҳи овозҳои нутқро намоиш медиҳанд, муаллим метавонад диққати шогирдонро, умуман, ба таснифоти овозҳои ҳамсадо аз рӯи ҳаракати лабҳо, ки лабӣ ва ғайрилабӣ (ғайрилабиҳо боз, дар навбати худ, ба шаш гурӯҳ – лабу дандонӣ, нӯгизабонӣ, миёназабонӣ, пасизабонӣ, бехизабонӣ ва халқӣ ҷудо карда шудаанд)[7] мешаванд, ҷалб мекунад. Хуб мешавад, ки ҳангоми ба ин тарз тасниф намудани ҳамсадоҳо (аз ҷумла, ҳангоми таснифоти садонокҳо ҳам), ҳамчун аёният, аз таблитса (харитаи анатомӣ)[8] истифода бурда шавад.

Барои он ки мавзӯи «Ҳамсадоҳои ҷарангнок ва беҷаранг» ба хонандагон беҳтару хубтар дастрас гардад, дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ онҳоро ба иҷрои машқҳои зерин ҳам бояд водор намуд: а) дар калимаҳои додашуда бо муайян намудани ҳар як ҳамсадои ҷарангноку беҷаранг шарҳ додани хусусиятҳои дигари ҳамон ҳамсадо;

б) дар калимаҳои додашуда шарҳ додани баъзе ҳодисаҳои фонетикие, ки дар ҷараёни талаффузи онҳо мушоҳида карда мешавад. Масалан, пеш аз ҳамсадои беҷаранги т басо хира талаффуз шудан ва ё талаффуз нашудани ҷарангноки д (баландтар, зудтар , хурдтар) ё худ беҷаранг (чун п) талаффуз шудани ҷарангноки б (иптидо – ибтидо; муптадо – мубтадо), пеш аз ҷарангноки г ва ё беҷаранги т-и дуюм пурра талаффуз нашудани ҳамин ҳамсадо, яъне т (дастгоҳ, истгоҳ пасттар, сахттар), пас аз садонок хира талаффуз шудан ё нашудани ҳамсадои беҷаранги ҳ (истгоҳ, хобгоҳ, ҷойгаҳ, рӯбоҳ, ҳамроҳ) ва ниҳоят, дар охири калима пас аз ҳамсадои ҷарангноки н қариб пурра талаффуз нашудани ҷарангноки д (баланд, омаданд, рафтанд, гуфтанд ва ғ.) эҳсос карда мешавад.

Доир ба ин ҳама ҳодисаҳои фонетикие, ки дар басти боло таъкид гардид, хонандагон аз шарҳи муаллим бояд фаҳманд, ки тағйир ёфтани чи ҳамсадои ҷарангнок ва чи беҷаранг танҳо дар ҷараёни талаффузи калимаҳо рух медиҳанд. Аммо тарзи навишти калимаҳо, ки дар ҷараёни талаффузашон ин ё он ҳодисаи фонетикӣ эҳсос карда мешавад, аз рӯи принсипи морфологии имло баррасӣ мегардад. Зеро агар он калимаҳо аз рӯи тарзи талаффузашон навишта шаванд, маънояшон коста гардида, ба хусус, ба фаҳмидани мазмуни ҷумла ин ё он душвориеро пеш меоранд. Барои ҳамин ҳам, ҳангоми шарҳи ҳодисаҳои фонетикӣ ва таҳлили мисолҳо калимаҳоро дар ду шакл ҳам аз рӯи тарзи талаффуз (зарча, пастар, даспона, дастгирӣ, исгоҳ) ва ҳам аз рӯи имлои аслиашон (зардча, пасттар, дастпона, дастгирӣ, истгоҳ) бо ишора намудани овозҳои дар талаффуз эҳсоснашаванда дар тахтаи синф, дар ду сутун, навишта ба тариқи муқоиса шарҳ додан зарурат дорад. Ҳамчунин, аз шарҳи муаллим ба шогирдон ҳамин нукта ҳам маълум гардад, ки ҳамаи он калимаҳое, ки тарзи навишташон аз тарзи талаффузашон фарқ мекунанд, дар мавриди дигар (ба шарти аз онҳо соқит шудани решаи дуввум, ё пасванд) масалан, дар сурати ба онҳо ҳамроҳ шудани ҳиссаҳои нави калимасозу калимабанд тарзи талаффуз ва навишташон ба ҳам мувофиқат мекунад. Чунки дар ҳолати нав ҳамон ҳамсадоҳои талаффузашон номаълум ва ҳатто талаффузнашаванда равшану бурро талаффуз карда мешаванд.

Чунончи: баландтар-баланд-баландӣ; зардча-зард-зардӣ; пасттар-паст -пасту баланд; иззатмандтар -иззатманд-иззатмандӣ ва ғ.[9]

  1. И ва Ӣ -и заданок, У ва Ӯ. Таҷрибаҳо собит менамоянд, ки аксари хонандагони мактабҳои ҷумҳурӣ ҳангоми навишти калимаҳои дорои чунин ҳарфҳо буда хато содир мекунанд. Яъне дар калимаҳо ба ҷои и ӣ-и заданок, ба ҷои у ӯ ва баръакс, ӣ -и заданок не – и, ӯ не – у менависанд. Азбаски чунин навъи хатоҳо дар навиштаҳои аксари шогирдон ба мушоҳида мерасад, дар методикаи таълим хатоҳои типикӣ (маъмул) ном гирифтаанд. Аз ин рӯ, омӯзгоронро лозим меояд, ки дар рафти баёни мавзӯъ, ҳангоми таҳлили матну мисолҳо дар тахтаи синф ва баёни хулосаҳои мухтасар доир ба натиҷаи корҳои хаттии дар дафтарҳо иҷронамудаи онҳо диққати аҳли синф бештар ба хатоҳои типикӣ ҷалб карда шавад.

Чунон ки маълум аст, дар забони тоҷикӣ, аслан, овози и якто буда, он вобаста ба мавқеъ кӯтоҳу (китоб, гиреҳ, шитоб, барои, пеши) гоҳо дароз (гир, дид, зишт, оддӣ, ҷиддӣ) талаффуз карда мешавад. Аммо мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дар аввал ва ё дар мобайни калима дароз талаффуз шудани овози и (имрӯз, инак, илм, пир, тир, панир) камтар назаррас буда, дар охири калимаҳо дароз талаффуз шудани он аз ҷумлаи ҳодисаҳои басо сермаҳсули забон ба шумор меравад. Ҳамзамон, ин овоз аз рӯи мавқеи дар охири калима доштааш вазифаҳои гуногуни лекисикию грамматикиро (чунончи, а) ҷузъи ҳатмии реша: шолӣ, холӣ, бибӣ, моҳӣ; б) суффикси калимасоз: баландӣ, пастӣ, меҳнатӣ, имлоӣ; в) ҷузъи дигар суффиксҳо: хонагӣ, рафтагӣ, холигӣ, замонавӣ; г) бандаки феълӣ ва хабарӣ: омадӣ -омадаӣ, хондӣ-хондаӣ ва амсоли ин) адо менамояду дар навишт барои аз и — и муқаррарӣ фарқ кардан ба болояш аломати нимтире (-) — ро ҳамчун рамзи дароз ё худ заданок талаффуз шуданаш мегузоранд ва ба ҳамин сабаб онро ӣ-и заданок меноманд. Вале чун ӣ — и заданок дар охири калима омадани и-и муқаррарӣ низ ҳодисаи сермаҳсули забон ба шумор равад ҳам, он, яъне и-и муқаррарӣ, шаклан танҳо як вазифа -ду калимаро ба ҳам алоқаманд намуда (тирамоҳи пурфайз, зимистони сербарф, шаҳри Душанбе), ибора месозад, ки аз рӯи чунин вазифааш онро бандаки изофӣ меноманд. Ана дар чунин мавридҳо хонандагон ҳангоми аз рӯи дикта навиштани таркибу ибораву ҷумлаҳо ва ё дар вақти навиштани диктант, иншо ва нақлҳои хаттӣ дар имлои и-и изофат ва ӣ-и заданок ба дарҳамбарҳамӣ роҳ медиҳанд, яъне ба ҷои ӣ-и заданок изофат ва баръакс ба ҷои изофат (и) ӣ-и заданок менависанд.

Аз ин ваҷҳ, то ки дар навиштаҳои хонандагон чунин омехтакунӣ дар имлои и-и изофату ӣ-и заданок рух надиҳад, омӯзгоронро лозим аст, ки шогирдонро, пеш аз ҳама, ба иҷрои чунин машқҳо, ки ба тариқи муқоиса барасӣ шудаанд, сафарбар намоянд:

  • Ибораҳои изофиеро дикта ва қироат кардан лозим аст, ки ҳарфи охири ҷузъи тобеашон ӣ-и заданок бошад. Чунончи: кори фикрӣ, гандуми баҳорӣ, шаҳри бостонӣ, китоби бадеӣ, давраи ҷавонӣ, дафтарҳои даврагӣ, меваҳои пухтагӣ, сухани шуниданӣ ва ғ.
  • Аввал, калимаҳои дорои ӣ-и заданок, сипас, ибораҳои изофиеро дикта бояд намуд, ки дар онҳо изофат маҳз дар охири ҳамон калимаҳо васл шуда омада бошад. Чунончи: Рӯдакӣ – Рӯдакии шоир, моҳӣ – моҳии шӯр, холигӣ – холигии даҳон, саҳарӣ – саҳарии барвақт, некӣ – некии фаромӯшнаванда, тозагӣ – тозагии синф, шӯхӣ – шӯхии рафиқона ва ғ.
  • Матнҳоеро барои рӯбардоркунӣ пешниҳод бояд кард, ки ба ҷои нуқтаҳо гузоштани и ё ӣ -и заданокро талаб намоянд. Ин гуна матнҳоро худи муаллим ҳам тартиб дода, тавассути ба тахтаи синф навиштан ва ё ба воситаи кодоскоп ё эпидоскоп намоиш додан метавонад пешкаши хонандагон намояд.

Албатта, зимни қироати муаллим аз тарафи хонандагон танҳо навиштани калимаю ибораҳои дар се басти боло баррасӣ гардида нокифоя аст. Ҳамзамон, талаб бояд намуд, ки он калимаю ибораҳо ва матнҳои бо супориши грамматикӣ рӯбардор карда шударо онҳо низ чун устодашон қироат намуда, ба тарзи талаффузи и-и изофат ва ӣ-и заданок риоя намоянд. Хусусан, аз шарҳи муаллим ва ҳам аз мушоҳидаи мисолҳои дар басти дуюм овардашуда дарк намоянд, ки дар сурати дар охири калимаҳои ӣ-и заданок доштагӣ бандаки изофӣ ва ё дигар ҳиссаҳои калимасозу калимабанд омадан аломати ӣ-и заданок, яъне нимтире, навишта намешавад. Чунончи: доҳӣ -доҳии халқ, моҳӣ -моҳихӯрак, Низомӣ -Низомии Ганҷавӣ, туфлӣ -туфлича, ҳавлӣ -ҳавлиҳо -ҳавлирӯб ва ғ.

Ва албатта, онҳо бояд тақлидан ба мисолҳои дар ҳар басти боло овардашуда аз худ низ калимаву ибораҳоро фикр карда ва ё аз матни асарҳои бадеӣ ба дафтарашон навишта, бо риояи тарзи талаффузи и ва ӣ-и заданок қироат ҳам кунанд.

Ба ҷуз ин ҳама, чунон ки гуфтем, ӣ-и заданок вазифаи бандаки феълӣ ва хабарии шахси дуюми танҳоро (хондӣ-хондаӣ; дидӣ -дидаӣ) низ адо менамояд. Дар ин бобат бояд хонандагон фаҳманд, ки дар чунин ҳолат он шиддатнок ё худ заданок талаффуз карда намешавад, вале дар навишт, барои он ки он, ҳамчун бандаки феълӣ ё хабарӣ, аз бандаки изофӣ фарқ карда шавад, ба болояш ҳамон аломати нимтиреро, чун дар ӣ-и заданок, мегузоранд.

  1. Аз худ намудани хусусиятҳои у ва ӯ дар ҷараёни таълим барои хонандагон баъзе душвориҳоро пеш меорад. Ин душворӣ ҳам дар тарзи талаффуз ва ҳам дар навиштаҳои онҳо баръало мушоҳида мегардад. Яъне ба сабаби он ки овозҳои мазкурро дуруст талаффуз карда наметавонанд, дар навишти калимаҳои дорои чунин ҳарфҳо буда ба хатонависӣ (ба ҷои у ӯ менависанду ба ҷои ӯ у) роҳ медиҳанд. Аз ин рӯ, онҳо аз шарҳи муаллим амалан дарк кунанд, ки дар ҷараёни гуфтор у кӯтоҳу ӯ дароз (Ин маврид муаллим бояд у ва ӯ -ро ду-се маротибагӣ: у-ӯ, у-ӯ, у-ӯ-гӯён ҳамчун намуна талаффуз кунад) талаффуз карда шаванд ҳам, якеро у-и кӯтоҳу дигареро у-и дароз номидан нашояд. Зеро ҳар кадоме аз инҳо дар забони тоҷикӣ овоз ё худ фонемаи мустақил ба шумор рафта, хусусан, дар калимаҳои зайл ба ҷои яке дигареро истифода намудан боиси пурра тағйир ёфтани маънои луғавии калима хоҳад шуд: хурд-хӯрд, бур-бӯр, сум-сӯм, гул-гӯл ва ғ.

Инчунин, барои фаҳмотар шудани нуктаи мазкур ҳар яки ин калимаҳоро дар ҷумлаҳо ҳам шарҳ додан ба мақсад мувофиқтар аст.

Чунончи: 1. Бародари ман ҳоло хурд аст. Ӯ ин пагоҳ шир хӯрд. 2. Гул шукуфт. — Одами гӯл дар ҳаёт азоб мекашад. 3. Бо бӯр менависанд. -Писарам, ин дарахтро бур.[10]

Барои он ки хонандагон дар имлои у ё ӯ ба хато роҳ надиҳанд, барояшон донистани қоидаҳои зерин низ кӯмак хоҳанд кард:

1) Агар дар охири ҳиҷои баста ҳамсадоҳои ҳ, й (йи) ва ъ (аломати сакта) бошанд, пеш аз онҳо на у, балки ӯ навишта мешавад. Чунончи: кӯҳ, нӯҳ, шукӯҳ, рӯҳ; бӯй, ҷӯй, сӯй, мӯй; мавзӯъ, шурӯъ, мӯъмин, лӯъбат, шӯъла ва ғ. Аммо ҳангоми калимасозӣ ё калимабандӣ дар ин калимаҳо ҳиҷоҳои баста ба кушода (кӯҳ-кӯҳӣ -кӯҳи баланд; шукӯҳ -шукӯҳи шаҳр) бадал шаванд ҳам, ӯ навишта мешавад, чунки он на ба ҳиссаи ҳамроҳшуда, балки ба решаи калима мансуб аст. Ин нуктаро метавон бо аломатҳои шартии таркиби калима низ нишон дод.

Масалан, ин тавр: кӯҳ — кӯҳӣ — кӯҳи баланд; нӯҳ- нӯҳум- нӯҳуми май ва ғ. Аммо дар калимаҳои зерин пеш аз ҳамсадои ҳ ӯ не, балки у навиштан лозим аст, чунки дар онҳо ҳ ба ҳиҷои баъдина мансуб аст: муҳим–му-ҳим; муҳаббат–му–ҳаб-бат, муҳокима – му-ҳо-ки-ма ва ғ.

2) Агар дар калима ҳиҷоҳои за, ра, ла, бошанд, пеш аз ин ҳиҷоҳо низ ӯ менависанд: кӯза, мӯза, ғӯра, кӯра, ҷӯра, лӯла, ғӯла ва ғ.

Гуфтан ҷоиз аст, ки на ҳамаи мавридҳои дар калимаҳо омадани овозҳои у ё ӯ ба ин ё он қоидае мансубанд. Муҳимаш, ҳангоми қироати матнҳо, дар калимаҳои дорои чунин овозҳо буда ба меъёри талаффузи у ва ӯ қатъӣ риоя намуда, имлои навишти он калимаҳоро бо роҳи сабташон ба дафтар ба хотир гирифтани шогирдон зарурат дорад. Масалан, чунин калимаҳоро: тӯфон, кӯшиш, кӯтоҳ, гӯшт, сӯзиш, бӯса, бӯрон, бӯғча, дӯст ва амсоли инҳоро.

Барои он ки дар тарзи талаффузи овозҳои у ва ӯ хонандагон малака пайдо кунанд, чунин машқҳоро ҳам бояд истифода бурд.* а) тарзи талаффузи у ва ӯ — ро дар калимаҳои зерин, ки дорои ин ҳар ду овозанд, машқ кунанд: гурӯҳ, шукӯҳ, мурӯд (навъи мева), гуфтугӯ, шустушӯ, пурзӯр, пурхӯр, дурӯғ, дурӯғгӯй, дурӯя ва ғ

[1] Њамон ҷо, с. 87.

[2] Ниг.: Ќурбонов М. Методикаи забони тоҷикӣ дар мактаби миёна, с. 65.

[3] Ниг.: Текучев А.В. Методика русского языка в средней школе, с. 135-136.

* Таъкид.: Бояд гуфт, ки аксари хонандагони мактаб ва донишҷўёни соли аввали факултаҳои филологии мактабҳои олӣ ётбарсарҳоро номбар карда ва шинохта тавонанд ҳам, аммо ба саволи «Чаро ё, ю, я, е-ро ётбарсар меноманд?» ҷавоби мушаххас дода наметавонанд. Аз ин ваҷҳ, ҳангоми шарҳи хусусиятҳои ётбарсарҳо омўзгорон бояд чунин таъкид намоянд: Ин ҳарфҳо дар талаффуз ду овозро ифода мекунанд ва азбаски овози якуми ҳамаи онҳоро ҳарфи й (йи ё худ ёт) ташкил медиҳад, ётбарсар ном гирифтаанд.

[4] Ниг.: Текучев А.В. Методика русского языка в средней школе, с. 137.

[5] Текучев А.В. Методика русского языка в средней школе, с.135.

[6] Ќурбонов М. Методикаи забони тоҷикӣ дар мактаби миёна, с. 65.

* Таъкид. Омўзгорро лозим аст, ки ин ҳама гуфтаҳои фавқро марбут ба роҳҳои фарқ намудани ҳамсадоҳои ҷарангнок аз беҷаранг дар рафти баёни мавзўи «Њамсадоҳои ҷарангнок ва беҷаранг» амалан шарҳ диҳад.

[7] Ниг.: Хаскашев Т., Њомидов Р. Забони тоҷикӣ (Барои синфи V). — Самара: Фёдоров, 2000,с. 86.

[8] Ниг.: Њамон ҷо, с. 77; Текучев А.В. Методика русского языка в средней школе, с. 135.

[9] Ниг.: Ќурбонов М. Методикаи таълими забони тоҷикӣ дар мактаби миёна с. 66-67.

[10] Ниг.: Ќурбонов М. Методикаи забони тоҷикӣ дар мактаби миёна, с. 75.

* Таъкид. Истифодаи усули муқоиса барои ба ҷо овардани ин машқҳо низ дар мадди назар аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *