Фанни Иқтисоди миллӣ

Иқтидори зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иқтидори зеҳнӣ (интеллектуали)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати кормандон ва муассисаҳою ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ муайян мекунанд. Солҳои охир мунтазам афзудани шумораи кормандони соҳиби унвонҳои илмӣ ба назар мерасад.

Ҷадвали 12.1

Хароҷоти буҷети давлатӣ барои илм, ҳиссаи он дар маҷмӯимаҳсулоти дохилӣ ва қисми хароҷоти буҷет дарҶумҳурии Тоҷикистон

1999 2000 2001 2002 2003 2004 2005
ММД бо нархҳои солҳои мутаносиб, млн. сомонӣ 1345,0 1786,8 2563,8 3375,5 4761,4 6167,2 7206,6
Буҷети давлатӣ (қисми хароҷот), млн. сомонӣ 236,4 261,8 379,7 543,0 772,3 1090,6 1402,7
Хароҷоти буҷет барои илм, ҳаз. сомонӣ 1514,8 1155,8 1938,0 2364,4 3204,1 5560,2 7663,3
Хароҷот барои илм нисбат ба ММД, % 0,011 0,064 0,075 0,07 0,067 0,09 0,11
Хароҷот барои илм нисбат ба қисми хароҷоти буҷет, % 0,64 0,44 0,51 0,43 0,41 0,51 0,54

Маъхаз: Тоҷикистон: 15 соли истиқлолияти давлатӣ. Маҷмӯаи оморӣ. — Душанбе, 2006, саҳ. 76, 206, 448.

Муқоиса ва таҳлили рақамҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки ҳиссаи хароҷотҳое, ки аз буҷети давлатии Тоҷикистон барои инкишофи илм маблағгузорӣ мешаванд, бениҳоят кам буда, барои беҳтар кардани вазъияти пешбарии корҳои илмӣ ва амалӣ сохтани пешрафти назарраси технологӣ дар мамлакат мусоидат намекунанд.

Ба мушкилоти мавҷуда нигоҳ накарда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм ва технологияи пешқадам тадриҷан инкишоф меёбанд, дар қатори маблағгузории давлатӣ, манбаҳои дигари ғайридавлатӣ, чунончи, маблағи ҳаргуна фондҳое, ки инкишофи илм ва маорифро дар ҷумҳурӣ дастгирӣ мекунанд, истифода мешаванд.

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази идоракунии илм ва тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Дар ҳайати имрӯзаи он 20 адад пажӯҳишгоҳ, аз ҷумла 8 институти соҳаи илмҳои ҷамъиятӣ, 7 институти соҳаи илмҳои физикаю математика, кимиё ва геология, 5 институти соҳаи илмҳои биологӣ ва тиб, инчунин Кумитаи истилоҳот, ду Маркази илмӣ (дар Хуҷанд ва Хатлон), Шӯбаи маводшиносӣ, Агентии оид ба бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ фаъолият мекунанд.

Бунёдшавии Академияи илмҳои Тоҷикистон (соли 1951) барои пешбарии умуман тадқиқотҳои илмӣ, бахусус илмҳои соҳаҳои астрофизика, сейсмология, геологӣ, кимиёи органикӣ ва ғайриорганиикӣ, биологияи умумӣ, фанҳои ҷамъиятӣ имкониятҳои хуб фароҳам овард. Дар солҳои 60 — уми асри гузашта тадқиқот дар соҳаҳои нав – риёзиёт, физикаи назариявӣ ва таҷрибавӣ, кимиёи нафт ва пайвастагиҳои табиӣ, муаммоҳои физикию кимиёвии тозакунии канданиҳои фоиданок, сохтмони ба заминларзиш тобовар, биологияи радиатсионӣ ва молекулавӣ, фотосинтез, физиология ва биофизикаи растаниҳо ва ҳамчунин тадқиқотҳо доир ба иқтисод, таърих, фалсафа ва шарқшиносӣ густариш ёфтанд.

Ҷадвали 12.2.

Шумораи кормандон, муассисаҳои илмӣ ва иҷрои корҳои

илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1991 2000 2001 2002 2003 2004 2005
Шумораи корман-дони илмию техникӣ (фаъолияти асосӣ)-ҳамагӣ 8501 5376 4999 4287 3404 3384 4891
Аз ҷумла унвони илмӣ доранд:
— доктори илм 226 351 304 334 312 324 15
— номзади илм 1835 1137 1185 987 945 964 1245
Шумораи муасси-саҳои илмию техникӣ, воҳид 68 57 59 60 58 59 57
Ҳаҷми иҷрои корҳо дар як сол, ҳаз. сомонӣ 64,31 1296,1 2093,4 1664,2 3035,1 4649,3 6890,7
аз ҷумла корҳои илмӣ-техникӣ 62,71 1247,7 1884,3 1570,9 2925,5 4543,6 6817,5
аз онҳо:
-корҳои илмӣ-тадқиқотӣ 36,51 704,4 1276,0 1530,5 1805,6 2319,8 6520,7
аз ҷумла
фундаменталӣ 15,81 684,1 864,0 804,1 1324,9 1614,0 5592,3
— тайёркунии намунаҳои таҷрибавӣ 1,61 20,3 27,3 8,9 9,2 126,8 59,0
-корҳои лоиҳака-шӣ барои сохтмон 16,31 505,4 566,6 0,9 798,1 1770,7 69,6
— хизмати илмӣ-техникӣ 4,01 10,3 9,4 21,2 219,6 277,3 168,2
Шумораи аспирантҳо дар охири сол 499 839 811 883 864 870 980
Шумораи хатми аспирантҳо 140 206 202 190 193 191 204

1) Соли 1991 – млн. рубл

Маъхаз: Тоҷикистон: 15 соли истиқлолияти давлатӣ. Маҷмӯаи оморӣ. — Душанбе, 2006, саҳ. 76-82.

Мақоми ҳуқуқии Акдемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои ташкил, фаъолият, мавқеъ дар соҳаи таҳқиқот ва кашфиёт, ваколат ва масъулиятҳои АИ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 10 майи соли 2002, № 52 тасдиқ шудааст, муайян шудаанд.

Академияи илмҳо муассисаи худидорашавандаи олии давлатии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вазифаҳои асосии АИ, ки дар Қонуни номбурда зикр шудаанд, аз инҳо иборатанд:

— иштирок дар тартиб додани пешниҳодҳо оид ба соҳаҳои афзалиятноки сиёсати илмию техникӣ;

— омӯзиш ва таҳияи проблемаҳои муҳими тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва давлатию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарҳанг, забон, таърих, табиат ва вазъи муҳити атрофи он;

— гузаронидани таҳқиқоти бунёдии илмӣ оид ба самтҳои муҳимтарини илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ, ҷамъиятӣ ва санъат бо мақсади афзун гардонидани нерӯи илмию техникӣ, зеҳнӣ ва маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— ошкор сохтани принсипи нави пешрафти илмӣ ва илмию техникӣ, иштирок дар таҳияи афзалиятҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал баровардани таҳқиқоти бунёдӣ ва кашфиёт оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмию техникӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба истифодаи дастовардҳои илм дар амалия, ҳамроҳӣ кардани онҳо ҳангоми татбиқ ва истифода дар истеҳсолот;

— гузаронидани экспертизаи илмии муҳимтарини барномаҳои илмӣ, илмию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва лоиҳаҳои навоварӣ;

— мусоидат кардан ба истифодаи амалии комёбиҳои илми ҷаҳонӣ;

— дидани чорабиниҳо барои тайёр кардани кормандони илмии баландихтисос тавассути унвонҷӯӣ, аспирантура ва докторантура, баланд бардоштани ихтисоси олимон ва мутахассисон, аз ҷумла дар марказҳои илмии хориҷӣ.

Мақомоти роҳбарикунандаи Академияи илмҳоро Маҷлиси умумии АИ, Раёсати АИ, Президенти АИ, Шӯъбаҳои АИ ташкил медиҳанд. Маҷлиси умумӣ мақоми олии роҳбарикунандаи АИ мебошад. Ба ҳайати он аъзои ҳақиқӣ (академикҳо) ва аъзои вобастаи академияи илмҳо дохил мешаванд. Маҷлиси умумӣ аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як сол даъват карда мешавад.

Раёсати академияи илмҳо мақоми доимоамалкунандаи АИ буда, фаъолияти онро идора мекунад. Раёсат дар ҳайати Президенти АИ, ноиби (ноибони) Президент, саркотиби илмӣ, академикҳо – котибони (раисони) шӯъбаҳои АИ ва дигар аъзои Раёсат ба миқдори муайянкардаи Маҷлиси умумӣ ташкил карда мешавад. Аъзои раёсатро Маҷлиси умумӣ ба мӯҳлати панҷ сол интихоб мекунад.

Шӯъбаҳои АИ воҳидҳои асосии илмӣ ва илмию ташкилӣ буда, ташкилотҳои илмии АИ, инчунин олимони як ё якчанд соҳаи илмро муттаҳид менамояд. Ба фаъолияти шӯъба академик–котиби шӯъба роҳбарӣ мекунад, ки ӯро Маҷлиси умумии шӯъба аз байни аъзои ҳақиқӣ (академикҳо) ё аъзои вобаста ба мӯҳлати панҷ сол интихоб менамояд ва Маҷлиси умумии Академияи илмҳо ба вазифа тасдиқ мекунад.

Дар ҳайати АИ ташкилотҳои илмӣ фаъолият мебаранд — институтҳои илмию тадқиқотӣ, филиалҳо, марказҳо. Инчунин барои таъмини фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ, навоварӣ, илмию ташкилӣ, иттилоотӣ, патентию литсензионӣ, метрологӣ, таҳририю нашрӣ, хоҷагӣ ва дигар фаъолият дар ҳайати АИ ташкилотҳои таҷрибавӣ, таҷрибавию конструкторӣ, татбиқкунӣ, хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо амал мекунанд. Дар ҳайати се шӯъбаи Академияи илмҳо институтҳо фаъолият мебаранд.

Фаъолияти илмию тадқиқотиро дар мамлакат дар қатори Академияи илмҳо як қатор муассисаҳои илмии соҳавии тобеияти гуногун ва мактабҳои олӣ пеш мебаранд. Аз ҷумлаи онҳо:

Институти тадқиқоти иқтисодии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Пажуҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии заминшиносӣ, боғдорӣ ва ангурпарварӣ, чорводорӣ, ветеринария, хокшиносии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

Институти илмию тадқиқотии ҳифзи модар ва тифли Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Институти тадқиқоти меҳнати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон ва ғайра.

Иқтидори илмии мактабҳои олии ҷумҳурӣ бениҳоят васеъ гашта, ҳоло қисми асосии мавзӯҳои илмии мамлакат дар кафедра ва лабораторияҳои мактабҳои олӣ иҷро мешаванд.

Дар назди раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии муассисаҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ, табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ фаъолият дорад. Вазифаҳои асосии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ аз инҳо иборатанд:

  • ташкили таҳлили корҳои бузурги тадқиқотии миллӣ;
  • омодасозии тавсияҳо барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди маблағтаъминкунии бартариятноки барномаҳо ва мавзӯъҳои илмию тадқиқотӣ;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи идораҳои илмию тадқиқотӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ новобаста аз тобеияташон дар соҳаи банақшагирӣ ва иҷрои тадқиқот аз рӯйи самтҳои асосии илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ;
  • такмили шаклу усулҳои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ;
  • мусоидат барои мустаҳкам кардани алоқаҳои илм бо истеҳсолот ва истифодабарии комёбиҳои (натиҷаҳои) тадқиқоти илмӣ дар хоҷагии халқ;
  • ҷамъоварии иттилоот оид ба рафти иҷрои тадқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби ҳамаи идораҳои илмӣ ва мактабҳои олии мамлакат.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *