Фанни Иқтисоди миллӣ

ОЛИГОПОЛИЯ

Олигополия – вазъест, ки дар бозор ширкатҳои зиёди бузург (аз 3 то 7-то) ҳукмронанд, маҳсулоташон метавонад якранг ва ё гуногун бошад.

Хусусиятҳои асосии олигополия инҳоянд:

  1. дар бозор амал кардани аз 3 то 7 фурўшанда;
  2. ширкаткунандагони бозор нисбат ба сиёсати нархгузорӣ ва стратегияи маркетинги ҳамдигар ҳассосанд;
  3. ҳар як ширкат сиёсати мустақили бозориашро ҷорӣ месозад, вале дар ин вазъ сиёсат аз рақибон вобаста аст ва маҷбур мешавад мавқеи онҳоро ба эътибор бигирад;
  4. молҳои пешниҳодшаванда метавонанд гуногун ва ё якранг (стандартӣ) бошанд;
  5. молҳои пешниҳодшаванда метавонанд ба ҳам монанд бошанд ва ё аз ҳамдигар ба таври ҷиддӣ фарқ бикунанд;
  6. мавҷудияти монеаҳо барои ба соҳа дохил шудани довталабони нав;
  7. ҳар як аз иштирокчии бозор ба стратегия ва амалиёти корхонаҳои рақиб ҳассосият дорад;
  8. маъмурияти корхонаҳо – ширкаткунандагони бозори монополӣ боварӣ надорад, ки аз ҳисоби коҳиш додани нарх ба мўҳлати дароз натиҷаҳои мусбати дилхоҳ ба даст меоварад.

Навъҳои олигополия – олигополия бо ширкати ҳукмфармо.

Олигополия бо ширкати ҳукмфармо чунин аломатҳои фарқкунандаро дорост:

  1. мавҷуд будани ширкати ҳукмфармо, ки нақши намоянда, фурўшанда ва ё харидори саҳми зиёди маҷмўи ҳаҷми бозорро мебозад ва ба амалиёти стратегӣ қодир аст;
  2. мавҷуд будани шумораи зиёди корхонаҳое, ки ба трест – ширкат дохил намешаванд (аутсайдерҳо), ки ҳама мол ва ё ҳамонанди онро истеҳсол мекунанд, вале қудрати ба нархи бозор таъсир расониданро надоранд;
  3. нарх дар зери фишори сахти ширкати ҳукмфармо таъин карда мешавад; ширкатҳо дар ин фирма иштирок надошта (аутсайдерҳо) ин нархро чун нархи бозор қабул менамоянд.
  4. мавҷуд будани монеаҳо барои ворид шудан ва хориҷ шудан аз соҳа.

Як хусусияти бозори олигополӣ робитаи байниҳамдигарии олигополӣ мебошад.

Робитаи байниҳамдигарии олигополӣ – вобастагии амалиёти ҳар як ширкат аз вокуниши рақибон.

Моҳияти ин падида дар он аст, ки тағйир ёфтани даромаде, ки ширкат аз ҳисоби тағйир ёфтани нархҳо, ҳаҷми истеҳсол ва ҷиҳатҳои сифати маҳсулот гирифта метавонад на танҳо аз вокуниши истеъмолкунандагон, балки аз вокуниши иштироккунандагони дигари бозор низ вобаста аст.

Робитаи байниҳамдигарии олигополӣ падидаи якмаънӣ нест, чунки ба ду натиҷаи ба ҳамдигар мухолиф оварда расониданаш мумкин аст:

  1. пурзўр шудани рақобат;
  2. созиш байни иштироккунандагони бозор.

Омилҳои пайдоиш ва рушди олигополия инҳоянд:

  1. афзоиши бештари тамаркузи истеҳсолот ва сармоя;
  2. коҳиш ёфтани хароҷот барои истеҳсоли як маҳсулот;
  3. қудрат доштан барои назорати бозор ва нархҳо;
  4. имконияти ба ҳисоб гирифтани амалиёти ширкатҳои рақиб.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *