Фанни Иқтисоди миллӣ

Иқтисоди соя

Чанд таърифу қоидаҳои иқтисоди соя вуҷуд доранд.

Иқтисоди соя, як навъ фаъолиятест мухолифи қонунгузории амалкунанда дар давраи муайяни замон.

Иқтисоди соя – маҷмўи амалиёти хоҷагидорист, ки дар навбати худ ғайриқонунӣ мебошанд ва ҷинояткориҳои вазнини дараҷаҳои гуногунро дар зимнашон доранд.

Иқтисоди соя (иқтисоди ғайриқонунӣ, иқтисоди ғайришаръӣ) як навъ фаъолияти хоси истеҳсол, истеъмол, табодул ва тақсимоти неъматҳои моддист, ки аз аз ҷониби ҷомеа назорат карда намешаванд.

Иқтисоди соя се бахшро дар бар мегирад:

1) иқтисоди ғайрирасмӣ – ҳама гуна навъҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки расман иҷозат дода шудаанд. Дар доираи ин навъ фаъолият истеҳсоли мол, хизматрасонӣ, пинҳон доштан аз андозбандӣ вуҷуд дорад;

2) иқтисоди сохта – ба ин иқтисод порахўрӣ, ҳар гуна қаллобиро, ки дар навбати худ бо додани маблағи пул вобаста аст, дохил метавон кард. Ба ин ҷо инчунин изофанависӣ, ҳар гуна дуздӣ, муомилоти ҳаннотӣ дохил мешаванд;

3) иқтисоди махфӣ – ҳар гуна навъҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки қонун онҳоро манъ кардааст.

Сабабҳои рушди иқтисоди соя инҳоянд:

1) ба хориҷа бурдани сармоя, ашёи хом ва захираҳои энергетикӣ. Амалан қисми асосии муомилот бар асоси қонун сурат мегиранд: ба тавассути ширкатҳои миёнарав ашёи хом бо нархи паст ба кишварҳои хориҷӣ фурўхта мешавад;

2) амали хоҷагидорӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба қайд гирифта нашудааст ва дар навбати худ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ҷой дорад.

Саркашӣ кардан аз қайди расмии шартномаҳои тиҷоратӣ ва ё дидаю дониста таҳриф кардани мундариҷаи онҳо ҳангоми бақайдгирӣ нишонаҳои фаъолияти иқтисоди соягӣ мебошанд.

Субъектҳои иқтисоди соя инҳоянд:

1) унсурҳои ҷиноятпеша;

2) хоҷагидорони ғайриқонунӣ амалкунанда;

3) муздурон;

4) давлатмардони порахўр.

Ду тарзи мубориза бо иқтисоди соя вуҷуд дорад:

1) радикалӣ-либералӣ – муқаррароти мақсаднок оид ба суръати ниҳоят баланди сармояғундории зинаи аввал;

2) репрессивӣ (фишороварӣ) – вокуниши махсус ба ҷиҳатҳои манфии дар либералӣ ишорашуда.

Тарзи репрессивӣ амалиёти зеринро дар бар мегирад:

1) густариш ва таҳкими шўъбаҳои дахлдории ВКД, Амнияти миллӣ, нозироти андоз, политсияи андоз ва Вазорати молия;

2) беҳсозии ҳамкории мақомоти дахлдор оид ба ин масъала, ташаккули низоми назорати ҳарҷониба ва иттилоърасонӣ (хабаррасонӣ), ба таври умумӣ пурзўр намудани қонунгузорӣ, пурзўр намудани ҷазоҳо.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *