Фанни Иқтисоди миллӣ

Хароҷоти доимӣ ва тағйирёбанда

Якчанд таърифи хароҷотӣ доимӣ ва тағйирёбанда вуҷуд доранд.

Хароҷоти доимӣ – хароҷоте ки ҳангоми тағйир ёфтани миқдори маҳсулоти истеҳсолшаванда (ҳаҷми истеҳсолот) бетағйир мемонанд.

Хароҷоти доимӣ – хароҷоте, ки андозаашон ҳангоми тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот тағйир намеёбад.

Хароҷоти доимӣ – хароҷоте, ки андозаашон аз тағйир ёфтани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ва фурўши маҳсулот вобаста нест.

Хароҷоти доимӣ иборатанд аз:

1) маблағи пардохтҳои иҷора ва рента;

2) музди меҳнати кормандони маъмурияту идоракунандагон;

3) маблағи ҳисоби хўрдашавии воситаҳои асосӣ;

4) маблағҳои суғуртавӣ – пардохтҳои ҳатмӣ;

5) пардохти маблағи вомбаргҳо.

Дар аввали кор маблағи хароҷоти доимӣ афзоиш меёбад. Афзоиши онҳо мутаносибан ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда ба пастравӣ дучор меояд.

Хароҷоти тағйирёбанда – хароҷоте, ки андозаи онҳо мутаносибан ба тағйироти ҳаҷми истеҳсолот тағйир меёбад.

Ба ин навъ хароҷот маблағҳои музди меҳнат, хизматрасонии нақлиёт, хариди ашёи хом, сўзишворӣ, маводи кўмакрасон, маблағҳо барои ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Хароҷоти тағйирёбанда – хароҷоте, ки аз ҳаҷми истеҳсолот ва фурўши маҳсулот, яъне хароҷоти мустақими захираҳои гуногун вобастаанд.

Хароҷоти тағйирёбанда иборатанд аз:

1) харҷи моли хом ва маводи зарурӣ барои истеҳсоли навъҳои муайяни маҳсулот (молҳо, корҳо, хизматрасонӣ);

2) музди меҳнати коргароне, ки дар истеҳсолоти асосӣ машғуланд ва ғайра.

Хароҷоти тағйирёбанда бевосита аз ҳаҷми истеҳсолот вобастаанд.

Дар аввал афзоиши хароҷоти тағйирёбанда мутобиқан ба андозаи афзоиши маҳсулот бо суръати паст ҷараён мегирад. Баъдтар онҳо ба суръати баланд афзоиш меёбанд. Дар ин вазъ қонуни боздеҳи коҳишёбанда амал менамояд.

Хароҷоти доимӣ ва тағйирёбанда дар маҷмўъ андозаи хароҷоти умумии корхонаро ташкил медиҳанд.

Хароҷоти нохолиси умумӣ – маблағи умумии хароҷоти доимӣ ва тағйирёбанда мебошад.

Даромади нохолис (умумӣ) – маблағи ба пул гардондашудаи баробар ба андозаи воситаҳои пулии дохилшаванда, моли дигар ҳаҷми қарзи дебиторӣ.

Фоидаи нохолис (умумӣ) – фарқияти байни даромад аз фурўш ва нархи аслии маҳсулоти фурўхташуда (корҳои иҷро кардашуда, хизматрасонӣ).

Арзиши аслии маҳсулот – маблағи ба пул гардонидашудаи хароҷоти марбут ба истеҳсолот ва фурўши ҳаҷми муайян ва таркиботи маҳсулот.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *