Фанни Иқтисоди миллӣ

Робитаи байниҳамдигарии истеҳсолот ва истеъмолкунандагон

Истеҳсолот ва истеъмоли неъматҳои иқтисодӣ бо ҳамдигар вобастаанд ва робитаи зич доранд.

Неъмати иқтисодӣ – маҳсули меҳнат аст, ки барои истеъмолкунандагон арзиши муайяни моддӣ (иқтисодӣ) дорад ва чун воситаи алоқаи байни агентҳои иқтисодӣ амал менамояд.

Робитаи байниҳамдигарии истеҳсолот бо истеъмолкунандагон ба шакли нисбатан беҳтар дар ҷараёни гардиши иқтисодии молҳо ва хизматрасониҳо зоҳир мешавад.

Гардиши иқтисодӣ ҳаракати силсилавии канданашавандаи сармояи ҷамъиятӣ мебошад.

Гардиши иқтисодӣ чор зинаи пайдарҳамро дар бар мегирад:

1. Истеҳсолот.

Зинаи истеҳсолот офариниши бевоситаи неъматҳои иқтисодӣ (иҷтимоӣ) мебошад, ки барои қонеъ гардонидани талаботи инсон нигаронида шудаанд.

2. Тақсимот.

Зинаи тақсимот муайян намудани саҳми ҳар як шахс дар офариниши неъматҳои иқтисодӣ мебошад.

3. Табодул.

Дар зинаи иваз кардани як неъмат ба неъмати дигар дар назар дошта мешавад.

4. Истеъмол.

Зинаи истеъмол аз неъмати иқтисодӣ истифода кардани шахс бо мақсади қонеъ гардонидани талаботаш ба ин неъмат мебошад.

Ба ҳамин тариқ, ҳамкории муштараки истеҳсолот ва истеъмоли неъматҳои иқтисодӣ фаъолияти ҳаётии ҳар як шахси алоҳида, инчунин кулли ҷомеаро таъмин менамояд.

Истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон дар ҳаёти воқеӣ манфиатҳои худро ба назар мегиранд.

Манфиат – сабаби воқеии фаъолияти субъектҳои иқтисодист, ки ба қонеъ гардонидани талаботи муайян нигаронида шудааст, ба таҳрик ва ангезиш асос ёфтааст, мутобиқи мақом ва нақши ин субъектҳо дар системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян карда мешавад.

Дар айни замон, манфиатҳои истеҳсолот ва истеъмол самти баръакси иқтисодӣ доранд, яъне истеҳсолкунан-дагон ва истеъмолкунандагон манфиатҳои гуногуни иқтисодиро пайгирӣ мекунанд.

Манфиатҳои иқтисодӣ – ангезаҳои таҳрикдиҳандаи фаъолияти хоҷагидории шахсон аст вобаста ба мақоми онҳо дар системаи муносибатҳои моликият ва тақсими ҷамъиятии меҳнат.

Ду гурўҳи умдаи манфиатҳои иқтисодӣ мавҷуданд:

1) манфиатҳои истеъмолкунанда;

2) манфиатҳои истеҳсолкунанда.

Истеъмолкунанда – шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқиест, ки маҳсулоти истеҳсолкардашударо, аз он ҷумла, маҳсулоти худашро, ки арзиши истеъмолӣ дорад, истеъмол мекунад, аз он истифода мебарад.

Истеҳсолкунанда – ширкат, созмон ва ё шахси воқеие, ки мол, маҳсулот истеҳсол менамояд ва ё хизмат мерасонад.

Робитаи зичу канданашавандаи истеҳсолот бо истеъмолкунандагон боиси таҳаввул аз тарзи хоҷагидории натуралӣ ба истеҳсоли мол гардид.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *