Фанни Иқтисоди миллӣ

Назарияи чандирии тақозо ва арза

Чандирӣ – андозаи ҳассосияти тақозо ва арза оид ба тағйироти муайянкунандаи омилҳои онҳо, андозаи аксуламали як бузургӣ ба тағйироти дар дигараш рўйдода. Чандирии тақозо – дараҷаи ҳассосияти тақозо нисбат ба тағйироти омилҳои дигар мебошад.

Ду навъ меъёри чандирии тақозо вуҷуд дорад: аз рўи нарх; аз рўи даромад.

Чандирии тақозоро аз рўи нарх бо ёрии коэффитсиенти чандирии нарх (ЧН) чен мекунанд; формулааш ЧН=Δт/ΔН мебошад; дар ин ҷо ΔН тағийрёбии тақозо ба мол %; Δт тағйирёбии нархи мол % аст.

Чандирии тақозо аз рўи даромадҳо ба воситаи коэффитсиенти чандирии тақозо аз рўи даромадҳои аҳолӣ таъин карда мешавад (Bд); формулааш ин аст Bд = ΔН/Δд тағйирёбии тақозо ба мол % / тағйирёбии даромадҳои истеъмолкунандагон %.

Вд> = О вобастагии мустақими сатҳи тақозо аз даромадҳои аҳолӣ; Bд>O – вобастагии баръакс – даромадҳои аҳолӣ зиёд шавад, тақозо ба мол кам мешавад.

Мутобиқи назарияи чандирӣ чунин навъҳои тақозо мавҷуданд:

1) чандирӣ–| B| > 1

2) ғайричандирӣ–| B| < 1

3) комилан чандирӣ–B ∞

4) комилан ғайричандирӣ – В=О;

5) бо чандирии ягона =В=1 – тақозои ягона, яъне суръати афзоиши тақозо баробар аст ба суръати коҳиши (пастравии) нарх:

6) инверсиявӣ – В > О – тақозое, ки вобаста ба афзоиши нарх зиёд мешавад.

Ғайричандирии тақозо бо сабабҳои зерин ба миён омада метавонад:

1) мавҷуд набудани мол ба ивази моли мавриди назар;

2) монополизатсияи соҳа;

3) дараҷаи баланди арегиратсия;

4) иттилои кофӣ надоштани харидорон;

5) таъсири омили вақт.

Ба сабаби пешорў омадан бо омилҳои гуногун истеҳсолкунандагонро зарурати пешбинии тақозо лозим меояд.

Методҳои асосии пешбини тақозо инҳоянд:

1) методҳои оморӣ – ба далелҳо ва рақамҳо асос ёфтаанд;

2) экспертӣ – заминаашон ақидаи коршиносон мебошад.

Чандирии арза – дараҷаи ҳассосияти арза ба тағйирёбии омилҳои гуногун. Чандирии арза ҳаммонанди чандирии тақозо муайян карда мешавад. Коэффитсенти чандирии нархии арза, одатан аҳамияти мусбат дорад.

Омилҳои таъсиррасонанда ба чандирии арза инҳоянд:

1) нархи мол;

2) шумораи истеҳсолкунандагони мол;

3) умедвории истеъмолкунандагон (ҷиҳатҳои нархӣ ва ғайринархӣ);

4) аҳамияти мол барои истеъмолкунанда;

5) ҳаҷми андозе, ки давлат муқаррар менамоянд;

6) омили вақт;

7) вазни қиёсии арзиши моли муайян вобаста ба даромади истеъмолкунанда ва ғ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *