Фанни Иқтисоди миллӣ

Хавфу хатар (таваккал) дар суғурта

4.1. Моҳияти хавфу хатар (таваккал), зарар ва подоши суғурта

Дар суғурта таҳти мафҳуми таваккал хатари саромади номатлуби ягон ҳодиса, зуҳурот ва равандро мефаҳманд. Таваккал — ин инъикоси таҳдиди расидани зарар мебошад. Маҳз эҳсоси хавфу хатар ва мавҷудияти робитаи байни хатару зарар одамонро маҷбур месозад аз эҳтимоли ҷараёни номатлуби вазъият, ки талафи воқеӣ меорад, суғурта кунанд. Хоҳиши инсон оид ба пешгирии хавфу хатар дар кори муқарраргардида — ин роҳи қонеъ гардонии яке аз талаботҳои асосии ӯ — талабот ба амният мебошад. Бинобар ин одамон тавассути суғурта кӯшиш менамоянд, ки фаъолият ё амволи худро аз ҳодисаҳои тасодуфии номатлуб ҳимоя намоянд.

Истилоҳи хавфу хатар («хавфу хатари суғуртавӣ») сермаъно аст. Дар зери мафҳуми хавфу хатари суғуртавӣ, якӯм, худи хавфу хатаре фаҳмида мешавад, ки он суғурта карда мешавад, ягон ҳодисае, ки мумкин аст рӯй диҳад, вале набояд ҳатман рӯй диҳад; дуюм, дараҷа ё бузургии худи хавфу хатар ва сеюм, суғуртаи алоҳида, намуди муайяни масъулияти ширкати суғуртавӣ ва ниҳоят, ҳаҷми масъулият дар як ё якчанд намуди суғурта хавфу хатари суғуртавӣ номида мешавад. Дар маҷмӯъ гуфтан мумкин аст, ки хавфу хатар ин категорияи объективӣ буда, он имкон медиҳад, муносибатҳои байни одамон, коллективҳои меҳнатӣ, ташкилотҳо ва дигар субъектҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ки дар натиҷаи ба воқеият табдил ёфтани хавфу хатари имконпазир ба миён омадаанд, ба танзим дароварда шавад.

Хавфу хатарҳо аз ҷиҳати хусусиятҳои худ ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд: Хавфу хатарҳои объективӣ ва субъективӣ, универсалӣ ва инфиродӣ, фалокатовар, экологӣ, нақлиётӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ, техникӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ғайра.

Хавфу хатарҳои объективӣ хусусияти қувваи бартарафнашаванда дошта, аз шуур ва иродаи инсон вобаста нестанд, (офатҳои табиӣ, заминларза, обхезӣ ва ғайра).

Хавфу хатарҳои субъективӣ ба қадр накардани имконияти рӯй додани ҳолатҳои суғуртавӣ, инкор кардани муносибати объективӣ ба воқеият асос меёбанд. Ин хавфу хатарҳо ба омили инсонӣ асос ёфтаанд.

Хавфу хатари универсалӣ хавфу хатарест, ки дар як вақт ҳаҷми калони хавфу хатарро дар бар мегирад. Масалан, суғуртаи дастаи варзишгарон аз захмдоршавии бозингарон ва тренерҳо, ҳолатҳои беморшавӣ, дуздидани амвол, садамаи ҳавопаймоҳо ва ғайраҳо.

Хавфу хатари инфиродӣ дар беэътиноӣ кардан нисбат ба суғуртаи ашёи алоҳидаи қиматнок ва коллексияҳо ифода меёбад.

Хавфу хатарҳое, ки ҳангоми ба амал омадани онҳо ба ширкати суғурта зарари ислоҳнопазир расида, сабаби муфлис шудани он мегарданд (масалан, садамаи нерӯгоҳи атомии барқӣ, сӯхторҳои калон ва ғайра), хавфу хатарҳои ҳалокатовар номида мешаванд.

Хавфу хатарҳои экологӣ бо ифлосшавии мӯҳити атроф, таъмини нигоҳдории олами ҳайвонот ва наботот алоқаманд мебошанд.

Хавфу хатарҳои нақлиётӣ суғуртаи ҳамаи намудҳои воситаҳои ҳаракати одамон ва молҳоро дар назар дорад, (воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ, заминӣ, обӣ ва роҳи оҳан).

Хавфу хатарҳои сиёсӣ ё худ хавфу хатарҳои ҷазодор бо амалиёти зиддиқонунӣ аз нуқтаи назари меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ, амалиёти ҳукумати як давлат нисбат ба давлати дигар, аз ҷумла нисбат ба шаҳрвандони давлати дигари соҳибистиқлол, алоқаманд мебошанд. Тавассути системаи тавзеҳот ё шартҳои махсуси шартномаи суғурта хавфу хатарҳои сиёсиро ба ҳаҷми масъулияти муассисаи суғурта масалан, ба тавзеҳоти ба ном «форс-мажорӣ» дохил кардан мумкин аст.

Хавфу хатарҳои ҳарбӣ хавфу хатарҳоеро дар бар мегиранд, ки бо талаф ё расонидани зарар ба амвол, ҳалокати одамон дар вақти осоишта алоқаманд буда, дар натиҷаи ҳамлаи роҳзанона, таркиши минаҳо ва ғайраҳо ба амал меоянд. Суғурта бо оғози ҷанг қатъ мегардад.

Хавфу хатарҳои техникӣ дар шакли садама бинобар ногаҳон вайрон шудани мошинҳо ва таҷҳизот ё аз кор мондани технологияи истеҳсолот зоҳир мешаванд. Хавфу хатарҳои техникӣ ба таркиби намудии фондҳои асосӣ ва гардон, ки дар онҳо зуҳур меёбанд, тақсим мешаванд. Масалан, хавфу хатарҳои саноатӣ — мошину таҷҳизот, хавфу хатарҳои сохтмонӣ ва сохтмонию васлкунӣ — биноҳо ва иншоотҳо, асбобу анҷомҳо, хавфу хатарҳои кишоварзӣ — беморшавии ҳайвонот ва растаниҳо, талафи чорво, зарар дидани ҳосил ва ғайра мебошанд.

Хавфу хатари масъулияти шаҳрвандӣ бо даъвоҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бинобар зараре, ки аз манбаҳои хавфнокиашон баланд расидааст, алоқаманд аст. Ба манбаҳои хавфнокиашон баланд ҳамаи намудҳои нақлиёт, баъзе истеҳсолоти кимиёвӣ ва ғайра мансубанд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки чунин манбаҳои хавфнокиашон барзиёдро доранд, метавонанд масъулияти шаҳрвандии худро дар назди шахсони сеюм суғурта намоянд, яъне ӯҳдадории ҷуброн кардани зарари амволеро аз шахсони сеюм ба ширкати суғуртавӣ вогузоранд.

Таҳлили ҳолатҳои таваккалӣ, намуд ва дараҷаҳои хавфу хатар имкон медиҳад гурӯҳҳои дахлдори хавфу хатар, ки чун меъёр ва маҳаки арзёбӣ хизмат мекунанд, ҷудо карда шаванд. Ҳар гурӯҳи якхела дорои объектҳои суғурта бо аломатҳои тахминан якхела мебошад. Ҳамин тариқ, гурӯҳи хавфу хатар бо баъзе арзёбиҳо тавсиф карда мешавад, -яъне, аз рӯи натиҷаҳои арзёбӣ қарор қабул карда мешавад, ки ба кадом гурӯҳи хавфу хатар ин ё он объект мансуб дониста шавад ва ба ин хавфу хатар кадом меъёри тарифӣ аз ҳама беҳтар мутобиқ аст. Бузургии миёнаи ҳолатҳои хавфу хатарӣ — гурӯҳи хели миёнаи хавфу хатарӣ буда, ба сифати ченаки муқоиса истифода бурда мешавад.

Арзёбии объекти суғурта барои муқаррар намудани маблағи суғурта, андозаи ӯҳдадории тарафи муассисаи суғурта — муқаррар кардани ҳадди аксари ҷуброни зарар дар шакли подош, зарур аст. Бузургии подоши суғурта аз рӯи дараҷаи зарар муайян карда мешавад ва метавонад, вобаста аз намуд ва шартҳои суғурта, ба маблағи суғурта мувофиқ ё аз он камтар бошад. Худи маблағи суғурта имконпазирӣ ё имконнопазирии қабули хавфу хатари мушаххасро барои суғурта муайян менамояд. Масалан, ҳангоми суғурта кардани объекти мушаххас, ки арзишаш 10 млн. сомонӣ буда, маблағи суғурта 5 млн. сомонӣ ва ҳаҷми зарар 2 млн. сомониро ташкил медиҳад, дар ҳаҷми 1 млн. сомонӣ ҷуброн дода мешавад, (зарархмаблағи суғурта:арзиши объекти суғурта), яъне суғуртакунанда ҷуброни зарарро 50 фоиз кам мегирад, зеро маблағи суғурта нисфи арзиши объекти суғуртаро ташкил медод.

Дар фаъолияти суғуртавӣ барои арзёбии хавфу хатар усулҳои зерин истифода мегарданд:

Усули арзёбии инфиродӣ нисбати хавфу хатарҳое истифода мешавад, ки онҳоро бо хели миёнаи хавфу хатар муқоиса кардан мумкин нест. Муассисаи суғурта дар асоси малакаи касбӣ ва нуқтаи назари субъективӣ арзёбии экспертӣ мекунад.

Усули бузургии миёна тақсими гурӯҳҳои алоҳидаи хавфу хатарро ба зергурӯҳҳо (унсурҳо) пешбинӣ менамояд, барои муайян кардани ҳаҷми зергурӯҳҳои алоҳида ва аломатҳои хавфу хатари алоҳида заминаи таҳлилӣ барпо карда мешавад. Арзёбӣ дар гурӯҳҳо ва зергурӯҳҳо барои қабули қарор дар бораи шартҳои суғурта ҳамчун асос хизмат менамояд.

Усули фоизҳо маҷмӯи тахфиф ва иловаҳо ба заминаи мавҷудаи таҳлилӣ мебошад, ки аз фарқияти имконпазири мусбӣ ва манфӣ, аз хели миёнаи хавфу хатар вобаста аст. Тахфиф ва иловаҳо бо фоиз нисбат ба хели миёнаи хавфу хатар ифода меёбанд.

Сиёсати тарифии ширкати суғуртавӣ бояд тамоюлоти пешгӯишавандаро дар инкишофи хавфу хатар мутобиқан ифода намояд, ки онҳо ба таври зайл инъикос меёбанд: навовариҳо, ки дар технология, масолеҳ, конструксияи биноҳо, иншоотҳо, мошинҳо ва механизмҳо татбиқ мегарданд; шароити ҳаёт ва фаъолияти истеҳсолӣ, маслан, ҷорӣ намудан технологияи компютерӣ ва роботҳои саноатӣ; истифодаи системаҳои нави нақлиётӣ ва идоракунии онҳо; чораҳое, ки давлат, ташкилотҳо, ҷамъият ва шаҳрвандони алоҳида барои кам кардани хавфу хатари зарар меандешанд; баланд кардани эътимоднокии ахбороти оморӣ дар бораи хавфу хатарҳо, беҳсозии ташкили таҳқиқот ва такмил додани усулҳои арзёбӣ.

Барои ҳар намуди суғурта инҳо муайян карда мешаванд: хавфу хатарҳои суғурташаванда, маблағи суғурта, арзиши суғурта, захираи суғурта, шаклҳои махсуси муносибатҳои суғуртавӣ, макон ва замони рӯй додани ҳодисаҳо ва мавҷудияти объекти суғурта, усулҳои муайян намудани ҳаққи суғурта (пули суғурта) ва тартиби пардохти он, шартҳои озод кардан аз масъулият ва тартиби ҳалли масъалаҳои баҳснок.

Ҳангоми арзёбӣ хавфу хатарҳо ба намудҳои зерин ҷудо карда мешаванд;

  • хавфу хатарҳое, ки аз онҳо суғурта кардан мумкин аст; хавфу хатарҳое, ки аз онҳо суғурта қабул карда намешавад; таваккалҳои мусоид ва номусоид, инчунин хавфу хатари техникии суғуртакунанда;
  • хавфу хатаре, ки имконияти суғуртакунӣ дорад, мумкин аст аз ҷиҳати эҳтимолияти ҳолати суғуртавӣ ва ҳаҷми зарари имконпазир арзёбӣ карда шавад.

Дар ин ҳолат:

  • хавфу хатар ба ҳаҷми масъулияти муассисаи суғурта дохил карда мешавад ва он бояд имконпазир бошад;
  • он хусусияти тасодуфӣ дорад, яъне ба ҳамаи тарафҳои иштироккунандаи шартномаи суғурта вақти мушаххаси ҳолати суғуртавӣ ва ҳаҷми эҳтимолии зарари расонидашуда пешакӣ маълум нест, ба объекте, ки нисбати он муносибати суғуртавӣ пайдо мешавад, навъи алоқаи ноустувори муваққатӣ хос буда, ба хавфу хатари ба ширкати суғуртавӣ ё молики объекти суғурта пешакӣ маълумбуда, набояд дучор гардад;
  • тасодуфан зуҳур ёфтани ин хавфу хатарро бояд ба аксарияти объектҳои якхела мансуб донист (маълумоти оморӣ имкон медиҳад дар бораи қонунияти зуҳуроти хавфу хатар мутобиқан ба маҷмӯи объектҳои якхела мулоҳиза ронда шавад), бо ҳамин мақсад муоинаи мутобиқи оморӣ ташкил карда мешавад, ки таҳлили натиҷаи он имкон медиҳад пешгӯи мувофиқ ва ҳаққи суғурта муқаррар карда шавад;
  • фарорасии ҳолати суғуртавӣ, ки дар рӯй додани хавфу хатар ифода меёбад, набояд бо майлу иродаи суғуртакунанда ё дигар шахси манфиатдор алоқаманд бошад, бинобар ин хавфу хатарҳоеро, ки бо қасди суғуртакунанда (қалобии суғуртавӣ ё хавфу хатари ҳаннотона) вобастаанд, суғурта кардан мумкин нест;
  • далели фарорасии ҳолати суғуртавӣ дар вақту фазо маълум нест;
  • ҳолати суғуртавӣ набояд ҳаҷми офатҳои ҳалокатоварро дошта бошад, яъне набояд аксарияти объектҳоро дар доираи маҷмӯи суғуртавӣ фаро гирифта, зарари бисёр расонад;
  • оқибатҳои зараровари ба амал омадани хавфу хатарро объективона чен ва арзёбӣ кардан лозим аст ва миқёси оқибатҳои зараровар бояд калон бошад ва ба манфиатҳои суғуртакунанда (манфиатҳои суғуртавӣ) дахл намояд.

4.2. Вазъияти хавфу хатар ва ҳолати суғуртавӣ

Суғуртакунанда бо бисёр хавфу хатарҳо дучор меояд. Ба ӯ замон ва макони ба амал омадани ҳолати суғуртавӣ, эҳтимолияти зарар ва хароҷоти ҷуброни он маълум нестанд.

Ширкати суғуртавӣ кори худро ташкил намуда, танҳо бо як хавфу хатари хос — хавфу хатари техникӣ дучор меояд, вай бештар аз дараҷаи эътимоднокии маълумоти суғуртакунанда дар бораи хавфу хатар ва усулҳои бурдани кори суғурта вобаста аст. Хавфу хатари техникӣ муассисаи суғуртаро водор месозад, ки тамоми системаи суғуртаро такмил дода, дар чораҳои пешгиркунанда бо мақсади кам кардани хавфу хатар ва зарари эҳтимолӣ, фаъолона иштирок намояд. Ширкати суғуртавӣ ҳангоми бастани шартномаи суғурта бояд объекти суғурта, ҳолат ва атрофиёни онро омӯзад.

Ба аломатҳое, ки ба ҳолати объекти суғурта ва хавфу хатарҳои мушаххас таъсири ҷиддӣ мерасонанд, диққат дода мешавад. Ҷараёни мушоҳида ва ба ҳисоб гирифтани хавфу хатар сабти хавфу хатар номида мешавад. Шартҳо ва омилҳое, ки тавассути онҳо барои маҷмӯи мазкури хавфу хатарӣ сабти хавфу хатар муайян карда мешавад, вазъияти хавфу хатар номида мешавад. Онҳо ба ҳамин объекти суғурта хосанд ва чун қисмҳои таркибии аломатҳои хавфу хатар ҳаллу фасл карда мешаванд.

Ҳамаи вазъияти хавфу хатар дар ягонагӣ ва алоқамандӣ ҳолатеро муайян менамояд, ки он вазъи хавфу хатар номида мешавад. Он ҳолати табиии объекти суғурта ва вазъиятеро, ки дар он ин объект қарор дорад, тавсиф мекунад.

Хавфу хатар — функсияи маҷмӯи ҳолатҳои объективӣ ва субъективии хавфу хатар ба ҳисоб меровад. Ҳолатҳои объективии хавфу хатар муносибати объективиро нисбат ба воқеият инъикос менамояд ва аз иродаю шуури одамон вобастагӣ надорад.

Ҳолатҳои субъективии хавфу хатар хели робитаро инъикос меномояд, ки муносибати объективиро ба воқеият ба эътибор намегирад ва ба иродаю шуури одамон дар ҷараёни дарки воқеияти объективӣ вобаста аст. Ширкати суғуртавӣ ҳангоми бастани шартномаи суғурта ҳолатҳои хавфу хатарро меомӯзад ё интихоб менамояд, ки дар асоси онҳо ҳаққи суғурта муайян карда шуда, барои пардохт ба фонди суғурта пешниҳод мегардад.

Ҳаҷми ҳаққи суғурта барои маҷмӯи базавии ҳолатҳои хавфу хатарӣ муқаррар карда мешавад ва метавонад тавассути системаи тахфиф ва иловаҳо бо фоиз ё маблағи муайяни сабтшуда ба ҳисоб гирифта шавад.

Ҳолатҳои хавфу хатарӣ имкон медиҳад, ки хавфу хатари минбаъд сар задани ҳамин ҳолати суғуртавӣ арзёбӣ карда шавад. Як ё якчанд ҳолати хавфу хатар боиси ба амал омадани хатар ва фарорасии ҳолати суғуртавӣ мегарданд, ки он бо таъсири якчанд сабабҳо ба амал омада, нисбат ба як ё бисёр объектҳои суғурта дар доираи маҷмӯи муайяни суғуртавӣ ҷой дошта метавонад. Ҳолати суғуртавӣ нисбат ба объектҳои бисёри суғурта боиси ҷамъ шудани хавфу хатарҳо мегардад, яъне хавфу хатари фалокатоваро ба вуҷуд меорад.

Мафҳумҳои «Ҳолати суғуртавӣ» ва «Ҳодисаи суғуртавӣ» гуногунанд. «Ҳодисаи суғуртавӣ» расонидани имконпазири зарар ба объекти суғурта ва «ҳолати суғуртавӣ» бошад — имконияти амалӣ гаштани расонидани зарар ба объекти суғурта аст.

Оқибатҳои ҳолати суғуртавӣ дар пурра нобуд гаштан ё қисман зарар дидани объекти суғурта ифода меёбад, бинобар ин шартҳои шартномаҳои суғурта намуди амволиро, ки ба он амалӣ гаштани хавфу хатари мушаххас боис гаштааст, бояд ба назар гиранд.

4.3. Идоракунии хавфу хатар

Идоракунии хавфу хатари суғурта дар се давраи зерин иҷро карда мешавад:

1) Таҳқиқотӣ; 2) Тайёрӣ; 3) Ташкилӣ.

  1. Давраи таҳқиқотӣ: ҳаматарафа омӯхтани хавфу хатарҳо, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи онҳо, баҳодиҳии хавфу хатарҳо.
  2. Давраи тайёрӣ: муқоисаи тавсифот ва эҳтимолияти хавфу хатар, ки дар натиҷаи таҳлил ва арзёбии хавфу хатар ба дастоварда шудааст; муайян кардани алтернативаҳое, ки дар онҳо бузургии хавфу хатар аз ҷиҳати иҷтимоӣ қобили қабул мебошад, муқаррар намудани афзалиятҳо, ҷудо кардани доираи мушкилот ва масъалаҳое, ки диққати аввалиндараҷаро тақозо доранд, дараҷабандии алтернативаҳо; интихоби алтернативаҳо тибқи принсипи ҷоиз будани хавфу хатарҳои дар онҳо мавҷудбуда ва хориҷ намудани алтернативаҳои дорои хавфу хатари ноҷоиз.
  3. Давраи ташкилӣ: интихоби чораҳои мушаххасе, ки барои дафъ ё кам кардани оқибатҳои манфии хавфу хатари имконпазир мусоидат менамоянд; таҳияи корҳои ташкилӣ ва амалиётии хусусияти пешгирикунандагӣ дошта; тайёр кардан ва додани тавсияҳои мушаххас ба шахсоне, ки қарорҳои дорои хавфу хатарро қабул ё амалӣ мегардонанд.

Барои татбиқи вариантҳои гуногун, нақшаи вазъиятеро таҳия менамоянд, ки он амалиёти фармоиширо дар сурати рӯй додани ин ё он ҳолат ва сабти оқибатҳои интизориро дар бар мегирад.

Чунин нақшаи вазъият ба одамон кӯмак мерасонад, ки барои амалиёт дар вазъияти ғайричашмдошт беҳтар тайёрӣ бинанд.

Таъминоти ҳуқуқии идоракунии хавфу хатар аз таҳия ва қабули қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои дохилии танзимкунанда, ки барои кам ё маҳдуд кардани хавфу хатар нигаронида шудаанд, иборат аст.

Огоҳии инсон аз хавфу хатар унсури мӯҳими идоракунии он хавфу хатар мебошад. Иштирокчии ҳодисаҳо дар бораи оқибатҳои эҳтимолӣ ҳар қадар бештар огоҳӣ дошта бошад, ҳамон қадар бештар қарорҳои асоснок қабул менамояд ва ба амалиёти хавфу хатардошта камтар роҳ медиҳад. Усулҳои додани маълумот, саривақтӣ ва эътимоднок будани онҳо барои он низ махсусан мӯҳиманд, ки ҳар шахс ба хавфу хатар ба таври худ баҳо медиҳад ва дарк мекунад. Яке майли ба хавфу хатар надодани баҳои пурра, дигаре бошад ‟ додани баҳои барзиёдро дорад.

Идоракунии одамон дар вазъияти хавфу хатар бояд инҳоро дар назар дошта бошад:

ошкор ва қабули хавфу хатар танҳо дар доираи дараҷаи аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҷоиз; таҳияи тавсияҳои мушаххас барои рафъ ё кам кардани оқибатҳои эҳтимолии манфии хавфу хатар; тартиб додани нақшаҳои махсус, ки ба шахсони қарорҳои оид ба хавфу хатарро татбиқнамоянда ё раванди онро назораткунанда, имкон медиҳад дар вазъияти хавфу хатар ба таври оптималӣ амалӣ намоянд; таҳия ва қабули санадҳо меъёрии алтернативаҳоро ба ҳаёт татбиқнамоянда, ки бо хавфу хатари камтарин тавсиф карда мешаванд; ба ҳисоб гирифтани дарки равонии қарорҳо, нақшаҳои хавфу хатар ва усулҳои кор.

Чор усули асосии идоракунии хавфу хатарро фарқ мекунанд:

  1. ‟ барҳамдиҳӣ;
  2. — пешгирии талаф ва назорат; 3 — суғурта; 4 — ҷуброн.

Барҳамдиҳӣ ‟ кӯшиши барҳам додани хавфу хатар аст (масалан, накашидани тамокӯ, ба фурӯш набаровардани маҳсулоти хавфу хатарнок, вайрон накардани технологияи бинокорӣ ҳангоми сохтмони биноҳои истиқоматию дигар объектҳо ва ғайра). Ин тарзи самарабахши роҳ надодани талаф мебошад, аммо татбиқи он маҳдуд ва аксар вақт имконнопазир аст. Аксар вақт ҳангоми барҳам додани хавфу хатар фоида низ барҳам мехӯрад.

Пешгирии талаф ва назорат — кӯшиши пешгӯии талаф, эҳтиёт кардани худ аз тасодуфот ё назорат кардани он, яъне маҳдуд кардани ҳаҷми талаф, агар зарар ҷой дошта бошад. Чунин амалиёт барои фаъолияти соҳибкорӣ хос аст, зеро амали менеҷер ҳамеша барои назорат ва кам кардани талаф равона гардидааст.

Суғурта ‟ равандест, ки дар он гурӯҳи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба хавфу хатари якхела дучороянда ба ширкат маблағ мегузоранд ки аъзои он дар ҳолати ба амал омадани талаф бо роҳи тақсими он дар байни гурӯҳи калони шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маблағи муайяни ҷубронро ба даст меоранд, маҳз ҳамин усул асоси кори суғурта мебошад.

Ҷаббидан ‟ эътироф кардани зарари хавфу хатар бидуни тақсими он тавассути суғурта. Қарори идоракунӣ дар бораи ҷаббиш мумкин аст бо ду сабаб қабул карда шавад. Якум, ҳолатҳое мешаванд (одатан ин хавфу хатарест, ки эҳтимолияти он хеле кам аст), ки дар онҳо усулҳои дигари идоракунии хавфу хатар истифода бурда намешаванд. Дуюм, ҷаббиш бо худсуғуртакунӣ, яъне аз ҳисоби бунёди фонди худии суғурта, ба даст оварда мешавад.

Раванди идоракунии хавфу хатар давраҳои зеринро фаро мегирад:

  • муайян кардани мақсад;
  • муайян ва дарк кардани хавфу хатар;
  • арзёбии хавфу хатар ва бузургии зарари эҳтимолӣ;
  • интихоби усули истифодашавандаи идоракунии хавфу хатар;
  • интихоби усули суғурта, ба расмият даровардан ва пардохти шартномаи суғурта;
  • арзёбӣ ва таҳлили натиҷаҳо, ислоҳи қарорҳои минбаъда оид ба идоракунии хавфу

хатар.

Интихоби хавфу хатар ‟ амалиёте, ки ширкати суғуртавӣ ҳангоми бастани шартномаи суғурта барои қабули қарор дар ҳар ҳолати мушаххас иҷро менамояд: хавфу хатаре, ки барои таъминоти суғурта пешниҳод шудааст, қабул ё рад намояд. Ширкати суғуртавӣ дар ин маврид маҳаку меъёрҳои худии бастани шартномаи суғуртавиро истифода мебарад. Масалан, ҳангоми суғуртаи шахс омили асосии интихоби хавфу хатар аҳволи саломатии шахси суғурташуда мебошад, аммо дигар омилҳое, ки ба қабули қарор оид ба эътироф кардан ё накардани хавфу хатар таъсир мерасонанд, муҳиманд: аз ҷумла касбу кор, машғулият, сифатҳои маънавӣ, воситаҳои моддие, ки суғурташавандаи оянда дар ихтиёр дорад. Усулҳои гуногуни интихоби хавфу хатар мавҷуданд, аммо асоси ин амалиёт маълумоти боэтимод ва саривақтӣ дар бораи объекти суғурта ва хавфу хатарҳои вобаста ба он мебошад. Масалан, ҳангоми суғурта кардани ҳаёт баъзе ширкатҳои суғуртавӣ дар вақти қабули қарор ба гирифтани маълумотҳо ба воситаи варақаи шахсӣ маҳдуд мешаванд, дигарон — гузаронидани ташхиси тиббии шахси суғурташавандаро талаб менамоянд.

4.4. Чораҳои пешгирикунанда дар суғурта

Суғурта дар ҳифзи амволи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (суғурташудагон) аз таъсири харобиовари офатҳои табиӣ ва фалокатҳо нақши майян мебозад. Аз ҳисоби пулҳое, ки аз ҳаққи суғурта ҷудо карда мешаванд, чорабиниҳои эҳтиётӣ ва ҷазогӣ бо маблағ таъмин мегарданд (чорабиниҳои эҳтиётӣ барои пешгирии ҳолатҳои суғуртавӣ, чорабиниҳои ҷазогӣ — барои мубориза бо офатҳои баамаломада нигаронида шудаанд).

Маблағҷудокунҳои мазкур ба сарбории вазни холиси меъёр ҳамроҳ карда мешаванд ва мувофиқи амалияи мавҷуда оид ба намудҳои ҳатмии суғурта аз 2 то 4 фоиз ва оид ба намудҳои ихтиёрии суғурта ‟ аз 4 то 8 фоизро ташкил медиҳанд.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки чораҳои мазкур ба дараҷаи муайян эҳтимолияти ба амал омадани ҳолати суғуртавиро пешгирӣ менамоянд. Фаъолияти пешгирӣ бевосита аз муносибатҳои азнавтақсимкунӣ оид ба ҷобаҷогузории маҳдуди зарар, ки ба гурӯҳҳои суғурта хос аст, бар намеояд. Бо вуҷуди ин, вобастагии зичи суғурта бо ҳолатҳо ва хавфу хатари суғуртавӣ зарурати объективии истифодаи муносибатҳои суғуртавиро барои кам кардани эҳтимолияти ба амал омадани ҳолатҳои суғуртавӣ, суст намудани хатари суғуртавӣ, кам кардани ҳаҷми зарар, ба миён меоварад.

Бо ёрии суғурта ҳамаи чораҳои пешгириро бо маблағ таъмин кардан мумкин нест. Чорабиниҳои бештар маблағталабкунанда аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағи вазорату иттиҳодияҳои соҳавӣ таъмин карда мешаванд, масалан, сохтмони ирригатсионӣ, иншиоотҳои тозакунӣ, чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист ва ғ. Маблағи аз пардохтҳои суғурта ҷудошуда одатан барои чорабиниҳои маҳдуд (зиддисӯхтор ва ғ.) истифода бурда мешавад.

Ба номгӯи чораҳои пешгирикунанда инҳо дохил мешаванд:

-оид ба пешгирии сӯхтор ва мубориза бо он;

-оид ба пешгирии ҳолатҳои суғуртавӣ ва мубориза бо нобудшавӣ ва зарар дидани зироатҳои кишоварзӣ;

-оид ба пешгирии касалиҳои ҳайвонот ва мубориза бо нобудшавии чорво.

Ба ғайр аз ин, аз ҳисоби 50 фоизи маблағи аз пардохтҳои суғурта оид ба суғуртаи ҳатмии мусофирон дар нақлиёт ҷудошуда чорабиниҳои вобаста ба бехавфу хатарӣ ва аз садама наҷот додани парвози ҳавопаймоҳо бо маблағ таъмин карда мешаванд.

Самаранокии истифодаи маблағҳои барои чорабиниҳои пешгирикунанда аз пардохтҳои суғурта ҷудошуда аз бисёр ҷиҳат аз қатъиян мувофиқи таъиноти мақсаднок харҷ кардани онҳо вобаста аст. Бинобар ин номгӯи чорабиниҳои пешгирикунанда оид ба намудҳои ҳатмии суғурта аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ ва аз ҷониби мақомоти суғуртавӣ қатъиян назорат карда мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *