Фанни Иқтисоди миллӣ

Бозори омилхои истехсолот

Бозори омилҳои истеҳсолот»

1.Замин -ҳамчун омили истеҳсолот

2.Соҳибкори -ҳамчун омили истеҳсолот

Замин ҳамчун омили истеҳсолот.

Замин,новобаста ба сират ва хусусиятҳои мушаххаси низомҳои иқтисодӣ , моликият ва шаклу намуди соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳамчун шакли умдатарини тавлидоти моддӣ, предмет ё худ воситаи меҳнат (воситаи истеҳсолот) хизмат мекунад.

Хусусияти истифодаи замин тибқи ашқоли моликият муайян карда мешавад. Дар ин асос шаклҳои гуногуни моликият ва хоҷагидорӣ (деҳқонӣ, инфиродӣ, фермерӣ, иҷоравӣ, иттиҳодияҳои аграрӣ…)-ро фарқ мекунанд.

Муносибатҳои ҳуқуқии истифодаи замин ҳамчун объекти хоҷагидорӣ аз ҷониби давлат муайян ва танзим карда мешавад. Масалан, дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ислоҳоти замин- муҳайё намудани шароит барои тараққиёти баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар замин, ташаккули иқтисодиёти бисёрҷанба, сарфаи истифодаи замин, ҳифзи он, маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилию техникӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.

Истифодаи замин ба мақсадҳои гуногун (сохтмони манзил, корхонаю муассиса, роҳ, кишту кор) истифода мегардад. Он ҳам бошад, тибқи шакли ҳукмронии моликият- мурат мегирад. Масалан, дар шароити низоми иқтисоди амрӣ замин моликияти давлатӣ буда, барои истифода ба колхозу совхозҳо ва аҳолӣ мувақатан ба иҷора дода мешавад.

Дар мазмуни фаррох, замин ҳумчун омили истифодаи участкаҳои корам, корношоям, маъданҳои зеризаминӣ, неъматҳои руи замин (об,ҷангал, растанӣ) ва ғр-ро дар бар мегирад. Ҳаҷм ва доираи он маҳдуд аст. Инсон тибқи дархости худ ҳаҷми заминро васеъ гардонида наметавонад ва дар ин мазмун маҷбур аст, ки тарзҳои қулайтарин ва пурсамари хоҷагидориро истифода кунад.

Истифодаи замин ҳамчун омили истеҳсолот, асосан, истифодаи онро дар хоҷагии қишлоқ ба ҳайси тавлиду неъматҳо дар назар дорад.

  1. Соҳибкорӣ ҳамчун омили истеҳсолот.

Тибқи соҳибкорӣ -феълан фаъолияти зеҳнии як ё якчанд одамоне, ки маҳорат, қобилият, маблағҳои пулӣ ва ҳамагуна захираҳои мавҷудаи худро дар асос ва арзаи илми муосири маркетинг ва менеҷмент фаъолияти истеҳсолии худро ташкил ва пеш мебарад.

Соҳибкорӣ ҳамчун фаъолияти махсуси инсон оиди фароҳам овардани шароит барои ба ҳам пайваст кардани меҳнату сармоя ва дар асосии таваккалӣ ташкил кардани бизнес тасавур карда мешавад.

Фаъолияти соҳибкорӣ таҳти услубҳои: ташаббус, таваккалӣ, тадбиркории озод, яъне интихоби озоди захираҳои иқтисодӣ, истеҳсоли молҳои дилхоҳ, фурухтан, хизматрасонӣ, ташкил кардани даромад, озодона ва ба таври дилхоҳ тақсим кардани онҳо ташкил карда мешавад. Шаклҳои гуногуни соҳибкориро фарқ менамоянд: соҳибкории истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ,бунёр кардани корхонаҳои хурд, корхонаҳои саҳҳомӣ, иҷоравӣ, кооперативӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва ғр.

Дар илми иқтисод аксар вақт соҳитбкориро ҳамчун шакли махсуси хоҷагидорӣ, ки хислати хоси иқтисоди бозорӣ мебошад, тасаввур мекунанд.

Соҳибкорӣ , асосан дар соҳаи истеҳсолот, тиҷорат ва молия бештар истифода карда мешавад. Аз ин ҷиҳат шаклҳои гуногуни онро фарқ мекунанд: соҳибкории истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ. Бунёд крадани корхонаҳои хурд, корхонаҳои саҳҳомӣ, иҷоравӣ, кооперативӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва ғайра

Новобста ба шаклу намуд, нақшу мақом, сатҳ ва мавзеи ҷойгиршавӣ соҳибкорӣ барои иҷрои чунин вазифаҳо омода карда мешавад:

— бо таври инқилобӣ гузаронидани ислоҳотҳо, такмил ва ривоҷу равнақ додани раванди истеҳсолот;

-истифода кардани кашфиётҳои илму техника, ихтироотҳову навовариҳо ва дар ин асос ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави молҳо ва хизматрасонӣ;

-ҷустуҷӯи роҳҳои нав ба нави фаъолияти хоҷагидорӣ, гирифтани фоида, таъмин кардани корхона бо захираҳои зарурии иқтисодӣ, алоқаи байни коллектив, коллективу харидор ва фурӯшанда, озодии соҳибкорӣ ва маблағгузорӣ.

Бояд дар назар дошт, ки ҳар як омил на дар алоҳидагӣ, балки дар якҷоягӣ, дар алоқамандии мутақобила, дар ҳамдигаривазкунӣ, офаридани хусусиятҳои ҳархелаи арзишҳои истемолӣ аз ҳисоби ин ё он омил ва ғр тасаввур карда мешавад. Ба ин мақсад, функсияи истеҳсолии тамсилаи омилҳо истифода карда мешавад:

Q=Q (L,K,M,T…)

Дар ин ҷо : Q- ҳадди аксар (максимали)-и тавлиди маҳсулот;

L,K,M,T- омилҳои истеҳсолот: меҳнат, сармоя, капитал, материал, дараҷаи техники истеҳсолот ва ғр.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *