Фанни Иқтисоди миллӣ

Хавф (риск) дар тиҷорати электронӣ

Шарти зарурии самаранокии системаи дилхоҳи иқтисодӣ ин – озодии иқтисодӣ, ки он доштани маҷмӯи ҳуқуқҳоро ба агенти иқтисодӣ тақозо дорад, ба ҳисоб меравад. Ин ҳуқуқҳо бояд ба вай қабули қарорҳои озод ва мустақилро диҳад. Озодии иқтисодӣ сарчашмаи номуайянӣ ва хавф (риск) мебошад, чунки ба озодии яке аз агентҳои иқтисодӣ якҷоя озодии дигарон низ ҳамроҳӣ мекунад.

Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ хавф (риск) – ҷузъи асосии соҳибкорӣ аст. Соҳибкоре, ки дар вақташ таваккал (риск) карда метавонад, бештар мукофотонида мешавад. Хусусиятҳои асосии «риск» – номуайянӣ, тасодуфӣ, ноустуворӣ ва тахмине, ки ба муваффақият соҳиб мешавад, маҳсуб мегардад.

Хавф (риск) аз шароити муайян вобастааст ва дар ҳолати номуайянӣ ё дар вақти интихоб аз якчанд ҳолатҳои қиёснопазир ба миён меояд. Аз ин лиҳоз, бо баҳо додани эҳтимолияти бомуваффақият ба мақсад расидан ва имкони бемуваффақиятиро аниқ кардан лозим аст. Дар фаъолияти соҳибкорӣ хавф (риск) бо мафҳумҳои моликият, даромад ва эҳтимолияти зарар вобастагӣ дорад.

Дар шакли мутлақ хавф (риск) ҳамчун бузургии зарари имконпазир дар шакли моддӣ-ашёӣ (ҷисмонӣ) ё арзишӣ (пулӣ), агар ин намуди зарарро дар шакли додашуда ҳисоб карда шавад, ифода мешавад.

Дар шакли нисбӣ хавф (риск) ҳамчун бузургии нисбати зарари имконпазир ба ягон бузургии бунёдӣ (базавӣ) муайян карда мешавад.

Ҳамаи омилҳоеро, ки ба дараҷаи хавфи (риск) фаъолияти корхона таъсир карда метавонад, ба гурӯҳҳои айнӣ (объективӣ) ва зеҳнӣ (субъективӣ) ҷудо кардан мумкин аст.

Ба омилҳои айнӣ (объективӣ) омилҳое дохил мешаванд, ки аз худи корхона вобастагӣ надорад: беқурбшавӣ, рақобат, бесарусомонӣ, бӯҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, экология, бавуҷудоии ҳолати мусоидтарин, имконияти кор дар минтақаи озоди соҳибкории иқтисодӣ ва ҳ.к.

Ба омилҳои зеҳнӣ (субъективӣ) оимлҳое дохил мешавад, ки бевосита хусусияти ин корхонаро муайян мекунад: қурби истеҳсолӣ, ҷиҳозонидани техникӣ, дараҷаи тахассусмандии соҳавӣ ва технологӣ, ташкили меҳнат, дараҷаи самаранокии меҳнат, дараҷаи алоқамандии кооперативӣ, дараҷаи бехатарии техникӣ, интихоби намуди шартнома бо инвестор ё фармоишгар ва ҳ.к. Омили охирин роли асосиро мебозад, чунки аз намуди шартнома дараҷаи хавф (риск) ва бузургии мукофот пас аз анҷоми лоиҳа вобастагӣ дорад.

Тадқиқи умумии моҳияти хавфи (риск) соҳибкорӣ хусусиятҳои нави онро, ки дар иқтисодиёт мавҷуд аст, ифода мекунад. Таснифи хавфи (риск) соҳибкорӣ аз сарчашмаи пайдоиши он, характер ва хосияти ҳисоб, усулҳои баҳодиҳӣ, имкони идоракунӣ ва камкунии хавф (риск) ва дигар асос ва далелҳо вобастагӣ дорад. Аслан, чанд намуди шароит, мақсади омӯзиш, усулҳо ва фикри муаллифон бошад, ҳамон қадар таъриф ва таснифоти хавф (риск) шуда метавонад.

Тиҷорати электронӣ ба хавф (риск) дар дараҷаи тиҷорати анъанавӣ, мумкин аз вай ҳам зиёдтар мубтало аст. Дар як қатор хавфҳои (риск) «классикӣ» хавфҳои нав то ҳол номаълум вуҷуд доранд, ки идоракунии онҳо яке аз масъалаҳои мураккабтарин ҳисобида мешавад.

Таснифи хавфи (риск) тиҷорати электрониро ба се гурӯҳи таҳдидҳо ҷудо кардан мукин аст: вирусҳо ва барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои хакерӣ ва фиребгариҳо бо истифодабарии воситаҳои ирсоли маълумот. Ду гурӯҳи аввали онҳо сарчашмаи гурӯҳи асосии сеюм шуда метавонад. Давраи навистани вирусҳои «ҳазломез» ва ҳамлаҳои хакерии шавқовар дар таърих монд ва мақсади асосии субъектҳои нокоми (дивантии) олами компутерӣ бойшавӣ аз ҳисоби истифодабарии усулҳои ғайриқонунӣ шуда истодааст.

Аз ҳисоби мукаммал ва бомаърифат шудани унсурҳои криминалӣ, пайдо гардидани восита ва усулҳои бисёр аз тарафи муҳити компутерие, ки ба фиребгариҳои мураккаб имкон медиҳад, ҳалли ин масъала боз ҳам душвортар мешавад. Ғайр аз ин номукаммалиҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ мавҷуданд, ки истифодабардагони қонуниро дар зери таҳдид монда, мушкили унсурҳои криминалиро осон месозад.

Мақсади навиштани вирусҳо ва барномаҳои зараровар ин қатъи пурраи кори таҷҳизотҳо ва барномаҳо ва дастрас кардани ахбори конфиденсиалӣ мебошад.

Яке аз манфиатҳои аввалини нависандагони вирус ин пайваст шудан ба интернет аз ҳисоби дигар истифодабарандагон буд. Барномаҳои махсус бо роҳҳои гуногун ба компутери дигар дохил шуда, ном ва рамз(парол)-ҳое, ки барои пайвастшавии интернет лозим аст, дастрас карда ба офарандагони худ ирсол мекарданд.

Минбаъд ин намуди фаъолият густариш ёфт. Нависандагони вирус фаҳмиданд, ки маълумоти дастрасшударо нафақат барои манфиати шахсӣ, балки ба хоҳишмандоне, ки ба шабакаи интернет арзонтар пайваст шудан мехоҳанд, фурӯхтан мумкин аст. Қадами оянда – муайян кардани ғайриқонунии ҳисобҳои бонкӣ шуд.

Ғайр аз дастрас кардани ахбори конфеденсиалӣ, вирусҳо метавонанд кори компутерро дар шабака қатъ намоянд. Масалан, аз тарафи корхонаи рақиб қатъ кардани кори интернет-мағозаи корхонаи дигар.

Истифодабарии барномаҳои махсуси антивирусиро ҳамчун чораи эҳтиётӣ барои истифодабаранда пешниҳод кардан мумкин аст.

Ғайр аз истифодабарии барномаҳои махсуси антивирусӣ, бодиққатии истифодабаранда ба сарчашмаҳое, ки ба вай ахбор дохил мешавад ва саводнокии умумии компутерӣ дар муҳориба муқобили барномаҳои зараровар ёрманди хуб шуда метавонад. Дар ҳайати штатии корхона доштани мутахассис ё гурӯҳи мутахассисоне, ки вазифаи асосии онҳо ҳифзи ахбор аз вирусҳо ва коршоямии таҷҳизоти компутерӣ аст, ба мақсад мувофиқ аст.

Шикасти таъминоти барномавӣ ва ресурсҳои шабакавӣ аз амалиёти характери шавқовардошта бо гузашти вақт ба воситаи пуриқтидори рақобати беинсоф табдил ёфт. Ҳама намуди системаҳоро мешикананд: сайти интернет-мағоза, провайдери хизматрасонии интернет, саҳифаҳои пӯшидаи сайтҳои пулакӣ, ҳатто сайтҳои ташкилотҳои давлатӣ.

Гурӯҳи таҳдидҳое, ки бо «ҳамлаҳои хакерӣ» ишора шудааст, бо гурӯҳи якум «вирусҳо ва барномаҳои зараровар» зич алоқаманд аст. Ҳифзи пурра аз хакерҳо ва вирусҳои компутерӣ имконнопазир аст. Ин вобаста аз он, ки ҳамаи камбудии (сурохиҳои) таъминоти барномавиро пӯшидан ғайри имкон аст. Хакерҳо мунтазам роҳҳои навро мекобанд, агар ёбанд – ҳуҷумро ба амал мебароранд. Дар ҷавоб ин офарандагони таъминоти барномавӣ хатогиҳои таъминоти барномавиро ислоҳ мекунанд, хакерҳо бошанд, роҳҳои навро мекобанд. Аз ин бармеояд, ки хакерҳо ҳамавақт аз шахсони муқобилистода пештар амал мекунанд.

Намудҳои зерини фиребгариҳоро ҷудо кардан мумкин аст:

  • бо истифодабарии рақами кортҳои кредитӣ;
  • бо истифодабарии нусхаи сайтҳои қонунӣ;
  • бо истифодабарии майдончаҳои савдои қалбакӣ; — инвеститсияҳо ва имконияти пул кор кардан; — номукаммалии системаҳои пардохт.

Фиребгариҳо бо истифодабарии рақами кортҳои кредитӣ. Дар ин намуд истифодабарии реквизитҳои кортҳои кредитӣ аз тарафи шахсоне, ки ба онҳо тааллуқ надорад, фаҳмида мешавад. Дар аввал муайян мекунем, ки чӣ тавр фиребгарон ин реквизитҳоро дастрас мекунанд. Ба тараққиёти технологияҳои ахборӣ нигоҳ накарда, дастрас кардани ахбори шахсӣ дар ҳолати «off-line» амалӣ мешавад. Асосан ба ин дохил мешавад дуздии кортҳо ва роҳҳои гуногуни фиребгарӣ бо банкоматҳо.

Усулҳои нисбатан камтар, вале шавқовартар ин дастрас кардани ахбор дар ҳолати «on-line». Дар ин ҷо яке аз намудҳои фиребгарӣ «фишинг» (аз анг. fishing – «қапидани моҳӣ»)-ро қайд кардан лозим аст. Дар ин ҷо роли «моҳи»-ро ахборҳои шахсии истифодабаранда мебозад. Усулҳои «фишинг» якчандто, вале асосан ба истифодабаранда номаи қалбакии электронӣ дар бланкаи фирмавӣ фиристода мешавад, ки дар он барои «аз нав аз қайд гузаштан» ё «азнавкунии ахбор» реквизитҳо пурсида мешавад.

Ба истифодабарандагони кортҳои кредитӣ гуфтан мумкин аст, ки дар вақти ошкор кардани ахбори шахсӣ бодиққат бошанд. Ягон банки боэътимод бо фиристодани нома ва пурсидани ахбори конфиденсиалӣ бо ёрии почтаи электронӣ машғул намешавад.

Аз истифодабарии ғайриқонунии кортҳои кредитӣ нафақат истифодабаранда, балки интернет-мағозаҳо низ зарар мебинанд. Агар бо пайдоиши ягон гумон, истифодабаранда харидро бекор кунад, хараҷотҳои интернет-мағозаро вобаста ба тартиб додани фармоиш ва ирсоли мол, ягон кас ҷуброн намекунад.

Фиребгариҳо бо истифодабарии нусхаи сайтҳои қонунӣ. Дар ин ҳолат фиребгарон сайти ягон банкро мегиранд ва пурра нусхабардорӣ мекунанд, ҳамчун суроғаи сайт номи банк бо ягон хатогии ночиз истифода мебаранд (масалан, citibank.ru ба ҷои cytibank.ru). Қадами оянда, ҳарчи бештар ҷалб кардани мизоҷони банк ба сайти қалбакӣ, ки дар он реквизитҳои шахсии истифодабаранда пурсида мешавад. Дар оянда ин реквизитҳоро фиребгарон ба манфиатҳои худ истифода мебаранд.

Ғайр аз сохтани нусхаи қалбакии сайтҳои бонкҳо, нусхаи қалбакии интернет-мағозаҳои машҳур вуҷуд дорад. Дар ин ҷо мақсади фиребгарон ё гирифтани реквизитҳои шахсӣ ё фурӯши моли қалбакӣ, мебошад.

Фиребгариҳо бо истифодабарии майдончаҳои савдои қалбакӣ. Боз яке аз намудҳои фиребгарӣ — сохтани интернет-мағозаи қалбакӣ бо нархҳои ҷалбкунанда. Пас аз ташкили интернет-мағоза, ба вай мизоҷон бо воситаи реклама, системаҳои кофтуковӣ ҷалб карда мешаванд. Пас фиребгарон моли набударо ба мизоҷон мефурӯшанд, дар баъзе ҳолатҳо реквизитҳои шахсии онро дар вақти хариду фурӯш дастрас менамоянд. Пас аз ҷамъоварии маблағ кори сайтро қатъ менамоянд.

Ғайр аз истифодабарии интернет-мағозаи қалбакӣ, фиребгарӣ бо истифодабарии майдончаҳои савдои ҳақиқӣ низ вуҷуд дорад. Дар ин ҷо гап дар фурӯшандаи фиребгар ва истифодабарии системаҳои пардохти электронӣ аст. Истифодабаранда барои маблағи ирсолшуда ё моли сифатан пастро дастрас мекунад, ё умуман ҳеч чизро намегирад.

Фиребгариҳо вобаста ба инвеститсияҳо ва имконияти пул кор кардан. Ҳоҳиши ҳарчи зудтар ва зиёдтар пул кор кардани инсонро фаҳмида ба роҳи манфиати худ истифода бурдан мумкин аст. Миқдори «пешниҳодҳои тиҷоратӣ» аз ҳад зиёд, вале мо бо се намуди асосии он маҳдуд мешавем: инвеститсия ба қоғазҳои қиматнок, лотореяи бурднок ва «номаҳои нигериявӣ».

Дар инвеститсияҳои қоғазҳои қиматнок, фиребгарон роҳи зеринро истифода мебаранд: аз тарафи фиребгарон миқдори зиёди аксияҳои арзони корхонаи хурд харида мешавад. Қадами ояндаи онҳо — паҳн кардани ахбор дар бораи афзоиши зиёди нархи ин аксияҳо, бо истифодабарии номи корхонаҳои калон, экспертҳои боэътимод ва таҳлилчиён. Пас аз расидан ба нуқтаи болоии нарх фиребгарон ҳамаи аксияҳоро мефурӯшанд ва нархи аксия ба ҳолати аввала мегардад. Дар натиҷа дар фарқи харидуфурӯш фиребгарон пули калон кор мекунанд, қурбонони фиребгарон бошад – ҳамон қадар калон зарар мебинанд.

Бурди бемисл дар лоторея – яке аз усулҳои самараноки бо фиреб бадастдарории пул мебошад. Маънии ин дар он аст, ки «шахси некбахт» лотореяи давлати хориҷиро бурд мекунад, вале барои дастрас кардани ин пул вай бояд андози ин давлатро супорад. Ҳоҳиши «пулҳои сабук» то ин андоза калон, ки қурбониён бо тезӣ аз маблағи якчанд маротиба хурди аз бурди қалбакӣ ҷудо мешаванд.

Боз яке аз усулҳои диққатҷалбкунанда – «номаҳои нигериявӣ» аст. Ба номи истифодабаранда аз номи яке аз амалдорони Нигерия дар бланкаи яке аз вазоратҳо нома дастрас мешавад. Дар нома амалдор менависад, ки дар ҳисоби давлати худ маблағи калон дар мондааст, барои ирсоли ин маблағ ёрӣ расонад. Вобаста аз як қатор сабабҳо амалдор худаш ин корро иҷро карда наметавонад ва кӯмаки истифодабарандаро дар ин кор мепурсад. «Кӯмак» дар ин ҷо дар шакли ришва барои гузаронидани ҳамаи маблағ ба «амалдор», ва фоиз барои ёрдам ба миёнарав.

Фиребгариҳо вобаста ба номукаммалии системаҳои пардохт. Номукаммалии асосӣ дар ин ҷо роҳи осони кушоди ҳисоб аст. Аниқтараш набудани роҳҳои аниқи муайян кардани истифодабаранда аст. Дар натиҷа ёфтани шахсе, ки маблағ бо ёрии системаҳои пардохт (масалан, бо системаи Webmoney) ирсол шудааст, кори ниҳоят душвор, дар аксари ҳол имконнопазир аст.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *