Фанни Иқтисоди миллӣ

Бозори байналхалкии асъор ва фаъолияти бонкхо

Иқтисодиёти ҷаҳонӣ наметавонад бе бозори молиявии инкишофёфта, ки бозори асъорӣ қисми таркибии он ба шумор меравад, вуҷуд дошта бошад. Бозори асъор аз маркази молиявии расмӣ иборат аст, ки дар он хариду фурӯши асъор ва қоғазҳои қиматнок бо асъор дар асоси талаботу пешниҳод ба онҳо ҷамъ оварда шудаанд. Аз нуқтаи назари вазифавӣ бозори асъор амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқии муосир, суғуртакунӣ аз хавфҳои асъорӣ, диверсификатсияи захираҳои асъорӣ, интервенсияи асъорӣ, ба даст овардани фоидаи иштирокчиёни онро дар шакли фарқ байни қурбҳои асъор таъмин менамояд. Интервенсияи асъорӣ – ин амалиётҳои мақсаднок оид ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ барои маҳдуд намудани динамикаи қурби асъори миллӣ дар ҳудудҳои муайяншудаи болоравӣ ва поёнравии он мебошад. Аз нуқтаи назари институтсионалӣ бозори асъор аз маҷмӯи бонкҳо, биржаҳои асъорӣ ва дигар институтҳои молиявӣ иборат мебошад. Аз нуқтаи назари ташкилӣ-техникӣ бозори асъор ин маҷмӯи системаҳои телеграфӣ, телефонӣ, телексӣ, электронӣ ва ғ. мебошад, ки бонкҳои мамлакатҳои гуногунро, ки ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ, амалиётҳои қарзӣ ва дигар амалиётҳои асъориро амалӣ мекунанд, ба сиситемаи ягона пайваст мекунад. Аз рӯи паҳншавӣ бозори асъор ба бозорҳои байналхалқӣ ва дохилӣ тақсим мешавад. Ҳам бозори байналхалқӣ ва ҳам бозори дохилӣ аз як қатор бозорҳои минтақавӣ иборат мебошанд, ки аз тарафи марказҳои молиявӣ (бонкҳо, биржаҳо) дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон ё мамлакати мазкур ташкил карда мешаванд. Бозори байналхалқӣ бозори асъори тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро фаро мегирад. Таҳти онҳо занҷири байни худ бо системаи робитаҳои кабелӣ ва радифӣ пайванднамудаи бозорҳои асъории минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаҳмида мешавад. Байни онҳо ҳаракати воситаҳо вобаста аз иттилоот ва пешгӯиҳои ҷории иштирокчиёни пешбари бозор доир ба ҳолати эҳтимолии асъорҳои алоҳида вуҷуд дорад. Дар айни замон бозорҳои Оссиёгӣ (бо марказҳо дар Токио, Гонконг, Сингапур, Мелбурн), Аврупоӣ (Лондон, Франкфурти лаби Майн, Сюрих), Амрикоӣ (Ню-Йорк, Чикаго, Лос-Анҷелос) – ро ҷудо намудани мумкин аст. Аз сабаби дар минтақаҳои гуногуни соат ҷойгир шудани бозорҳои асъори минтақавии ҷаҳон гуфтан мумкин аст, ки бозори асъори байналхалқӣ шабонарӯз кор мекунад. Дар бозорҳои минтақавии ҷаҳон одатан на ҳамаи асъорҳо нарх монда мешаванд, танҳо асъорҳое нарх монда мешаванд, ки аз тарафи иштирокчиёни он бештар истифода бурда мешаванд, яъне воҳидҳои пулии маҳаллӣ ва як қатор асъорҳои озод мубодилашаванда, пеш аз ҳама асъорҳои захиравӣ нарх монда мешаванд. Ҳамзамон, дар натиҷаи фарқ дар вақт қурби асъорҳои пешбар (яъне захиравӣ), ки дар бозорҳои гуногун ё дар ҳамон як бозор дар вақтҳои гуногун нарх монда мешаванд, ҳангоми нигоҳ доштани тамоюлҳои умумӣ фарқ мекунанд. Бонкҳое, ки дар бозори байналхалқии асъор амал мекунанд, низоми бонкии байналхалқиро ташкил мекунанд. Ин низом бо гурӯҳи муайяни қоида ва қонунҳо, ки низоми байналхалқии асъорро ташкил мекунанд, танзим карда мешавад. Низоми байналхалқии асъор – низоми пулии ҷаҳонии тамоми мамлакатҳо мебошад, ки дар доираи он захираҳои асъорӣ ташкил ва истифода карда шуда, гардиши байналхалқии пардохтҳо амалӣ карда мешаванд. Ба таври дигар низоми байналхалқии асъор гурӯҳи муайяни воситаҳои пардохтии байналхалқӣ (асъори озод мубодилашаванда, асъорҳои коллективии байналхалқӣ); реҷаи мубодилаи асъор; аз он ҷумла қурби асъорҳо ва ҳампоягии асъорӣ; шартҳои мубодилашавӣ; механизмҳои таъмин намудани воситаҳои пардохтию асъории гардиши байналхалқӣ; ба тартиб дарорӣ ва ба шакл даровардани шаклҳои ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ; реҷаҳои бозорҳои байналхалқии асъор ва тилло; мақоми институтҳои байнидавлатие, ки муносибатҳои асъориро ба танзим медароранд; шабакаҳои миллӣ ва байналхалқии муассисаҳои бонкӣ, ки амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ ва амалиётҳои қарзии бо фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ алоқамандро амалӣ менамоянд, иборат мебошад. Ҳадафи ниҳоии фаъолияти низоми байналхалқии асъор аз таъмин намудани самаранокии савдои байналхалқии молу хизматҳо ва даст ёфтан ба манфиати мутақобили иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ иборат мебошад. Ин ба низоми байналхалқии асъор талаботҳои баландро пешниҳод менамояд. Барои ҳамин ин низом дар ташаккули худ чунин давраҳоро аз сар гузаронидааст: Низоми асъори Париж (солҳои 1816 — 1914). Асоси онро стандарти тангаи тилло ташкил мекунад, яъне шакли хусусӣ (анъанавӣ)-и стандарти тиллоӣ, ки бо истифодаи тилло ва тангаҳои тиллоӣ ба сифати пул алоқаманд аст. Аз соли 1816 (аввалин маротиба расман дар Британияи Кабир ҷорӣ карда шуд) то соли 1914 амал кард. Ба асоси низоми асъори Париж (1867) гузошта шуд. Аломатҳои хоси стандарти тангаи тилло чунинанд: бо тилло ҳисоб кардани нархҳои молҳо, муомилоти тангаҳои тиллоӣ ва аз ҷониби сиккахонаҳои давлатӣ бе маҳдудият барои ҳар молик; мубодилаи бемамониати пулҳои қарзӣ бо тангаҳои тилло аз рӯи номинал; набудани маҳдудият ба содирот ва воридоти тилло; дар бозори дохилӣ дар қатори тангаҳои тилло дар муомилот будани пулҳои қоғазии давлатӣ.

I. Низоми асъори Париж тиллоро ба сифати пули ҷаҳонии ягона эътироф намуд. Бонкҳо пулҳои қоғазиро озодона бо тилло иваз мекарданд. Ҳамзамон дар мамлакатҳои мутараққӣ миқдори тилло дар таркиби воҳиди пулии миллӣ яъне ҳампоягии тиллоӣ бо қонун ба қайд гирифта мешуд. Ҳампоягии тиллоӣ – таносуби воҳиди пулии мамлакатҳои гуногун аз рӯи миқдори расмии тиллои дар таркибашон буда мебошад. Ҳамчун асос барои қурбҳои асъор хизмат мекард ва соли 1978 аз ҷониби Хазинаи байналхалқии асъор (МВФ) бекор карда шуд. Баъдтар, вақте ки тангаҳои тиллоӣ аллакай бароварда намешуданд, стандарти сабиқаи тилло ҷорӣ карда шуд, яъне шакли ихтисоркардашудаи стандарти тангаи тилло, ки мубодилаи пулҳои қарзиро ба сабиқаҳои тилло бо вазни то 12,5 кг пешбинӣ менамуд. Барои амалӣ намудани чунин мубодила ба бонк пешниҳод намудани маблағи пулии калон лозим буд. Чунин вазъият боиси аз бахши муомилот ба гардиши байналхалқии яклухт танг карда шудани тилло гардид. Стандарти сабиқаи тилло аз соли 1914 то соли 1941 амал кард. Стандарти тиллоӣ ба андозаи муайян нақши танзимкунандаи автоматии истеҳсолот, алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ, муомилоти пулӣ, тавозунҳои пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқиро бозӣ менамуд. Оҳиста-оҳиста дар ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ дар қатори тилло фунт-стерлинг ва доллари ИМА низ истифода бурда мешуданд. Ҳамин тавр стандарти тиллою девизӣ пайдо гашт, ки асоси низоми асъори Генуяро ташкил намуд.

  1. Низоми асъори Генуя (солҳои 1922 -1944). Ба асоси он стандартитилло-девизӣ гузошта шуд, яъне шакли ихтисоркардашудаи стандарти тиллоӣ, ки мубодилаи пулҳои қарзиро ба девизҳои асъори мамлакатҳои бо стандарти сабиқаи тилло ва баъдан ба тилло пешбинӣ менамуд. Ҳангоми стандарти тилло-девизӣ асъори як мамлакатҳо дар вобастагӣ ба асъори мамлакатҳои дигар қарор мегирифтанд, ки беқурбшавии онҳо ноустувории асъорҳои тобеъро ба миён меовард. Аз соли 1922 то соли 1971 амал кард.
  1. Низоми асъори Бреттонвуд (солҳои 1944-1976)

Дар низоми асъори Бреттонвуд баъзе монандиҳои стандарти тилло-асъорӣ нигоҳ дошта шуданд, ки махсусияташ дар он буд, ки якум, стандарти тилло-девизӣ танҳо барои бонкҳои миллӣ амал мекард ва дуюм, танҳо доллари ИМА (яъне фақат як асъори ягона) бо тилло иваз карда мешуд. Дар асл ин стандарти тилло-долларӣ буд. Дар низоми асъори Бреттонвуд хусусияти номуташаккил-автоматии ҳисоббаробаркуниҳои байнидавлатӣ бо тақвият ёфтани танзими давлатӣ ва ғайридавлатӣ омезиш меёфт.

Принсипҳои асосии ин низоми асъор чунин буданд: а) нигоҳ доштани вазифаи пули ҷаҳонӣ аз ҷониби тилло бо якҷоя ба сифати асъорҳои захиравӣ ва пардохтии байналхалқӣ истифода бурдани воситаҳои пулии миллӣ (пеш аз ҳама доллари ИМА); б) ӯҳдадории мамлакати асъори захиравӣ барои иваз намудани он ба тилло бо муассисаҳои ҳукуматии хориҷӣ ва бонки марказӣ бо қурби расмӣ (35 доллари ИМА барои як унсияи троягӣ); в) дар асоси ҳампоягии асъор, ки бо ХБА мувофиқа карда шудааст ва бо тилло ва доллари ИМА инъикос мегардад баробар ва мубодила намудани асъор; г) пайванди мустаҳками асъорҳо ба доллар (дур шудани имконпазири қурбҳои бозории асъорҳо-на зиёда аз 1%). Танзими байнидавлатии муносибатҳои асъорӣ ва танзими онҳоро ХБА амалӣ мекард, ки барои бартараф кардани мушкилиҳои муваққатии аз сабаби номувозинатии ӯҳдадориҳои мутақобила ба миён омада ҳуқуқи бо шартҳои имтиёзнок пешниҳод намудани қарзҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмддатро дошт. Низоми асъори Бреттонвуд аз механизми асъорие иборат буд, ки доллари ИМА-ро дар пардохтҳои байналхалқӣ дар мавқеи имтиёзнок қарор медод. Соли 1969 ХБА барои ҳисоббаробаркуниҳо «Ҳуқуқҳои махсуси қарзгирӣ» (СДР)-ро ҷорӣ намуд ва стандарти тилло-девизӣ бо стандарти СДР иваз карда шуд. Моҳи августи соли 1971 ҳукумати ИМА фурӯши сабиқаҳои тиллоро ба доллар расман қатъ намуд.

IV. Низоми асъори Ямайка (аз соли 1976 – то имрӯз).

Моҳи январи соли 1976 бо созишномаи мамлакатҳои аъзои ХБА дар конференсия дар Кингстон (Ямайка) ба Низомномаи ХБА тағйироти дуюм гузаронида шуд. Бо ин созишнома мақоми тилло бознигарӣ карда шуда, қурбҳои шинокунандаи асъор ҷорӣ карда шуданд. Принсипҳои асосии низоми асъори Ямайка чунинанд: гузаштан аз стандарти тилло-девизӣ ба стандарти мултиасъории бозорӣ. Расман стандарти СДР (Special Drawing Rights – ҳуқуқҳои махсуси қарзгирӣ) ҷорӣ карда шуд ва СДР базаи низоми асъорӣ ва асоси ҳампоягиҳои асъорӣ эълон карда шуд. СДР ба асъорҳои коллективии байналхалқӣ мансуб буда, барои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдии байниҳукуматии мамлакатҳои аъзои ХБА бо роҳи қайд намудан дар суратҳисобҳои махсус истифода бурда мешавад. Ба гуфти дигар СДР шакли моддӣ надорад ва танҳо асъори қайдӣ ба ҳисоб меравад. Қурби СДР дар асоси сабади асъорӣ муайян карда мешавад. Сабади асъорӣ – ин усули муқоиса намудани қурби миёнабаркашидаи асъори коллективӣ нисбати гурӯҳи муайяни асъорҳои миллии дигар мебошад. Шумораи асъорҳо дар гурӯҳ, таркиби онҳо ва андозаи қисматҳои асъорӣ, яъне миқдори воҳиди ҳар асъор дар гурӯҳ, озодона муайян карда мешаванд. Ба сабади асъории СДР доллари ИМА, евро, фунт-стерлинги Британияи Кабир ва йенаи Ҷопон дохил мешаванд. мисоли ҳисоб намудани қурби СДР дар ҷадвал оварда шудааст.

Мисоли ҳисоб кардани қурби СДР нисбат ба доллари ИМА

Таркиби сабади асъорӣ Компонентҳои асъорӣ Қурби асъор ба 1 доллари ИМА* Эквивалент бо доллари ИМА
Доллари ИМА 0,5720 1,0000 0,5720
Маркаи Олмон 0,4530 1,7128 0,2645
Франки Фаронса 0,8000 5,8015 0,1379
Фунт стерлинги Англия 0,0812 1,6374** 0,1330***
Йенаи Ҷопон 31,800 116,0510 0,2740
Ҷамъ 1 воҳиди СДР 1,3814

Эзоҳ:

* Қурб бо доллар дар асоси таварруми ҳаррӯзаи Бонки Англия дар бораи қурбҳои миёнаи асъор дар нисфирӯзӣ барои ХБА бо мақсади ҳисоб намудани қурби СДР муайян карда мешавад.

** Ҳамчун воҳид фунт стерлинг қабул карда шудааст (яъне, котировкаи баръакс).

*** Қатори 1 ба қатори 2 зарб карда мешавад.

Ҳамин тавр, 1 СДР — 1,3814 дол.

Аз ҷиҳати юридикӣ бекор кардани вазифаи пулии тилло (демонетизатсия) ба охир расид ва ин дар инъикоси худро чунин пайдо намуд: нархи расмии фиксажнамуда ба тилло бекор карда шуд, қурби бозории шинокунандаи тилло ҷорӣ карда шуд, ки дар савдои биржавӣ муайян карда мешавад, ҳампоягиҳои тиллоӣ бекор карда шуданд ва ба тилло иваз намудани долларҳо қатъ гардид. Демонетизатсияи тилло – ин аз дороии молиявӣ ба мол табдил додани тилло, ки дигар чун воситаи пардохт байни бонкҳои марказии мамлакатҳо истифода бурда намешавад ва ба бахши муомилоти молӣ мегузарад (масалан, содирот карда мешавад). Ба таври дигар, ин ҷараёнест, ки тилло оҳиста-оҳиста вазифаҳои пулии худро гум мекунад. Он ду ҷанбаро доро мебошад:

  • юридикӣ (де — юре) ва воқеӣ (де — факто). Ба охир расидани демонетизатсияи тилло аз ҷиҳати юридикӣ бо низоми асъори Ямайка мустаҳкам карда шуд. Аммо дар Низомномаи ХБА тилло чун дороии захиравии байналхалқӣ мустақиман инкор карда нашудааст, аз ин рӯ демонетизатсияи тилло воқеан ба анҷом нарасидааст. Демонетизатсияи воқеии тилло бо шароитҳои ҳақиқии истеҳсолоти молӣ, иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои асъорӣ муайян карда мешавад;
  • ба мамлакатҳо ҳуқуқи интихоб намудани ҳар реҷаи қурби асъор (фиксажкардашуда ё шинокунанда) дода шудааст;
  • танзими байниҳукуматӣ тавассути ХБА тақвият дода шудааст.

Дар Аврупо, ки Иттиҳоди Аврупо ташкил карда шудааст, низоми асъории аврупоӣ амал мекунад. Низоми асъории аврупоӣ низоми асъории минтақавӣ ба ҳисоб меравад ва зерсистемаи низоми асъори Ямайка мебошад. Принсипҳои асосии низоми асъори аврупоӣ чунинанд:

  • дар асъори коллективии аврупоӣ евро ба вуҷуд меояд. Қурби евро низ бо усули сабади асъорӣ муайян карда мешавад. Ба сабади асъории он дохил мешаванд: маркаи олмонӣ, фунт-стерлинги англисӣ, франки фаронсавӣ, лираи итолёвӣ, гулдени ҳолландӣ, франки белгиягӣ, кронаи чехӣ, фунти ирландӣ, драхмаи юнонӣ ва франки люксембургӣ. СДР ва евро асъорҳои коллективии ҷаҳонии ягона нестанд. Дар ҷахон зиёда аз даҳ асъорҳои коллективӣ мавҷуданд. Аксари онҳо воҳидҳои пулии ҳисобии байналхалқӣ ба шумор рафта, дар зинаи ибтидоии ташаккул қарор доранд. Ба онҳо мансубанд: динори ҳисоббаробаркунии арабии Хазинаи арабии асъор; франки КФА – мустамликаҳои фаронсавӣ дар Африқо; песои андии Аҳдномаи андӣ; доллари шарқикарибии Бозори умумии Кариб. Бонкҳо дар асоси низоми асъори амалкунанда фаъолияти байналхалқии худро амалӣ мекунанд. Фаъолияти байналхалқӣ ё иқтисодии берунмарзии бонкҳо, ки бэнкинг (англ. banking – фаъолияти бонкӣ) номида мешавад, унсурҳои зеринро дар бар мегирад: воҳидҳои ташкилии хориҷии бонк; муносибатҳои байналхалқии муросилотӣ; интиқолҳои асъории бонкӣ; принсипҳои қарзҳои байналхалқии бонкӣ; дигар хизматрасониҳои байналхалқии бонкӣ. Ба таври дигар, бэнкинг – ин бизнеси бонкии байналхалқӣ мебошад. Бонк фаъолияти иқтисодии берунмарзии худро тавассути ташкили департаменти байналхалқӣ, филиали хориҷӣ, бонки фаръӣ ва тавассути муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳои ватанӣ амалӣ менамояд. Ҳамзамон департаменти байналхалқии бонк бояд ҷозибадории алоқаҳои хориҷиро бо хароҷотҳои қобили қабули онҳо муқоиса намояд. Департаменти байналхалқӣ монанди бонки хурд мебошад. Он амалиётҳои зеринро дар бозори молиявии байналхалқӣ иҷро мекунад: амонатҳо мекушояд; маблағҳои худро дар дигар муассисаҳои қарзӣ ба амонат мемонад; бар ивази ҳисобҳо дар китобҳои худ чекҳоро пардохт мекунад ва бар ивази фондҳои худ дар хориҷа чек менависад; интиқолҳоро қабул ва пардохт мекунад; трансфертҳои воситаҳои пулиро амалменамояд; супоришҳои даромад ва баромадро инкассатсия мекунад; ба қарзгирони дохилӣ ва хориҷӣ қарз медиҳад; муносибатҳои муросилотии бонкиро барқарор медорад ва дигар амалиётҳоро иҷро менамояд. Амалиётҳо тавассути муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳои хориҷӣ, тавассути филиал ва бонкҳои фаръӣ амалӣ карда мешаванд. Филиалҳои хориҷӣ гурӯҳи пурраи хизматрасониҳои бонкиро пешниҳод мекунанд. Бонки фаръии хориҷӣ – ин бонки муштарак ё ширкати хориҷӣ мебошад, ки бонки ватанӣ аз болои он назорат мекунад. Фаъолияти бонкии байналхалқӣ ба муносибатҳои муросилотӣ такя мекунад, ки барои трансферт кардани пулҳо, мубодилаи асъор, маблағгузории савдои байналхалқӣ чун асос хизмат мекунанд. Корреспондент бонке (ё ширкати молиявӣ) ба ҳисоб меравад, ки манфиатҳои бонки дигарро аз ҳисоби ӯ дар минтақаи мазкур намояндагӣ мекунад ва супоришҳои молиявӣ ва тиҷоратии ӯро иҷро мекунад. Муносибатҳои муросилотӣ – ин муносибатҳои шартномавии байни муассисаҳои қарзӣ барои амалӣ кардани пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо бо супоришҳои ҳамдигар мебошанд. Шартномаи корреспондентӣ – созищнома байни ду ё якчанд бонкҳо дар бораи мавҷудияти пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳои яке аз онҳо бо супориш ва аз ҳисоби дигарӣ мебошад. Шартномаҳои қарзии мӯҳлатнок (бо ҳуқуқи дароз кардан) ва бемӯҳлат мавҷуданд. Суратҳисоби корреспондентӣ – суратҳисобе мебошад, ки дар он ҳисоббаробаркуниҳое инъикос меёбанд, ки аз ҷониби муассисаи қарзӣ бо супориш ва аз ҳисоби муассисаи қарзии дигар дар асоси шартномаи корреспондентии басташуда анҷом дода шудаанд. Суратҳисобҳои корреспондентӣ оид ба ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ ба ду намуд ҷудо мешаванд: суратҳисобҳои «Ностро» ва суратҳисобҳои «JIopo».

Суратҳисоби «Ностро» ин:

  • суратҳисобе мебошад, ки бонк дар бонк-корреспонденти хориҷии худ дорад ва дар он тамоми хароҷот ва воридотҳои он ба ҳисоб гирифта мешаванд;
  • суратҳисоби корреспондентие мебошад, ки тамоми амалиётҳо оид ба иҷрои супоришҳои банк аз ҷониби корреспондент бо он гузаронида мешаванд.

Суратҳисоби «Лopo » — ин:

суратҳисоби корреспондентӣ доир ба ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ мебошад, ки дар бонки ватанӣ ба номи бонки хориҷӣ-корреспондент кушода мешавад;

суратҳисобе мебошад, ки бонк барои ҳимоя намудани маблағҳое мекушояд, ки бо супориши корреспонденти худ дода ё гирифта мешаванд. Суратҳисоби «Лopo» инчунин метавонад суратҳисоби корреспондентии бонки сеюм бошад, ки дар бонки корреспондентии муассисаи қарзии мазкур кушода шудааст. Дар инвақт суратҳисоби бонки корреспондент дар муассисаи қарзии мазкур суратҳисоби «Востро» номида мешавад. аксаран аз ҷониби бонкҳои тиҷоратие кушода мешавад, ки интиқолҳо, амалиётҳои аккредитивӣ, инкассатсионӣ ва дигар амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ барои молу хизматҳоро амалӣ мекунанд. Пардохтҳо аз рӯи суратҳисобҳои корреспондентӣ дар ҳудуди бақияи суратҳисоб ё зиёда аз бақия аз ҳисоби овердрафт амалӣ карда мешаванд. Бонки азим ба бозори миллӣ ё минтақавӣ хизмат расонида истода, ҳамзамон ба дигар бонкҳо низ кӯмак мерасонад, яъне ба мизоҷони онҳо хизмат мерасонад. Бонкҳои хурд бо мақсади ба даст овардани хизмат дар бозорҳои асосӣ ва барои ба даст овардани ёрии махсус, аз он ҷумла қарзҳо, корреспонденти бонкҳои азим мегарданд. Бонкҳои азим бошанд, барои дастрасӣ пайдо намудан ба бозорҳои минтақавӣ корреспонденти бонкҳои хурд мегарданд. Дар бозори молиявии байналхалқӣ Хазинаи байналхалқии асъор ва бонкҳои байналхалқии гуногун, ассотсиатсия ва гурӯҳҳо амал мекунанд. Ба ғайр аз ин, дар бозори молиявии байналхалқии минтақавӣ бонкҳои байналхалқии минтақавии гуногун ва ташкилотҳо фаъолият менамоянд. Дар поён тавсифи мухтасари чунин муассисаҳои молиявии байналхалқӣ ва аврупоӣ оварда мешаванд. Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) – ин ташкилоти байналхалқии молиявӣ-асъорӣ, мақоми махсуси СММ мебошад. Он соли 1944 дар назди СММ ташкил карда шудааст. Дар айни замон зиёда аз 85 мамлакат аъзои ХБА мебошанд. Вазифаҳои асосии ХБА чунинанд: мусоидат ба рушди савдо ва ҳамкориҳои молиявӣ-асъории байналхалқӣ, дастгирӣ намудани тавозуни пардохти мамлакатҳои аъзои ХБА ва танзими қурби асъорҳои онҳо, кор карда баромадани ислоҳотҳо барои солимгардонии низоми асъориии ҷаҳон. ХБА ба аъзоҳои худ қарз медиҳад. Бонки байналхалқии таҷдид ва рушд (ББТР) ташкилоти қарзии байналхалқӣ ба ҳисоб рафта, муассисаи молиявии махсуси СММ мебошад. Фаъолияти асосии ББТР аз пешниҳод намудани қарзҳои дарозмуддат бо фоизҳои нисбатан паст ба муассисаҳои хусусӣ ва давлатӣ ҳангоми мавҷуд будани кафолати ҳукумати онҳо ва ба мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ва бонкҳои минтақавӣ равона намудани қарзҳо, барои тақсимоти минбаъдаи онҳо, иборат аст. аъзоёни бонк танҳо мамлакатҳои аъзои ХБА метавонанд бошанд. ББТР-ро инчунин Бонки ҷаҳонӣ низ меноманд. Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ БҲБ – ин палатаи ҳисоббаробаркунӣ мебошад, ки дар асоси саҳмиявӣ амал мекунад. Он соли 1930 дар Базел бо Шартномаи Гаага дар бораи товонҳои ҷангии олмонӣ ташкил карда шуд. Он мақоми машварат ва ҳамкориҳои бонкҳои марказӣ ба ҳисоб меравад ва ҳисоббаробаркуниҳои молиявӣ-асъории гуногунро мегузаронад. Ассотсиатсияи дилерони заёмҳои байналхалқӣ – ин ташкилотест, ки соли 1964 дар Сюрих барои кор карда баромадани қоида ва стандартҳои савдо дар бозори байналхалқии қоғазҳои қиматнок ташкил карда шудааст. Ассотсиатсияи пардохтҳои клирингӣ – ин ташкилот соли 1985 дар Лондон ташкил карда шудааст ва бо ҳамоҳангсозии фаъолияти системаҳои клирингии байнибонкӣ машғул мебошад. Ассотсиатсияи байналхалқии дилерони асъорӣ – ин ташкилотест, ки соли 1955 дар Сюрих ташкил карда шудааст. Он зиёда аз 10 ҳазор аъзои инфиродӣ (дилер)-ро дар бар мегирад. Ширкати байналхалқии бонкҳои аврупоӣ (ЕБИК) гурӯҳи бонкие мебошад, ки бо қарздиҳии додугирифтҳои савдои берунмарзӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои байналхалқӣ машғул мешавад. Соли 1970 ташкил шудааст. Федератсияи байналхалқии биржаҳои фондӣ – ин иттиҳоди биржаҳои фондии асосӣ мебошад. Соли 1961 бо мақсади муҳокима намудани муаммоҳои ҳамоҳангсозии татқиқотҳо ва ҷамъоварии иттилоот ташкил шудааст. Қароргоҳи асосиаш дар Париж ҷойгир аст.

Корпоратсияи молиявии байналхалқӣ (КМБ) – ин филиали ББТР мебошад, ки соли 1956 ташкил карда шудааст. Муассисаи махсусгардонидаи СММ ба шумор меравад, ки фаъолияташро ба пешниҳод намудани қарзҳо ба сармояи хусусӣ бе талаб намудани кафолати давлат, аммо бо шарти даромаднокии баланд ва самаранокии молиявии лоиҳа ва ҳиссаи воситаҳои КМБ дар ҳаҷми умумии маблағгузории лоиҳа на зиёда аз 20% (яъне 80% — ин воситаҳои сармояи хусусӣ) равона мекунад. КМБ инчунин барои фаъолияти мустақилонаи инвеститсионӣ бо фурӯши минбаъдаи дороиҳо ба сармояи хусусӣ ҳуқуқ дорад. Созишномаи байналхалқӣ оид ба қарзҳои содиротӣ бо дастгирии расмӣ (консенсус) – ин созишномаи 22 мамлакати Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёт дар бораи ставкаҳои фоизи пасттарин барои қарзҳои мӯҳлати 2-5 сол ва баланд аз рӯи се гурӯҳи мамлакатҳо вобаста аз сатҳи МММ ба сари аҳолӣ. Қарзҳои содиротӣ ба мӯҳлати то ду сол бо шартҳои бозорӣ пешниҳод карда мешаванд. Институти бонкдорон – ташкиоти касбии бонкдорон мебошад, ки соли 1879 ташкил карда шудааст. Зиёда аз 110 ҳазор аъзоёни инфиродӣ дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳонро доро мебошад. Бо омӯзиш ва додани дипломҳо, инчунин паҳнкунии иттилоот машғул аст. Институти молияҳои байналхалқӣ – ташкилоти қарздиҳандагони асосӣ (қариб 200 муассиса аз 40 мамлакат) мебошад, ки бо ҷамъоварӣ ва таҳлил намудани маълумот дар бораи қарзгирандагони мустақил сару кор дорад. Соли 1984 ташкил шудааст. Инчунин, аз рӯи макони ташкилшавӣ институти Дигтли низ ном бурда мешавад. Шарикони аврупоӣ – ин гурӯҳ (клуб)-и байналхалқии бонкӣ мебошад, ки асосан бо қарздиҳӣ дар бозори евроасъорҳо, маблағгузории лоиҳаҳо, идоракунии амвол ва қоғазҳои қиматнок, амалиётҳои лизингӣ машғул аст. соли 1971 ташкил карда шудааст. Ассотсиатсияи аврупоии сармояи «хавфнок» – иттиҳоди бонкҳо ва ширкатҳо мебошад, ки ба сармояҳои венчурӣ, яъне сармояҳое, ки бо хавфи калон гузошта мешаванд, махсус гардонида шудааст. Ҷамъияти молиявии Аврупо (СФЕ) – ин гурӯҳи бонкии байналхалқӣ мебошад. Соли 1967 ташкил шудааст ва асосан бо қарздиҳии тиҷоратӣ, расонидани хизматҳои бонкӣ ва бизнеси энергетикӣ машғул мешавад. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) – бонки байналхалқие мебошад, ки соли 1990 аз ҷониби ҳукуматҳои 42 мамлакат, аз он ҷумла Россия ва ташкилотҳои байналхалқӣ таъсис дода шудааст ва аз соли 1991 амалиётҳоро мегузаронад. Ҳадафи таъсиси БАТР аз дастгирии қарзии мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ ҳангоми гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ иборат мебошад. Бонки инвеститсионии Аврупо (БИА) аз соли 1959 фаъолият мекунад. Ҳадафи ташкил намуданаш – маблағгузории минтақаҳои аврупоӣ дар намуди қарзҳои дарозмуддат мебошад. Ширкатҳои байналхалқии молиявӣ (фондҳо, бонкҳо) бисёр вақт бо фандрейзинг машғул мешаванд. Фанд-рейзинг (англ,fandrazing) тарҷумаи таҳтуллафзӣ надорад. Айнан маънии «афзоиши воситаҳои пулӣ»-ро дорад, ҳамчун мафҳум бошад, — «ҷустуҷӯи маблағ» – ин фаъолияти ҷониби манфиатдор оиди ҷалб намудани захираҳои молиявии сарпарастӣ, хайриявӣ ва монанди инҳо мебошад, ки барои фаъолияти ғайридаромадноки арзиши иҷтимоӣ дошта, зуруранд. Клуби лондонӣ – иттиҳоди 600 бонкҳо-қарздиҳандагони азими ғарбӣ, ки бе кафолати ҳукуматҳои худ ба ИҶШС қарз дода буданд. Соли 1996 Федератсияи Россия чун меросгирандаи ҳуқуқ бо Клуби лондонӣ дар бораи реструктуризатсияи дарозмуддати қарзи берунаи Россия ба маблағи умумии 32 млрд. доллар (қарзи асосӣ 25 млрд. дол. ва маблағи фоизҳо аз рӯи он – 7 млрд. дол.) ба мувофиқа расиданд. Ин қарз барои 25 соли минбаъда бо пешниҳод намудани давраи панҷсолаи имтиёзнок аз нав ба расмият дароварда шуд. Клуби парижӣ – гурӯҳи мамлакатҳо – қарздиҳандаҳои асосии ҷаҳон. Он 19 мамлакатҳоро муттаҳид мекунад. Дар фаъолияти он ХБА ва Бонки умумиҷаҳонӣ низ иштирок менамоянд. Вақте ягон мамлакати қарздор, ки дар мувозинатиии тавозуни пардохт мушкилиҳоро эҳсос мекунад ва амалӣ намудани барномаи солимгардонии иқтисодиро бо ёрии ХБА оғоз менамояд, он гоҳ Клуби парижӣ дар ҳал намудани муаммоҳои молиявии мамлакати қарздор саҳми худро мегузорад. Барои ин он якҷоя бо мамлакати мазкур созишномаеро тартиб медиҳад, ки ба дигар мӯҳлат гузаронидани пардохтҳои қарзи берунаи онро иҷозат медиҳад. Клуби парижӣ ягон низомнома надорад, қарорҳои он дар асоси принсипҳои ҳамраъйӣ қабул карда мешаванд. Клуб бо мушкилотҳои қарзи байнидавлатӣ сару кор дорад, яъне қарздории қарзҳои берунае, ки аз ҷониби давлатҳо ё бо кафолати онҳо ба мамлакатҳои қарзгирифта дода шудааст. Мамлакатҳои қарзгирифта бисёр вақт ба мамлакатҳои қарздода барои ба қафо партофтани пардохти қарз муроҷиат мекунанд. Ҳамзамон барномаи чораҳои ҳукуматиро пешниҳод мекунанд, ки ба ислоҳ кардани вазъият равона карда шудаанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *