Фанни Иқтисоди миллӣ

Таъмини бехатарии оби нӯшокӣ чун унсури бехатарии озуқаворӣ ва экологӣ

«Яке аз сарватҳои муҳимтарини сайёра, ки натанҳо заминаи тавозуни экологӣ, балки заминаи муҳимтарини зиндагии шоистаи иқтисодӣ мебошад, захираҳои об ба шумор мераванд»

Э.Ш. Раҳмонов

Бехатарии озуқаворӣ дар мамлакат бо бехатарии оби нӯшокӣ зич пайваста аст, зеро об на танҳо унсури асосии маводи хӯрока, балки манбаи ҳаёт, сарчашмаи зиндагӣ дар ҳамаи замонҳо буд ва боқӣ мемонад. Барои таъмини талаботҳои асосии ҳар як инсон дар як шабонарӯз камаш 20 литр об лозим аст.

Дар Тоҷикистон бехатарии оби нӯшока ҳоло таъмин нашудааст, гарчанде ки аз ҷиҳати захираҳои об ҷумҳурӣ мавқеи хуби ҷаҳониро соҳиб мебошад.

Тавре, ки дар конфронси илмию амалии «Стратегияи истифодабарии захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон» зикр гардид, сифати оби нӯшока барои таъмини саломатии аҳолӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ мебошад. Дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ сабабгори ба вуҷуд омадани бемориҳои вазнини сирояткунандаи меъдаю рӯда маҳз бо сифати об вобастагӣ дорад. Дар конфронс қайд карда шуд, ки зиёда аз 40% обе, ки соли 2002 аз 390 манбаъ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон барои озмоиш ҷамъ оварда шуда буданд, аз рӯйи санҷишҳои санитарию бактериологияшон барои ошомидан номувофиқ буданд.1)[1]*

Аз ин рӯ ҳифзи об аз ифлосшавӣ, таъмини бехатарии об яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳифзи табиат ва сарвати миллии кишвар мебошад.

Дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёнаи солона 51,2 млрд. м3 об мегузарад, аз ҷумла аз дарёи Аму 50,5 млрд м3, дарёи Сир – 0,7 млрд. м3. Аз ҳаҷми умумии оби дар қаламрави кишвар тавлидшаванда 20% -аш дар дохили мамлакат истифода шавад, 80% берун аз қаламрави мамлакат ба давлатҳои ҳамсоя меравад. Дар ҳудуди Тоҷикистон 947 дарёи дарозиашон аз даҳ км боло мавҷуд буда, ҳамаи онҳо кӯҳиянд1)[2]*. Дарозии умумии ин дарёҳо 30 ҳазор км-ро ташкил медиҳад. Дар давоми як сол аз дарёҳои Тоҷикистон 64 млрд метри мукааб об ҷорӣ мешавад, аз ҷумла ба воситаи дарёи Аму наздик 53 млрд. м3.2)[3]*

Дар ҳудуди Тоҷикистон 8492 пирях мавҷуд аст, ки масоҳаташ 8476,2 км2 ё ин ки 6% масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Пиряхҳо дар худ 400 млрд м3 об дошта, ҳиссаи оби аз пиряхҳо ҳосилшуда 10-12% мебошад. Ба пиряхи Федченко наздик 100 пирях дохил мешавад, ки 26 – тояш шохобҳои пиряхи Федченко мебошад. Пиряхи Федченко калонтарин пиряхи ҷаҳон буда, дар китоби «Рекорди замин» сабт шудааст.

Кӯлҳои Тоҷикистон: теъдоди умумиашон 1300 адад буда, 43,3 км3 (ё ин ки 43,3 млрд м3) об доранд. Кӯли калонтарин Қарокӯл мебошад, ки дар обанбораш 26,6 млрд.м3 об дорад. Кӯлҳои шириноби1) Тоҷикистон: Сарез – масоҳаташ 88 км2, ҳаҷми обаш 17 млрд. м3 , Зӯркӯл – масоҳаташ 39 км2, Яшилкӯл – 35,6 км2, ҳаҷми обаш 0,45 млрд м3, кӯли Искандар масоҳаташ 3,4 км2. буда, ҳаҷми обаш 0,25 млрд.м3 об. Ғайр аз ин обанборҳо мавҷуданд, ки теъдоди онҳо наздик 200 адад мебошад.

1) Аз рӯйи ҳисобҳо оби ширин ҳамагӣ 35 млн.км3, ё худ 2,35% захираҳои умумии оби кураи заминро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми обҳои олам ба 1 млрд. 338 млн км3 баробар буда, аз ин:

96,5% — оби уқёнусҳои ҷаҳон иебошад,

1,74% — оби пиряхҳо ва қабатҳои яхбандии доимӣ,

1,7% — обҳои зеризаминӣ,

0,021% — яхҳои зеризаминии минтақаҳои яхбандии доимӣ;

0,013% — захираҳои обҳои кӯлҳо;

0,009% – оби атмосфера.

0,008% — оби ботлоқҳо;

0,007% — оби биосфера;

0,002% — оби дарёҳо;

Ҳаҷми обҳои зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ақидаи олимон ба 18,7 млрд. м3 баробар мебошад. Аз ин миқдор қисме ба тариқи чоҳканӣ ба мақсадҳои нӯшокӣ ва эҳтиёҷоти маишию техникӣ ба қадри 2,8 млрд м3 ҳоло истифода мешавад. Шумораи чашмаҳои шифо ва обҳои минералӣ дар кишвар 150 адад мебошад.

Таъмини бехатарии оби нӯшокӣ бо роҳи танзими давлатӣ сурат мегирад, ки бояд се ҳадафи асосиро пешбарӣ кунад:

якум, таъмини аҳолӣ бо оби тоза аз рӯйи меъёрҳои муқарраршуда ва иқтисодиёт бо миқдори лозимии об;

дуюм, танзими миқдор ва мӯҳлатҳои обгузаронӣ аз рӯйи меъёру лимитҳои муқарраршуда;

сеюм, назорати давлатии истифода ва ҳифзи об.

Усулҳои танзими давлатии об чунинанд:

а) таҳияи тавозуни (баланси) об (баланси воқеӣ, баланси дурнамо, баланси фаврӣ);

б) меъёргузорӣ, муайян намудани миқдори истифодаи об барои истеъмоли аҳолӣ, хоҷагии коммуналӣ, истеҳсолоти саноатӣ, кишоварзӣ ва ғайра.

в) муқаррар намудани ҳадди (лимити) миқдори обгирӣ аз ҳавза.

Кодекси оби ҷумҳурӣ ҳуҷҷате мебошад, ки дар асоси он ҳоло танзими давлатии истифодаи об сурат мегирад. Аз ҷумла:

  • истифодаи обҳои дохилӣ ва сарҳадгузар дар қаламрави ҷумҳурӣ;
  • тарзи истифодаи об ва муҳофизати он аз ифлосшавӣ, камшавӣ, таъсири зарарнок ва ғ.;
  • банақшагирии чорабиниҳо доир ба истифода ва ҳифзи об;
  • нақшаи истифодаи компллексӣ, тарозҳои (балансҳои) хоҷагии об, назорату ҳифзи захираҳои об.

Консепсияи истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои оби ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябри соли 2001 таҳия ва тасдиқ шудааст, масъалаҳои муҳимтаринро дар ин бахш баррасӣ намудааст, аз ҷумла онҳо масъалаҳои арзёбии манбаҳои об, ҳифзи обҳо ва пиряхҳо, идоракунии захираҳои об, дурнамои комплекси хоҷагии об, корҳои илмию тадқиқотӣ, тайёр намудани кадрҳо, масоили ҳуқуқӣ ва институтсионалии комплекси хоҷагии об.

Бехатарии об ҷиҳати соф гуманитарӣ дошта, ҳифзи захираҳои об, нигоҳ доштани он барои наслҳои оянда – ин проблемаи ҳар як мамлакат ва дар айни замон, проблемаи ҳамаи давлатҳо, проблемаи умумиҷаҳонӣ мебошад. Об барои ҳалли масъалаҳои умдаи рушди устувори экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ захираи муҳими стратегӣ мебошад.

Бинобар он ташаббуси таърихии сардори давлати Тоҷикистон, мӯҳтарам Э.Ш. Раҳмонов оид ба гузаронидани Соли байналмилалии «Оби тоза», даъвати Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза, аз ҷониби СММ солҳои 2005-2015 чун Даҳсолаи амалиёти «Об — барои ҳаёт», ки аз ҷониби зиёда аз 140 давлати ҷаҳон пурра ҷонибдорӣ гаштааст, асоси илмӣ ва аҳамияти умумиҷаҳонӣ дорад. Ин ташаббус дар бораи афзоиши бемайлони нақш ва ширкати фаъолонаи давлати Тоҷикон дар ҳалли муаммоҳои глобалии башарӣ шаҳодат медиҳад.

Об яке аз унсурҳои асосии боигарии миллии мамлакат ва бехатарии он мебошад. Дар ҷодаи захираҳои обу энергетикӣ принсипи тамоман нави муносибатҳои байнидавлатӣ ҷорӣ мегарданд.

Тавре, ки дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар, ки 30 майи соли 2005 дар ш. Душанбе баргузор гардида буд, қайд гардид, ҳалли босамар ва мутақобилан судманди масоили марбут ба захираҳои об дар маънии васеъ ва ҳатто глобалии он – таъмини сулҳ, рушд ва суботи давлатҳо мебошад.

Ҳақ пурра ба ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов аст, ки дар Конфронс иброз дошт:

«Борҳо шунидаем, ки об барои инсоният атои Худованд аст. Бо ин розӣ нашудан мумкин нест. Вале ин маънои онро надорад, ки ин боигарӣ тамоман арзиш надошта бошад. Нафт, газ, алмос ва тилло низ чун тамоми боигариҳои табиӣ ба мо атои Худованд мебошанд. Замоне буд, ки инсоният бе онҳо низ зиндагӣ дошт, вале бе об ҳаргиз вуҷуд дошта наметавонад. Мо бояд инро ҳаргиз фаромӯш насозем.

Идораи дарёҳо ва кӯлҳои байналмилалӣ аз лиҳози сиёсӣ масъалаи нозук ва ҳассос мебошад. Вале мо бояд онро на чун манбаи низоъ, балки чун муҳаррики ҳамкорӣ арзёбӣ намоем. Дар ин бобат Созишнома дар бораи обҳои байналмилалӣ метавонад омили таҳкими сулҳ, ҳамсоягии нек, субот ва рушт дар Осиёи Марказӣ гардад. Созмони Милали Муттаҳид қодир аст бо иҷрои нақши «миёнарав ва иҷрочии боътимод» дар созмондиҳии шарикии наздисоҳилии кишварҳо аз сатҳи техникӣ то сиёсӣ ба мо мусоидат намояд»1.

Ҳоло проблемаҳои дар доираи масоили об вуҷуддошта бисёр буда, асосан инҳоро дар бар мегиранд:

  • проблемаи ҳифзи баҳри Арал, ки бо вайроншавии тавозуни иқлим ва фазо барои 35 млн. нафар аҳолии минтақа таҳдид мекунад;
  • тақсимоти об дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар, бахусус оби дарёҳои сарҳадгузари ба ҳавзаи баҳри Арал мерехтае, ки аз он 6 давлат истифода мекунад;
  • муносибатҳои додугирифти байни давлатҳои обдиҳанда ва обгиранда — болообу ва поёноб;
  • масоили пардохти хароҷотҳои танзими мавсимии об (Норак, Қайроққум) аз ҷониби давлатҳои ҳавасманд ва ғайра.

Муаммоҳои об дар давраи Шӯравӣ муаммои баҳсталаб набуданд, зеро додугирифти захираву маҳсулот дар байни 15 ҷумҳурии иттифоқӣ аз марказ идора мегардид. Манфиатҳо баробар нигоҳ дошта мешуданд. Бо тағйирёбии шароити баъди аҳди шӯравӣ манфиатҳои миллии давлатҳо мухталиф гаштанд. Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар Осиёи Марказӣ соҳиби манбаҳои калони об мебошанд, дар муқоиса бо давлатҳои ҳамсоя захираҳои бойи нафту газ надоранд. Барои ин давлатҳо захираҳои об сарвати миллӣ буда, аз он мехоҳанд пурсамар истифода намоянд – истеҳсоли қувваи барқро афзоиш диҳанд, ки эҳтиёҷ бар он дар фасли зимистон хеле меафзояд. Дар фасли зимистон сар додани об аз обанборҳо ба хотири истеҳсоли барқ ба нафъи ҳамсояҳо нест. Баръакс заминҳои Қазоқистону Ӯзбекистонро аз зиёдшавии обҳо селу обхезӣ таҳдид мекунад. Дар фасли тобистон бошад ҳангоми обёрии заминҳо талабот ба об дар ин давлатҳо бениҳоят меафзояд.

____________

1) Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар, 30 майи соли 2005. – «Ҷумҳурият», 31 майи соли 2005.

Дар давраи шӯравӣ барои пардохти об давлатҳои болооб дар асоси низоми ҳисоббаробаркунӣ аз Қазоқистон ангишт ва аз Ӯзбекистон газ мегирифтанд ва дар мавсим ба онҳо оби даркорӣ медоданд. Дар солҳои истиқлолият барои ангишту газ «пули нақд» талаб мекунанд, вале дар масъалаи пардохти об намешитобанд. Муаммо аз ҳамин сар мезанад.

Тавре ки маълум аст, дар дунё шумораи зиёди манбаъҳои оби сарҳадгузар вуҷуд доранд, ки марзҳои сиёсии ду ва зиёда кишварро убур менамоянд. Давлатҳои дар соҳили дарёҳои байналмилалӣ воқеъ буда дар масъалаи истифодаи об ҳамкорӣ мекунанд. Таърихи ингуна ҳамкориҳои минтақавӣ аз чандин ҳазорсолаҳои томелодӣ ибтидо гирифтааст, ки мазмуни онҳо бо роҳи бастани созишномаҳо, қарордодҳо муайян намудани шартҳо ва меъёрҳои тақсими об вобаста мебошад. Бо мусоидати СММ ҳалли муаммои оби дарёи Меконг дар байни давлатҳои Камбоҷа, Лаос, Таиланд ва Ветнам дар доираи Комиссияи дарёи Меконг, ҳамкории давлати Исроил ва Урдун дар масъалаи истифодаи муштараки дарёи Урдун, бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ фаъолияти Комиссияи дарёи Ҳинд дар ҳалли ихтилофоти байни Ҳиндустон ва Покистон аз ҷумлаи мисолҳое мебошанд, ки бо роҳи музокирот мушкилотҳои перомуни обро ҳал намудаанд. Дар айни ҳол дар 50 соли охир дар кишварҳои олам 37 низоъи шадид бо истифодаи қувва ҷой дошт.

  1. 1)* Рафиев Х.К., Лукьянов Н.Б., Дабуров К.Н., Азимов Г.А. Стратегия санитарной охраны объектов на современном этаппе развития республики Таджикистан.// Тоҷикистон ва ҷаҳони имрўз, 2005, № 3 (7) . саҳ.97.
  2. 1)* Дарёи Сир дарозтарин дарёи Осиёи Марказӣ ҳисоб мешавад, ки дарозиаш 2212 км буда, ҳамроҳи шохобаш Норин 2684 км-ро ташкил медиҳад. Дарёи Сир дар ҳудуди Тоҷикистон 195 км аст.

    Дарёи Аму бошад то баҳри Арал 1415 км, ҳамроҳи шохобаш Панҷ 2549 км дарозӣ дорад.

  3. 2)* Агар дар ҳамаи дарёҳои кишвар нерўгоҳҳои барқӣ сохта шаванд, онгоҳ дар як сол 527 млрд квт-соат барқ истеҳсол кардан мумкин мешавад. Ин барои кишвари нисбатан массоҳаташ хурд (143 ҳазор км2) нишондиҳандаи бениҳоят калон мебошад: захираи ресурсҳои барқӣ ба ҳар як километри мураббаъ 3,7 млн квт-ссоатро дар як сол ва ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ наздик 80 ҳазор квт-соатро ташкил медиҳад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *