Фанни Иқтисоди миллӣ

Моҳияти бехатарии иҷтимоӣ, арзёбии таҳдидҳои бахши иҷтимоӣ

«Ягон ҷомеа шукуфо ва хушбахт буда наметавонад, то замоне, ки аксари аҳолии он бенавою қашшоқ бошанд».

Адам Смит.

Устувории иҷтимоӣ яке аз нишондиҳандаҳои арзёбишавандаи бехатарии иқтисодии мамлакат буда, қудрати давлат ва сохторҳои ҳукмрони онро дар ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ, бунёди механизми бонуфуз барои доир ва ҳифз намудани манфиатҳои субъектҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад. Бинобар ин дар стратегияи давлатии бехатарии иқтисодӣ таъмини шароити мусоид барои ҳаёти солим ва инкишофи шахсият, барои устувории иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа чун ҳадафи ингуна стратегия ва пешравии давлат дониста мешавад. Маҳз ҳамингуна шароит барои бомуваффақият пеш бурдани дигар вазифаҳо, чунончи таъмини якпорчагию ягонагии мамлакат, мубориза алайҳи ҳаргуна таҳдидҳои дохилию беруна хизмат мекунад.

Барои муайян намудани вазъи иҷтимоии ҷомеа таҳдиди хатарҳое, ки дар заминаи бахши иҷтимоӣ ба миён меоянд, бояд таҳлилу таснифот гарданд. Дар Тоҷикистон солҳои аввали истиқлолият чун солҳои хуруҷёбии таҳдидҳо, бахусус таҳдидҳои иҷтимоӣ буданд. Ноилшавӣ ба мусолиҳаи шаҳрвандӣ ва боздории таназзули иқтисодӣ имконияти барқарор намудани нишондиҳандаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварданд.

Вазъи бехатарии иҷтимоӣ дар натиҷаи вайрон шудани мувозинати манфиатҳои гурӯҳҳои аҳолӣ, пастшавии сатҳи зиндагии мардум муташанниҷ гашта, сабаби пайдошавии хатари иҷтимоӣ мегардад.

Омилҳои асосии эҳтимолияти ба миён омадани низои иҷтимоӣ инҳо мебошанд:

баланд гаштани сатҳи камбизоатӣ, дар ҷомеа афзудани теъдоди одамоне, ки барои ояндаи хеш боварӣ надоранд;

дар шаҳрҳо нисбат ба деҳот афзоиш ёфтани аҳолии камбизоате, ки вазъи кринималиро ба вуҷуд меоранд, бо корҳои ношоиста ба монанди нашъамандӣ, дуздӣ, ҷиноятҳои муташаккилона, одамфурӯшӣ, фоҳишагарӣ машғул мешаванд;

ҷудошавии ҷомеа ба гурӯҳи хурди одамони бениҳоят бой ва гурӯҳи аксари аҳолии бениҳоят камбағал;

афзоиши шумораи бекорон, бахусус дар байни ҷавонон;

аз кор мондани корхонаҳо, маҷбурӣ ба рухсатӣ фиристодани кормандони корхонаҳо;

ба ҷиноятпеша мубаддал гаштани фаъолияти хоҷагидорӣ дар мамлакат ва ғайра.

Сабабҳои ба вуҷуд омадани омилҳои ношоями иҷтимоӣ гуногунанд, дар байни онҳо таҳдиди афзоиши бекорӣ ва ҷинояткорӣ дар ҷои аввал меистад. Сабабҳои дигар — густаришёбии таназзули ҷомеа ва аҳолӣ аз ҷиҳати маънавиёт, тамаддуни миллӣ, барқарор шудани ҳукмронии пул, ришвахурӣ, дурӯғгӯӣ, фиребгарӣ, дуршавии ҷавонон, бахусус наврасон аз фарҳанг, маърифат, илмҷӯӣ, китобхонӣ ва ғайра. Як қисми ин омилҳоро чун оқибати бевосита ё бавоситаи камбизоатии аҳолӣ маънидод намудан дуруст мешавад. Ҳамаи ин омилҳо аз душвории давраи аввали истиқлолият, давраи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ шаҳодат медиҳад. Дар давраи минбаъда ин камбудию норасогиҳо қадам ба қадам коҳиш ёфта бошанд ҳам, ҳоло мӯҳлате лозим аст, ки онҳо пурра бартараф гарданд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *