Фанни Иқтисоди миллӣ

Самтҳои асосии таъмини бехатарии иқтисодӣ дар хоҷагии миллӣ

  • Самтҳои таъмини бехатарии иқтисодӣ
  • Муқоиса намудани нишондиҳандаҳои бехатарӣ бо Ҳадди ногувори ниҳоии бехатарии иқтисодӣ (ҲННБИ)
  • Муаммоҳои қарзи дохилӣ ва беруна
  • Чорабиниҳои таъхирнопазири давлатӣ дар бахши таъмини бехатарии иқтисодӣ дар давраи рушди дарозмуддат

7.1. Самтҳои таъмини бехатарии иқтисодӣ

Ба хотири раҳоӣ аз вазъияти ногувори таҳдиди хатари иқтисодӣ, Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати иқтисодии худ стратегияи инкишофи бартариятҳо, ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар ва кам кардани хатари амнияти иқтисодиро пеш гирифтааст. Ин пеш аз ҳама дар чораҷӯиҳои рушди истеҳсолот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини пешгирии беқурбшавии арзи миллӣ, камчинии буҷаи давлатӣ, ба қадри имкон таъмин намудани шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии он ифода меёбад.

Бо назардошти он, ки низоми андозгузорӣ ҳоло чандон мукаммал нест, Ҳукумати Тоҷикистон чораҷӯиҳоро дар соҳаи такмили андоз, ворид намудани тағйиротҳои куллӣ ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст.

Самтҳои асосии таъмини бехатарии иқтисодӣ дар шароити ҳозира:

  1. Афзоиши ҳаҷм ва вусъатдиҳии суръати истеҳсоли маҳсулот дар иқтисодиёт, пеш аз ҳама ба кор даровардани иқтидорҳои мавҷуда дар саноати кишвар. Ҳоло ин имконият кам истифода мешавад.

Аз рӯйи маълумотҳои Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷадвали 7.1) маълум мешавад, ки гарчанде солҳои охир беҳшавии вазъият ба назар расад ҳам, сатҳи истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи саноатӣ паст мебошад. Чунончӣ, мувофиқи маълумоти соли 2004 иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ 80,7% истифода шуданд; сементбарорӣ – 34,7%; масолеҳи бетониву конструксияхои оҳаниву бетонӣ – 4,0%; корхонаҳои пахтатозакунӣ – 42,4%; иқтидорҳои истеҳсоли молҳои шоҳигӣ – 7,9%; пойафзолдӯзӣ – ҳамагӣ 0,8%; қолинбарорӣ–2 1,0%; яхдонсозӣ – 6,3%; корхонаҳои гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ – 1,0%; коркарди шир – 7,2%. Ин рақамҳо дар бораи имкониятҳои (захираҳои) дохилиистеҳсолии корхонаҳои саноатии мамлакат шаҳодат медиҳанд, ки ҳоло истифода намешаванд;

Ҷадвали 7.1.

Истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо ҳисоби фоиз)

1991 1999 2000 2001 2002 2003 2004
Нуриҳои маъданӣ (ба ҳисоби 100% моддаҳои серғизо) 100 11,1 26,7 8,4 75,8 69,7 80,7
Семент 96,0 11,4 20,1 23,7 14,8 31,7 34,7
Конструксия ва мас-нуоти васлшавандаи оҳану бетонӣ 48,4 2,7 2,4 1,8 2,9 3,5 4,0
Масолеҳи деворсозӣ 48,2 11,4 11,3 11,2 11,1 14,6 52,2
Нахи пахта 61,8 32,6 38,5 39,0 41,0 47,9 42,4
Шоҳивории тайёр 93,9 20,4 34,5 33,8 17,2 6,1 7,9
Пойафзол 65,2 1,2 1,6 1,7 1,1 0,6 0,8
Қолинҳо ва молҳои қолинӣ 55,3 9,9 3,2 12,5 13,4 16,8 21,0
Яхдонҳо 81,0 1,1 1,9 1,9 1,6 0,7 6,3
Гӯшт 51,2 0,6 1,0 0,9 0,9 0,8 1,0
Равғани чорво 50,9 0,6 0,3 0,8 1,7 1,7 1,6
Маҳсулоти шири холис ба ҳисоби шир 63,0 1,8 2,6 4,1 5,1 5,3 7,2

Маъхаз: Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2005. Душанбе: Кумитаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2005, саҳ 194

  1. Пешгирӣ намудани таҳдиди камбизоатӣ дар асоси ба роҳ мондани чораҷӯиҳои Ҳуҷҷати Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ;
  2. Мушаххастар намудани ҳадафҳои дурнамои дарозмудддат ва миёнамӯҳлати тараққиёти мамлакат, ҳалли масъалаҳое, ки дар мадди аввал бояд ҳаллу фасли худро ёбанд, маблағ ва қувва барои онҳо бо тарзи бартариятнок сафарбар карда шаванд. Дар шароити маҳдудияти захираҳо, имкониятҳои молиявӣ механизм ва роҳҳои истифодаи оқилонаи ин захираҳо дорои аҳамияти калон мешаванд. Ҷудо намудани бартарияти иқтисодӣ аз он ҷиҳат зарур аст, ки танҳо бо роҳи сарфаҳм рафтан ба аҳамияти бартариятҷудокунӣ ба ҳадафҳои сиёсати иқтисодии давлат ноил шудан мумкин аст: кадом вазифа саравввал ва кадоми дигар дар навбати дуюм ё сеюм бояд ҳалли худро ёбад — то ингуна ҳукми бартарӣ эътироф нашавад, ҳадафиё ниҳоӣ мушаххас намешавад;
  3. Фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалб намудани инвеститсияи хориҷӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ. Истифодаи манбаъҳои дохилии сармоягузорӣ ва равнақи соҳибкорӣ тақозо мекунанд, ки монеаҳои сунъӣ дар ин бобат бартараф карда шаванд. Сухан дар бораи мушкилотҳои гузаштан аз қайди давлатӣ, литсензиягирӣ, ҷудокунии замин, мушкилотҳои ҳуҷҷатгузориҳои беохири расмӣ ва ғайра меравад. Истифодаи захираҳои молиявии дохилӣ механизми иқтисодии худро бояд пайдо кунад. Қонунигардонии даромадҳои аҳолӣ, ки соли 2003 баргузор гардид (зиёда аз 190 млн. доллари ИМА) ва инчунин, маблағҳое, ки аз хориҷи кишвар аз муҳоҷирони меҳнатӣ (резидентҳои ватанӣ) ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд (соли 2005 танҳо тавассути интиқоли бонкӣ зиёда аз 600 млн. доллари ИМА маблағ ворид гардид) – манбаи муҳими густариши сармоягузории дохилӣ буда, механизми истифодаи он зудтар андешида шавад; қабул ва ҷорӣ намудани қонуни нави ҷумҳурӣ «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аз ҷониби онҳо қонунӣ гардондани амвол», ки ҳоло аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мешавад, барои инкишофи минбаъдаи соҳибкории хусусӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад;
  4. Таъмини бехатарии озуқаворӣ яке аз самтҳои асосии амнияти иқтисодии мамлакат ба шумор меравад. Агар ба таърихи гузаштаи то давраи истиқлолият назар андозем, Тоҷикистон дар он давра асосан аз ҳисоби ҷумҳуриҳои дигар бо озуқа таъмин карда мешуд. Танҳо истеҳсоли пахта вазифаи асосии соҳаи кишоварзӣ ҳисобида шуда, истеҳсоли маводи озуқа аз ҷиҳати самаранокиаш (аз рӯйи тақсимоти иттифоқии меҳнат) сазовори таваҷҷӯҳи зиёд набуд. Ин буд, ки солҳои 1992 – 1994 бар асари ин омил ва инчунин оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои гуруснагӣ ба вуҷуд омад. Тадбирҳои оқилонаи сарвари давлат, мӯҳтарам Э.Ш. Раҳмонов дар бораи ба хоҷагиҳои ёрирасони аҳолии деҳот ҷудо намудани 75 ҳазор гектар замин, инчунин, озод намудани нархҳо ба орд ва маҳсулоти ғалладона мамлакатро аз таҳдиди хатари номбурда раҳоӣ дод. Аммо миқдори ғаллае, ки дар мамлакат истеҳсол мешавад, (935 ҳазор тонна дар соли 2005) эҳтиёҷоти ҷумҳуриро қонеъ намекунад. Барои давлате, ки наздик 74 дар сади аҳолияш дар деҳот зиндагӣ мекунад, чунин ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда кофӣ нест. Паст будани ҳосилнокии замин, истифодаи меҳнати дастӣ, норасогии техникаи кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, сатҳи на чандон баланди агротехника сабабҳои вобастагии ҷумҳурӣ аз воридоти озуқаворӣ мебошад. Ҳоло воридот на танҳо ғалла, балки ҳамаи намудҳои асосии маводи хӯрокаро фаро гирифтааст, аз ҷумла гӯшт, мурғ, маҳсулоти орд, тухм, ҳатто сабзавот ба монанди себу ангур ва тарбузу харбуза ва ғайра. Таъмини бехатарии озуқаворӣ яке аз бартариятҳои иқтисодии мамлакат мебошад.

7.2. Муқоиса намудани нишондиҳандаҳои бехатарӣ бо Ҳадди ногувори ниҳоии бехатарии иқтисодӣ (ҲННБИ)

Барои арзёбӣ намудани бехатарии иқтисодии мамлакат на чандон худи нишондиҳандаҳои бехатарӣ, балки ҳадди ногувори ниҳоии онҳо аҳамияти баландро соҳиб мебошанд (ҷадвали 7.2).

Ҳадди ногувори ниҳоии бехатарии иқтисодӣ тақозо мекунад, ки дараҷаи сармоягузорӣ барои бунъёди сармояи асосӣ нисбати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) бояд на камтар аз 25% бошад. Дар иқтисодиёти Тоҷикистон, мутаассифона, ин нишондиҳанда ҳамагӣ 6,0% -ро ташкил медиҳад, ки аз меъёри ҳудудӣ 4,1 маротиба кам мебошад.

Ҷадвали 7.2.

Ҳадди ногувори ниҳоии бехатарии иқтисодӣ ва сатҳи воқеии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бузургиҳои

ҳудуди ногуворӣ (байнал-милалӣ)

Вазъи воқеӣ
Сатҳи маблағгузорӣ барои афзоиши сармояи асосӣ (нисбати ММД, %) 25,0 6,0
Ҳиссаи саноати мошинсозӣ ва коркарди

металл (нисбати ММД, %)

25,0 0,9
Ҳиссаи навҷорисозӣ дар иқтисодиёт (%) 15,0 0,1
Дараҷаи монетикунонии иқтисодиёт — гардиши маблағ чун омили рушд (нисбати ММД, %) 50,0 6,0
Маблағи қарзи хориҷӣ

(нисбати ММД, %)

30,0 35,0
Сатҳи камбизоатӣ (нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ, %) 7,0 64,0
Коэффитсиенти даҳъякии даромади

аҳолӣ (маротиба)

8 27
Таносуби даромади миёнаи солона ва ҳадди ақали рӯзгузаронӣ +3,5 -2,2

Маъхаз: Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, саҳ. 18.

Наздик 90 фоизи фондҳои асосии вуҷуддошта аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ фарсуда гашта, барои таъмини суръати баланди тараққиёт ва истеҳсоли маҳсулоти ватании дар бозори дохилию хориҷӣ рақобатпазир мувофиқат намекунад.

Нишондиҳандаҳои дигари бахши истеҳсолӣ низ барои амнияти иқтисодӣ мусоидат намекунанд. Масалан, вазни хоси маҳсулотбарории саноати мошинсозӣ ва коркарди метал, ки барои таҷҳизонидани истеҳсолот омили асосӣ мебошад, дар ҷумҳурӣ даҳҳо карат аз меъёри лозима кам аст.

Дар маҷмӯи амнияти иқтисодӣ бехатарии иҷтимоӣ яке аз намудҳои асосии бехатарӣ мебошад. Бехатарии иҷтимоӣ нишондиҳандае мебошад, ки қобилияти давлатро оид ба пешгирии пайдоиши муноқишаҳои байни субъектҳои муносибатҳои иҷтимоӣ, алалхусус ҳифзи манфиатҳои гурӯҳҳои камбизоати аҳолиро дар бар мегирад.

Ҳиссаи камбизоатӣ набояд аз 7 фоиз зиёд бошад, дар ҷумҳурии мо ин нишондиҳанда ба 64% баробар аст.

Сатҳи даромади миёнаи солонаи аҳолии Тоҷикистон нисбати ҳадди ақали рӯзгузаронӣ ба –2,2 баробар аст, аз рӯйи сатҳи ҳудудӣ бояд ки +3,5 бошад.

Ин ва чанди дигар нишондиҳандаҳои воқеӣ нишон медиҳанд, ки вазъи амнияти иқтисодии мамлакат номӯътадил буда, сатҳи бехатарӣ аз меъёр паст аст.

Бехатарии иқтисодӣ аз нигоҳи муомилоти пулию молиявӣ ва муқоисаи он бо бузургии ҳудудӣ нишон медиҳад, ки вазъият дар ин бахш қаноатбахш набуда, балки пуризтироб аст. Меъёри ҳудудӣ дар ин бахш аз нишондиҳандаи воқеии ҷумҳурии мо зиёда аз 8 маротиба баланд аст.

Гарчанде, ки навҷорисозӣ (инноватсия) дар иқтисодиёт омили ҳалкунандаи ҳамагуна пешравиҳо ҳисоб меёбад, меъёри ҳадди ногувор аз ин нишондиҳандаи воқеии ҷумҳурӣ 150 маротиба афзун мебошад. Суст гаштани пешравии илму техника, қатъ гардидани тадқиқоти бунёдӣ дар ҷумҳурӣ, аз фаъолият боз мондани як қатор муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва бюроҳои конструктории аҳамияти соҳавӣ ва байнисоҳавӣ дошта ба он оварда расонд, ки як қатор олимон ва мутахассисони баландпояи илмӣ аз фаъолияти эҷодии касбӣ дур шуданд. Ин омили манфие, ки ба манфиатҳои миллӣ таъсир мерасонад, ҳоло дуруст арзёбӣ намешавад. Чораҳое, ки дар бахши ҷонибдории илм андешида мешаванд, пурсамар гуфтан мумкин нест. Дуруст аст ишораи академик Қаюмов Н.Қ., ки дар ҷумҳурӣ маблағҳои молиявии барои илм ҷудо мешуда танҳо як муддат зинда мондани илм, на инкишофи онро таъмин мекунанд[1]*1).

Муаллиф дар ташвиш аст, ки коррупсия дар бахши маориф ва илм асосҳои маънавию этикии ҷамъиятро вайрон сохта, пешравиро дар ин бахш ба даҳсолаҳо қафо мепартояд. Хатмкунандагони камсаводи мактабҳои миёнаю олӣ наметавонанд таҳкурсии интеллектуалии ҷомеа шаванд. Бо чунин сабабҳо пешравии илм дида намешавад. Дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз ҷониби ашхосе, ки ба илм ҳеҷгуна муносибат надоранд, хусусияти хосаи солҳои охир мебошад, мегӯяд академик Қаюмов Н.Қ.

Сатҳи камбизоатие, ки дар ҷумҳурӣ арзи вуҷуд дорад, мамлакатро ба ҳайати давлатҳои камбизоат ворид намудааст. Чораҳои давлатӣ дар бобати ислоҳи вазъият дар Ҳуҷҷати Стратегияи паст намудани камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфта амалӣ мешаванд.

Яке аз меъёрҳои дарки сатҳи иҷтимоӣ — коэффитсиенти даҳякӣ номида мешавад, ки нисбати даромади 10 % ашхоси аз ҳама бойро ба даромади 10% ашхоси аз ҳама камбизоат нишон медиҳад. Ин коэффитсиент бояд дар таносуби 8:1 (ҳашт ба як) қарор гирад, аммо дар ҷумҳурӣ ин ба 27:1 (бистуҳафт ба як) баробар аст (Ниг. ба ҷадвали 7.2).

Таносуби даромади миёнаи солона ва ҳадди ақали рӯзгузаронӣ яке аз нишониҳандаҳои бахши иҷтимоӣ буда, аз рӯйи меъёр бояд ки даромад аз ҳадди ақали рӯзгузаронӣ 3,5 маротиба зиёд бошад, аммо дар ин ҷода сатҳи воқеии кишвар, баръакс, 2,2 маротиба кам аст.

7.3. Муаммоҳои қарзи дохилӣ ва беруна

Маълум аст, ки сармояи хориҷӣ иқтисодиётро дар ҳолати тобеият метавонад нигоҳ дорад, сармоягузорони хориҷӣ ҳеҷ гоҳ пурра беғараз нестанд, қарздиҳандагон низ чунинанд. Бинобар ин, амнияти иқтисодии мамлакатро дар доираи муаммоҳои қарзи давлатӣ1)[2] бояд баррасӣ намуд. Тоҷикистон ба асари саргузашти ҳодисаҳои солҳои аввали истиқлолият, ҷанги шаҳрвандӣ ва табаддулотҳои сиёсиву иқтисодӣ ба миқдори зиёд қарзи хориҷӣ дошт.

Қарзи хориҷӣ ва афзоиши ҳаҷми хизматрасонии он, яъне баргардонидани он бо фоиз яке аз намудҳои таҳдид ба шумор меравад. Албатта дар ҳолате, ки қарзи хориҷӣ барои таҷдиди истеҳсолот, навҷорисозӣ, харидорӣ намудани техникаю технология навтарин сафарбар шавад, хатари иқтисодӣ ба вуҷуд намеояд. Хатар аз истифодаи қарз барои мақсадҳои ғайриистеҳсолӣ, истеъмол, инфраструктура ба вуҷуд меояд, бинобар он дар ин ҷода аз қарзгирӣ ҳар чӣ бештар худдорӣ намудан лозим мешавад.

Доир ба қарзҳои хориҷӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов дар суханронии хеш дар Конфронси инвеститсионӣ бо иштироки сармоягузорон аз кишварҳои аъзои Бонки исломии рушд дар бораи омилҳои боздорандаи рушди устувори кишвар сухан ронда иброз намуда буд, ки яке аз «омилҳои боздоранда бори гарони қарзҳои хориҷӣ мебошад. …маблағи умумии қарзҳои хориҷӣ дар охири соли 2002 80 фоизи ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил мекард ва ҳаҷми умумии хароҷот барои хизматрасонии ин қарзҳо дар соли 2003 тақрибан 35 фоизи ҳаҷми даромадҳои имконпазири буҷетро ташкил хоҳад дод».1)[3]*

Бо кӯшиши зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло қарзи берунаи кишвар сол аз сол кам шуда истодааст. Моҳи декабри соли 2005 Хазинаи байналмилалии асъор қарзи кишварамонро ба маблағи 99 млн. доллари амрикоӣ аз эътибор соқит кард. Русия қарзи худро ба Тоҷикистон ба ивази маркази оптикию электронии «Норак»-и системаи назорати фазои кайҳонӣ ба маблағи зиёда аз 300 млн. доллари ИМА гузашт намуд.2).

Иҷлосияи сеюми ғайринавбатии Созмони Конфронси Исломӣ дар Маккаи мукаррама (декабри с.2005), ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов фаъолона иштирок дошт, дар қарори худ дар хусуси соқит намудани қарзҳои давлатҳои камбизоати мусулмон таклифот пешниҳод намуд.

Қарзи хориҷӣ яке аз манбаъҳои муҳими сармоягузорӣ мебошад. Қарзгирӣ дар тамоми дунё қабул шудааст. Ҳатто давлатҳои мутараққӣ низ аз имконятҳои қарзи хориҷӣ истифода мекунанд. Давлатҳои аъзои ИДМ ба маблағҳои гуногун қарзҳои хориҷӣ доранд, чунончи (соли 2003) Қазоқистон 22,8 млрд. доллар, Украина-16,3 млрд. доллар, Ӯзбекистон 5,0 млрд. доллар, Беларус-2,69 млрд. доллар, Қирғизистон- 2 млрд, Гурҷистон ва Молдова-1,9 млрд. долларӣ, Озорбойҷон-1,7 млрд.доллар1)[4].

Дар Тоҷикистон дар солҳои 1995-2005 қарзҳои хориҷӣ аз манбаъҳои гуногун гирифта шуда буданд. Ингуна манбаъҳо ба якчанд намудҳо ҷудо мешаванд:

— қарздиҳандаҳои чандтарафа;

  • қарздиҳандаҳои дутарафа;
  • ғайра қарздиҳандаҳо.

Дар байни қарздиҳандаҳои чандтарафаи Тоҷикистон пеш аз ҳама созмонҳои байналмилалӣ ба монанди Бонки Умумиҷаҳонӣ (Бонки Ҷаҳонии Таҷдиду Инкишоф), Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА)1[5]* Бонки Осиёии рушд, Бонки Исломии рушд, Фонди ОПЕК ва Иттиҳоди Аврупо баланд мебошанд. Ҳиссаи қарзи Бонки Умумиҷаҳонӣ аз ҳама зиёд буда, қарзҳои он қариб 50%-и ҳаҷми умумии қарзҳои чандтарафаро ташкил медиҳад, ҳиссаи қарзи Бонки Осиёии рушд низ сол то сол афзоиш ёфта дар охири соли 2005 15%-и ҳаҷми умумии қарзҳои чандтарафаро ташкил намуд.

Маҷрои нави қарзҳо аз манбаъҳои бисёртарафа аз Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР) ва Бонки Осиёии рушд (БОР) сурат гирифта, аз ҷиҳати моҳияти худ бо расондани кӯмак ба хотири рушд вобастаанд ва бо шартҳои дорои имтиёзи баланд доир мегарданд. Масалан, қарзҳои АБР-и Бонки умумиҷаҳонӣ меъёри сифрии (нулевой) фоизҳоро дошта (танҳо пардохт барои хизматрасонӣ дар ҳаҷми 1% барои пӯшонидани хароҷот вуҷуд дорад), ба мӯҳлати 40 сол дода мешаванд ва пардохти қарзи асосӣ баъд аз 10 соли давраи имтиёзӣ оғоз мегардад.

Қарзҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ва БОР дар Тоҷикистон асосан барои маблағгузории лоиҳаҳои сохтмони инфраструктура, роҳҳо, таъмини об, объёрӣ, энергетика, маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ сафарбар мешаванд.

Қарзи Тоҷикистон аз Хазинаи Байналмилалии Асъор то охири соли 2005 135,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод. Дар доираи «Ташаббус оид ба сабук гардонидани гаронии қарзҳои чандтарафа», ки мутобиқи он қарзҳои кишварҳои дорои қарзҳои сатҳи баланд соқит карда мешаванд, ХБА қисми зиёди қарзи Тоҷикистонро ба маблағи қариб 100 млн. доллари ИМА ихтисор намуд. Ин иқдоми хайрхоҳона имконият дод, ки қарзи берунаи кишвар сабук гашта, Тоҷикистон ба гурӯҳи (категорияи) давлатҳои қарзашон камтар мансуб дониста шавад.

Қарзҳои дутарафа қарзҳое мебошанд, ки Тоҷикистон аз давлатҳои алоҳидаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Мамлакатҳои хориҷи дур гирифтааст. Қарзҳои дутарафаи Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият қисми зиёди қарзи берунаро ташкил медоданд. Ҳаҷми онҳо то охири соли 1995 70,4%-и қарзи берунаро ташкил медод, ки ҳиссаи асосии он (наздиқ 90%) ба қарзи Россия ва дигар мамлакатҳои ИДМ рост меомад.

Дар охири соли 2005 қарзҳои дутарафа аз мамлакатҳои ИДМ 135,2 млн. долларро ва аз мамлакатҳои хориҷи дур 65,5 млн долларро ташкил намуданд, ки дар маҷмӯъ 200,7 млн. доллар мешаванд. Дар байни мамлакатҳои ИДМ ҳиссаи Ӯзбекистон (81,9 млн. доллар) ва Россия (40,0 млн. доллар) баланд мебошад, дар байни мамлакатҳои хориҷи дур – қарзи ИМА –17,3 млн. доллар, Фонди Кувайт – 15,2 млн. доллар, Туркия – 12,8 млн. доллар, Эрон — 11,8 млн. долларро ташкил мекунад. (Ниг. ба замимаи 3)

Барои арзёбӣ намудани вазъияти мамлакат вобаста ба қарзи хориҷӣ якчанд нишондиҳандаҳо истифода мешаванд. Чунончӣ:

1. Нишондиҳандаи якум: (Н1) = ҚХ/ММД, яъне нисбати қарзи хориҷӣ ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, аз рӯйи меъёри ногувори ҳудудии 30%;

2. Нишондиҳандаи дуюм: (Н2) = ҚХ/ДС, яъне нисбати қарзи хориҷӣ ба даромади аз содирот ҳосилшуда, аз рӯйи меъёри ногувори ҳудудии 275%;

3. Нишондиҳандаи сеюм: (Н3) = Хароҷоти хизмат-расонии қарзи хориҷӣ аз рӯйи меъёри ногувори ҳудудии 30%;

4. Нишондиҳандаи чорум: (Н4) = Пардохти фоизи қарз аз рӯйи меъёри ногувори ҳудудии 20%.

Давлатҳои ҷаҳон аз рӯйи маблағи қарздориашон

ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд:

1. Давлатҳои қарзи хориҷиашон баланд – агар меъёри ногувори ҳудудии аз чор се нишондиҳандаи дар боло овардашуда аз 100% боло бошад;

2. Давлатҳои қарзи хориҷиашон миёна — агар аз чор се нишондиҳандаи дар боло овардашуда аз 60% то 100% — и меъёри ногувори ҳудудиро ташкил диҳад;

3. Давлатҳои қарзи хориҷиашон паст — агар аз чор се нишондиҳандаи дар боло овардашуда аз 60% — и меъёри ногувори ҳудудӣ зиёд набошад.

Мавриди гурӯҳбандӣ давлатҳо на танҳо аз рӯйи ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ, балки аз рӯйи даромадашон ба ҳар сари аҳолӣ таснифот мешаванд. Бо чунин тарзи гурӯҳбандие, ки Бонки ҷаҳонӣ соли 2003 доир намуд, давлатҳо ба 10 гурӯҳ ҷудо шуда буданд, чунончи:

  1. Давлатҳои сатҳи даромадашон баланду қарзи хориҷиашон паст. Ба ин гурӯҳ Австралия, Белгия, Канада, ИМА, Фаронса шомиланд;
  2. Давлатҳои сатҳи даромадашон миёнаю қарзи хориҷиашон баланд (Аргентина, Бразилия, Габон);
  3. Давлатҳои сатҳи даромадашон миёнаю қарзи хориҷиашон низ миёна – Венгрия, Венесуэла, Малайзия, Мексика, Туркия, Уругвай, Чили;
  4. Давлатҳои сатҳи даромадашон миёнаю қарзи хориҷиашон паст – Ливан, Словакия, Эстония, Баҳрейн ва дигарҳо;
  5. Давлатҳои сатҳи даромади миёнасолонаашон пасту қарзи хориҷиашон баланд – Алҷазоир, Булғория, Индонезия, Иордания, Ироқ, Сурия ва дигарҳо;
  6. Давлатҳои сатҳи даромади миёнасолонаашон пасту қарзи хориҷиашон миёна — Грузия, Колумбия, Марокаш, Македония, Панама, Таиланд, Тунис, Филиппин, Гренадин, Винсент;
  7. Давлатҳои сатҳи даромади миёнаашон пасту қарзи хориҷиашон низ паст – Беларусия, Миср, Эрон, Қазоқистон, Чин, Латвия, Литва, Русия, Украина, Ӯзбекистон ва ғ;
  8. Давлатҳои сатҳи даромадашон пасту қарзи хориҷиашон баланд –Афғонистон, Никарагуа, Сомали, Судан, Қирғизистон ва дигарҳо;
  9. Давлатҳои сатҳи даромадашон пасту қарзи хориҷиашон миёна – Бангладеш, Камбуҷа, Ҳиндустон, Покистон ва дигарҳо;
  10. Давлатҳои сатҳи даромадашон пасту қарзи хориҷиашон низ паст –Албания, Бутан, Зимбабве, Молдова, Муғулистон, Озорбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Непал ва ғ.

Ҷудокунии давлатҳо аз рӯйи сатҳи даромад тағйир ёфта меистад, чунончи тибқи таснифоти Бонки умумиҷаҳонӣ дар соли 2000 аз рӯйи даромад ба ҳар сари аҳолӣ ин сатҳ миқдори зерини даромадро муайян менамуд:

  • давлатҳои сатҳи даромадашон баланд — даромад ба сари аҳолӣ аз 9656 доллари ИМА зиёд бошад;
  • давлатҳои сатҳи даромадашон миёна – аз 3926 то 9655 доллари ИМА;
  • давлатҳои сатҳи даромадашон паст – аз 786 то 3925 доллари ИМА;
  • давлатҳои сатҳи даромадашон пасттарин – то 786 доллари ИМА.

Қарзи хориҷии ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 1995-2000 сол аз сол меафзуд, аз солҳои 2001 минбаъда тамоюли камшавии ҳаҷми қарз ба назар мерасад. Дар соли 2000-ӯм ҳаҷми қарзи хориҷӣ ба қадри аз ҳама зиёд – 1027,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуда буд. Маблағи қарз нисбат ба ҳаҷми маҳсулоти дохилии солона 108,2% — ро ташкил медод, ки ин аз ҳудуди ногувори хатарнок (30%) якчанд карат боло буд. Аз рӯйи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло (с.2005) маблағи қарз 894,9 млн.долл. ИМА буда, нисбати ММД 38,9%-ро ташкил медиҳад. Аз рӯйи маълумоти дар ҷадвали дар боло овардашуда нишондиҳандаи дигари вазъияти қарзи хориҷӣ – таносуби қарз ва ҳаҷми содироти молу хизматрасониро муайян кардан мумкин аст, яъне имконияти аз ҳисоби содирот рӯпӯш намудани қарзи хориҷиро. Дар ҷумҳурӣ дар давраи солҳои

Ҷадвали 7.3.

Қарзҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1995-2004

нишондиҳанда 1995 1996 1997 1998 1999 2000 2001 2002 2003 2004
Қарзи хориҷӣ, млн. долл. ИМА 764,2 835,8 802,5 901,9 976,7 1027,1 1018,5 984,5 1030,7 871,5
Қарзи хориҷӣ

нисбати ММД,%

80,0 80,1 93,2 68,9 93,6 108,2 97,0 82,5 66,3 42,2
Қарзи хориҷӣ нисбати содирот,% 102,1 108,5 107,6 151,2 141,8 131,0 156,3 133,6 129,3 95,2

Маъхаз: Маводҳои конфронси байналмилалӣ «Ҷанбаҳои иқтисодиву ҳуқуқии идоракунии қарзи хориҷӣ», 26-27 октябри соли 2005, Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 2005, саҳ.49.

1995-2001 ин нишондиҳанда – қарзи хориҷӣ нисбат ба ҳаҷми содирот торафт афзуда соли 2001 ба дараҷаи 156,3% расид ва дар солҳои минбаъда поён рафта, дар соли 2004 ба 95,2% фаромад. Ингуна камшавии таносуб чӣ дар натиҷаи камшавии қарз ва чӣ дар натиҷаи афзоиш ёфтани ҳаҷми содирот ба амал омад.

Дар сохтори қарзи берунаи Тоҷикистон аз рӯйи намуди асъори қарзгирӣ то соли 2003 доллари ИМА дорои афзалият буд (соли 1995 89%, соли 1999 – 67%, соли 2002 – 60%, соли 2003 – 54%). Вале ба туфайли афзудани ҳаҷми қарзҳое, ки бо Ҳуқуқи Махсуси Қарзгирӣ (ҲМҚ)1)[6]* муайян шудаанд, ҳоло ҳиссаи зиёди қарзҳои ҷумҳуриро (61%) асъори ҲМҚ ташкил медиҳад. Ҳиссаи доллар 24%, евро — 7%, динори исломӣ – 5%, динори Кувайт — 2%, риёли Арабистони Саудӣ 1% мебошад (соли 2005).

Танзими давлатии қарзи хориҷӣ дар ҷумҳурӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзгирӣ бо кафолати давлат» сурат мегирад. Дар бахши қарзи хориҷӣ солҳои охир давлат якчанд чораҳои ташкилиро андешид. Дар ҳайати Вазорати молия Департаменти қарзи давлатӣ таъсис дода шуд. Ҳукумат шартҳои қарзгирии хориҷиро дида баромада, сиёсати қарзҳои имтиёзнокро аз манбаъҳои бисёрҷониба пеш гирифтааст, инчунин додани кафолати ҳукуматиро ба қарзгирии хориҷӣ чанде маҳдуд намудааст. Ба хотири ҳар чӣ сабук намудани бори қарзи хориҷӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарздиҳандагон гуфтушунидро мунтазам мебарад. Аз соли 2001 сар карда ҷалб намудани қарзи хориҷӣ аз рӯйи лимити маҳдудкунанда – 4% аз ММД муқаррар шудааст, ки боиси минбаъда афзоиш наёфтани қарз мегардад.

Сохтори манбаъҳои қарзҳои хориҷӣ ҳоло (соли 2005) чунин аст: аз манбаъҳои бисёрҷониба 643,1 млн. доллари ИМА – 72%; аз манбаъҳои дуҷониба 200,7 млн. доллар – 22%; дигар манбаъҳо 51,2 млн. доллар – 6%; дар маҷмӯъ 894,9 млн.доллари ИМА – 100%.

На ҳамаи қарзи хориҷии Тоҷикистон қарзҳои бевоситаи давлатӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки қарзҳои хориҷии гирифташудаи Тоҷикистон аз нигоҳи гурӯҳбандии қарзгирандагон ба чунин категорияҳо ҷудо мешаванд:

  • қарзҳои бевоситаи давлатӣ;
  • қарзи Бонки миллии Тоҷикистон;
  • қарзи корхонаҳои давлатӣ (бо кафолати давлатӣ ва бе кафолати давлатӣ гирифташуда);
  • қарзи хусусии кафолатнок.

Дар ҳаҷми умумии қарзи берунаи ҷумҳурӣ, ки соли 2005 894,4 млн. доллари ИМА буд, қарзи бевоситаи давлатӣ, қарзе ки Хукумат мустақиман гирифтааст 708,2 млн. доллар (79,1%)-ро ташкил намуд, қарзи БМТ 135,6 млн. доллар,1)[7]* қарзи корхонаҳои давлатӣ бо кафолати давлат — 33,5 млн. доллар ва бе кафолати давлат — 14,4 млн. доллар, қарзҳои хусусии кафолатнок (бо кафолати давлатӣ) — 3,3 млн. долларро ташкил намуданд. Ҳиссаи қарзи субъектҳои хоҷагидорие, ки бо кафолати давлат гирифта шудааст, начандон баланд буда, сол то сол тадриҷан кам мегардад.

Сохтори хизматрасонии қарзи хориҷӣ (соли 2005) дар ҷумҳурӣ чунин аст: ҳаҷми умумии хизматрасонӣ 67,7 млн. доллари ИМА буда, аз онҳо 55,7 млн. доллар қарзи асосӣ ва 12,0 млн. доллар фоизҳо мебошанд. Хизматрасонии қарзи беруна нисбати воридоти ҷорӣ 7,5%-ро ташкил медиҳад, ҳаҷми умумии хизматрасонии қарзи хориҷӣ нисбат ба даромадҳои давлатӣ 10,8% мебошад.

Аз нигоҳи бехатарии иқтисодӣ қарзи давлатӣ хатареро дорост, ки он бо ёрии чанд намуд нишондиҳанда арзёбӣ мегардад. Аз байни онҳо нишондиҳандаҳои муҳимтарин – таносуби қарзи беруна ва маблағи пардохти он, маблағи фоизи қарз бо ифодаи фоиз нисбат ба маблағи содирот мебошад.

Таносуби қарзи беруна нисбат ба ММД дар мамлакатҳои ҷаҳон ҳаргуна мебошанд. Аз байни мамлакатҳои ИДМ аз рӯйи маълумотҳои соли 2003 нишондиҳандаи аз ҳама боло дар Қирғизистон 109%, Молдова 83% , Қазоқистон 82% ва Тоҷикистон 80% мушоҳида мешавад. Дар дигар давлатҳо ин нишондиҳанда аз 15% дар Белорус то 51% дар Ӯзбекистон ҷой дошт. Дар гурӯҳи мамлакатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ 49%, мамлакатҳои Африка дар ҷануби Саҳрои Кабир –58%, ҳамаи кишварҳои рӯ ба тараққӣ 39%-ро ташкил намудааст. 1)[8]*

Аз рӯйи ин маълумотҳо соли 2003 вазъияти Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои ИДМ чандон хуб набуд. Аммо дар солҳои минбаъда вазъияти қарздории ҷумҳурӣ ба шарофати тамдиди (реструктуризатсияи) муваффақонаи қарз бо қарздиҳандагони асосӣ хеле беҳтар гардид.

Дар Тоҷикистон ҳаҷми хизматрасонии қарзи беруна соли 1997 36,8 млн.доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, минбаъд афзоиш ёфта соли 2002 маблағи 88,1 млн. долларро ташкил намуд. Баъдан он соли 2004 то 36,3 млн.доллари ИМА поён рафт, соли 2005 бошад 67,7 млн. долларро ташкил дод. Коэффитсиенти хизматрасонии қарз, яъне ҳаҷми хизматрасонии қарз нисбати содироти молҳо ва хизматрасониҳо, ки соли 2002 12%-ро ташкил медод, соли 2004 то 4% ва соли 2005 то 7,5% паст фаромад.

Ҳудуди хатари қарзи беруна: қарзи беруна барои кишвари қарзгиранда хатарнок мебошад, агар маблағи қарз аз маблағи содирот 2 баробар зиёд бошад, агар 3 маротиба зиёд бошад, он гоҳ хатар бениҳоят баланд ҳисобида мешавад.

Дар ҷумҳурӣ пардохтҳои хизматрасонии қарз аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ соли 1997 33,7 млн.доллари ИМА-ро ташкил медод, соли 2001 то 41,7 млн. доллар афзуда бошад, соли 2004 то 14,1 млн. доллар поён, соли 2005 то 45,1 млн. доллар боло рафт. Ҳиссаи хизматрасонии қарзи давлатии беруна нисбати даромадҳои давлатӣ дар тӯли ҳамон давра аз 17,4% то 27,0 афзоиш ёфт ва баъдан дар соли 2004 то 3,8% ва дар соли 2005 то 10,8% паст гардид. 1)[9]*

Баргардондани қарз ва пардохти фоиз яке аз масъалаҳои ҷиддии бехатарии иқтисодӣ мебошад. Ҳудуди хатар: агар маблағи пардохти фоиз нисбат ба содирот 15-20% бошад ин ҳудуд аст; дар ҳолате, ки агар ин нишондиҳанда 25-30% бошад, хатари баланд ба вуҷуд меояд.

Дар ҷараёни идораи қарзи хориҷӣ давлат аз усулҳои гуногуни идоракунӣ истифода мекунад. Ингуна усулҳо ду навъ мешаванд: усули маъмурӣ ва усули молиявӣ.

Усули маъмурии идораи қарзи берунии давлат роҳҳоеро дар бар мегирад, ки маъмуриятчигӣ, фармоиш, дастурҳои аз боло меомадаро истифода мебарад. Усулҳои маъмурӣ тарзи истифодаи чунин роҳҳои танзими қарзи берунаро фаро мегиранд:

  1. усули баргашта боз ҳам додани қарз (рефинансирование). Ин усуле мебошад, ки қарздорро бо ваъдаи дар оянда додани қарзҳои нав ҳавасманд гардонда, барои баргардондани қарзи пештара иловагӣ боз қарз медиҳанд;
  2. аз ҷониби давлати қарздор бекор намудани қарзи хориҷӣ (аз пардохти қарз рӯй тофтани давлат). Даст кашидан аз пардохти қарз дар ду ҳолат ба вуҷуд меояд: якум, дар ҳолати имкони молиявӣ надоштани давлат барои пардохти қарзи гирифташуда; дуюм, дар ҳолати ба сари ҳокимият омадани қувваҳои нави сиёсие, ки бо сабабҳои муайян аз пардохти қарзҳои ҳокимияти пештара даст мекашанд ;
  3. бахшидан, яъне гузашт намудани қарзи додашуда аз ҷониби қарздиҳанда;
  4. тамдиду таҷдиди сохтории қарзи хориҷӣ (реструктуризатсияи он). Ин усуле мебошад, ки бо он барои давлати қарздор мӯҳлатҳои нави пардохт муайян карда мешаванд. Дар ин маврид мӯҳлати имтиёзноки пардохт дароз карда шуда, мӯҳлати наве муқаррар карда мешавад, ки дар давоми он танҳо фоизи қарз пардохт мешавад, на худи қарзи асосӣ. Мӯҳлати пардохти худи қарзи асосӣ низ ба 10-15 соли дигар дароз карда шуда, баъди фаро расидани он ба пардохтҳои ҳам маблағи худи қарз ва ҳам фоизи он шурӯъ мекунанд. Дар Тоҷикистон истифодаи усули реструктуризатсия, аз ҳисоб баровардан ва иваз намудани қарзҳо ба дороиҳо анҷом дода шуда, бо ин восита гаронии қарзи давлатӣ сабук гардонида шуд.

Таҷдиди сохтори қарз барои иқтисодиёти давлати қарздор имкон медиҳад, ки дар ин давра қоматашро як қадар рост намуда, рушди иқтисод ва сармоягузориро вусъат диҳад ба хотире, ки дар оянда имконияти мамлакат барои хизматрасонии қарз васеъ шавад. Дар ҳолати таҷдиди сохторӣ маблағи қарз боқӣ мемонад ва ҳатто афзоиш меёбад, он маънои гузашт намудани қарзро надорад. Дар ин ҷо сухан дар бораи тағйир додани шартҳои хизматрасонии қарз, тамдиди мӯҳлати пардохт, дарозкунии мӯҳлати қарз ва сатҳи фоизи қарз меравад.

Усулҳои молиявии идораи қарзи хориҷӣ чунин усулҳоро дар бар мегирад:

1.Конверсияи қарзи хориҷӣ. Ин усуле мебошад, ки қарзи гирифташуда бо намудҳои дигари ӯҳдадории барои давлати қарздор сабуктар иваз карда мешавад. Масалан:

  • пардохти қарз на бо додани маблағ, балки бо роҳи интиқоли мол ё иҷрои ягон намуди хизмат;
  • аз ҷониби қарздиҳанда қарзи додашударо ба маблағи инвеститсия (сармоя) табдил додан;
  • харидорӣ намудани қарзи додашуда бо гузориши ягон намуд шартҳои муайяни байнидавлатӣ;
  • иваз намудани қарз ба ягон мулк (амволи дигар);
  • иваз намудани қарз ба облигатсия;
  • иваз намудани қарз ба инфраструктура;
  • конверсияи қарз ба таъмини рушд, яъне расондани кӯмак аз рӯйи принсипи «қарзҳо ба ивази рушди устувор»;
  • ҳисоббаробаркунии ҳамдигарии қарзҳо ва ғайра.

Дар амалияи муносибатҳои хориҷӣ дар бахши қарз усулҳои нави идораи моливии қарзҳои хориҷӣ пайдо шуда густариш меёбанд. Чунончӣ:

1.Усули харидорӣ намудани қарз. Дар ин ҷо барои давлати қарздор имконият медиҳанд, ки дар бозори дараҷаи дуюми коғазҳои қиматнок ӯҳдадории қарзро бо нархи арзон харидорӣ намоянд. Ӯҳдадории қарзӣ бо маблағи арзи хориҷӣ ба тариқи пули нақд харида мешавад. Азбаски давлати қарздор ингуна маблағ надорад, ба вай ба ин хотир маблағи заруриро қарз медиҳанд ё тӯҳфа мекунанд;

  1. ба саҳмия табдил додани маблағи қарз;
  2. иваз намудани қарзи хориҷӣ ва фоизҳои он ба облигатсияҳои махсус;
  3. иваз намудани ӯҳдадориҳои қарзӣ ба арзи миллии давлати қарздор ба хотири истифодаи ин маблағ барои ташкил намудани ҳаргуна бунёдҳои хайрия ба монанди бунёди модару кӯдак, экологӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ғайра.

Бақайдгирии тағйироти ӯҳдадориҳои қарзӣ барои қарздиҳандагони расмӣ ҳоло дар доираи «Клуби Париж аз рӯйи шартҳои Неапол» сурат мегирад. Шартҳои Неапол бар ивази шартҳои Торонто ва Лондон ба миён омадаанд. Таҷдиди қарзҳо ба бонкҳои хориҷӣ дар доираи тартиботу қоидаҳои Клуби Лондонӣ сурат мегирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати идоракунии қарзи давлатӣ ҳоло ба чор принсип асос ёфтааст.

Принсипи якум — ин сиёсати музокироти бевосита бо қарздиҳандагони дутарафа оид ба реструктуризатсия, аз ҳисоб баровардан ва иваз намудани қарз ба дигар дороиҳо. Ин сиёсат дар ҷумҳурӣ ба паст гардидани гаронии қарзи давлатӣ аз 108% нисбати ММД дар соли 2000 то 39% дар соли 2005 мусоидат намуд.

Принсипи дуюм — муқаррар намудани «сатҳи болоии» солона барои азхудкунии қарзҳои беруна. Ин, аз як ҷониб ҳаҷми азхудкуниро дар давоми сол маҳдуд сохта, мутаносибан воридоти қарзи давлатиро маҳдуд мекунад. Аз ҷониби дигар, «сатҳи болоӣ» бархӯрди интихобиро дар интихоби барномаҳои сармоягузорӣ тибқи афзалиятҳои Ҳукумати Тоҷикистон таъмин мекунад. «Сатҳи болоӣ» ҳар сол мутобиқи барномаи иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Принсипи сеюм маҳдуд сохтани гирифтани қарзҳои давлатӣ бо қарзҳои дорои имтиёзи баланд — қарзҳое, ки дар худ камаш 35% ҷузъи грантӣ доранд. Ин маънои роҳ надодан ба қарзгирӣ бо шартҳои тиҷоратиро дорад – қарзгирие, ки аксаран боиси ба вуҷуд омадани проблемаи қарз мегардад.

Принсипи чорум ба кафолатҳое мансуб аст, ки ба онҳо Вазорати молия ваколатдор мебошад — кафолатҳои ба тариқи истисно барои қарзгирии бахши умумидавлатӣ пешниҳод мешуданд. Сиёсати маҳдудсозии додани кафолатҳо бо таҷрибаи солҳои пешин алоқаманд аст, модоме ки кафолатҳо барои қарзҳо бидуни низом дода шуда боиси ба миён омадани масъалаҳои баҳснок, хатари душвориҳо барои буҷети давлатӣ гардида буданд. Ҳоло дар бобати беҳтарсозии минбаъдаи сиёсати қарз тавассути таҳияи стратегияи дарозмӯҳлати ба коэффитсиентҳои устувории қарз нигарониданидашуда, тадбирҳо андешида мешаванд. «Сатҳи болоӣ» мутобиқи нишондиҳандаҳои таносуби «қарзи давлатӣ ва ММД» ва «хизматрасонии қарзи давлатӣ ва даромадҳои давлатӣ» муайян карда мешавад, ки барои қарзҳои оянда бо дарназардошти кафолати устувории дарозмӯҳлати қарзи давлатӣ ҳамчун дастурамал хизмат хоҳад кард.

Дар такмилдиҳии идоракунии қарзи беруна дар Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки аз гурӯҳи давлатҳои қарзашон ниҳоят баланде, ки ба хатари қодир набудан ба пардохти он рӯ ба рӯянд, ба гурӯҳи кишварҳои қарзашон кам ворид гардад. Ин дастовард аст ва бояд чун комёбии бузурги Ҳукумати Тоҷикистон дар музокироти байнидавлатӣ, чун самаранокии сиёсати иқтисодии он арзёбӣ гардад.

Ҳамин тариқ, идораи қарзи хориҷӣ усулҳои гуногунро пешбарӣ мекунад ва бояд, ки бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодӣ ва миллии давлат барои ояндаи наздик ва барои дурнамои дарозмуддат арзёбӣ гашта истифода шаванд.

7.4. Чорабиниҳои таъхирнопазири давлатӣ дар бахши таъмини бехатарии иқтисодӣ дар давраи рушди дарозмуддат

Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 бо дарки хатари иқтисодие, ки бо дарназардошти нишондиҳандаҳои номатлуби дар ин ҳуҷҷат зикргашта ба миён меояд, чанд чорабиниҳои таъхирнопазири давлатиро пешбинӣ намудааст, ки барои таҳкими амнияти иқтисодии мамлакат мусоидат мекунанд.

Аз ҷумла:

Дар бахши иқтисодӣ чунин чорабиниҳо пешбинӣ шудаанд:

  • суръатафзоии рушди иқтисодӣ;
  • тадриҷан баланд бардоштани самаранокии доиршавии иқтисоди миллӣ;
  • истифодаи усулҳои судманди монетаристии татбиқи ислоҳот ва таҳкими танзими давлатии иқтисодиёт;
  • дар давраи гузариш пеш гирифтани роҳи ташаккули иқтисодиёти бозории иҷтимоитамоюл;
  • ҳимояи оқилонаи молистеҳсолкунандагони ватанӣ;
  • ташкили муҳити рақобат дар бозори дохилӣ ва рақобатпазирии молҳои аз ҷумҳурӣ содиршаванда;
  • дастгирии давлатии соҳибкории хурд ва фаъолияти сармоягузорӣ ва навҷорисозӣ дар мамлакат;
  • такмили сохтори иқтисодиёт дар самти кам кардани ашёфурӯшӣ ва дар ҳаҷми содирот зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти тайёру нимтайёр.
Дар бахши иҷтимоӣ:
  • тадриҷан амалӣ сохтани тадбирҳо дар доираи Ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ;
  • кам кардани тафовути даромадҳои категорияҳои алоҳидаи аҳолӣ;
  • кафолатдиҳии давлат оид ба индексатсияи марҳилавии даромадҳои пулии аҳолӣ ва пасандозҳо бинобар ба болоравии нархҳо;
  • таъмини татбиқи бечунучарои муқаррароти конститутсионӣ доир ба хизматрасониҳои ройгон дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш;
  • ташкили низоми боэътимоди давлатии таъминоти иҷтимоӣ;
  • ташаккули низоми ҳозиразамони суғуртаи иҷтимоӣ;
  • фаъолона баланд бардоштани сатҳи касбию тахассусии аҳолӣ, идораи оқилонаи ҷараёнҳои демографӣ ва вусъати фаъолият дар мавриди таъмини беҳбудии саломатии одамон;
  • вусъати фаъолият оид ба ободонии маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру деҳот, пешгирии ҷараёни деурбанизатсияи ҷамъият.

Дар бахши муносибатҳои пулию молиявӣ:

  • боло бурдани сатҳи монетизатсия ва таъминоти пулии иқтисодиёт;
  • ба таври пурра қатъ кардани системаи гардиши беруназбонкии пули нақд дар байни шахсони ҳуқуқӣ;
  • афзоиши сатҳи ҷамъоварии андоз ва дигар даромадҳои давлатӣ;
  • қатъи пурраи ғайриқонунӣ ба хориҷа бурдани сармоя;
  • афзоиши бештари захираҳои депозитӣ ва кам кардани ҳиссаи фондҳои реинвесторӣ дар сохтори захираҳои кредитӣ;
  • беҳбудии қобили мулоҳизаи хизматрасониҳо ва идорашавии қарзҳои хориҷӣ;
  • боло бурдани самаранокии истифодаи сармоягузориҳои хориҷӣ;
  • рушди ҳамаҷонибаи бозори коғазҳои қиматнок ва таҳкими таъиноти мақсадноки барориши он;
  • ворид намудани тағйирот дар фаъолияти ширкатҳои фючерӣ, ки боиси инкишофи васеи муносибатҳои ғайриэквивалентии иқтисодӣ дар иқтисодиёт гардидаанд;
  • ҳалли проблемаҳои пардохтпазирӣ дар иқтисодиёти кишвар;
  • кам кардани миқдори корхонаҳо ва ширкатҳои зараровар;
  • мониторинги таҳдидҳои молиявии хориҷӣ ва дохилӣ.

Амалӣ намудани ин чорабиниҳо омили пешравӣ, рушди босубот ва боиси таъмини бехатарии иқтисодӣ мебошанд.

Адабиёт:

  1. Раҳмонов Э.Ш. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2005-ум ва вазифаҳои минбаъдаи Ҳукумати Тоҷикистон, 30 январи соли 2006 – «Ҷумҳурият», 2 феврали соли 2006.
  2. Раҳмонов Э.Ш. Суханронии Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2003 ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2004, 24 январи соли 2004 — «Ҷумҳурият», 27 январи соли 2004.
  3. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе. 2003.
  4. Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 № 86 тасдиқ шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 2004.
  5. Ашуров Н., Лалбеков И. Муомилоти пулӣ, қарз ва бонк. – Душанбе, 2002, 272 с.
  6. Каюмов Н.К. К вопросу об угрозах экономической безопасности Таджикистана //Экономика Таджикистана: стратегия развития, 2006, № 1
  7. Маводҳои конфронси байналмилалӣ «Ҷанбаҳои иқтисодиву ҳуқуқии идоракунии қарзи хориҷӣ», 26-27 октябри соли 2005 — Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 2005.
  8. Ҳакимов А.Ташкили идораи иқтисоди миллӣ. Василаи таълим.- Душанбе: Ирфон,2005.- 416 с.
  9. Ҳисобот оид ба ҳолати қарзи беруна. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 2006.
  1. *1) Н.К. Каюмов. К вопросу об угрозах экономической безопасности Таджикистана //Экономика Таджикистана: стратегия развития, 2006, № 1 саҳ.117.
  2. 1) Ќарзи давлатӣ ба қарзи хориҷӣ ва қарзи дохилӣ ҷудо мешавад. Ќарзи давлатии хориҷӣ қарзҳое мебошанд, ки давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ додаанд, инчунин, вомбарг (заёмҳои) давлатие, ки бо арзи хориҷӣ деноминатсия гашта, дар бозорҳои хориҷӣ ҷойгир карда шудаанд. Деноминатсия тағйир додани воҳиди пули миллиро бе тағйир додани номи пул бо роҳи иваз намудани пулҳои нусхаи нав бо мақсади танзими гардиши пул, осон намудани ҳисобу китобро мефаҳмонад.

    Ќарзи давлатии дохилӣ – қарзе, ки ҳукумат аз бонки миллии мамлакат гирифтааст, вомбаргҳои давлатие, ки бо пули миллӣ деноминатсия гашта, дар бозорҳои дохилӣ ҷойгир карда шудааст, инчунин, қарзи давлат дар назди аҳолӣ ва институтҳои молиявӣ, қарзи пардохти музди меҳнат, нафақа, қарзи буҷет дар назди ташкилоту идораҳо, корхонаҳоро дар бар мегирад.

    Ќарзи байналмилалӣ – қарзе мебошад, ки онро давлат, бонкҳо, дигар шахсони ҳуқуқию воқеии як давлат ба ҳукумат, бонкҳо, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлати дигар дар шакли пулӣ (асъори мамлакати қарзгиранда ё қарздиҳанда, ё бо воҳидҳои асъори ҳисоби байналмилалӣ (СДР,ЭКЮ ё ЕВРО),дар шакли қарзҳои молиявию молӣ-тиҷоратӣ бо тарзи нақд ё ғайринақд ба мўҳлатҳои гуногун медиҳад

  3. 1) «Љумҳурият», 27 сентябри соли 2003.

    2) Шабакаи оптикию электронии «Норак» дар моликияти Љумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Ин комплекси техникие мебошад, ки дар кўҳи Санглох наздикии шаҳри Норак дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, имконият дорад объектҳои кайҳониро дар баландии то 40 ҳазор км мушоҳида намояд. Созишнома байни

  4. Њукумати Љумҳурии Тоҷикистон ва Њукумати Федератсияи Россия дар бораи ба моликияти Федератсияи Россия додани шабакаи мазкур ба мўҳлати 49 сол баста шуда, худ ба худ ба мўҳлати даҳсолаи оянда тамдид карда мешавад, агар яке аз Тарафҳо на дертар аз 6 моҳи ба охиррасии мўҳлати амали ин Созишнома Тарафи дигарро аз нияти тамдид намудани амали он ба таври қатъӣ огоҳ нанамояд. Созишнома дар шаҳри Душанбе 16 октябри соли 2004 ба имзо расида буд, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Љумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2005 ва аз ҷониби Думаи Давлатии Федератсияи Россия 3 июли соли 2006 тасдиқ карда шуд. Мубодилаи ваколатномаҳо дар бораи Созишномаи мазкури байниҳукуматӣ дар ш. Душанбе 17 ноябри соли 2006 доир гардид. – Ахбори Маҷлиси Олии Љумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 1, моддаи 38, рўзномаи «Азия плюс», 23 ноябри соли 2006.

    1) Њисобот оид ба ҳолати қарзи беруна. Вазорати молияи Љумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2006, саҳ. 21.

  5. 1)*ХБА ташкилоти бисёрсоҳаи байниҳукуматии асъорию қарзӣ (хазинаи байнидавлатӣ) буда, мақоми муассисаи махсуси СММ-ро дорад. Дар ҳайати аъзои ХБА давлатҳои мутараққӣ 14%-ро ташкил намуда қариб 60% овоз доранд(ИМА – 17,7%, мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо 26,2% ва ғайра).ХБА қарзҳои кўтоҳмуддату миёнамуддат, Бонки Умумиҷаҳонӣ бошад танҳо қарзҳои дарозмуддат (аз 15 то 20 сол) медиҳанд.
  6. * 1) Ин пул (ЊМЌ) бо ифодаи англисӣ СДР (special drawing rights), ифодаи русӣ — СПЗ (специальные права заимствования) чун воситаи байналмилалии пардохт, захиракунӣ ва ҳисоби ягонаи маблағ аз ҷониби Хазинаи байналмилаллии асъор аз соли 1978 бароварда шуда, доллари ИМА, Евро, фунт стерлинг ва йени япониро дар бар мегирад. ЊМЌ дар ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалии ғайринақдӣ истифода мешавад ва дар айни ҳол якчанд вазифаҳои пули ҷаҳониро, аз ҷумла вобаста ба танзими балансҳои пардохт, пур кардани захираҳои расмии арзӣ, муқоиса намудани қурби асъори миллӣ корбаст мешавад, аммо арзиш ва таъминоти воқеии худро надорад. Афзоиш ёфтани ҳиссаи ЊМЌ ба васеъ истифода шудани дигар намудҳои асъор мусоидат мекунад. Доллари америкоӣ дар ҳисоби байналмилалӣ дорои мавқеи махсус буда, дар аксари мамлакатҳо чун захираи асъорӣ истифода мешавад.
  7. * 1) Ќарзҳое, ки Хазинаи байналмилалии асъор медиҳад, ба хароҷотҳои буҷетӣ дохил намешаванд, зеро ки онҳоро Бонки миллии Тоҷикистон мегираду инчунин хизматрасонӣ мекунад.
  8. * 1) Маълумоти Вазорати молияи Љумҳурии Тоҷикистон
  9. * 1) Маълумоти Вазорати молияи Љумҳурии Тоҷикистон.

    Њисобот оид ба ҳолати қарзи беруна. Вазорати молияи Љумҳурии Тоҷикистон — Душанбе, 2006, саҳ. 9-10.

0 Загрузки

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *