Фании Информатика

Почтаи электронӣ ва истифодаи он

Почтаи электрони – системаи мухими захирахои ахбории Интернет

Почтаи электронӣ (Е-mail — аз англисии electronic mail) — яке аз хизматрасониҳоиҳ кeҳан ва бештар истифодашавандаи шабкаи глобалии Интернет мебошад. Бо ёрии Е-mail истифодабаранда метавонад, ки ахбори худро фиристонад ё ахбори фиристода шударо қабул намояд.

Дар шароити имруза садҳо миллион истифодабарандагон суроғаҳои худро доранд. Ахборе, бо ёрии почтаи электронӣ фиристода мешавад, ба суроғаи фиристодашуда дар як лаҳзаи кeтоҳе мерасад (дар муддати якчанд дақиқақ ё соате). Фиристодани мактуб тавасути почтаи электронӣ нисбат ба почтаи оддӣ арзонтар меафтад. Почтаи электронӣ инчунин ахборотҳои мухталиф, хабарҳои ҳарсоата, телеконференсияҳо, фиристодани китобҳои электронӣ ва ғайраҳоро иxро намуда, ба воситаи он хабарҳо бо факс, пейxер, телефони дастӣ ва гайраҳо фиристода ва қабул карда мешаванд.

Почтаи электронӣ (Е-mail) – ин яке аз захираҳои муҳимтарин ва воситаи умумиистеъмолии коммуникатсияҳои электронӣ ба ҳисоб меравад. Почтаи электронӣ (Е-mail) – ин усули фиристодани хабарҳо бо тарзи электронӣ мебошад. Принсипи кор бо почтаи электронӣ ба фиристодани оддии мактуб монанд аст.

Системаи почтаи электронӣ имконият медиҳад, ки ахбор ба дилхоҳ компютери ба шабакаи Интернет пайваст буда фиристода шавад. Ахбор метавонад дорои матн ё файли дорои форматҳои гуногун, ба монандти графика, мусиқӣ ва ғайраҳо бошад.

Ҳама истифодабарандагони почтаи электронӣ суроға доранд. Суроғаи истифодабаранда дар домени муайяни Интернет ба қайд гирифта шудааст. Бо ҳар як домен сервери почтавӣ алоқаманд аст, ки суроғаи истифодабарандаро идора мекунад.

Истифодабаранада матни мактуби худро дар барномаи махсус менависад, ки онро мизоxи почтавӣ меноманд. Ин барнома вобаста ба хусусиятҳояш навиштану таҳрирнамоии мактуби нав, сабти мактуби гирифташуда, коркарди мактуби гирифташуда ва ғайраҳоро имконият медиҳад.

Мизоxи почтавӣ мактубро ба «қуттии почтавӣ» -е xойгир мекунад, ки дар сервери почтавӣ меистад.Сервер , дар навбати худ, мактубро ба сервери суроғавӣ медиҳад.

Дилхоҳ истифодабарандаи шабакаи Интернет дорои қуттичаи почтавии худ дар шабака мебошад. Агар имконияти қабул ва фиристодани ахборро ба ҳазорҳо компютерҳои xаҳонро ба инобат гирем, онгоҳ мебарояд, ки почтаи электронӣ бо як мазмуни пурраи худ имконияти васеъи хизматрасониро дар Интернет дорад.

Почтаи электронӣ ба хизматрасонии почтаи оддӣ монанд аст. Мактуб аз тарафи истифодабаранда дар компютери болоимизии корхона тавасути воситаи тайёркунии почта ё ягонто барномаи редактори матнии компютер тайёр карда мешавад. Баъд истифодабаранда бояд барномаи фиристодани мактубро ба экран бояд барорад (барномаи омодакунандаи мактуб барномаи фиристодани мактубро автоматикӣ даъват мекунад). Барномаи стандартии фиристодан ин sеndmail мебошад, ки ҳамчун курери почтавие, ки мактубро ба шуъбаи почтавӣ мебарад, хизмат мекунад.

Барои истифодабарандагони компютерҳои фардӣ, ки дар мошинҳои худ қуттиҳои почтавӣ доранду тавасути хатҳои алоқаи телефонӣ бо серверҳои почтавӣ алоқа доранд, амалҳои иловагӣ талаб карда мешаванд. Ҳамин тавр, масалан, истифодабарандагони почтаи хизматии Relcom бояд барои расонидани мактуб ба сервери почтавӣ барномаи UUCP(Unix – to – Unix Copy – Protocol) –ро ба кор дароранд. Барои кори почтаи электронӣ дар Интернет протоколи махсуси — SMTP коркард шудааст, ки онро протоколи дараxаи амалӣ меноманд ва протоколи ТСР истифода мешаванд. Якxоя бо ин протоколҳо низ UUCP(Unix – to – Unix Copy – Protocol) –ро истифода мебаранд, чунки он барои истифодаи хатҳои телефонии алоқа мувофиқ мебошанд. Бисёре аз истифодабарандаггони почтаи электронии Relcom аз хизматрасонии фақат ҳамин протокол истифода мебаранд. Фарқияти байни SMTP ва UUCP(Unix – to – Unix Copy – Pқotocol) дар он аст, ки дар вақти истифодабарии протоколи якум sеndmail кeшиши ёфтани мошини қабулкунандаи мактубро мекунад ва бо вай дар режими on- linе алоқа пайдо карда ба қуттичаи почтавии вай мактубро мепартояд. Дар сурати истифодабарии UUCP(Unix – to – Unix Copy – Protocol) мактуб дар якчанд дақиқа қабулкунадаи худро меёбад ва танҳо ҳамин мемонад, ки истифодабаранда кай ба қуттии поставии худ назар меафканад.

Почтаи электронӣ ба шабакаи Интернет мухлисони зиёди компютерҳоро xамъ овард. Акнун шах метавонад бо ёрии ин намуди хизматрасонии шабакаи Интерне мактуби худро ба тамоми дунё

фиристад ва бавай зарурати харидани лифофа ва ба ким кадом кутии почтавӣ бурда партофтани мактуб xой надорад. Ба воситаи почтаи электронӣ шахс мактубро нависад ва он дар мудати кутох ирсол мешавад. Почтаи электрони бе пул аст. Шахс танхо барои кор бо шабакаи Интернет пул медиҳад.

Расми 6. Мактуби электроние, ки бо ёрии барномаи Outlook Express омода карда шудааст.

Хизматрасонии интиқоли файлҳо FTP (File Transfer Protocol) — барои фиристодани ҳуxxатҳои калонтарин , китобҳо, файлҳои архивӣ ва ғайраҳо хизмат мекунанд. Масалан FTP — сервери корпоратсияи Майкрософт суроғаи ftp://ftp.micқosoft.com-ро дорад. Дилхоҳ истифодабарандаи шабака метавонад, ки аз ин сервер файлҳои гуногунро оиди ислоҳи барномаҳо, навгардонии онҳо, драйверҳо ва утилитаҳо, мақолаҳо, базаи донишҳои корпоратсия ва дигар ҳуxxатҳои заруриро гирад.

Хизматрасони хабарҳо (системаи телеконференсияҳо) — UseNet, Newsgroup — дорои маxмeи ҳуxxатҳои (мақолаҳои) аз рeи мавзeъҳои муайян гурeҳбандӣ кардашуда иборат аст, ки онҳоро дида баромадану ба воситаи почтаи электронӣ ба дигар истифодабарандагон равон кардан мумкин мебошад. Инчунин хабарҳо аз тарафи дилхоҳ истифодабарандае, ки дар телеконференсияҳо ширкат меварзад низ сохта мешаванд.

Системаҳои мусоҳибаи интерактивӣ (диалогӣ) — хизматрасонии IRC (Internet Realy Chat) — ба истифодабарандагони шабакаи Интернет имконият медиҳад, ки дар меъёри вақти воқеӣ бо истифода аз дастгоҳи клавиатура сeҳбатҳо намоянд. Одатан ин хизматрасонро чат —

конференсияҳо ё чат меноманд.

Суроғаи универсалии захираҳо дар шабакаи интернет

Барои гирифтани ахбор аз Интернет, донистани суроғае (адреси), ки дар он ин ахбор мехобад , зарур мебошад. Суроғаи универсалии захираҳо – ин суроғаи World Wide Web мебошад, ки бо ёрии он дилхоҳ ҳуxxат муайян карда мешавад. Дар намуди умумӣ суроғаи универсалӣ формати зеринро дорад:

Протокол://компютер/роҳ

Протокол маҷмeи қоидаю қонунҳоест, ки мувофиқи он додугирифти ахбори иxро мегардад. Протоколи асосии World Wide Web ин протоколи HTTP- протоколи додани гипертекст мебошад, бинобар ин қисми зиёди суроғаҳо чунин оғоз мешаванд:

http://

Инчунин дигар протоколҳои интиқоли маълумотҳо низ истифода мешавад, масалан протоколи додани файлҳо – FTP ё протоколи додани маълумотҳо дар формати Gopher. Он гоҳ дар аввали сатр суроғаи универсалӣ протоколи суроғаи универсалӣ гузошта мешавад. Масалан:

ftp:// ё

gopher://

Компютер низ дар ин маврид – суроғаи серверро муайян мекунад. Суроға ё дар намуди IP-суроға дода мешавад ё дар намуди доменӣ. Масалан:

http://www.еcon.pu.ru ё ftp://194.85.120.66

Суроғаҳои қисмҳои зиёди серверҳои Word Wide Web бо префикси www оғоз мешаванд, ки ин нишондиҳандаи дар ин компютер мавxуд будани Wеb — серверро ифода мекунад.

Суроға ва фармати хабарҳо дар почтаи электронӣ

Дар шабаки Интернет системаи суроғаҳо амал мекунанд, ки ба суроғаи домении мошинии ба шабака пайваст буда асос меёбад. Суроғаи истифодабаранда аз ду то кисми асосии бо аломати «@» xудошаванда иборат мебошад.

Масалан: eeedeee@mail.ru

Дар ин xо deee – ин номи истифодабаранда буда, mail.ru – cуроғаи сервери доменӣ ё почтавӣ ба ҳисоб мераванд.

Хабарҳои почтавӣ аз чор қисмат иборат аст: лифофа (коверт), сарлавҳа ва танаи хабар. Истифодабаранда танҳо сарлавҳа ва танаи хабарро дида метавонад. Лифофа танҳо аз тарафи барномаҳои интиқолкунанда истифода мегардад. Сарлавҳа ҳамеша дар пеши танаи хабар истода ва аз он бо сатри холие xудо карда мешавад, RFC- 822 cарлавҳаи хабарро муайян мекунад. Сарлавҳа аз майдонҳо иборат аст. Майдонҳо аз номи майдон ва мундариxаи он иборатанд. Номи майдон аз мундариxаи он бо аломати «:» xуда карда мешаванд. Аз ҳама камтаринашон ин майдонҳои Datе, From, cc ё То мебошанд. Масалан:

Datе: 25 Aug 76 1429 EDT

From: deeee@mail. ru

ё

Datе: 25 Aug 76 1429 EDT

From: dxxx@mail. ru То: xxxxxxt@mail.ru

ки дар ин xо майдони Datе санаи фиристодани хабар, майдони From – фиристонанда ва майдонҳои сс ё То – якто ё якчандто қабулкунандаро ифода мекунанд.

Datе: 25 Aug 76 1429 EDT

From: Кarim Sender: @mail.ru То: xxxx@mail.ru

Mеssagе – Id: <4231.629.Xyzi – xxxx@mail.ru>

Дар ин xо Sender нишон медиҳад, ки кафедраи Кarim Taӣ муалифи мактуб набуда, вай фақат хабари аз ddmt@mail.ru гирифтаро фиристодааст. Майдони Mеssagе — ID аз идентификатори хабар иборат аст ва аз тарафи барнома истифода мегардад. Намунаи дигареро меорем, ки тамоми имкониятҳои майдонҳои сарлавҳаро ифода менамояд:

Datе: 25 Aug 76 1429 EDT

From: Кarim

Subjеct: Re: Тhе Syntax in thе RFC

Sender:gfhgh@mail.ru Rерly То: dfd@mail.ru To: dfdf@mail.ru

cc: Important folks: Tom Softwood, « ;

Standart Distributon: /main/davis/pеople/standard@other-Host

Comment: Sam is away on ӣisinеss.

In reply to: George’ mеssagе

Х sресial action: This is a samplе of usеr – dеfined field – names. Mеssagе – Id <4231.629. – > — Host

Дар ин xо майдони Subject мавзeи хабарро, Reply to – истифодабарандаро, Comment – эзоҳотро, In reply to – « Дар мактуби Шумо, xавоб ба хабар…», Х sресial action: — майдони аз тарафи истифодабаранда истифодашударо ифода мекунанд.

Қайд кардан зарур аст, ки формати хабар доимо пурра гардонида шуда, нав карда мешавад. Масалан, дар RFC-1327 барои мутобиқат бо почтаи Х.400 майдонҳои иловагӣ дохил карда шудаанд. Инчунин бояд ба он аҳамият дода шавад, ки бисёр вақт майдонҳои дар RFС – 822 қайд нашуда низ истифода мегарданд. Масалан , xумлаи аввала ба xои From UUCP—ро дарбар мегирад ва он роҳи тавасути кадом мошинҳо омадани хабарро нишон медиҳад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *