Намудҳои компютери фардӣ
Дар бозори компютер, компютерҳои фардӣ ба чунин номгуйҳо тақсим шудаанд.
1.Стансияи корӣ (Work Station-Рабочая станция) чунин компютерҳо, компютерҳои пурқуввати корӣ мебошад. Одатан ин гуна компютерҳоро дар корхонаҳои калон, электростансияҳо ва дар базаҳои ҳарбӣ истифода мебаранд. Ин компютер дорои платформаи ду протсесора буда, ғунҷоишашон максималӣ мебошад. Сураъти корӣ ва хотираи фавриашон хелоҳам тез мебошад. Якчанд дискҳои дурушти ғунҷоишашон калон пайваст карда шуда, бисёр вақт ба шабакаҳои локалии корхона пайваст мебошанд. Стансияи корӣ вобаста аз гузориши масъла, барои ҳисобкуниҳои кори илмӣ, сохтани графикҳо ё ин, ки дигар таъинотҳо истифода мешаванд. Ба қисмати графикии стансияи корӣ чунин таҷҳизотҳо дохил мешаванд: 3D-видиокартаи касбӣ, таҷҳизоти қабулкунии мавҷҳои телевизонӣ ва радио, инчунин сканери баландсифат ва ғайра.
Компютерҳои дизайнерӣ. Ингуна компютерҳоро барои таҳрири кинофилмҳо, мусиқиҳо ва рекламаҳо истифода мебаранд. Чунин компютер қариб, ки бо компютери стансияи корӣ якхеланд. Барои он, ки корҳои вазнини графикиро иҷро мекунад, ки онҳо дорои видиокартаҳои махсуси сураъти корашон баланд мебошад. Компютерхои дизайнериро бисёртар дар студияҳои телевизионӣ барои таҳрири барномаҳои намоишӣ истифода мебаранд.
Компютерҳо барои бозӣ. Чунин компютерҳо платаи системавии пурқуввати графикиро доро мебошад. Барои ҳамин элементи асоси он видиокартаи графикӣ ба шумор меравад. Онҳо протсессори сураъти баланддор ва хотираи фаврии калонро доро мебошанд.
Компютер барои бозӣ метавонад дорои чунин таҷҳизотҳои иловаги бошад: Джойстик, рулҳои мошинӣ, педалҳои мошинӣ, каскаҳо, айнакҳо, ва дастпушакҳо.
Ноутбук «Notebook». Чунин компютер компютери фарди-дасти ба шумор меравад ва аз як ҷой ба ҷои дигар бурда мешавад ё ин, ки дар дохили автомашинаҳо истифода мекунанд. Ба ғайр аз оне, кт ноутбук кам ҳаҷм аст, инчунин бо аккумулятор низ кор мекунад. Одатан дар Ноутбукҳо микропротсессори махсусро истифода мебаранд.
Ноутбукҳо чипсетҳои хурди графики барои кор кардан бо меъёри графики-ро доранд дар чунин компютерҳо DVD/CD-RW-пайваст карда шуда ва дар катори клавиатура мушак ҷойгир карда шудааст. Имконияти пайваст кардани диск-донҳо барои барои дискетаҳои 1.44 Мбайт ва портҳои (PC/2, USB) барои мушро пайваст кардан дорад.
ТАЪМИНОТИ БАРНОМАВИИ КОМПЮТЕРҲО
Барои он ки компютер амалиёти коркарди маълумотро иҷро карда тавонад, пешакӣ бояд барномаи иҷрокунии ин амалиёт тартиб дода шавад. Барнома – ин маҷмӯи амалҳои пайдарпай иҷроваванда мебошад, ки бо забони махсуси барномасозӣ навишта шудааст ва иҷрои он аз тарафи комютер ба коркарди маълумот оварда мерасонад.
Барномаҳои гуногунро истифода бурда, компютерҳои ҳозиразамонро ба ҷои кори аграному бухгалтер, олиму духтур табдил додан, дар он ҳуҷҷату матнҳои гуногунро таҳрир намудан, ҳамчун воситаи бозӣ истифода бурдан мумкин аст.
Барномаҳое, ки барои компютерҳо истифода мешаванд, аз рӯи таъиноташон ба се қисм тақсим мешаванд:
1. Барномаҳои амалӣ
2. Барномаҳои системавӣ
3. Системаҳои инструменталӣ(барномаҳои барномасоз)
Барномаҳои амалӣ, системавӣ, инструменталӣ ва ғайраҳо
Барномаҳои амалӣ иҷроишавии амалиётҳои махсусро таъмин менамоянд, масалан, таҳрири матнҳо, расмкашӣ, коркарди маълумотҳои ҳархела ва ғайра.
Барои кампютерҳои IBM PC ҳоло садҳо ҳазор барномаҳои гуногуни амалӣ тартиб дода шудаанд. Ба таври оммавӣ намудҳои зерин онҳо истифода мешаванд;
— редакторҳои матнӣ;
— протсесорҳои ҷадвалӣ;
— тайёр кардани ҳуҷҷатҳо, ба монанди ҳисоботҳои гуногун, гузоришҳо, китобу монографияҳоо бо сифати типографӣ- системаҳои нашриётӣ;
— барномаҳои коркарди массивҳои ахборотӣ-системаҳои идоракунии базаҳои маълумотӣ;
— барномаҳои таъиноти иқтисодӣ-барномаҳои бухгалтерӣ барномаҳои таҳлили молиявӣ;
— барномаҳо барои расмакашӣ, барои тартиб додани филмҳои аниматсионӣ ва видеофилмҳо;
-системаҳои автоматикунонишудаи лоиҳакашӣ;
– барномаҳои нақшакашӣ ва таҳрезии предметҳо ва механизмҳои гуногун;
— барномаҳои таълимӣ, бозиҳои компютерӣ, маълумотҳои электронӣ ва ғайра.
Барномаҳои системавӣ, ки барои иҷрои амалҳои ёрирасон истифода мешаванд, масалан, сохтани (тартиб додани) нусхаи иловагии (эҳтиётии) маълумоти истифодашаванда, тафтиши бакоромадагии қисмҳои гуногуни компютер ва ғайра.
Системаҳои инструменталӣ (системаҳои барномасозӣ), ки барои тартиб додани барномаҳои нави компютерӣ истифода бурда мешавад.