Фании Информатика

Сохтани ҳисобот

Мақсади дарс.Сохтани ҳисобот бо истифода аз режими Конструктор

Супориши 23.1. Сохтани ҳисобот дар асоси таблитсаи «Донишҷӯ», бо истифода аз режими Конструктор .

Тартиби кор

1.Барномаи Access – ро кушоед

2.Базаи додашудаҳо «Дафтари донишҷӯ»-ро кушоед.

  1. Объекти Отчеты— ро кушоед ва фармони зеринро диҳед: Создать Конструктор. Дар равзанаи Новый отчет (расми 23.1) сатри Автоотчет: в столбец ва ба сифати манбаи додашудаҳо таблитсаи Донишҷӯ— ро интихоб намуда тугмаи ОК –ро пахш кунед.

Расми 23.1 Новый отчет

Дар натиҷа равзанаи Ҳисобот пайдо мешавад (Расми 23.2)

Расми 23.2 Ҳисобот

Супориши 23.2 Сохтани ҳисобот дар асоси таблитсаи «Вазифаи хонагӣ» бо истифода аз Мастер создания отчетов.

Тартиби кор

1. Барномаи Access – ро кушоед

2. Базаи додашудаҳо «Дафтари донишҷӯ»-ро кушоед.

3. Объекти Отчеты— ро кушоед ва сатри зеринро интихоб кунед: Создание отчетов с помощью мастера. Дар равзанаи Новый отчет (расми 23.3) сатри Мастер отчетов ва ба сифати манбаи додашудаҳо таблитсаи Вазифаи хонагӣ— ро интихоб намуда тугмаи ОК –ро пахш кунед. (расми 23.3)

Расми 23.3 Новый отчет

4. Дар равзанаи Создание отчетов тавассути тугмаи >> додашудахоро аз равзанаи Доступные поля ба равзанаи Выбранные поля кучонед (расми 23.4) ва тугмаи Далее— ро пахш кунед.

Расми 23.4 Создание отчетов

5. Дар равзанаи оянда (расми 23.5) ҳамаи майдонҳоро интихоб намуда тугмаи Далее-ро пахш кунед

Расми 23.5 Создание отчетов

6. Дар равзанаи оянда (расми 23.6) додашудаҳоро интихоб намуда тугмаи Далее –ро пахш кунед.

Расми23.6 Создание отчетов

7. Дар равзанаи оянда (расми 23.7) сатри Табличный -ро интихоб намуда тугмаи Далее –ро пахш кунед

Расми23.7 Создание отчетов

8. Дар равзанаи пайдошуда (расми 23.8) сатри Обычный— ро интихоб намуда боз тугмаи Далее – ро пахш кунед

Расми23.8 Создание отчетов

9.Дар равзанаи оянда (расми 23.9) ба ҳисобот ном диҳед ва тугмаи Готово –ро пахш намоед.

Расми 23.9 Создание отчетов

10. Тавре мебинед, дар равзанаи оянда (расми 23.10) Ҳисоботи вазифаи хонагӣ пайдо мешавад.

Расми 23.10 Ҳисоботи Вазифаи хонагӣ

11. Ҳисоботро нигоҳ доред.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *