Фании Информатика

Замимаҳои консолӣ

Инструксияҳои write ва writeln

Пеш аз оне, ки чи хел барои тартиб додани замимаҳои консолӣ шуруъ кунем, инструксияие, ки барориши информатсияро дар экран ва дохилкунии маълумотро бо клавиатура таъмин мекунад, дида бароем.

Инструксияи write барои ба экрани монитор баровардани қимати тағирёбанда пешбини шудааст. Баъди калимаи write дар қавс руйхати тағирёбандаҳо дода мешаванд, ки қиматҳои онҳо бояд бароварда шаванд. ғайр аз номи тағирёбандаҳо дар руйхат матнро ҳам дар «нухунаки яккарата -‘’», ки ин хабардиҳиро мефаҳмонад, дохил кардан мумкин аст.

Мисол:

write(Summa);

write(‘Натиҷаи ҳисобкунӣ’);

write(‘Решаҳои муодила. xl=’, xl, ‘ х2=’, х2);

Баъди номи тағирёбанда ба воситаи «ду нуқта» формати майдони барориши қимати тағирёбандаро ҷойгир кардан мумкин аст.

Барои тағирёбандаи типи Integer формат – ин адади бутун мебошад, ки он паҳмии майдони бароришро медиҳад (миқдори мавқеъ дар экран).

Мисол, инструксияи

write(d:5);

нишон медиҳад, ки барои барориши қимати тағирёбандаи d 5 мавқеъ истифода бурда мешавад.

Барои тағирёбандаи типи Real формати он ба худ ду адади бутунеро, ки ба воситаи «ду нуқта (:)» ҷудо шудааст мегирад. Адади якум паҳмии майдони бароришро муайян мекунад. Адади дувум бошад миқдори рақамҳои қисми касрии ададро.

Мисол, бигузор тағирёбандаҳои x1 ва х2 -и типи real мувофиқан қиматҳои 13.25 ва -0.3401 -ро дошта бошанд, онгоҳ дар натиҷаи иҷроиши инструксияи

write(‘xl=’,x1:5:2,’ х2=’,х2:12)

дар экран қиматҳои зерин бароварда мешавад:

x1=13.25 х2=-3.40100Е-01.

Инструксияи writeln аз инструксияи write фақат дар он фарқ дорад, ки баъди барориши хабардиҳӣ ё ин ки қимати тағирёбанда курсор ба аввала сатри оянда гузаронида мешавад. Мисол, агар қимати тағирёбандаи x1 адади -3.561ва тағирёбандаи х2 адади 10.345 бошад, онгоҳ дар натиҷаи иҷроиши инструксияи

writein(‘Қимати решаҳои муодила:’);

writeln(‘x1=’,x:7:3);

writein(‘х2=’,х:7:3);

дар экран бароварда мешавад:

‘Қимати решаҳои муодила:

xl=-3.5610

х2= 10.345

Инструксияҳои read ва readln

Инструксияи read барои дохил кардани қимати тағирёбанда (маълумоти аввала) ба воситаи клавиатура пешбини шудааст.

Дар намуди умуми инструксия чунин аст:

read (Тағирёбандаи 1, Тағирёбандаи 2, … Тағирёбандаи N)

дар ин ҷо;

номи тағирёбанда – номи тағирёбандае, ки қимати он бояд дар вақти иҷроиши программа ба воситаи клавиатура дохил карда шуда бошад.

Мисол оид ба навишти инструксияи read меорем:

read(a); read(Narh,Mik);

Барои иҷроиши инструксияи read ба вуҷуд меояд:

1. Программа корашро ба итмом расонида интизор мешавад то он даме, ки аз клавиатура маълумоти зарурӣ дохил ва клавиши «Enter» пахш карда шавад.

2. Баъди пахши клавиши «Enter» қимати дохилкардашуда ба тағирёбанда бахшида мешавад, ки номи он дар инструксия дода шудааст.

Мисол, дар натиҷаи иҷроиши инструксияи

read(Temperat);

ва дохили сатри 21 ба воситаи клавиатура, қимати тағирёбандаи Temperat адади 21 мегирад.

Як инструксияи read имконият медиҳад, якчанд қимати тағирёбандаро ба худ гирад. Барои ҳамин ададҳои дохилкардашуда бояд дар як сатр нивишта шуда бо фисилаи холиги ҷудо карда шавад.Мисол, агар типи тағирёбандаҳои а, b ва с — real бошад, онгоҳ дар натиҷаи иҷроиши инструксияи read(a,b,c); ва дохил сатри зерин ба воситаи клавиатура:

4.5 23 0.17

тағирёбандаҳо қиматҳои зеринро мегиранд:

а = 4,5; b = 23,0; с = 0,17.

Агар дар сатр ададҳои зиёд навишта шавад нисбати тағирёбандаҳои дар инструксияи read додашуда, онгоҳ қисми боқимондаи сатр бо инструксияи ояндаи read бахшида мешавад.Мисол, дар натиҷаи иҷроиши инструксияи

read(А,В); read(С);

ва дохили сатри 10 25 18 ба воситаи клавиатура, тағирёбандаҳо қиматҳои зеринро мегирад:

А=10, B = 25. Инструксияи read (С); қимати 18.

Мисоли дигарро оид ба истифодабарии инструксияи readln дида мебароем.

Дар натиҷаи инструксияи

readln(А,В); read(С);

ва дохили сатри 10 25 18 ба воситаи клавиатура, тағирёбандаҳо қиматҳои зеринро мегиранд:

А=10, B = 25.

Тағирёбандаи с дорои қимат нашуда, программа интизори қимати навбатии барои с мешавад. Аз ин ҷо фарқияти истифодабарии readln ва read –ро мушоҳида кардан мумкин аст.

Пеш аз ҳар як инструксияи read ё ин ки readln инструксияи write ро истифода бурдан мумкин аст. Ин инструксияро барои он истифода мебаранд, ки истифодабаранда ҳангоми кор донад программа аз он кадом маълумотҳоро интизор аст. Мисол, қисми программаи ҳисобкунии арзиши харидро меорем, ки намуди зеринро дорад:

writeln(‘Маълумотҳои авваларо дохид кунед.’);

write(‘Нархи маҳсулот:’);

readln(Narh);

write(‘Миқдори маҳсулот дар як сменаи корӣ:’);

readln(Mik);

write(‘Кам кардани нарх ҳангоми харид (скидка):’);

readln(Skidka);

Тартиб додани замимаҳои консолӣ

Замимаҳои консолӣ ин тавр тартиб дода мешавад. Аввал бояд аз менюи File фармони New | Other Application – ро баъд аз «вкладкаи (қабати)» New –и окнои диалогии New Items, Console Application интихоб намоем. Дар натиҷаи ин амалиёт дар экран окнои Project2.dpr кушода мешавад, ки дар он шаблони асосии проседураҳои замамаҳои консолӣ ҷойгир аст.

program suma; ҳ$APPTYPE CONSOLE}

var

i,n,s:integer;

begin

writeln(‘Muodila’);

writeln(‘Resha’);

readln(n);

s:=0;

for i:= 1 to n do

begin

s:=s+i;

end;

writeln(s);

readln;

end.

uses

SysUtils;

begin

ҳ TODO -oUser -cConsole Main : Insert code here }

end.

Хулоса ва мустаҳкамкунии дарс

Гарчанде, ки мо оиди программасозӣ дар Windows сухан меронем, мо бояд оид ба замимаҳои консолӣ донем. Консол — ин дида баромадани монитор ва клавиатура ҳамчун таҷҳизоти ягона. Замимаи консолӣ – ин программае мебошад, ки барои кор дар системаи операсионии MS-DOS (ё ин ки дар окнои DOS), пешбини шудааст. Барои он таҷҳизоти дохил ин клавиатура ва таҷҳизоти хориҷ – монитор, ки коркунанда дар режими инъикоси информатсияи символӣ (ҳарфҳо, рақамҳо ва нишонаҳои махсус) мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *