Фании Информатика

Ба таблитсаи MS Access ворид намудани тағйиротҳо

Сохтани дархост ва ҳисобот.

Мақсдаи дарс: Аз худ намудани технологияи ворид намудани тағйирот ба таблитса. Сохтани дархост ва ҳисобот дар Access.

Супориши 21.1. Ворид намудани тағйирот ба таблитсаи Донишҷӯ.

Тартиби кор

  1. Барномаи Access— ро кушоед.
  2. Базаи додашудаҳо – «Дафтари донишҷӯ»-ро кушоед.
  3. Таблитсаи Донишҷӯ-ро кушоед.
  4. Дар таблитсаи Донишҷӯ пеш аз майдони ихтисос, майдонҳои нав- стипендия ва мукофотпулӣ – ро ворид кунед. Барои ин сутуни ихтисос – ро ҷудо намуда фармон диҳед: ВставкаСтолбец. Ба майдонҳои нав номи стипендия ва мукофотпулӣ- ро диҳед.
  5. Ба режими Конструктор гузашта ба майдонҳои стипендия ва мукофотпулӣ қолаби денежный-ро диҳед.
  6. Ба режими Таблицы бозгардед: ВидРежим таблицы
  7. Дар майдони Стипендия рақами 150 р – ро ворид намоед. (расми 21.1).

Расми 21.1. Донишҷӯ: таблица

  1. Таблитсаро нигоҳ доред.
  2. Таблитсаро пӯшонед.

Супориши 21.2. Сохтани дархост. (Запрос на обновление)

Барои ҳисоб намудани қиммати майдони «Мукофотпулӣ» дар таблитсаи «Донишҷӯ» аз дархост истифода намоед. Мукофотпулӣ 35% -и стипендияро ро ташкил медиҳад.

Тартиби кор

  1. Базаи додашудахо – Дафтари донишҷӯ— ро кушоед ва аз майдони Объекты сатри Запросы –ро интихоб намоед. Аз руйхати кушодашуда фармони Создание запроса в режиме конструктора–ро интихоб намуда тугмаи Создать— ро пахш кунед. (расми 21.2)

Расми 21.2 Дафтари донишҷӯ: База данных

  1. Дар равзанаи Новый запрос сатри Конструктор — ро интихоб намуда тугмаи ОК –ро пахш кунед (расми 21.3)

Расми 21.3 Новый запрос

  1. Дар равзанаи пайдошудаи Добавление таблицы дар замимаи Таблицы таблитсаи Донишҷӯ— ро ҷудо намуда тугмаи Добавить— ва пас аз он тугмаи Закрыть-ро пахш намоед. (расми 21.4).

Расми 21.4 Добавление таблицы

  1. Дар равзанаи пайдошудаи Запрос1:запрос на выборку аз менюи Запрос фармони Обновление— ро интихоб кунед.(расми 21.5)

Расми21.5 Запрос1:запрос на выборку

  1. Дар равзанаи пайдошудаи Запрос1:запрос на обновление (расми 21.6) аз рӯйхати майдонҳои таблитсаи Донишҷӯ (қисми болоии равзана) сатри мукофотпулӣ-ро ҷудо намуда тугмаи чапи мушакро ду маротиба пахш намоед. Дар қисми поении равзана, дар сатри Обновление, матни зеринро ворид кунед: [150] *0,35 (расми 21.6).
  2. Тугмаи Запрос/Запуск— ро пахш намоед ва аз саволи пайдошуда ҷавоби Да – ро интихоб кунед.
  3. Тугмаи Сохранить – ро пахш намуда ба дархост номи Мукофотпулӣ- ро диҳед.

Расми 21.6 Запрос1:запрос на обновление

  1. Таблитсаи Донишҷӯ-ро кушода боварӣ ҳосил намоед, ки дар майдони Мукофотпулӣ рақамҳо пайдо шудаанд (Расми 21.7)

Расми 21.7 Донишҷӯ:таблица

Супориши21. 3. Дархост аз рӯи шарти додашуда (Запрос на выборку по условию)

Тартиби кор

  1. Аз таблитсаи « Донишҷӯ» ному насаби донишҷӯёнеро, ки насабашон бо ҳарфи М оғоз меёбад, интихоб намоед. Барои ин объекти Запрос — ро интихоб намуда фармони зеринро диҳед: СоздатьКонструктор. Дар равзанаи Добавление таблицы, таблитсаи Донишҷӯ – ро интихоб намуда тугмаи Добавить ва Закрыть – ро пахш кунед.
  2. Дар равзанаи Запрос 1: запрос на выборку, аз таблитсаи «Донишҷӯ» (қисми болоии равзана), майдонҳои Насаб, Ном ва Адрес— ро интихоб намоед (курсорро рӯи номи майдон гузошта ду маротиба тугмаи чапи мушакро пахш намоед).
  3. Дар қисми поении равзана, дар сатри «Условие отбора» (дар бланкаи дархост) ворид намоед: — «М*» (расми 21.8).
  4. Фармони зеринро диҳед: ЗапросЗапуск.

Расми 21.8 Запрос на выборку по условию

  1. Тавре мебинед, танҳо рӯйхати донишҷӯёне, ки насабашон бо ҳарфи М оғоз меёбанд, пайдо мешаванд. Рӯйхати пайдошударо нигоҳ доред.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *