Фании Информатика

Параметрҳои саҳифа ва чопкунӣ

Протсессири матнии Word чор тарзи баробарнамои матнро пешниҳод менамояд:

  1. Аз тарафи чап.
  2. Аз мобайн.
  3. Аз тарафи рост.
  4. Аз тарафи чап ва рост.

Тарзи якуми баробаврии матн одатан дар Web-ҳуҷҷатҳо ё матнҳои англесӣ истифода мешавад. Тарзи дуюми баробарнамои матн одатан ҳангоми навиштани сарлавҳа истифода мешавад. Тарзи сеюми баробарнамои матн дар ҳолатҳои хусусӣ истифода мешавад (сана, ному насаби матн, сарлавҳа ва ғ.). Тарзи чорум баробарнамоӣ матн якҷоя бо тарзи аз сатр ба сатр ба таври автоматикӣ гузаронидани калимаҳо, қариб дар тамоми намуди ҳуҷҷатҳо истифода мешаванд. Тарзҳои баробарнамоӣ канорҳои матн тавассути тугмачаҳои мувофиқи лавҳаи тугмачаҳои Форматирование ё фармони «ФорматАбзац…Выравневание» интихоб мешавад.

ПАРАМЕТРҲОИ САҲИФА

Ҳангоми ба кор даровардани протсессори матнии Word қисми асосии равзанаи онро майдони корӣ-варақ ишғол менамояд. Зоҳиран варақи мазкур холӣ ва оддӣ менамояд, дар асл бошад, он ба мисли дигар қисмҳои протсессори матнӣ хусусиятҳои худро доро мебошад. Ба таврӣ умумӣ нақшаи оддии структуравии варақи барномаи Word чунин намуд дорад.

Ин ҷо, дар зери мафҳуми майдонҳо, ҷои холи варақ-байни матн (қисми корӣ) ва канори варақро мефаҳманд. Майдони чапро майдони ҷудокунӣ низ меноманд, зеро аксарияти амалиётҳои ҷудокунии матн дар ин қисм амали мегардад. Одатан, майдонҳои болоӣ ва поёнӣ ба 2см, майдони чап ба 3см ва майдони рост ба 1,5см баробар мебошад. Муайян намудани андозаи майдонҳоро бо ёри ҷадвалҳои горизонталӣ ва вертикалии равзанаи Word равзанаи муоширатии Параметрҳои саҳифа (Праметры страницы) муайян намудан мумкин аст. Ҷадвалҳо барои муайян намудани андозаҳои тақрибӣ қуллай буда, андозаҳои аниқи майдонҳо ва дигар хусусиятҳои майдони кориро тавассути равзанаи муоширатии Параметрҳои саҳифа (ФайлПараметры Страницы) муайян менамоянд. Равзанаи мазкур аз се қисмҳои майдонҳо, Андозаи варақ, Манбаи варақ, (Поля, размар бумаги, Источник бумаги) тарикиб ёфтааст. Дар қисим майдонҳо андозаҳои майдонҳо, андозаи муқовабандӣ, тамоюли варақь (китоби ё албомӣ), тарзи ташкили саҳифабандӣ (оддӣ, майдоҳои симметрӣ, 2 саҳифа дар як варақ, китобча), татбиқи тағйирот (ба тамоми ҳуҷҷат ё то интиҳои ҳуҷҷат)-ро муйян намудан мумкин аст. Дар қисмҳои Андозаи варақ ва Манбаи варақ асосан андозаи варақ (А4=210мм х 297мм, А5=148мм х 210ммва ғ.) параметрҳои чопкунӣ ва баъзе хусусиятҳои дигарро муайян намудан мумкин аст.

Зерравзанаҳои «Поля» ва «Размер бумаги»-и равзанаи муоширатии «Параметры страницы»

ПАРАМАТРҲОИ ЧОПКУНӢ

Ҳангоми пахш намудани тугмачаи Чопкунӣ (Печать)-расми принтер (дар лавҳаи тугмачаҳои Стандартӣ), барномаи Word параметрҳои ҷории чопкуниро истифода бурда, як нусхаи ҳуҷҷатро барои чоп ба принтер ирсол менамояд. Барои муайян намудани параметрҳои чопкунӣ равзанаи муоширатии Чопкунӣ (Печать) пешбинӣ шудааст (ФайлПечать…):

КУШОДАНИ ҲУҶҶАТ

Дар зери амалиёти кушодани ҳуҷҷат ҷустуҷуи файли ҳуҷҷати мавҷударо дарбаргиранда дар барандаи дискӣ фаҳмида мешавад, ки баъдан дар равзанаи алоҳидаи протсессори матнии Word бо мақсади азназаргузаронӣ, чопкунӣ ё тағйирдиҳи инъикос мешавад. Кушодани ҳуҷҷатро бо якчанд роҳҳо иҷро намудан мумкин аст:

  • пахши тугмачаи кушодан-расм?? Дар лавҳаи тугмачаҳои Стандартӣ;
  • якҷояпахши тугмачаҳои Сtrl+O;
  • фармони «ФайлОткрить…»;
РАВЗАНАИ САБТНАМОӢ

(СОХРАНЕНИЕ ДОКУМЕНТА)

Дар равзанаи мазкур ба сатри Номи файл (Имя файла) номи файлро дохил намуда, тугмачаи Сабтнамоӣ(Сохранить)-ро пахш мекунанд. Дар натиҷа ҳуҷҷат бо номи муайяншуда, одатан дар бастаи «Мои документы» сабт мешавад. Дар ҳолати зарурӣ бастаи дигарро интихоб намудан мумкин аст.

Тарзи дуюми сабти ҳуҷҷат-Сабтнамоӣ ҳамчун барои бо дигар ном сабт намудани нусхаи ҳуҷҷат пешбинӣ шудааст. Чунин намуди сабтнамоӣ ҳуҷҷат бо фармони «ФайлСохранить как…» ё пахши тугмачаи клавиатурии F12 иҷро мегардад. Дар ҳарду ҳолат равзанаи Сабтнамоӣ ҳуҷҷат кушода мешавад, ки бо он мисли сабтнамоии оддии ҳуҷҷат (болотар дида баромада шудааст) амал намудан мумкин аст.

Тарзи сеюми сабнамоӣ ҳуҷҷат-Сабтнамоӣ ҳамчун Web-саҳифа барои бо зудӣ омода намудани ҳуҷҷати протсессори матнии Word бо мақсади ирсолнамоӣ он ба шабакаҳои Интернет пешбинӣ шудааст. Умуман, намуди Web-саҳифагии ҳар як ҳуҷҷати барномаи Word-ро бо фармони «ВидВеб документ» инъикос намудан мумкин аст.

Хусусиятҳои мушаххаси реҷаҳои сабтнамоӣ ҳуҷҷатро дар равзанаи параметрҳо (Параметры), банди Сабтнамоӣ (Сохранение) муайян намудан мумкин аст:

ПӮШИДАНИ ҲУҶҶАТ

Дар зери мафҳуми пӯшидани ҳуҷҷат амали аз равзанаи протсессори матнӣ хориҷ намудани равзанаи ҳуҷҷат фаҳмида мешавад. Пас аз ба анҷом расидани коркарди ҳуҷҷат онро пӯшидан лозим аст, зеро дар ин вақт хотира озод шуда, равзанаи протсессори матнӣ низ нисбатан холӣ мешавад.

Барои пӯшидани равзанаи ҳуҷҷат фармони «Файл Закрыть» ё тугмачаи мувофиқи сатри меню –расм?? пешбинӣ шудааст. Агар ҳуҷҷати мазкур сабт шуда бошад, он пӯшида мешавад. Агар то амали пӯшидани ҳуҷҷат амалӣ сабтнамоӣ иҷро нашуда бошад, ҳангоми пӯшидани ҳуҷҷат протсессор тавассути равзанаи муоширатии махсус амалӣ сабтнамоиро ёдрас менамояд.

Бо пахши тугмачаи «Да» ҳуҷҷат баробари пӯшидашавӣ сабт мешавад. Агар тугмачаи «Нет» пахш карда шавад, ҳуҷҷат пӯшида шуда, аз он тағйротҳои охирини сабтнашуда хориҷ карда мешавад. Пахш намудани тугмачаи «Отмена» амали пӯшидани ҳуҷҷатро бекор менамояд ва истифодабаранда метавонад коркарди ҳуҷҷатро давом диҳад.

Албатта, агар коркарди ҳуҷҷатҳои матнии дигар пешбинӣ нашуда бошад, метавонед, равзанаи протсессори матнии Word-ро пӯшед.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *