Фании Информатика

Кор бо ҷадвали электронӣ ва Барномаи MS Excel

Мақсади кор. Аз худ намудани усулҳои кор дар барномаи MS Excel.

Супориши 12.1. Иҷрои амалҳои арифеметикӣ дар MS Excel.

Тартиби кор

  1. Барномаи MS Excel-ро кушоед: Пуск„Программы„ MS Excel.
  2. Ячейкаи А1-ро ҷудо кунед. Барои ин курсорро дар сутуни А, сатри 1 гузошта тугмаи чапи мушакро пахш кунед. Тавре мебинед, ячейкаи А1 бо хати рангаш сиёҳи фарқкунанда ҷудо карда мешавад.
  3. Аз тариқи клавиатура рақами 123-ро ворид намоед. Дар ячейка рақами мазкур пайдо мешавад. Тугми Tab –ро пахш кунед. Тавре мебинед, курсор як хонача ба тарафи рост мегузарад ва ячейкаи В1-фаъол мегардад (ҷудо карда мешавад). Ба ячейкаи В1 аз клавиатура рақами 112-ро ворид намоед ва тугмаи Tab-ро пахш кунед. Курсор дар ячейкаи С1 ҷойгир мешавад.
  4. Ба ячейкаи С1, аз тариқи клавиатура, аломати «=»-ро ворид кунед (ҳисоб дар ячейкаҳои MS Excel аз аломати = оғоз меёбад).
  5. Бо мушак ячейкаи А1-ро пахш кунед. Тавре мебинед, дар ячейкаи С1, пас аз аломати «=» адреси ячейка-А1 навишта мешавад.
  6. Аз клавиатура аломати «+» -ро ворид намоед.
  7. Бо мушак ячейкаи В1-ро пахш кунед. Тавре мебинед, дар формула аломати В1 пайдо мешавад.
  8. Тугмаи Enter-ро пахш кунед. Тавре мебинед, дар ячейкаи С1, ба ҷои формула (=А1+В1) ҳосили ҷамъ, яъне адади 225 пайдо мешавад.
  9. Айнан ҳамин тавр ду рақами дилхохро зарб (*), тақсим (/) ва тарҳ (-) намоед.

Супориши 12.2. Қиммати функсияи у=2х+64,2-ро барои х=10,2 ҳисоб намоед.

Тартиби кор

  1. Дар ячейкаи А1 қиммати х-ро ворид кунед. Барои ин ячейкаи А1-ро ҷудо намуда ба он адади 10,2-ро ворид намоед (қиммати аргумент).
  2. Дар ячейкаи В1, барои муайян намудани қиммати функсия (у) ифодаи 2х+64,2-ро ворид кунед. Азбаски қиммати аргумент (х) дар ячейкаи А1 оварда шудааст, ифода намуди зеринро мегирад: =2*А1+64,2. Пас аз пахш кардани тугмаи Enter, дар ячейкаи В1 ба ҷои формула қиммати 84,1 пайдо мешавад.
  3. Файлро дар папкаи худ нигоҳ доред.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *