Фании Информатика

Функсияҳо дар Excel

Мақсади дарс. Омӯхтани технологияи иҷроиши ҳисоб бо истифода аз функсияҳои MS Excel

Супориши 16.1. Функсияи қиммати миёна (Средное значение)

Ҳисобро дар асоси ҷадвали 16.1 гузаронед:

Тартиби кор

  1. Тағйирёбии нархро дар сутуни Е аз рӯи формулаи зерин ба ҷой оред:

Тағйирёбии нарх: =Нархи ноябр/ Нархи сентябр (пешакӣ ба сутуни Е формати Процентный –ро диҳед: ФорматЯчейкиЧисло Процентный)

  1. Дар ячейкаҳои В8, С8, Д8 қиммати миёнаи додашудаҳоро ҳисоб кунед. Пеш аз ҳама қиммати миёнаи сутуни В- ро ҳисоб кунед. Барои ин курсорро дар ячейкаи В8 гузоред ва фармони зеринро диҳед: (ВставкаФункция). Дар равзанаи пайдошудаи Мастер функцийшаг 1 из 2, аз рӯйхати Категория: категорияи функция –Статистическое – ро интихоб намоед ва тугмаи ОК-ро пахш кунед (Расми 16.1).

Расми 16.1 Мастер функций

  1. Дар равзанаи дуюӯм — Аргументы функций,- маҷмӯи ячейкаҳои заруриро интихоб намоед. Барои ин маҷмӯи ячейкаҳои В3:В7-ро бо мушак ҷудо кунед. (расми 16.2.). Пас аз пахш намудани тугмаи ОК дар ячейкаи В8 қиммати миёнаи додашудаҳо барои сутун В пайдо мешавад. Айнан ҳамин тавр қиммати миёнаи додашудаҳоро барои сутунҳои С ва Д ҳисоб кунед.

Расми 16.2 Аргументы функций

  1. Файлро нигоҳ доред.

Ҷадвали 16.1.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *