Фании Информатика

Батартибории додашудаҳо (сортировка данных) ва интихоби додашудаҳо (истифодаи филтир) аз рӯйхат дар MS Excel

Мақсади дарс. Аз худ намудани технологияи батартибории додашудаҳо ва истифодаи филтир дар ҷадвали электронии Excel.

Супориши 19.1. Батартиборӣ ва интихоби (филитркунии) додашудаҳо.

Тартиби кор

  1. Барномаи MS Excel – ро кушоед.
  2. Дар ҷадвали Excel додашудаҳоро мувофиқи ҷадвали 19.1 а ворид намоед.
  3. Курсорро рӯи додашудаҳо гузошта фармони зеринро диҳед: ДанныеСортировка. Дар натиҷа равзанаи Сортировка диапазона пайдо мешавад (Расми 19.1 а, б).
  4. Дар равзанаи мазкур сатрҳои Ному насаб ва По возрастанию – ро интихоб намуда тугмаи ОК – ро пахш намоед (Расми 19.1 а). Тавре мебинед, рӯйхати кормандон аз рӯи алифбо ба тартиб оварда мешавад. Пас аз он ин амалро нисбати сутуни Маош иҷро намоед (Расми 19.1 б).

Расми 19.1 а Расми 19.1 б

5. Натиҷаи интихоби додашудаҳо аз рӯи сутуни Ному насаб дар ҷадвали 19.1 б ва аз рӯи сутуни Маош дар ҷадвали 19.1 в оварда шудааст.

Ҷадвали 19.1 а Ҷадвали 19.1 б Ҷадвали 19.1 в

Супориши 19.2. Интихоби (филитркунии) додашудаҳоро дар асоси чадвали 19.1 а ба ҷой оред: Кормандонеро интихоб намоед, ки маошашон аз 250 с зиёд бошад.

Тартиби кор

  1. Барои ин курсорро рӯи таблитса гузошта фрамони зеринро диҳед: (Данные Фильтр Автофильтр). Тавре мебинед, дар номи сутунҳо аломати самтнок () пайдо мешавад: (ҷадвали19.2 а.).

Ҷадвали 19.2 а Ҷадвали 19.2 б

Расми 19.2 а Расми 19.2 б

2. Дар ҷадвали 19.2 а кормандонеро интихоб намоед, ки маошашон аз 250с зиёд бошад. Барои ин курсорро рӯи аломати (дар майдони Маош) гузошта тугмаи рости мушакро пахш кунед ва аз рӯйхати пайдошуда (Ҷадвали 19.3) фармони Условие-ро интихоб намоед. Дар натиҷа равзанаи Пользовательский автофильтр пайдо мешавад, ки дар он шартҳои заруриро ворид намудан мумкин аст (Расми 19.4). Пас аз пахш намудани тугмаи ОК натиҷаи зарурӣ пайдо мешавад (Ҷадвали 19.2 б).

Ҷадвали 19.3

Расми 19.4

  1. Файлро дар папкаатон нигоҳ доред.

Супориши 19.3.. Ҳисоб намудани фоизи мураккаб бо ёрии Excel

Тартиби кор

  1. Барномаи MS Excel-ро кушоед.
  2. Додашудаҳоро аз рӯи ҷадвали 19.1. ба Excel ворид намоед.
  3. Дар ячейкаи F2 формулаи зеринро ворид кунед: =$Д$2*(1+$Е$2)^С2. Формулаи мазкурро то ячейкаи F13 нусхабардорӣ намоед.
  4. Дар ячейкаи G2 формулаи =F2-$Д$2-ро ворид намуда онро то ячейкаи G13 нусхабардорӣ кунед.

Ҷадвали 19.1

Супориши 19.4. Ҳисоб намудани фоизи мураккаб бо ёрии Excel (давомаш).

Мисол: Аҳолии ноҳия дар соли ҷорӣ 10000 нафарро ташкил медиҳад. Афзоиши солона – 3% аст. Шумораи аҳолии ноҳияро дар 10 соли оянда муайян намоед.

Тартиби кор

  1. Барномаи MS Excel-ро кушоед.
  2. Ҳисобро аз рӯи формулаи зерин ба ҷой оред:

Дар инҷо:

N0 шумораи аҳолӣ дар соли ҷорӣ.

t – вақт (сол).

p — афзоиши солона

Nt — – шумораи аҳолӣ паз аз t сол.

  1. Дар ҷадвали электронӣ додашудаҳоро ба намуди зайл ворид кунед (ҷадвали 19.2)

Ҷадвали 19.2

  1. Формулаи =E$2^C2 – ро ба ячейкаи F2 ворид намуда онро то ячейкаи F12 нусҳабардорӣ кунед (ҷадвали 19.3).

Ҷадвали 19.3

  1. Формулаи =F2*B$2 – ро ба ячейкаи G2 ворид намоед (ҷадвали 19.4).

Ҷадвали 19.4

  1. Формулаи мазкурро то ячейкаи G12 нусҳабардорӣ кунед (Ҷадвали 19.5)

Ҷадвали 19.5

Супориши 19.4. Чопи ҳуҷҷат дар Excel

Тартиби кор

Азбаски саҳифаи кории Excel ба саҳифаи чопӣ мувофиқат намекунад, дар Excel чопи ҳуҷчат хусусиятҳои худро дорад.

  1. Ҳуҷҷатро дар Excel кушоед.
  2. Фармони зеринро диҳед: (ФайлПараметры страницы). Дар равзанаи Параметры страницы, дар замимаҳои Страница, Поля, Колонтитулы, Лист, параметрҳои заруриро интихоб намоед (расми 19.6) Барои ҳар як саҳифа (Лист) параметри саҳифа ба таври алоҳида интихоб карда мешавад.
  3. Пас аз интихоб намудани параметрҳои зарурӣ фармонӣ зеринро диҳед: ФайлПечать. Дар равзанаи Печать (расми 19.7) параметрҳои заруриро интихб намуда тугмаи ОК – ро пахш намоед.
  4. Файлро дар папкаатон нигоҳ доред.

Расми19.6 Параметры страницы

Расми19

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *