Имкониятҳо ва хизматрасониҳои шабака
Суроғагузории маълумотҳо дар шабакаи глобалии Интернет
Ҳар кадоме аз узелҳои шаббакаи глобалии Интернет, яъне компютере, ки ба шабакаи глобалӣ пайваст карда шудааст. суроғаи индивидуалии худро дорад. Қоидаҳои ташкили ин суроғаҳо дар тамоми ҷаҳон монанд мебошанд. Дар шабакаи Интерент дуто шакли сабти суроғаҳо (ном) компютерҳо мавҷуданд, ки инҳо:
- дар намуди рақамҳо — IP -суроға ё номи физикавӣ;
- дар намуди символҳо — нгоми доменӣ. (суроғаи символикӣ).
Номи физикавӣ ё IP — суроға аз тарафи провайдерҳо таъин карда мешавад. Cуроғаи IP ба рақами телефонӣ монандӣ дорад: вай аз чор рақами аз ҳамдигар бо нуқта ҷудо кардашуда иборат асту бо нуқта анҷом меёбад., масалан 193.144.5.26.
Ададҳо дар ҳар як блокҳо қиматҳои аз 0 то 255 -ро гирифта метавонанд. Барои сабти IP-cуроға 4 байт истифода мешавад, имконияти ба миқдори то 4 миллиард доштани IP -суроғаро дорад.
(232) . IP — суроғаҳо барои коркарди баномавӣ истифода бурда мешаванд. Истифодаи он фақат барои компютерҳо мебошад. Чунки дар хотир нигоҳ доштани ин намуди суроғаҳо барои одам мушкил мебошад. Бинобар ин барои одамон дар ивази cуроғаи IP истифодаи системаи номҳои доменӣ ба роҳ монда шудааст.
Системаи номҳои доменӣ компютерҳоро аз рӯи соҳаҳои ҷуғрофӣ ва мавзӯӣ ҷудо менамояд.
Масалан, суроғаи www.vt.miee.ru мефаҳмонад, ки дар Торҳои ҷаҳонӣ сайти ташкилоти МИЭТ мавҷуд аст, ки дар домени номҳои русӣ ҷойгир карда шудаанд. Миқдори доменҳои оддӣ дар тамоми номҳои доменӣ озод мебошад. Номи пурраи www.vt.miee.ru аз чор қисмати доменҳои оддӣ иборат аст.
Номи доменӣ аз тарафи рост ба чап хонда мешавад. Дар мисоли овардашуда ru — Россия, сипас дораҷаи дуюм — miee меояд, ки он номи ташкилот, домени дараҷаи сеюм vt — ноии шабакаи локалии кафедтаи ВТ мебошад.
rиматҳои маъноии баъзе аз доменҳоро дараҷаи авваларо дар ҷадвали зерин меорем:
Номҳои ҷуғрофии
доменҳо | Номҳои мавзeии (ташкилотии)
доменҳо | ||
ru | Россия | gov
(government) | давлатӣ |
fr | Франсия | mil (millitary) | ҳарбӣ |
De | Олмон | edu (education) | таълимӣ |
us | ШМА | com (comeқcial) | тиҷоратӣ |
Ca | Канада | org(organization) | ғайритиҷоратӣ |
Cn | Чин | net (network) | шабакавӣ |
Доменҳо метавонанд, ки дараҷаҳои ҷуғрофӣ ё ташкилотҳоро муайян созанд, масалан edu.ru — ташкилотҳои таълимии Россияро ифода мекунад.
Байни номҳои доменӣ ва суроғаи IP-и онҳо мувофиқати қатъӣ бояд гузошта шуда бошад. арои ин хизматрасони махсуси хӣзматрасони махсуси ӣтернет бо номи DNS (Domen Name System) ташкил карда шудааст.
Системаҳи суроғаҳои URL.Ҳар кадом файлҳои дар шабака ҷойгир кардашуда бояд суроғаи мувофиқи худро дошта. Суроғаи дилхоҳ файл (ҳeҷҷат ё барнома) дар шабакаи Интернет бо ёрии нишондоди (локатори) яксонкардашудаи захираҳо URL (Uniform resoғrce Lokator) муайян карда мешавад. Намунаи суроғаи UrL-и Web -ҳуҷҷат чунин мешавад:
http://www.microsoft.com/rus/products/ном.zip.
Cуроғаи UrL аз се то қисмат иборат мебошад:
- http:// — номи хизматрасоне (протоколе), ки иҷозатро ба ҳуҷҷат (захира) таъмин месозад. Дар намунаи боло овардашуда http:// — нишон медиҳад, ки ҳуччат дар WWW — сервер ҷойгир мебошад. Ба сифати серверҳо метавонанд, ки http://, gopher://, new// ва ғайраҳо бошанд.
- www.microsoft.com — номи домении сервере (компютере). мебошад, ки дар вай захираи додашуда мехобад.
- rus/products/ном.zip — роҳи пурраи иҷозат ба файле мебошад, ки дар сервери пункти 2-юм нишон дода шудааст. Хати каҷи «/» ба сифати ҷудокунанда истифода бурда мешавад.
Суроғаи UrL бояд бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ навишта шуда бошад. Вай набояд, ки ҷои холӣдошта бошад, аммо метавонад, ки аломатҳои тире, хати кашидаи поёнӣ ё болоиро дошта бошад.
Ҳангоми сабти суроғаҳо дар Интернет ( нисбат ба Windows ва MS DOS) ҳарфҳои хурд ва калон бояд ҳатман риоя карда шаванд.Вобаста ба системаи интихъоб гардида тафсираи файлҳоро дар шабака нишон медиҳад. Масалан дар системаи Unix тафсираи файл аз миқдори гуногуни ҳарфҳо иборат буда метавонад, масалан, *.html.
Дар хотира гирифтани суроғаҳои UrL мушкил аст, бинобар ин дар ҳама воситаҳои барномавии шабакаи глобалии Интернет асбобҳое бо номи Интихобшудаҳо (Избранное) мавҷуданд, ки дар он истинодҳоро бо номҳои барои истифодабаранда мувофиқ гузоштан мумкин аст. Вобаста ба он барои муроҷиат на суроғаи UrL балки истинодли вайро истифода намудан мумкин аст. Воситаҳои муосири кор бо шабакаи Интернетро воситаҳои ташкил, нигоҳдорӣ ва истифодаи истинодҳо таъмин менамоянд. Ба воситаҳои муосир инҳо дохил карда мешаванд:
- мавҷудияти ҷузъдони (папкаи) махсус бо номи Избранное, ки дар тамоми WWW, мавҷуданд ва дар ҷузъдонҳои сохташуда ( ба монанди Бонкҳо, Мактабҳои олӣ ва ғайра) ҷойгир карда мешаванд;
- барои истинодҳои маъмултар тугмачаҳои асбобӣ дар лавҳаи кории шабакаи Интернет тартиб дода мешаванд;
- истинодҳо ё ин ки сурати (ярлыки) онҳо бевосита дар Мизи корӣ ё ин ки Лавҳаи масъалаҳо ҷойгир карда мешаванд.
Барномаи intrnet explorer
Барномаи (браузери) Интернетии Internet Explorer ба дастаи таъминотии системаҳои амалиётии муосир дохил карда мешавад, яъне дар дилхоҳ компютере, ки бо системаҳои амалиётии Windows ҷиҳозонида шудаанд, ин намуди барномаро доранд, ки хизматрасонии Интернетро дар ин компютер анҷом медиҳад.
Воридкунии барномаи мазкур бо роҳҳои гуногун иҷро карда мешавад:
- бо пахш кардани суратчаи он — дар Мизи корӣ;
- бо ёрии Менюи асосии Windows: Пуск — Программы- Internet Explorer;
- бо роҳи воридкунии суроға ба cатри суроғавии равзанаи ҷузъдони Windows;
- бо ду бор пахш намудани суратчаи ҳуҷҷати формати HTML.
Баъд аз гузоштани алоrа бо шабакаи Интернет ва ба кор даровардани Internet Explorer дар экрани компютер саҳифаи асосӣ (хонагӣ) пайдо мешавад. Дар вақти набудани он саҳифаи асосии Web -сервери ширкати Майкрософт пайдо мегардад:
.. Расми 7. Равзанаи барномаи Internet Explorer.
Барои нишон додани саҳифаи дигар бояд фармони зеринро анҷом дод: Сервис-Свойства обозревателья ва суроғаи он саҳифаро бояд нишон дод. Баъд аз ин гузариш ба ин саҳифа бо ёрии тугмачаи дар лавҳаи асбобҳои барнома иҷро карда мешавад.
Дар мавриди ба кор даровардани Internet Explorer набудани алоқа (Расми ) бо шабакаи Интернет дар экран равзанаи диалогӣ барои гузоришкунии алоқа пайдо мешавад.
Расми 8. Мавриди набудани алоқа бо шабакаи Интернет
Аммо барномаи Internet Explorer аз саҳифаҳои Интернетии пештар боршуда истифода намуданро имконият медиҳад. Барои гузаштан ба меъёри автономӣ бояд фармони зерин истифода бурда шавад: Файл- Работать автономно .
Дар меъёри автономӣ (on line) барномаи Internet Explorer имконият медиҳад, ки Web — саҳифаҳои шахсӣ сохта шаванд.
Равзанаи Internet Explorer дар баробари доштани хатҳои ҳаракатӣ боз дорои лавҳаи Избранное ва майдон (лавҳа) суроғавӣ барои воридкунии UrL-суроға мебошад, ки мавқеи ҷойгиршавии ин ҳуҷҷатро нишон медиҳад. Ба майдони суроғавӣ мумкин аст, ки UrL- суроға нопурра ворид карда шавад. Масалан, ба ҷои http//www.rumbler.ru cуроғаи www.rumbler.ru -ро ворид намоему http//-ро худаш дохил мекунад.
Воситаҳои пуркунии автономии сатри суроғавӣ такроран воридкуниро таъмин менамоянд. Рeйхати кушодаванда дорои суроғаҳои Web — саҳифаҳои пештар дида баромадашуда мебошад, ки онҳоро такроран интихоб намуда баровардан мумкин аст.
Қисми асосии сатҳи кории экранро , чун қоида, Web — саҳифа ишғол мекунад, ки дар вай тамоми мундариҷаи вай ба монанди тасвирҳо, объектҳои мултимедияҳо ва ғайраҳо оварда мешавад. Барои он ки тавасути гиперистинодҳо саҳифаи нав кушоянд, фармони менюи зерматнии гиперистиноди «Открыть в новом окне»-ро истифода мебаранд.
Сатри сарлавҳаи равзанаи барандаи Интернетӣ дорои номи Web — саҳифаи боршаванда мебошад, ки ҳатман дар забони англисӣ ё лоти, ки ҳатман дар забони англисӣ ё лотинӣ бояд нишон дода шавад.
Сатри ҳолати брайзер вазъияти кори барнома ё рафти боршавии Web — саҳифаро нишон медиҳад. Фармони — и менюи горизонталии Internet Explorer имконият медиҳад, ки ба папкаи Избранное истинодҳои навро ворид намоянд.
Нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва нусхакунии матну графика аз шабакаи интернет
Барои нусха кардани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ, қисмати матнҳо ё суратҳо аз шабакаи глобалии Интернет тарзҳои зеринро бояд истифода бурд:
- Ҳангоми бокунии файл аз Интернет равзанаи Боркунии файл (Загрузка файла) пайдо мешавад, ки он имконияти сабти ин файл ба компютерро медиҳад (Расми ).
Расми 9. Равзанаи Боркунии файл (Загрузка файла).
Барои сабти файли додашуда фармони Сохранить-ро бояд пахш намуд.
- Сабти ҳуҷҷате, ки вақти ҷорӣ дар равзанаи баранда мавҷуд ба воситаи фармони Файл — Сохранить как… иҷро карда мешавад.
- Мундариҷаи заруриро интихоб намуда, нусха мекунан ( яъне ба буфери додугирифт мегузаронанд) ва баъд масалан барномаи Word-ро бароварда дар он мегузоранду сабт менамоянд.
- Барои сабти сурат ба вай бо тугмачаи рости мушак зер карда ва дар зерматни менюи пайдошуда фармони Сохранит рисунок как… -ро иҷро намуд