Фании Информатика

Ҳисоб дар Excel

Мақсади дарс: Омӯхтани технологияи ҳисоб дар ҷадвали электрони Excel.

Супориши 14.1. Сохтани таблитсаи «Ҳисоби натиҷавии ҳаррӯзаи пули савдо».

Ҳисоб дар асоси ҷадвали 14.1 гузаронида шавад:

Тартиби кор

1. Маҷмӯи ячейкаҳои аз А1 то Е1 – ро ҷудо намуда фармони зеринро диҳед: (ФорматЯчейки, замимаи Выравнивание, сатри Объединение ячеек) ва аз тариқи клавиатура номи таблитсаро ворид кунед – «Ҳисоби натиҷавии пули ҳаррӯзаи савдо»

2. Дар ячейкаҳои А2, В2, С2, Д2, Е2 номи сутунҳоро ворид кунед.

3. Маҷмӯи ячейкаҳои аз А3 то А13 – ро ҷудо намуда фармони зеринро диҳед: (ФорматЯчейки, замимаи ЧислоДата, тип даты – 14.03.2001)

4. Маҷмӯи ячейкаҳои аз В3 то Д13 – ро ҷудо намуда фармони зеринро диҳед: (ФорматЯчейки, замимаи ЧислоДенежныйнет)

6. Дар ячейкаи Е3 формулаи зеринро ворид намоед: =В3+С3+Д3. Формулаи мазкурро то ячейкаи Е13 нусхабардорӣ намоед.

7. Дар ячейкаи В14 ҳисоби натиҷавиро дар сутуни В анҷом диҳед. Барои ин курсорро дар ячейкаи В14 ҷойгир намуда ду маротиба нишонаи — ро дар панели таҷҳизотҳо пахш намоед. Дар ячейкаи В14 ҳосили ҷамъи додашудаҳои сутуни В пайдо мешаванд.

8. Бо ёрии нусхабардорӣ формуларо аз ячейки В14 то ячейкаи Д14 кӯчонед.

9. Нишонаи саҳифа Лист 1— ро бо номи «Ҳисоб» иваз намоед. Барои ин курсорро рӯи нишонаи Лист 1 гузошта ду маротиба тугмаи чапи мушакро пахш кунед ва аз тариқи клавиатура номи навро ворид намоед.

10. Файлро дар папкаи худ нигоҳ доред.

Ҷадвали 14.1

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *