Фании Информатика

Сохтани дархост (иҷрои амали ҳисоб дар БД)

Мақсади дарс. Аз худ намудани технологияи сохтани дархост дар Access

Супориши 22.1 Ҳисоб намудани қиммати натиҷавии майдонҳои Стипендия ва Мукофотпулӣ.

Тартиби кор

  1. Барномаи Access – ро кушоед
  2. Базаи додашудаҳо «Дафтари донишҷӯ»-ро кушоед.
  3. Объекти Запрос— ро кушоед ва фармони зеринро диҳед: Создать Конструктор. Дар равзанаи Добавление таблицы таблитсаи Донишҷӯ-ро ҷудо намуда тугмаи Добавить ва Закрыть – ро пахш кунед .
  4. Дар равзанаи Запрос 1: запрос на выборку аз рӯйхати майдонҳои таблитсаи «Донишҷӯ» (қисми болоии равзана) майдонҳои Стипендия ва Мукофотпулӣ – ро бо тугмаи чапи мушак ду маротиба пахш намоед.
  5. Дар панели асбобҳо тугмаи Групповые операции () – ро пахш намоед. Дар сатри Групповые операции (дар бланкаи запрос) аз рӯйхати пайдошуда фармони Sum-ро интихоб кунед. (расми 22.1

Расми 22.1 Запрос 1: запрос на выборку

  1. Фармон диҳед: ЗапросЗапуск. Дар натиҷа равзанаи натиҷавӣ пайдо мешавад.(расми 22.2)

Расми 22.2 Дархости натиҷавӣ

  1. Дархостро бо номи «Дархости натиҷавӣ» нигоҳ доред.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *