Фании Информатика

Шабакаҳои компютери

Шабакаҳои компютери

Шабака – ин маҷмӯи объектҳое мебошад, ки таҷҳизотҳои интиқол ва коркарди иттилоотро ташкил медиҳад. Ташкилоти байналмиллали стандартикунонӣ шабакаи ҳисоббарориро ҳамчун пайдарпайи интиқоли битҳо байни таҷҳизотҳои аз ҳамдигар новобаста муайян кардааст.

Шабакаҳо асосан дар идоракунии шахсӣ истифодабар қарор дошта ягон ҳудуди муайянро ишғол мекунанд ва аз рӯи аломати ҳудуд (теретория) ба гӯрӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд.

1.Шабакаҳои ҳисоббарори маҳаллӣ (ШҲМ) ё ин ки Local Area Network, ки дар як ё якчанд биноҳои ба ҳам наздик ҷойгиранд. ШҲМ одатан дар чорчубаи ягон ташкилот ё корхона ҷойгир карда мешаванд, бинобарон онро корпоративӣ ҳам меноманд.

2.Шабакаҳои густурдаи компютерӣ ё инки шабакаи глобали (Wide Area Network) дар биноҳои гуногун шаҳрҳои гуногун ҷойгир шуда, териториявӣ, омехта ва глобалӣ мешаванд. Вобаста ба ин шабакаҳои глобалӣ ба чор намуди асосӣ ҷудо мешаванд. Шаҳрӣ, минтақавӣ, миллӣ ва трансмиллӣ. Ба сифати мисоли шабакаҳои паҳнгаштаи масоҳати калон INTERNET, Relcom, FIDO шуда метавонад.

Дар ҳолати умумӣ дар ҳайати шабака элементҳои зерин дохил мешавад:

— компютерҳои шабакавӣ (бо адаптери шабакавӣ таъмин);

— канали алоқа (кабели, мохворавӣ, телефонӣ, рақамӣ, радиоканали ва ғр);

— намудҳои гуногуни дигаргунсозандаҳои сигнал;

— таҷҳизоти шабакавӣ.

Ду мафҳуми шабака: шабакаи коммуникатсионӣ (ШК) ва шабакаи иттилоотӣ (ШИ) ҷудо карда мешавад. Расми1.

ШК барои интиқоли иттилоот пешбини шуда, ҳамчунин вазифаи вобаста дигаргунсозии иттилоотҳоро иҷро менамояд.

ШК аз рӯи намуди воситаи васлкунии физикии истифодашаванда ҷудо карда мешавад.

ША барои нигоҳдории маълумот хизмат карда аз системаҳои иттлоотӣ иборат аст. Дар заминаи ШК мумкин аст гӯрӯҳӣ шабакаҳои ахборотӣ сохта мешавад.

Таҳти мафҳуми системаи иттилоотӣ бояд система фаҳмида шавад, ки он дастраскунанда ё истеъмолкунандаи иттлоот мебошад.

Шабакаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ

Шабакаҳои комуникатсионӣ аз системаҳои иттилоотӣ ва канали алоқа иборат аст. Таҳти мафҳуми системаи иттилоотӣ объекте фаҳмида мешавад, ки имконияти нигоҳдорӣ, коркард ё ин ки интиқоли ахборро дорад.

Дар ҳайати системаи иттилооти дохил мешавад: компютерҳо, барномаҳо, истифодабарандагон ва дигар ташкилдиҳандагон, ки барои раванд коркард ва интиқоли маълумот пешбини шудаанд. Минбаъд системаи ахборотии барои ҳаллӣ масъалаҳои истифодабар таъин шуда стансияи корӣ номида мешавад. Истгохи корӣ дар шабака аз компютери фардии оддӣ бо доштани адаптери шабакавӣ (картаи шабака), канал барои интиқоли маълумотҳо ва таъминоти барномавии шабакавӣ фарқ мекунанд.

Таҳти мафҳуми канали алоқа, роҳ ё воситае, ки сигнал фиристода мешавад, фаҳмида мешавад. Воситаи интиколи сигналро канали абонентӣ ё физикӣ номида мешавад.

Канали алоқа аз рӯи хати алоқа бо ёрии таҷҳизотҳои шабакавӣ ва воситаҳои физикии алоқа сохта мешаванд. Воситаҳои физикии алоқа дар асоси кабелҳои коаксилӣ, каналҳои оптиқи ё ин ки эфир сохта мешаванд. Байни системаҳои ахборотии байниҳамдигарӣ каналҳои мантиқӣ ҷойгир карда мешавад.

Канали мантиқӣ ин роҳест, ки барои интиқоли маълумот аз як система ба дигараш хизмат мерасонад.

Канали алоқа аз рӯи хатти сайр дар як ё якчанд каналҳои физикӣ ҷойгир карда мешавад.

С аз рӯи раванди мубодилаи байни объектҳо ҳамчун блокҳои маълумот фиристода мешавад.

Протокол – ин ин маҷмӯи қоидаҳо, ки формат ва раванди мубодилаи ахборро байни ду ё якчанд таҷҳизот таъмин менамояд.

Боркунӣ (загрузка) – ин шабака бо параметри трафик тавсиф дода мешавад.

Трафик – ин маҷрои (маълумотҳо) паёмҳо дар шабакаи интиқоли маълумот мебошад. Таҳти ин мафҳум ченаки миқдории дар нуқтаи интихоб шудаи шабака блокҳои маълумот ва дарозии онҳо бо бит\секунд ифодашуда, фаҳмида мешавад.

Таъсироти назаррасро ба характеристикаи шабака услуби дастраскунӣ расонида метавонад. Услуби дастраскунӣ – ин воситаи муайянкунии он ки, кадоме аз истгоххои корӣ метавонад минбаъда канали алоқаро истифода бурда ва чихел дастраии канали алоқаро идора кунад.

Дар шабака тамоми истгохҳои корӣ аз ҷиҳати физикӣ байни ҳам аз рӯи сохтори муайян васл шуда, топология номида мешавад.

Топология – ин тасвири васли физикӣ дар шабака буда, нишон медиҳад, ки кадом стансияҳои корӣ метавонанд байни ҳам алоқа намоянд. Намуди топология маҳсулнокӣ, қобилияти корӣ эътимоднокии истифодабарии стансияҳои корӣ ва ҳамчунин вақти ба сервери файли муроҷиат карданро муайян мекунад. Вобаста аз топологияи шабака ин ё он усули дастраскунӣ истифода мешавад.

Ҳайати элементҳои асосӣ дар шабака аз меъмории он вобаста аст. Меъморй ин консепсияи муайянсозандаи алоқамандии мутақобилан сохтор ва функсияҳои таъсири байниҳамдигарии истгохҳои корӣ дар шабака мебошад. Он ташкили техникӣ ва барномавии мантиқӣ, функсионалӣ ва физикии воситаҳои шабакаро дар назар дорад. Принсипҳои сохт ва истифодабарии таъминоти таҷҳизотӣ ва барномавии элементҳои шабакаро меъмори муайян менамояд.

Асосан се намуди меъмори муайян карда мешавад: архитектураи терминал – компютери асосӣ, архитектураи клиент–сервер ва архитектураи якранг.

Шабакаи муосирро аз рӯи аломатҳои гуногун ба синфҳо ҷудо кардан мумкин аст: аз рӯи ҷойгиршавии компютерҳо, топология, таъинот, рӯйхати хизматҳои пешниҳодшаванда, принсипи идоракунӣ (мутамарказ ва ғайримутамарказ), усули коммуникатсия, усули дастрас, намудҳои фазои интиқол, суръати интиқоли маълумот ва ғайра.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Издательство «НТ Пресс», 129085, Москва, Звёздный 6-р, д.21.1
  2. Лесничная И.Г Информатика ва технологияи компютерӣ
  3. Жеретинцева Н.Н. Курси лексия оиди шабакаҳои компютерӣ
  4. Кульгин М. Технологияи шабакаҳои интернетӣ .
  5. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *