Фании Информатика

Маълумоти умумӣ оиди барномаи Microsoft Power Point

Нақша:

  1. Маълумот оиди барномаи Power Point.
  2. Бакордарорӣ ва анҷоми кори Power Point.
  3. Равзанаи барнома, меню ва лавҳаи таҷҳизотҳо.
  4. Вазифаҳо ва имконотӣ барномаи PowerPoint.

Маълумот оиди барномаиPowerPoint

БарномаиMSPowerPointяке аз барномаҳои беҳтарин барои сохтани муаррифӣ (презентатсия) ва дар сатҳи проффесионалӣ нишонслайдҳоистифода бурда мешавад. БарномаиMicrosoftPowerPointба гурӯҳи барномаҳои пакетииMicrosoftOfficeдохил мешавад.

Оммавӣ будани ин барномаи пуриқтидор пеш аз ҳама ба он исбот мегардад, киMSPowerPointамалиёти истифодабарандаро аз лаҳзаи номгузорӣ то пурра анҷом додани коркарди лоиҳа ба як самти муайян равона месозад. Бо ёрии он ахбори матнӣ ва рақамӣ ба слайдҳо, ҷадвалҳо ва диаграммаҳои рангоранг табдил дода мешавад.

Муаррифӣ аз маҷмӯи слайдҳо таркиб ёфтааст ва барои намоиш додани онҳо дар намуди электронӣ истифода мешавад.

Бакордарорӣва анҷоми корӣ PowerPoint

Бакордарории барномаиPowerPoint

Барномаи MS PowerPoint ҳам ба монанди дигар барномаҳои пакетии Microsoft Office ба кор андохта мешавад. Барои он киMSPowerPointба кор дароварда шавад амалиётҳои зеринро иҷро кардан лозим аст:

  • Истифодабарӣ аз Менюи асосии Windows бо пахши яккаратаи муш: Пуск(Оғоз)►Программы(Барномаҳо) ► MS Offiсе► POWERPNT.EXE;
  • Истифодабарӣ аз папкаи Компютери ман бо пахши дукаратаи муш: Мой компьютер(Компютери ман) ►Диск С: (Диски С:) ►Program Files► MS Offiсе ► POWERPNT.EXE;
  • Истифодабарӣ аз равзанаи Роҳбалад (Проводник) ►Пуск (Оғоз) ►Программы(Барномаҳо) ►Стандартные (Стандартӣ) ►Поводник(Роҳбалад)Диск С: ► Program Files► MS Offiсе ► POWERPNT.EXE;
  • Истифодабарӣ аз равзанаи Мизи корӣ. Агар дар мизи корӣ папкаи Ms PowerPoint мавҷуд бошад, он гоҳ бо ёрии пахши дукаратаи муш онро кушода, баъд аз дохили равзанаи он файли иҷрошавандаи POWERPNT.EXE-ро ба кор даровардан мумкин аст;
  • Истифодабарӣ аз файли дилхоҳи ба воситаи PowerPoint сохташуда.
Анҷоми кори барномаиPowerPoint

Баъди анҷом додани кор дар MS PowerPoint аз барномаи мазкур бо якчанд роҳ баромадан мумкин аст:

  • Тугмаи ситемавии «Закрыт»-ро дар сатри сарлавҳа аз тарафи рости равзанаи MS PowerPoint ҷойгир аст, пахш кунед;
  • Аз менюи Файл►Выход- ро xудо кунед;
  • Тугмаҳои «Alt+F4»-ро (аз клавиатура) пахш кунед.

Баъд аз иҷрои амалиёти боло равзанаи барномаиMSPowerPointкушода мешавад (Рас. 14.1.). Равзанаи кушода шуда, равзанаи асосииMSPowerPointмебошад.

Акнун лавҳахои нисбатан муҳими таҷзиҳото ва менюи равзанаи MS PowerPoint ва дигар қисмҳое, ки асоси интерфейси барномаро ташкил медиҳанд, дида мебароем.

Сатри сарлавҳа-дар Сатри сарлавҳа ба ғайр аз номи барнома, яънеMicrosoftPowerPoint–[Презентация1], боз номи Пезентатсияи сохатшуда низ нишон дода мешавад. Дар қисми рости сарлавҳа бошад, тугмаҳои ҷойгир шудаанд.

(Свернуть) — ҳангоми пахш кардани ин тугмача: равзана ба нишонаи

хурдакак табдил дода мешавад ва аз экран ба лавҳаи масъалаҳо

кучонида мешавад;

— (Развернуть) ҳангоми пахш кардани ин тугмача: равзанa пурра

кушода мешавад ва тамоми экранро паноҳ мекунад;

— (Закрыть) — ҳангоми пахш кардани ин тугмача: равзана пушида

мешавад ва аз экран ғайб мезанад.

Сатри меню. Бевосита дар поёни сатри сарлавҳаи равзанаи барнома, сатри меню ҷойгир мешавад.

Бо кӯмаки ин сатр, ки иборат аз нӯҳ менюи асосӣ мебошад, воситаҳои дилхоҳи идоракунӣ ва таҷҳизотҳои MS PowerPoint дастрас мешаванд. Барои иҷро кардани ин ё он амалиёт менюи заруриро кушода аз он фармони ба шумо зарурро ҷудо кунед. Ҳангоми кор бо MS PowerPoint муҳимаш донистани вазифаҳои ин ё он фармон ва дар кадом меню ҷойгир шудани он мебошад. Моҳиятан кор бо барнома ҳамин чизро талаб менамояд.

Лавҳаи таҷҳизотҳо- дар поёни сатри меню ҷойгир шуда,барои тез иҷро кардани фармонҳо имконият фароҳам месозад. Барои иҷро кардани фармоне, ки дарлавҳаи таҷҳизотҳобо тугмаи мувофиқаш нишон дода шудааст, лозим аст, ки танҳо ҳамон тугмаро пахш кунед.

Лавҳаи таҷҳизотҳоСтандартӣваФорматкунонӣмешаванд.

Лавҳаи таҷҳизотҳоиСтандартӣ иборат аз тугмаҳои фармонҳои универсалӣ мебошад ва барои кор бо файлҳо (сохтани файлҳо, таҳрир ва ғайра) пешбинӣ шудааст, ки чунин аст:

Лавҳаи таҷҳизотҳоиФорматикунонӣиборат аз тугмаҳои фармоние мебошад, ки шакли зоҳирии матнро бо кӯмаки ҳарфҳои гуногунандоза, элементҳо ва шакли ҳарфҳо (ҳарфҳои сиёҳи ғафс, сиёҳ, зерашон хатдор ва ғайра) тағйир медиҳанд, ки чунинаст:

Лавҳаи таҷҳизотҳои Форматиронӣ

Майдонислайдҳо

Лавҳаи слайдҳо дар маркази экран ҷойгир шудааст, дар ҳамин ҷо матн ва расмҳои слайди ҷорӣ инъикос меёбад. Агар дар майдони слайд бо тугмаи рости муш пахш кунед менюи контекстӣ кушода мешавад, ки фармонҳояш барои кор бо объектҳои интихобшуда имконият медиҳанд. Масалан, барои иваз намудани ранги заминаи слайд аз менюи контекстӣ бандиФонистифода бурдан мумкин аст(рас.14.5.)

Слайди ҷорӣ ва менюи контекстии слайдҳо

Лавҳаи сохторимуаррифӣ

Аз қисми чапи слайдҳо майдони махсусе ҷойгир аст, ки дорои ду вкладка мебошад ва онро лавҳаисохтори муаррифӣменоманд. Ҳангоми интихоб намудани вкладкаиСохтор(Структура),дар ин равзана элементҳои асосии тамоми муаррифӣ дар шакли сохторӣ инъикос меёбад, ки он аз назар гузарондан ва таҳрир карданашро сабук месозад (рас.14.6.). Ҳангоми интихоб намудани вкладкаиСлайдҳо (Слайды), дар ин лавҳа аксҳои хурди ҳамаи слайдҳои муаррифии мазкур инъикос меёбад.

Лавҳаи «Область задач»

Ин лавҳа қисми рости равзанаро ишғол карда, асосан аз гурӯҳи пурраи лавҳаҳои махсусгардондашуда иборат мебошад, ки онҳо дар як равзана инъикос шудаанд. Вазифаи асосии онҳо таъмини зуд сохтани слайди нав, дастрас кардани муаррифии аллакай мавxҷда ва дигар ҳуҷҷатҳо, инчунин содда гардондани муаррифиҳои наве мебошад, ки онҳо бо истифодаи воситаҳои барномаи стандартӣ сохта мешаванд.

Сатриҳолат

Сатри аз ҳама поёнӣ равзанаи асосии барнома дорои ахборот дар бораи слайди ҷории дар равзана кушода мебошад .

Барномаи PowerPoint имконият медиҳад намоиши дорои слайдҳои миқдоран зиёдро созед. Бо мақсади сарҳисоби миқдори зиёди слайдҳоро гум накардан ва самаранок идора намудани онҳо барнома дар хизмати истифодабаранда якчанд реҷаҳои аз назар гузарониро мегузорад. Аз як реҷа ба реҷаи дигар гузаштан, аз ҷумла ба кор даровардани реҷаи аз назаргузаронии слайдҳо, ба воситаи пахш кардани яке аз се тугмаҳои кунҷи поёнии равзанаи асосӣ иҷро карда мешавад.

Акнун бо вазифаҳои тугмаҳои ҷудогона шинос мешавем

Тугмаи Реҷаи оддӣ(Обычный режим) — барномаро дар реҷаи муқаррарӣ мекушояд, ки он инъикси лавҳаҳои слайдҳо ва сохторро дар назар дорад. Ин реҷа ҳангоми ба кор даровардани барномаи MS PowerPoint ба таври автоматӣ интихоб мешавад.

■ Тугмаи Реҷаи батартидароии слайдҳо (Режим сортировщика слайдов) —барномаро дар реҷае мекушояд, ки дар равзанаи назоратӣ аксҳои хурди ҳамаи слайдҳои муаррифӣ мутобиқи тартиби ҷойгиршавиашон нишон дода мешавад. Ин реҷаи инъикоскунӣ имконият медиҳад, ки ҷойи слайдҳо зуд иваз карда шавад ё слайдҳои нави илова гардад, инчунин эффектҳои махсуси гуногун пайваст карда шавад.

■ ТугмаиНамоиши слайд(Показ слайдов) слайд дар реҷаи пурраи экран кушода мешавад (муаррифӣ кардан).

Вазифаҳо ва имконоти барномаиPowerPoint

Вазифаҳои барнома

  • Бо ёрии ин барнома амалиёти зеринро иҷро намудан мумкин аст:
  • дохил намудани матни слайдҳо бо ёрии клавиатура;
  • истифодабарии ҳуруфҳои гуногуни андозаашон тағйирёбанда ;
  • таҳрири матни слайдҳо;
  • ба таври автоматӣ ислоҳкунии хатогиҳои орфографӣ ва граматикии дар матни ҳуҷчатҳо содиркардашуда;
  • форматкунонии (қолиббандӣ, батартиборӣ) матни слайдҳо;
  • дар матни слайдҳо истифодабарии ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва графику расмҳои гуногун;
  • ба матни слайдҳо илова намудани объектҳои ба воситаи дигар барномаҳои амалӣ сохташуда;
  • барои ороиш додан ва дилчасп шудани муаррифӣ дар матни слайдҳо истифода бурдани қолабҳо (шаблонҳо)-и тайёр;
  • дар муаррифӣ истифода бурдани нақшаҳои рангин ва сатрҳои равон;
  • дар файл илова намудани садо;
  • дар диск сабт намудани муаррифии сохташуда;
  • нусхабардории матни ҳуҷҷатҳо ва бо дигар ном сабт намудани онҳо;
  • дар қоғаз чоп намудани матни ҳуҷҷатҳо ва ғайра.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *