Фании Информатика

Гузоштани объектҳо дар ҳуҷҷат. Чопи ҳуҷҷат

Мақсади дарс. Аз худ намудани усулҳои гузориши объектҳо дар матн.

Супориши 11.1. Дар матн гузоштани объектҳои Word Art.

Тартиби кор

  1. Барномаи Word –ро кушоед.
  2. Барномаи Word Art –ро ба кор омода созед: ВставкаРисунокОбъект Word Art (расми 11.1).

Расми 11.1 Барномаи Word Art

Намунаи дилхоҳро интихоб намуда тугмаи ОК- ро пахш намоед. Пас аз пахш намудани тугмаи ОК равзанаи Изменение текста Word Art пайдо мешавад: (расми 11.2)

Расми 11.2 Изменение текста Word Art

  1. Дар равзанаи Изменение текста Word Art матни зеринро ворид кунед: Информатика
  2. Тугмаи ОК – ро пахш кунед.

Супориши 11.2. Ба матн гузоштани расм.

Тартиби кор

  1. Бо истифода аз фармони ВставкаРисунокАвтофигуры расмҳоро ба ҳуҷҷат гузоред.
  2. Бо ёрии фармони ВставкаРисунокКартинки расмҳоро ба ҳуҷҷат гузоред.
  3. Файлро бо номи «Расмҳои ман» нигоҳ доред.

Супориши 11.3. Чопи ҳуҷҷат.

Тартитби кор

  1. Пеш аз чопи ҳуҷҷат параметрҳои саҳифаро интихоб намудан зарур аст: ФайлПараметры страницы, замимаҳои Поля ва Размер бумаги (расми 11.3.).
  2. Ҳуҷҷатро пешакӣ аз назар гузаронед. (ФайлПредварительный просмотр). Барои ба ҳолати пешина баргаштан тугмаи Закрыть-ро пахш кунед.
  3. Барои чопи ҳуҷҷат фармон диҳед: ФайлПечать. Дар равзанаи пайдошудаи Печать параметрҳои заруриро интихоб намуда тугмаи ОК-ро пахш кунед.

Расми 11.3 Параметры страницы

  1. Барои саҳифабандӣ намудан фармонӣ зеринро диҳед: Вставка Номера страниц. Дар равзанаи пайдошудаи Номера страниц додашудаҳоро ворид намоед (расми 11.4)

Расми 11.4 Номера страниц

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *