Месяц: Март 2020

  • Абуҳурайраи Давсӣ

    Бидуни шак ҳар як аз мусалмонон ин кавкаби тобандае дар осмони саҳобаи киромро мешиносанд ва оё дар уммати Исломӣ касе ёфт хоҳад шуд, ки Абуҳурайраро нашиносад? Мардум дар даврони ҷоҳилият ӯро ба номи Абдушамс мехонданд, вақте Худованд ӯро ба дини Ислом иззат бахшид ва ба мулоқоти Пайёмбари гиромӣ мушарраф сохт,…

    Муфассалтар »
  • Талҳа Ибни Убайдуллоҳи Таймӣ

    Талҳа ибни Убайдуллоҳи Таймӣ ҳамроҳ бо қофилае аз қофилаҳои тиҷорати Қурайш ба сарзамини Шом сафар кард. Вақте корвон ба сарзамини Бусро расид, тоҷирони бузурги Қурайш ба бозори он рехтанд. Ҳар кадом матоъеро мефурӯхтанд ва матоъеро мехариданд. Бо вуҷуди он ки Талҳа ҷавони наврасида буд, аммо дар таҷрибаи тиҷорат ҳеҷ кас…

    Муфассалтар »
  • Асмоа Духтари Ҳазрати Абубакри Сиддиқ (Зотуннитоқайн)

    Ин зани саҳобия ҳама шамоили маҷду азаматро дорост. Падараш саҳобӣ, бобояш саҳобӣ, худаш саҳобӣ, шавҳараш саҳобӣ ва фарзандаш саҳобӣ аст. Ва ӯро ҳамин қадар шараф ва иззат кифоят кунад. Падараш Абубакри Сиддиқ ёри ғори ҳазрати Расулуллоҳ (с) ва халифа ва ҷойнишини вай баъд аз вафоташ. Бобояш Абуатиқ, падари Абубакри Сиддиқ,…

    Муфассалтар »
  • Собит Ибни Қайси Ансорӣ

    Собит ибни Қайси Ансорӣ яке аз сардорони номвари қабилаи Хазраҷ ва чеҳрае аз чеҳраҳои маъруфи Мадина аст. Илова бар ин ӯ марди ҳушёр, соҳиби қалби бедор ва фикри саршор. Ва ҳозирҷавову суханварест дорои садои баланд. Вақте сухан мегуфт, тарафи муқобилро шикаст медод ва вақте баёния эрод мекард, шунавандагонро шефтаи худ…

    Муфассалтар »
  • Фирӯзи Дайламӣ

    Вақте Ҳазрати Расули Худо (с) аз ҳаҷҷатулвадоъ баргашт, ба беморие мубтало шуд ва хабари бемориаш дар гӯшаву канори ҷазираи Араб пахш гардид. Асади Анасӣ дар Яман, Мусайлимаи каззоб дар Ямома, Тулайҳаи Асадӣ дар сарзамини Бани Асад аз дини Ислом баргаштанд. Ва ин се тан аз мудаъиёни козиб иддио намуданд, ки…

    Муфассалтар »
  • Суроқа Ибни Молик

    Дар яке аз субҳгоҳон Қурайшиён хавфзада ва ҳаросон аз ҷой бархостанд ва дар бошишгоҳашон овоза шуда буд, ки Муҳаммад (с.) бо истифода аз торикии шаб, Маккаро тарк гуфтааст. Сарварони Қурайш ин хабарро нобоваркарданӣ талқин намуданд… Аз ин рӯ, ба ҷустуҷуи вай ба ҳар хона аз хонаҳои Бани Ҳошим сар заданд…

    Муфассалтар »
  • Абдуллоҳҳ Ибни Салом

    Ҳусайн ибни Салом яке аз уламои номвари яҳуд дар Мадина буд. Аҳли Мадина бо вуҷуди ихтилофе, ки дар мазоҳиб ва адёнашон доштанд, ӯро такдир ва икром мекарданд. Ин шахс дар миёни мардум ба тақво ва парҳезгорӣ ва сидқу росткорӣ маъруф буд. Ҳусайн зиндагии ором ва сода дошт ва дар айни…

    Муфассалтар »
  • Рабеъ Ибни Зиёд

    Шаҳри Мадина рузҳои мотами реҳлати халифаи аввал ҳазрати Абубакри Сиддиқро пушти сар мениҳод… Ва ҳар рӯз ҷамъиятҳои анбӯҳе аз қабилаҳо ба ҳузури халифаи дуввум Умари Форуқ ба Мадина омада ва байъати худро мабни бар итоъат ва фармонбардорӣ аз вай дар сахтӣ ва осонӣ эълон медоштанд… Дар яке аз рӯзҳо ҳайате…

    Муфассалтар »
  • Хаббоб Ибни Арат

    Умму Анмори Ҳуазоъӣ ба бозори бардафурӯшон дар Макка рӯй овард. Ӯ мехост барои худ ғуломе харидорӣ кунад, ки аз кораш истифода кунад ва аз дастовардаш баҳра гирад. Аз ин рӯ вай дар чеҳраи ғуломоне, ки дар бозор ба хотири фурӯхтан оварда шуда буданд менигарист ва ба диққат ба он мутаваҷҷеҳ…

    Муфассалтар »
  • Нуъайм Ибни Масъуд

    Нуъайм ибни Масъуд ҷавоне буд дорои дили бедор, закӣ ва ҳушёр, корчалон ва пурдаромад,ҳеҷ мушукиле бар вай душвор намеафтод, ҳеҷ мушкиле роҳи ӯро намегирифт. Ӯ воқеъан намояндаи фарзанди осили саҳроӣ буд ва Худованд барои вай хусусиятҳои аҷибе аз фаросат, ҳозирҷавобӣ, зиракӣ ва нуқтадониро бахшида буд. Аммо вай ба лаззатҳо ва…

    Муфассалтар »
  • Утба Ибни Ғазвон

    Боре Амирул муъминин Умар ибни Хаттоб баъд аз адои намози хуфтан ба бистари худ омад, то ба хоб равад. Ӯ мехост, ки вақттар ба хоб равад, то баҳрае аз роҳати худ дарёбад ва битавонад, ки истеъдоде барои шабгардӣ ва баррасӣ аз аҳволи раъият дарёбад. Аммо хоб дар чашмонаш роҳ наёфт,…

    Муфассалтар »
  • Сафия Духтари Абдулмуталлиб

    Ин хонуми асилзода ва шариф кист, ки абармардон бо вай ҳазорон ҳисоб доранд? Ин саҳобияи қаҳрамон ва ин аввалин зане, ки мушрикеро дар даврони Ислом ба қатл расонидааст кист? Ин зани тасмимгирифта, ки аввалин бор қаҳрамониро дар домани худ парвандааст, то шамшери худро дар роҳи Худо аз ғилоф берун кунад,…

    Муфассалтар »
  • Осим Ибни Собит

    Қурайш бо ҳама сару сози низомиаш ва бо ҳама сардорон ва ғуломонаш барои рӯёрӯии Муҳаммад ва пайравонаш ба қасди Уҳуд аз Макка берун шуд. Дилҳои ишон пур аз кина ва адоват шуда буд ва оташи интиқоми куштаҳояшон дар Бадр дар синаҳояшон забона мезад. Онҳо танҳо ба хуруҷи сарон ва гуломонашон…

    Муфассалтар »
  • Абулъос Ибни Рабеъ

    Абулъос ибни Рабеъи Абшамӣ (мансуб ва Абдушшамси) Қурайшӣ, ҷавони зебо ва навраста ва бошукӯҳ, ки нозу неъмати сояи худ бар вай густурда, ва ҳасабу ва асолати ридои худ бар вай паҳн карда буд. Ӯ намуна аз қаҳрамонии арабият бо ҳама хусусиятҳои аз обои ва сарбаландии он буд ва осори аз…

    Муфассалтар »
  • Рабеъа Ибни Каъб

    Рабеъа ибни Каъб гуфт: Вақте нури имон дар қалбам тобид ва вақте дилам ба мафоҳими Ислом ошно шуд, ман ҷавони навраста будам. Вақте аввалин бор чашмонам ба дидори ҳазрати Расули Худо (с) мунаввар гардид, ӯро чунон дӯст доштам, ки дар узве аз аъзои баданам ҷо дошт. Чунон шефтаи ӯ шудам,…

    Муфассалтар »
  • Зайд Ибни Собит

    Дар соли дуввуми ҳиҷрӣ шаҳри Мадина худро барои ҷанги Бадр омода месохт ва ҳазрати Расули Худо (с) охирин бор бар нахустин лашкари худ, ки қиёдати онро худаш ба дӯш дошт, назар афканд. Дар миёни ин ҷамъ писарбачаи хурдсолеро, ки ҳанӯз ба синни ҷавонӣ қадам нагузошта ва сездаҳ соли умри худро…

    Муфассалтар »
  • Уббод Ибни Бишр

    Уббод ибни Бишр номи дурахшон ва тобандаест дар таърихи даъвати Муҳаммадӣ. Агар Уббод ибни Бишрро дар миёни бандагон ҷустуҷӯ намоӣ, ӯро дар миёни муттақиён ва парҳезгорон меёбӣ, ки шабро ба таҳаҷҷуд ва қироати Қуръон ба сар мерасонд ва агар ӯро дар миёни қаҳрамонон суроғ кунӣ, вайро шуҷоъ ва диловар меёбӣ,…

    Муфассалтар »
  • Ҳаким Ибни Ҳазом

    Оё аз саргузашти ин саҳобӣ иттилоъ доред? Дар таърих омадааст, ки вай ягона касе аст, ки дар батни хонаи Каъба ба дунё омадааст. Хулоса, қиссаи вилодати вай аз ин қарор аст, ки модараш ҳамроҳ бо ҳамтоҳои худ бо мақсади тамошо ва шодмонӣ ба хонаи Каъба дохил шуданд ва дар он…

    Муфассалтар »
  • Ваҳшӣ Ибни Ҳарб

    Он касе, ки бо куштани Ҳамза ибни Абдулмуталлиб амаки ҳазрати Расули Худо (с) қалби Паёмбари Худо (с)-ро хунбор сохт, кӣ буд? Он кассе, ки бо куштани Мусайламаи Каззоб дар рӯзи Ямома қалби мусалмононро шодмон сохт, кӣ буд? Ин шахс Ваҳшии Ҳабашӣ буд, ки ба кинияти Абудасма маъруф аст. Ин шахс…

    Муфассалтар »
  • Рамла Духтари Абусуфён

    Ҳаргиз дар фикру хаёли Абусуфён ибни Ҳарб ин кор хутур намекард, ки яке аз қурайшиён битавонад аз қудрат ва султаи вай сарпечӣ кунад ва бар алайҳи вай дар амре аз умури қобили аҳамияте мухолафат кунад, чун вай худро чунон оқо ва заъим медонист, ки амраш ба ҷо шуда ва ҳарфаш…

    Муфассалтар »
  • Абуталҳаи Ансорӣ (Зайд Ибни Саҳл)

    Зайд ибни Саҳли Наҷҷорӣ, ки ба кунияи Абуталҳа маъруф аст, хабар ёфт, ки Румайсоъ духтари Милҳони Наҷҷорӣ, ки ба кунияи Умми Сулайм машҳур аст, ба сабаби вафоти шавҳараш бева гардидааст. Аз шунидани ин хабар сахт шодмон шуд. Ҷои тааҷҷуб нест, чун Умми Сулайм хонуми озода ва соҳиби ахлоқи неку ва…

    Муфассалтар »
  • Ҳабиб Ибни Зайди Ансорӣ

    Дар хонае, ки нури имон дар ҳар гӯшаи он партав афканда буд ва осори фидокорӣ ва исор дар чеҳраи ҳар фарди он медурахшид ва дар чунин як хонавода Ҳабиб ибни Зайд ба дунё омад ва рушд кард ва ҷавон шуд. Падараш Зайд ибни Осим яке аз пешгомони мусалмон дар Ясриб…

    Муфассалтар »
  • Уқба Ибни Омири Ҷуҳанӣ

    Вақте ҳазрати Расулуллоҳ (с) баъд аз тӯли интизорӣ ва чашм ба роҳе ба атрофи Ясриб расид, аҳли Мадинаи тайиба бар ҷодаҳо ва рӯи бомҳо такбиргӯён ҷамъ шуда буданд, то кудуми ҳазрати Расули Худо (с) ва ёри гиромиаш ҳазрати Абубакрро гиромӣ доранд ва аз вай истиқбол намоянд. Духтарони хурдсоли Мадина дафҳо…

    Муфассалтар »
  • Ҳузайфа Ибни Ямонӣ

    Агар хоҳӣ аз муҳоҷирин шав ва агар хоҳӣ, аз Ансорӣ шав, пас яке аз ин дуро барои худ ихтиёр кун (ҳадис). Ҳазрати Расули Худо (с) вақте аввалин бор дар Макка бо Абуҳузайфа мулоқот намуд, бо ин калима ӯро мухотаб қарор дод ва дар ихтиёри Ҳузайфа ибни Ямонӣ яке аз ин…

    Муфассалтар »
  • Саъд Ибни Абиваққос

    Аъузу биллоҳи минаш-шайтони раҷим. Бисмилоҳир раҳмони раҳим. Ва ҳукм фармудем одамиро ба нисбати падар ва модари вай дар шикам бардоштааст вайро модари вай дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар ва аз шир боз кардани ӯ дар ду сол ба ин мазмун, ки шукргузорӣ кун, Маро ва падару модари худро ба…

    Муфассалтар »
  • Абусуфиён Ибни Ҳорис

    Бисёр кам аст, ки асбоб ва авомил битавонад иртибот ва ва ҳамрангии қавиро миёни ду шахс падид оварад чунончи, ки ин ҳам ранги ва иртибот миёни Абусуфён ибни Ҳорис ва ҳазрати Муҳаммад (с) падид овардааст. Абусуфён ибни Ҳорис яке аз ҳамсолони ҳазрати Расули Худо (с), ки тақрибан дар як вақт…

    Муфассалтар »
  • Ҷаъфар Ибни Абутолиб

    Дар қабилаи бани Абдуманоф панҷ шахсе буданд, ки ҳар кадоми онҳо ба чеҳраи ҳазрати Расули Худо (с) бисёр зиёд шабоҳат доштанд, то ба он андоза, ки мардумон камбин наметавонистанд, ки миёни он ҳазрат (с) ва ишонро фарқ кунанд ва ин панҷ тан иборат буданд аз Абусуфён ибни Ҳорис ибни Абдулмуталлиб,…

    Муфассалтар »
  • Абдураҳмон Ибни Авф

    Яке аз ҳашт тан аз собиқини ба Ислом аст. Яке аз ашараи мубашшара ба ҷаннат аст. Яке аз шаш тан аъзои маҷлис аст, ки баъд аз вафоти ҳазрати Умар халифаи саввумро интихоб намуданд. Яке аз он касонест, ки дар Мадина фатво медоданд, дар ҳоле ки ҳазрати Расули Худо (с) дар…

    Муфассалтар »
  • Умайр Ибни Саъд

    Умайр ибни Саъди Ансорӣ аз ҳамон овони туфулият ҷоми фақр ва ятимиро аз сар гузаронд, падараш бидуни он ки мол ва сарпарасте аз худ ба ҷо гузорад ба ҷивори раҳмати Ҳақ пайваст. Аммо модараш дере нагузашта, ба марди сарватманде аз сарватмандони Авс, ки Ҷуллос ибни Сувайд ном дошт, ба шавҳар…

    Муфассалтар »
  • Саъид Ибни Зайд

    Зайд ибни Амр ибни Нуфайл дур аз издиҳоми мардум нишаста ва ҷамъи зиёди Қурайшиёнро, ки ҷашне аз ҷашнҳояшонро баргузор месохтанд, тамошо мекард. Медид, ки мардон дасторҳои гаронбаҳои абрешиминро ба сарҳои худ мебастанд ва бо чодарҳои гаронқимати яманӣ худро меоростанд ва менигарист, ки занон ва писарбачаҳо либосҳои нав ва тоза худро…

    Муфассалтар »